“Оё надид, эй Муҳаммад, ки чӣ гуна Парвардигори ту бо асҳоби Фил кард.”

Ҳодисаи Фил

Ҳарчанд ин ҳодиса аз ҳодисаҳои шаби таваллуд  нест, аммо ба он наздик аст. Аз ин лиҳоз, он ҳам аз ҷумлаи пешоҳанг барои паёмбарӣ мебошад. Ин ҳодисаро Қуръон чунин баён намудааст:    اَلَمْ تَرَكَيْفَ “Оё надид, эй Муҳаммад, ки чӣ гуна Парвардигори ту бо асҳоби Фил кард.” Хулосаи достон ин аст, ки Абраҳа, подшоҳи Ҳабаша мехост Каъбаро вайрон кунад. Барои ин ӯ бо лашкари зиёде ба Макка омад ва дар муқаддимаи лашкари худ фили бузургеро, ки Маҳмуд ном дошт, гузошта буд. Вақте фил ба Макка наздик шуд, дар ҷояш таваққуф намуд ва аз ҳаракат бозмонд. Ҳар қадар мекӯшиданд, ки фил ҳаракат кунад, вале фил ҳаракат намекард. Чун натавонистанд, баргаштанд, вале парандаҳое бо номи Абобил онҳоро солим нагзошта, бо гилҳои сиҷҷил бар сари онҳо мезаданд ва ҳамаи онҳоро залил намуда пурра шикаст доданд. Ин ҳодиса дар тамоми китобҳо машҳур аст ва яке аз нишонаҳои паёмбарии Муҳаммад (с.а.в) мебошад, зеро қибла ва маҳбубтарин ҷой барои ӯ хонаи Каъба аз шарри Абраҳа наҷот ёфт.

(Аз куллиёти Рисолаи Нур)

Саъид Нурсӣ

Leave a Comment

E-posta adresiniz yayınlanmayacak. Gerekli alanlar * ile işaretlenmişlerdir

*