Замоне, ки ин мақом навишта мешуд, Иди Қурбон омад.
Дар олами хаёл, эҳсос кардам ва мутмаин шудам اَللّٰهُ اَكْبَرُ اَللّٰهُ اَكْبَرُ اَللّٰهُ اَكْبَرُ ҳое, ки панҷ-яки навъи башар, яъне сесад миллион нафар дар ин ид ҳама бо ҳам такбир мегуянд, ва кураи бузурги замин, ба нисбати бузургиаш, ин калимаи қудсии اَللّٰهُ اَكْبَرُ ро ба гӯши саёраҳои дигар дар осмон мерасонад, ва “اَللّٰهُ اَكْبَرُ” гуфтани ҳамоҳанг зиёда аз бист ҳазор ҳочӣ дар Арафот ва рӯзи ид, баргашти садои такбири Расули Акрам алайҳиссалоту вассалом дар ҳазору сесад сол пеш, бо хонадону асҳобаш аст; ки дар баробари таҷаллии куллии унвони боазамати رَبُّ الْاَرْضِ وَ رَبُّ الْعَالَمٖينَ рубубияти илоҳӣ, бо убудияти фарогир, рӯх менамояд.
Он гоҳ, фикр кардам, ки оё ин каломи қудсӣ, бо масъалаи мо муносибате дорад ё не? Дар як лаҳза ба зеҳнам омад, ки:
Калимаҳои фаровони ҷузъию куллӣ, монанди шиорҳое чун لَا اِلٰهَ اِلَّا اللّٰهُ ва اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ ва سُبْحَانَ اللّٰهِ ва дар сари онҳо ҳамин каломи “Аллоҳу Акбар” ки унвони боқиёту солеҳотро доранд, бар таҳаққуқу зинҳори масъалаи мо, ишора мекунанд.
Барои мисол, яке аз роҳҳои маънои اَللّٰهُ اَكْبَرُ ин аст, ки қудрату илми Ҳазрати Ҳақ бузургтару фавқи ҳар чиз аст. Ҳеҷ чиз аз доираи илми ӯ хориҷ нест ва наметавонад аз қудрати тасарруфи ӯ гурезаду халос ёбад. Ӯ аз ҳар чизе, ки метарсем бузургтар аст. Қудраташ бузургтар аз вуқӯъи ҳашр, наҷоти мо аз нестӣ ва атои саодати абадист. Аз ҳар чизи аҷибу берун аз доираи ақл, бузургтар аст ва бар асоси сароҳати қатъии: مَا خَلْقُكُمْ وَلَا بَعْثُكُمْ اِلَّا كَنَفْسٍ وَاحِدَةٍ ҳашру нашри навъи башар ҳамчун офариниши як нафси воҳид барои ӯ осон аст. Ба эътибори ҳамин маъност, ки мардум дар баробари мусибатҳову мақсадҳои бузург “Аллоҳ бузург аст, Аллоҳ бузург аст”-ро чун зарбулмасал, ба кор мебаранд, то худро тасаллӣ диҳанд ва онро нуқтаи қуввату истиноди худ қарор диҳанд.
Бале, ҳамон тавре, ки дар Гуфтори Нӯҳум гуфтем, ин калима бо ду ҳамтояш, мағзу хулосаи намозро, ки фушурдаи ҳаммаи ибодатҳост, ташкил медиҳад. Бинобар ин, ин се ҳақиқати бузург, яъне
سُبْحَانَ اللّٰهِ ۞ اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ ۞ اَللّٰهُ اَكْبَرُ
ки дар намозу тасбеҳот такрор мешаванд, маънои намозро тақвият мекунанд. Низ се ҳақиқати бузурги мазкур ба саволҳои пайдошудаи аз ҳайрату лаззат ва ҳайбате, ки аз умури фавқуллодаи аҷибу зебо ва бузург нашъат мегирад, ҷавоб медиҳад: Саволҳое, ки мадори ҳайрату шукр ва азамату кибриёест, ки инсон дар коинот бо он рубару мешавад. Дар бахши поёни Гуфтори Шонздаҳум ба тафсил чунин гуфтем: Ҳамон тавре, ки як нафар дар маросими ҷашн, бо як соҳибмансаб ба ҳузури подшоҳ, шарафёб мешавад ва дар соири мавқеъҳо низ, ба воситаи мақоми афсари болотар ӯро мешиносад, ҳар фард дар мавсими ҳаҷ низ, то ҳудуде ҳамчун авлиё ба шинохти Ҳазрати Ҳақ бо унвони “رَبُّ الْاَرَضِ وَ رَبُّ الْعَالَمٖينَ” шурӯъ мекунад. Замоне, ки даричаи мартабаҳои кибриё ба сӯйи қалбаш кӯшода шуда, бо такрори “اَللّٰهُ اَكْبَرُ” барои саволҳои ҳайратангез, рӯҳбахшу ботакроре, ки ба рӯҳаш истило (ғалаба) ёфта посухи муносибро меёбад. Дар қисмати поёни Ламъаи Сездаҳум низ тавзеҳ додаем, ки “اَللّٰهُ اَكْبَرُ” муҳимтарин дасисаҳои шаётинро решакан мекунад, дар ин иртибот, посухҳои қатъӣ медиҳад. Инчунин, “اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ” низ ҳашрро гӯшзад мекунад.
Ба мо мегуяд: “Тасаввури маънои ман бидуни охират мумкин нест. Зеро ҳама ҳамду сипосҳо, аз азал то ба абад, аз ҳар кас ва хитоб ба ҳар кас, махсуси ӯст. Силсилаҷунбони ҳаммаи неъматҳо, ки дар айни ҳол ба неъматҳо ҷамбаи ҳақиқӣ медиҳад ва тамоми мавҷудотро аз мусибатҳои бешумори адам, раҳо мекунад, сирфан саодати абадӣ, метавонад бошад ки муодили маънои куллии манаст.”
Бале, ҳар мӯъмин рӯзона пас аз намозҳо, шаръан лоақал зиёда аз яксаду панҷоҳ мартаба اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ мегуяд. Иборате, ки маънои он, ҳамду шукри беҳадду канор ва фарогирро аз азал то абад, ифода мекунад ва пешпардохте барои баҳои саодати абадию биҳишт аст. Ва мунҳасиру махсуси неъматҳои дунявии олуда ба дардҳои фонию гузаро намебошад. (Фарди шӯкургузор) ба ин мавридҳо аз ин лиҳоз, ки василае барои неъматҳои абадӣ мешаванд, менигараду шӯкр мекунад.
Калимаи қудсияи “سُبْحَانَ اللّٰهِ” низ, бо маънои танзиҳу тақдиси Ҳазрати Ҳақ аз айбу нуқсон, зулму аҷз, номеҳрубонию ниёзу фиреб, ва ҳаммаи нуқсонҳое, ки бо ҷамолу ҷалол ва камолаш мухолиф аст, ба саодати абадию дорулохирате, ки мадори ҳашамати ҷалолу ҷамол ва камоли салтанати ӯст ва биҳиште, ки дар охират ҳаст, ишора дорад ва моро ба он сӯ раҳнамоӣ мекунад; вагарна ҳамон тавре, ки қаблан собит кардем, дар сурате, ки чизе ба номи саодати абадӣ вуҷуд надошта бошад, салтанат, камол, ҷалол, ҷамол ва раҳмати ӯ бо айбу нуқс доғдор мешавад.
بِسْمِ اللهِ ва لَا اِلٰهَ اِلَّا اللّٰهُ ва соири калимоти муборак низ, монанди ҳамон се калимаи қудсия, ҳар кадом тухмиҳои аркони имония ва ҳамчун хулосаи гӯшт ё хулосаи шакар, ки имрӯза онро кашф кардаанд ва хулосаҳои аркони имония ва ҳақиқатҳои Қуръонӣ анд ва он се, чунон ки тухмии асли намозанд, тухмию мағзи Қуръон низ, ҳастанд ва дар ибтидои баъзе аз сураҳои дурахшони Қуръон чун алмос медурахшанд; се калимаи мазкур, тухмии асли ҳақиқатҳову маъданҳо ва пояҳои ҳақиқии Рисолаи Нур низ ҳастанд, ки бисёре аз илҳомоти вобаста ба Рисолаи Нур дар вақти тасбеҳот (баъд аз намоз) шурӯ гардидааст.
Дар масиру ҷиҳати вилояти Аҳмадия ва убудияти Муҳаммадия алайҳиссалоту вассалом (Авроди мазкур) дар чунон доираи зикр дар тасбеҳоти баъд аз намоз, вирди тариқати Муҳаммадӣ анд (с.а.в.) зиёда аз сад миллион мӯъмин ҳангоми намоз бо ҳам дар он ҳалқаи куброи зикр, тасбеҳ ба даст мегиранду сию се (33) мартаба “سُبْحَانَ اللّٰهِ” сию се (33) мартаба “اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ” ва сию се (33) мартаба “اَللّٰهُ اَكْبَرُ” мегуянд.
Бале, ҳатман фаҳмидед, ки такрори сию се (33) мартаба ҳар яке аз ин се калимаи муборак, ки қаблан баён кардем хулосаҳову тухмиҳои Қуръону Имон ва намоз мебошанд — баъд аз ҳар намоз ва дар чунин ҳалқаи зикри бо шукӯҳ, то чи андоза арзишманду сазовори савоб аст.
Ҳамон тавре, ки масъалаи нахустини ин Рисола дар оғоз, дарси фоидаовари вобаста ба намоз буд, поёни он низ бидуни ин ки тааммул карда бошам, зоҳиран аз ихтиёри ман хориҷ, як дарси бо аҳамият дар бораи тасбеҳоти намоз шуд. اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ عَلٰى اِنْعَامِهٖ
سُبْحَانَكَ لَا عِلْمَ لَنَٓا اِلَّا مَا عَلَّمْتَنَٓا اِنَّكَ اَنْتَ الْعَلٖيمُ الْحَكٖيمُ
(Аз куллиёти Рисолаи Нур)
Саъид Нурсӣ