Боби аввал
اِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ اِخْوَةٌ فَاَصْلِحُوا بَيْنَ اَخَوَيْكُمْ
اِدْفَعْ بِالَّتِى هِىَ اَحْسَنُ فَاِذَا الَّذِى بَيْنَكَ وَبَيْنَهُ عَدَاوَةٌ كَاَنَّهُ وَلِى ٌّحَمِيمٌ
وَالْكَاظِمِينَ الْغَيْظَ وَالْعَافِينَ عَنِ النَّاسِ وَاللهُ يُحِبُّ الْمُحْسِنِينَ
Аз назари инсонияти бузурги исломӣ, аз назари ҳақиқат, аз назари ҳикмат, аз назари ҳаёти шахсӣ, аз назари ҳаёти иҷтимоӣ ва аз назари ҳаёти маънавӣ; тарафгирии ҳасад ва инод, ки сабаби нифоқ ва душманӣ, кину адоват, миёни мӯъминҳо мегардад, зишт ва мардуд аст. Музир (зарар) ва зулм аст. Барои ҳёти башар заҳр аст. Аз ваҷҳҳои (сабаб) хеле зиёд ин ҳақиқат, шаш ваҷҳи онро баён мекунем.
Ваҷҳи якум: Тарафгирӣ, ҳасад ва инод, ки сабаби нифоқ ва душманӣ ва кин ва адоват миёни мӯъминҳо мегардад, аз назари ҳақиқат зулм аст.
Эй одами бе инсоф, ки барои мӯъмин кин ва адоват мекуни!
Чигуна ки ту дар як киштӣ ва ё дар як хона боши, баробар бо ту нӯҳнафар маъсум бе гуноҳ ҳамроҳи бо як нафари ҷонӣ ҷинояткор бошад, як одаме, ки ба ғарк кардани он киштӣ ва ё ба сӯзонидани он хона кӯшиш кунад, чи дараҷа зулм кардани ӯро медонӣ, ва аз зулми ӯ он қадар чих ва фарёд хоҳи кард, ки садои худро ба осмонҳо хаҳи шунавонид. Ҳатто танҳо як маъсум бе гуноҳ ҳамроҳ бо нӯҳнафари ҷонӣ ҷинояткор бошад боз ҳам ба ғарқ кардани он киштӣ ҳеҷ як қонуни адолат иҷозат нахоҳад дод.
Айнан ингуна ту, вуҷуди як мӯъмин, ки хонаи Раббонӣ ва киштӣи илоҳӣ гуфта мешавад, ки дар он монанди имон, исломият ва ҳамсоягӣи нӯҳ не, балки бист сифати маъсумона дар ӯ мавҷут аст. Аз рӯи як сифати музир ва ҷонии вай, ки хуши ту намеояд, ба хотири он ба хароб кардани он хонаи маънавӣ ва ғарқ кардани он киштӣи маънавие, ки вуҷуди ӯ мебошад, ташаббус ва иқдом ва ё орзу куни, ин кори ту як кори зишт, душманона ва як зулми золимона мебошад.
Ваҷҳи дуюм: Тарафгирӣ, ҳасад ва инод, ки сабаби нифоқ ва душманӣ ва кин ва адоват миёни мӯъминҳо мегардад, аз назари ҳикмат низ зулм мебошад.
Зеро маълум аст, ки адоват ва муҳаббат, монанди нур ва зулумот ба як дигар зид ҳастанд. Ҳар ду аз нигоҳи маънои ҳақиқӣ баробар ҷамъ шуда наметавонанд.
Агар муҳаббат, аз назари сабабҳои баланд будани худ дар як қалб ҳақиқӣ пайдо шавад, он вақт адоват маҷозӣ хоҳад шуд, ба сурати дил сӯхтондан инқилоб хоҳад кард. Бале, мӯъмин бародари худро дӯст дорад ва бояд, ки дӯст бидорад. Ба хотири ҳоли бад ва зишти ӯ танҳо дил бисӯзонад. Аз рӯи таҳаккум ва зӯровори не, балки аз рӯи лутфу марҳамат ба ислоҳ ва тарбияти вай саъю кӯшиш кунад. Ба хотири он бо насси ҳадиси шариф гуфта шуда аст, ки «як мӯъмин бо мӯъмини дигар аз се рӯз изофа набояд, ки қаҳр кунад ва биранҷад ва набояд, ки қатъи муколама намояд».
Агар сабабҳои адоват ва хусумат ва душманӣ ғалаба кунад, адоват ва душманӣ ба сурати ҳақиқӣ дар як қалб пайдо шавад, он вақт муҳаббат маҷози ва ғайри воқеъи хоҳад шуд, ба сурати тасаннӯъ ва сохтагӣ ва зоҳирӣ ва тамаллуқ дар хоҳад омад.
Эй одами бе инсоф! Ҳоло нигоҳ кун, ки барои бародари мӯъмини худ кин ва адоват чи қадар зулм аст. Чунки, читур ту сангҳои хурди оддиро аз каъба бисёр бузург ва бо аҳмият ва аз кӯҳи Уҳуд бисёр баланд бигуйи, як бе ақлии зишт мекуни. Айнан онтур: Имони як мӯъмин, ки ба андозаи Каъбаи Шариф шараф, ҳайсият ва ҳурмат дорад, ва исломияте, ки монандӣ кӯҳи Уҳуд бисёр авсофи исломии бузург ва бо азамат дорад. Дар ҳоле, ки имон ва исломият муҳаббат ва иттифоқро мехоҳад, баъзе қусуроте, ки монанди сангҳои одӣ ва сабаби адоват ва душманӣ ба муқобили мӯъмин мегардад, ва он қусуротро ба муқобили имон ва исломият тарҷеҳ кунад, чи дараҷа бе инсофӣ ва беақлӣ ва як зулми бузург будани онро агар ақл ва фаросат дошта бошӣ хоҳи донист.
Бале тавҳиди имони албатта тавҳиди қалбҳоро мехоҳад, ва тавҳиди эътиқод низ тавҳиди иҷтимоиро талаб мекунад ва зарури мешуморад. Бале ин кор карда нахоҳи тавонист ки: Ту дар як қитъи аскари баробар бо як одами дигар боши, ба муқобили он одам ба як робитаъи дӯстона зарурат ҳис хоҳи кард. Ва ба хотире, ки таҳти амри як қумандон (командир) мебошед, ба як робитаи рафиқона ва дӯстона алоқа эҳсос хоҳи кард. Ба хотире, ки дар як мамлакат зиндагӣ мекунед, ба як муносибати уҳувваткорона ва дӯстона ҳис пайдо хоҳи кард. Зеро нур ва шуури имон ва ислом ба андозаи номҳои илоҳӣ алоқаҳои ваҳдат ва як порчагӣ ва робиттаҳои иттифоқ ва муносиботи ухувват ва бародари мавҷуд аст. Масалан:
Холиқи ҳар дуи шумо яке, Молики шумо яке, Маъбуди шумо яке, Розиқи шумо, яке, яке… яке яке, то ҳазор яке яке. Ҳам пайғамбари шумо яке, дини шумо яке, қиблаи шумо яке.. яке яке, то сад яке яке. Баъдан деҳаи шумо яке, давлати шумо яке, мамлакати шумо яке… то даҳ яке яке. Дар ҳоле, ки ин қадар яке якеҳо ваҳдат ва тавҳид ва вифоқ ва иттифоқ, муҳаббат ва ухувватро иқтизо мекунад, яъне зарури мешуморад, ва коинотро ва кураҳоро бо якдигар бо як занҷири маънавӣ баст кардааст, душманӣ ва нифоқ, кин ва адовате, ки ба андозаи тори анкабут (тортанак) бе аҳмият, бе субот аст, ва сабаби кина бастани ҳақиқӣ ба муқобили мӯъмин мешавад, чи қадар ба муқобили он муҳаббат як истахфоф ва ҳақир шумордан ва ба муқобили муносибати ухувват чи дараҷа зулм ва эътисоф будани онро агар қалбат намурда бошад ва ақлат аз байн нарафта ва хомӯш нашуда бошад хоҳи донист ва хоҳи дарк кард.
Ваҷҳи сеюм: Тарафгирӣ, ҳасад ва инод, ки дар миёни мӯъминҳо сабаби нифоқ, душманӣ ва адоват мегардад, ба назари сирри аяте, ки маҳзи адолатро ифода мекунад низ зулм аст. Аз рӯи як сифати ҷонӣ ва бад як мӯъмин ба ӯ кин ва адоват бастан ва дигар сифатҳои маъсуми ӯро маҳкум кардан ва ба дидаи қадр нагирифтан, чи дараҷа як зулми беҳад будани онро бо хусус аз як сифати бади мӯъмин ранҷида ва қаҳр карда адоват ва душманӣ худро болои ақрабо ва қавм ва наздикони ӯ ба онҳо андохта кардани ту бо муболағаи ояти 4 як зулми хеле бузург мебошад, ки ту мекуни. Дар ҳоле, ки ҳақиқат ва шариат ва ҳикмати исломия ихтор мекунад, чигуна ту худро барҳақ мебинӣ “ман бо ҳақ ҳастам” мегӯи?
Дар назари ҳақиқат, адоват ва душманӣ, ки сабаби зишти, шарр ва бади мебошад, монанди шарр ва хок касиф аст. Ба дигари набояд, ки сироят кунад. Агар дигаре аз он дарс гирифта шарр ва фасод кунад, он масъалаи дигар аст некиҳое, ки сабаби мухаббат аст, монанди нур буда, сироят ва иникос аз шаъни ӯст. Ба хотири он аст, ки сӯхани “дӯсти дӯст, дӯст аст” дар забонҳо зарбул масал гардида аст. Ҳам ба хотири он аст, ки “хотири як чашм бисёр чашмҳо дӯст дошта мешавад.” Ин сӯхан низ дар забонҳо зарбул масал гардидааст.
Инак эй одами бе инсоф! Дар ҳоле, ки ҳақиқат ингуна мебинад, як одамеро, ки дӯст надори хотири он ба як бародар дӯст доштани ӯ ва ё ба наздикон ӯ адоват ва душмани кардани ту чи қадар хилофи ҳақиқат будани онро, агар ҳақиқат бин боши хоҳӣ донист.
Ваҷҳи чорум: Тарафгирӣ, ҳасад ва инод, ки дар миёни мӯъминҳо сабаби нифоқ, кин ва адоват мегардад, аз назари ҳаёти шахсӣ низ зулм аст. Аз асоси ваҷҳи чаҳорум як чанд дастурро гӯш кун:
Дастури якум: Ту вақте, ки маслак ва маром ва кор ва машғули худро ва афкори худро ҳақ донисти он вақт гуфта метавони, ки: “Маслакам ҳақ аст ва ё хеле зебо ва хуб аст.” Фақат ту ҳақ надори, ки бигуи “танҳо маслаки ман ҳақ аст.” Аз назари сирри назари бе инсофи ту ва фикри паст ва залили ту ҳоким ва коршинос шуда наметавонад. Маслак ва маром ва кори дигареро ҳамроҳи ботил дида маҳкум карда наметавонад ва нахоҳад тавонист.
Дастури дуюм: Болои ту ҳақ аст ки: “Ҳар гуфтаи ту ҳақ бошад. Фақат ҳар ҳақро гуфтан ҳаққи ту нест. Ҳар сӯхани ту рост бошад. Фақат ҳар сӯхани ростро гуфтани ту дуруст нест.” Зеро як одаме, ки монанди ту нияташ холис набошад насиҳати туро гӯш намекунад, акси амал мекунад. Ва сӯхани туро аҳмият намедиҳад.
Дастури сеюм: Агар мехоҳи, ки адоват куни ба адовате, ки дар қалбат вуҷуд дорад, адоват кун, ба рафъи он кушиш кун. Ҳам ба нафси аммора ва ҳавои нафси худ, ки ба ту бисёр зарар мерасонад адоват кун. Ва ба ислоҳи он кушиш кун. Ба хотири он нафси бо зарари худ ба мӯъминон адоват кун. Агар мехоҳӣ, ки душмани куни кофирҳо, зиндиқҳо аст, ба онҳо адоват ва душмани кун. Бале, читур ки сифати муҳаббат ба муҳаббат лоиқ ва муносиб аст, он гуна низ хислати адоват аз ҳар чиз аввалтар худи душмани лоиқ ва муносиб ба душмани мебошад. Агар мехоҳи, ки душмани худро мағлуб куни, ба муқобили бади ва зишти ӯ бо некӣ муқобила кун. Чунки, агар бо бади ва зишти муқобила намои, хусумот ва душманӣ изофа хоҳад шуд. Зоҳиран агар мағлуб ҳам шавад, қалбан кин ва душманӣ хоҳад баст. Адоват ва душмани давом хоҳад кард. Агар бо неки муқобила нами пушаймон шуда ва ба ту дӯст хоҳад шуд. Аз назари ҳукмашон мақоми мӯъмин карим будан аст. Аз икром ва саҳоват ва илтифоти ту ба ту мусаххар ва ром хоҳад шуд. Зоҳиран лаим ва мумсики хасис ва бахил ҳам бошад, аз ҷиҳати имон карим мебошад. Бале ба як одами бад бигӯи, ки ту як одами хуб ҳасти ва як одами хуб ва нек хоҳи шуд, инро такрор такрор бигӯи як одами нек шудани ӯ, ва ба як одами хуб бигӯи ки ту як одами бад ҳасти ва як одами бад хоҳи шуд инро такрор такрор бигӯи, як одами бад шудани ӯ бисёр ба вуқуъ мегардад. Он тур бошад ба монанди дастурҳои қуръонӣ гӯш бидеҳ. Саодат ва саломат дар ӯст.
Дастури чорум: Аҳли кин ва адоват ҳам ба нафси худ ҳам ба бародари мӯъмини худ, ҳам ба раҳмати илҳӣ зулм мекунад, таҷовуз мекунад. Чунки, таввасути кин ва адоват, нафси худро дар як азоби алим ва дарднок мегузорад. Аз неъматҳо ва эҳсонот ва хубиҳое, ки ба душмани ӯ ва мухолифи ӯ яъне ба нафари муқобили ӯ меояд азоб ва аз ғаму ғусае, ки аз тарси ӯ меояд ба нафси худ бор мекунад, ба нафси худ зулм мекард. Агар адоват аз ҳасад биёяд, пас он тамоман азоб аст. Чунки, ҳасад аввалан ҳасудро маҳв мекунад, дар мегиронад. Дар ҳақи маҳсуд яъне шахси ҳасад шуда ё зарариаш кам аст ва ё ҳеч зарар нахоҳад дошт.
Чораи ҳасад: Одами ҳасуд, бояд ба чизҳое, ки ҳасад мекунад, оқибати онро бояд биандешад. То бидонад ки, сарват ва мартаба ва мақом ва қувват ва ҳусн ва зебои дунёие, ки рақиби ӯ дорад, фонӣ аст, муввақат аст. Фойдааш кам, заҳматаш бисёр аст. Агар мазияти ухравӣ яъне ҳаркати нек ва шоиста ӯхравӣ бошад, зотан дар он ҳаракоти ӯхравӣ, ҳасад вуҷуд надорад. Агар дар онҳо низ ҳасад кунад, ё худаш риёкор аст моли ва дорои ӯхравии худро дар дунё маҳв ва нобуд кардан мехоҳад, ва ё ин ки маҳсудро яъне шахси муқобилро риёкор тасаввур мекунад, ба ин сабаб ӯ бе ҳақи, бе адолати ва золими мекунад.
Ҳам аз мусибатҳо яке ба нафари муқобили ӯ меояд мамнун ва хушҳол шуда ва аз неъмат ва эҳсоноте, ки ба нафари муқобили ӯ меояд маҳзун шуда ба қадр ва раҳмати илоҳӣ дар ҳаққи ӯ қаҳр мекунад. Одато ба қадари илоҳӣ танқид мекунад, ва ба раҳмати илоҳӣ эътироз мекунад. Касе, ки ба қадари илоҳӣ танқид кунад, монанди онест, ки сари худро ба сангдони оҳангаре мезанад ва сари худро мекафонад. Яъне ҳар чи қадар, ки сари худро ба сангдони оҳангарӣ бизанад ва ё ба девор бизанад, ҳам қадари илоҳиро тағир дода наметавонад. Касе, ки ба рахмати илоҳӣ эътироз кунад, аз раҳмати илоҳӣ маҳрум хоҳад монд.
Аҷабо, аз як чизе, ки ба душмани як рӯза наарзад, як сол бо кин ва душмани муқобила карданро кадом инсоф қабул хоҳад кард, ба кадом виҷдон хароб нашуда ва солим ҷой хоҳад гирифт? Дар ҳоле, ки як бади ва ё зиште, ки аз бародари мӯъмини ту ба ту содир шавад, тамоми он бади ва зиштиҳоро ба ӯ ҳавола карда ӯро маҳкум карда наметавони. Чунки:
Аввалан: Дар он қадари илоҳиро ҳиссае мебошад. Он ҳиссае қадарро ҷудо карда ба муқобили он ҳиссае қадар ва қазо бо ризо муқобила кардан лозим аст.
Сониян: Дар он қусур нафс ва шайтонро низ ҳисса мебошад, пас бояд ту ҳисси нафси шайтониро низ дар назар бигири. Ба ҷое, ин ки ба ӯ душмани кунӣ, ба ӯ дилсӯзӣ ва марҳамат кун. Чунки, нафс ва шайтони ӯ болои ӯ ғолиб омада аст. Пас бояд, ки ту ба надомат (тавба) ва пушаймони ӯ интизор куни.
Солисан: Ту қусури нафси худро, ки намебинӣ ва дидан намехоҳӣ бубин. Як ҳисса низ ба ӯ биде. Баъдан ба муқобили он ҳисса хурди боқимонда бо Олӣ Ҷаноби ва бо афу, ки бисёр бо саломат ва бисёр тез душмани туро мағлуб хоҳат сохта муқобила намои аз зулм ва аз зарар наҷот хоҳи ёфт. Вагарна монанди як яҳудии зарфурӯш ва маст ва девона шуда ва шишаҳо ва порчаҳои яхро ба қиматбаҳои алмос харид кунанда ба панҷ пул намеарзидани фонӣ, бедавом ва беаҳмияти умури дунёи, гуё абадӣ ва доими баробар дар дунё мемонада боши бо як ҳирси шадид ва бо як кинаи доими давомдор бо адоват муқобила кардан, як золимият аст, ва ё як масти аст, ва ё як навъи девонагӣ аст.
Инак, адоват ва фикри интиқом, ки аз назари шахси инқадар музир мебошад. Агар шахсӣ худро дӯст дори, роҳ маде, ки адоват ва фикри интиқом дар қалби ту ҷо бигирад. Агар дар қалбат ҷо гирифта бошад, гуфтаҳои ӯро гӯш макун. Нигоҳ кун, ҳақиқатбин Ҳофизи Шерозӣ баён мекунад ва гӯш кун:
دنيا نه متاعيستى كه ارزد بنزاعى
Дунё на матоъест, ки арзад ба низои
Яъне: “Дунё онгуна як мато ва моле нест, ки ба як низоъ ва ситеза бирезад.” Чунки фонӣ ва бе давом аст. Ба сабаби фонӣ будан ва бе давом буданаш бе аҳмият мебошад. Ин дунёи бузург ингуна бе аҳмият бошад, чизҳои ҷузъи, ки дар ин дунё мавҷуд аст, чи қадар бе аҳмият будани онро худат медони!… Ҳам гуфта аст:
آسايش دو گيتى تفسير اين دو حرفست
با دوستان مروت با دشمنان مدارا
Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарфаст,
Бо дӯстон мурувват бо душманон мудора.
Яъне: “Роҳат ва саломати ду ҷаҳонро ин ду ҳарф тафсир мекунад, сабаби бадаст овардани нафъи он мешавад. Яъне, ба муқобили дӯстон бо мурувват ва инсоф ва ҷавонмардӣ ва самимият муъошират ва муносибат кардан аст ва ба муқобили душманон сулҳомез муомила кардан аст.”
Агар бигӯи не: Ихтиёр дар дасти ман нест, адоват дар фитрати ман вуҷуд аст, ин хислати душманиро ман раҳо карда наметавонам.
Алҷавоб: Агар аз бад хулқи ва бад ахлоқи ва аз хислати бад асари дида нашавад, ва аз ғайбат ва аз чизҳое, ки боиси иқтизо ва лузуми ғайбат мешавад амал карда нашавад, қусури худро ҳам бидонад, зараре нахоҳад дошт. Модом, вақте ки ихтиёр дар дасти ту нест ва аз адоват ва душмани даст бардошта наметавонӣ, айби худро ва бад хоҳи ва бад хулқи худро низ медони, инҳоро донистани ту сабаби як пушаймони маънавӣ, як тавбаи махфӣ ва як истиғфор зимни ва пинҳони мешавад, ки туро аз шарри адоват ва душманӣ наҷот медиҳад. Зотан мо ин мактубро навиштем то як истиғфори маънавиро таъмин кунад, бе ҳаққи ва бе адолатиро ҳақ ва адолат надонад. Душмани бо ҳаққи худро бо но ҳаққи ташҳир накунад.
Ҷои диққат ба як ҳодиса: Як замон натиҷаи ин тарафгирии ғаразкоронаро дидам чунон, ки як диндор аҳли илм, як зоти олим солеҳро, ки ба фикри сиёсиаш мухолиф буд, ба дараҷаи кофир шуморидан таҳқир кард. Ва як мунофиқе, ки ба фикри худаш буд, бо ҳурмат ва эҳтиром ситоиш кард Инак, ман аз натиҷаҳои бади сиёсат тарсидам, гуфтам. Аз он замон ба баъд аз ҳаёти сиёси даст бардоштам.
Ваҷҳи панҷум: Ғоят музир будан инод ва тарафгириро аз назари ҳаёти иҷтимои баён мекунад.
Агар гуфта шавад: Дар ҳадиси шариф гуфта шуда. Ихтилоф бошад, тарафгириро иқтизом мекунад.
Ҳам марази тарафгири, авоми мазлумро аз шарри золими хавос (махсус) наҷот медиҳад. Чунки: Агар табақаи хавоси як вилоят ва ё як деҳа бо ҳам иттифоқ кунанд, авоми мазлумро поймол хоҳанд кард. Агар тарафгири бошад, мазлум ба як тараф паноҳ бурда илтиҷо карда, худро наҷот хоҳад дод. Ҳам аз тасодуми афкор ва тахолифи уқул яъне ихтилофи ақлҳо ҳақиқат тамоман тазоҳир хоҳад кард.
Алҷавоб: Ба саволи аввал мегӯем, ки ихтилофе, ки дар ҳадиси шариф аст, як ихтилофи мусбат мебошад. Яъне ҳар яке ба таъмир ва ривоҷ маслаки худ саъю кӯшиш мекунанд. Ба нобуд кардани маслаки якдигар не. Балки ба такмил ва ислоҳӣ маслаки якдигар саъю кӯшиш мекунанд. Аммо ихтилофи манфӣ бошад, ғаразкорона, адоваткорона ба тахриби якдигар кӯшиш кардан мебошад, ки аз назари ҳадиси шариф ингуна ихтилофи манфӣ мардуд мебошад. Чунки, ононе ки бо ҳам ҷангу ҷанчолӣ ва маноқиш мекунанд, наметавонанд, ки бо ҳам мусбат ҳаракат кунанд.
Ба саволи дуюм мегуем ки: Тарафгирӣ агар ба номи ҳақ бошад, ба ҳақдорҳо паноҳ бурда хоҳад тавонист. Фақат тарафгирие, ки монанди ҳоли ҳозир ғаразкорона ва ба ҳисоби нафс мебошад, ба но ҳақҳо паноҳгоҳ аст, ки ба онҳо нуқтаи истинод ташкил хоҳад кард. Чунки, як одаме ки тарафгири ғаразкорона кунад, агар назди ӯ як шайтон биёяд ва ба фикри ӯ ёрдам ва кӯмаке кунад, он одам ба ӯ шайтон раҳмат хоҳад хонд. Агар ба тарафи муқобил ӯ монанди малоика як одам биёяд ба ӯ ҳошо! Ба дарҷаи лаънат хондан ноҳақӣ ва бе ҳурматӣ нишон медиҳад.
Ба саволи сеюм мегӯем ки: Тасодуми фикрҳое, ки бо номи ҳақ ва ба ҳисоби ҳақиқатро изҳор карда ва ба ҳисоби ҳақиқат мебошад, дар мақсад ва асос баробар ва бо иттифоқ, дар сабабҳо ихтилоф мекунад. Ҳар гӯша аз ҳақиқатро изҳор карда ва ба ҳақ ва ҳақиқат хизмат мекунанд. Фақат аз як тарз тасодум афкоре, ки тарафгирона ва ба ҳисоби нафси аммораи фиравнона ва худфурӯшона ва шӯҳратпарварона мебошад, дурахшиш ва нуроният ва нури ҳақиқат не балки аташҳои фитна берун мешавад. Чунки, дар ҳоле ки дар мақсади иттифоқ лозим бояд бошад, вале боиси сабаби оташи фитна мешавад. Барои афкор ингуна ашхос, ки сабаби оташи фитна мешаванд, дар кураи замин низ нуқта ва сол ва расидаги ба мақсад пайдо нахоҳад шуд. Барои ин ки ба номи ҳақ намебошад. Бениҳоят муфритона аз ҳад гузаштагӣ ва бе андоза бо туғён ҳаракат мекунанд. Ва ба индушманӣҳои илтиёмнопазир сабабитият медиҳанд. Яъне ба индушманӣ ва ҷудоиҳое, ки монанди захмоҳои хуб нашудани боис мешаванд. Ҳоли олам ба ин шоҳид аст.
Алҳосил: Агар ин дастурҳои олӣи боло, дастур ҳаракот набошад. Нифоқ ва душманӣ ва ҷудои ба миён хоҳад омад. Бале агар нагуяд, он дастурҳоро дар назар нагирад, ба ҷойи ин ки бихоҳад адолат кунад, зулм хоҳад кард.
Ҷои ибрат ба як ҳодиса: Як замон ҳазрати имоми Алӣ (р) як кофирро ба замин андохта шамшери худро кушода мехост, ки сари он кофирро аз тан ҷудо кунад. Дар ҳамин лаҳза он кофир болои ҳазрати Алӣ (р) туф кард. Ҳазрати Алӣ (р) кофирро раҳо кард ва накушид. Он кофир ба ҳазрати Алӣ (р) гӯфт ки:
— “Чаро маро накуштӣ”? Ҳазрати Алӣ (р) дар ҷавоб гуфт:
— “Туро ба хотире, ки Аллоҳ (Ҷ) амр карда буд мекуштам. Фақат ту болои ман туф карди. Ман ба қаҳр омадам ва ғазабноки ва хашмгин шудам ва ин ҳиддати ман ба ихлосом зарар расонада, туро ба хотири он накуштам.” Он кофир ба ҳазрати Алӣ (р) гуфт:
— “Туро ба қаҳр овардам ва хашмгин сохтам, барои ин, ки ту маро зуттар бикушӣ.” Баъдан гуфт: “Модом, вақте ки дини шумо инқадар соф ва холис мебошад, пас ин дини шумҳо дини ҳақ аст.”
Ҳам мадори диққат ба як воқеа: Як замон як ҳоқим дар ҳузури амри худ дасти як дуздро ба амри амираш қатъ кард. Дар вақти катъ кардани дасти дузд, асари қаҳор ва ғазаб аз худ нишон дод. Амири ӯ ки ба ӯ диққат карда буд, ӯро аз вазифа барканор намуд. Чунки агар ба номи шарият ва ба ҳисоби қонуни илоҳӣ дасти он дӯздро қатъ мекард, балки нафси он ҳоким ба он дузд дард мекард. Ва қалбаш низ ҳиддат ва ғазаб намуда, фақат марҳамат низ накарда дасти он дуздро катъ мекард. Пас дар ин сурат маълум мешавад, ки он ҳоким ба хотири он ки як ҳисса барои нафси худ аз он хукм ҷудо карда буд, ки ба адолат кор карда натавонист.
Ҷои тасиф ба як ҳолати иҷтимои ва ба як марази мудҳиши ҳаёти иҷтимое, ки қалби исломро ба гиря оварда аст:
Дар вақти ҳуҷумкардани душманони хориҷӣ, душманиҳои дохилиро фаромӯш кардан ва душманиҳоро раҳо кардан, ки як маслиҳати иҷтимои мебошад, ин маслиҳатро ақвоми бадавӣ яъне ақвом бодиянишинон чодарнишин низ тақдир ва таҳсин ва татбиқ кардаанд. Яъне он ақвоми бодянишин ва чодарнишин низ ба муқобили ҳуҷумҳо ва зуҳури душманони хориҷи аз душмани дохли дасткашида ва иттиҳод ва иттифоқ кардаанд. Ва ин маслиҳати иҷтимоиро татбиқ кардаанд. Пас дар ин ҳол ва аҳволи ононе, ки даъвои хизмат ба исломро мекунанд чи шудааст, ки бо вуҷуди инқадар душманон беҳад ва бе андоза ки яке паи дигире вазъият таҳоҷумро гирифтанд, душманҳои ҷузъи худро фаромӯш накарда барои ҳуҷуми душманон замин ҳозир мекунанд. Ин ҳол ва вазият як суқут аст. Як ваҳшат аст. Барои ҳаёти иҷтимои ислом як хиёнат аст.
Мадори ибрат ба як ҳикоя: Аз қабилаҳои чодарнишин як қабилае, ки ба номи қабилаи ҳасанон ёд мешуд. Ба сабаби душмани ба ду тоифа тақсим шуда зиндагӣ мекарданд. Дар ҳоле, ки ин ду тоифа аз якдигир аз панҷоҳ нафар зиёдтар кушта буданд. Бо вуҷуди ин ҳам вақти бо яке аз қабилаи дигаре, ки ба номи Сепкон ва ё Ҳадарон муқобил мешуданд, он ду тоифа душманиҳои собиқи худро фаромӯш карда шона ба шона дода то рафи кардана қабилаҳои хориҷи душманиҳои дохилии худро ба хотир намеоварданд.
Инак эй мӯъминҳо! Оё медонед, ки ба муқобили қабилаи ислом чи қадар қабилаҳои душман як вазияти таҳоҷум ва таҷовузро гирифтаанд? Ин қабилаҳои душман. Яке дарун дигаре монанди доирҳое, ки яке дохили дигари ҷогирифтанд аз сад доира зиёдтар ҳастанд. Дар ҳоле, ки ба муқобили ҳар як аз ин доираи душманон тавофуқ, ҳам оҳанги, ҳамкори, кӯмаки ба якдигар ва ташрик масои карда даст ба дасти ҳамдигар дода, маҷбур ба як вазияти мудофи ба муқобили ин душманон мебошем. Бо вуҷуди ин ҳама оё барои осони ҳуҷуми ин душманон ба дохили ҳарими ислом, дарвозаҳоро боз кардан, тарафгири ғаризкорона намудан ва мақсади адоваткорона кардан оё ба аҳли имон зеб хоҳад дод? Яъне оё ин ҳама кирдори мо ба ҳеҷ як ҷиҳат ба аҳли имон зеб хоҳад дод? Он доираҳои душман аз аҳли залолат ва гумроҳон ва аҳли илҳод гирифта то ба олами аҳли куфр то ба аҳвол ва вазъияти дунё ва то ба мусибатҳо ва балоҳо яке дохили дигари ба муқобили шумо як вазъияти зиёновар ва музир гирифтаанд, ки яке паи дигаре ба шумо бо қаҳру ғазаб ва бо ҳирс ва тамаъ нигоҳ мекунанд. Балки ингуна ҳафтод навъ душман вуҷуд дорад. Ба муқобили тамоми инҳо силоҳ ва сипар ва қалъаи ту ухуват ва бародарии исломи мебошад. Ин қалъаи исломиро бо душманиҳои хурд ва баҳонаҳо ларзондан ва такондан ва хароб кардан чи қадар хилофи виҷдон ва чи қадар хилофи маслиҳати исломи мебошад, инро бидон ва ҳушёр шав!
Дар ҳодисҳои шариф омада аст ки: Дар охир замон, ашхоси шарир ва музир ва мунофиқ ва мудҳиш монанди суфиён ва даҷҷол ба қудрат расида идораро ба даст гирифта, аз ҳирс ва душманӣ ҷудои ислом ва башар истифода намуда бо як қуввати кам навъи башарро ба ҳарҷу морҷ андохта ва олами бузурги исломро таҳти асорат дар хоҳад овард.
Эй аҳли имон! Агар намехоҳед, ки дар зиллат, хору зори ва бадбахти ва таҳти асорот ва асири дар хоҳад овард, ақлатонро ба саратон бигиред! Ба муқобили золимоне, ки аз ихтилофатон истифода мекунанд, дар қалъи муқаддаси 7 дохил шавед. Дар ғайри он на ҳаёти худро муҳофиза карда хоҳед тавонист ва на ҳуқуқи худро мудофеа карда хоҳед тавонит. Маълум аст, ки дар вақти даст ба гардан гирифта ва ҷанг кардан ду қаҳрамон як тифл ҳар дуи онҳоро зада хоҳад тавонист. Дар як мизон ду кӯҳ ба муқобили якдигар дар мувозана ва таъодил ва оёр бошад, як санги хурд мувазинаи он кӯҳҳоро хароб карда бо он ду кӯҳ бози карда хоҳад тавонист. Яъне якеро боло якеро поён хоҳад овард.
Инак эй аҳли имон! Аз ҳирс ва тамаъҳои шумо ва аз тарафгириҳои хусуматкорона ва душманони шумо қуввати шумо ҳеҷ хоҳад шуд. Бо як қувват кам поймол шуда хоҳад тавонист. Агар бо ҳаёт ва зиндагии иҷтимои худ алоқа дошта бошед, дастури олӣеро дастури ҳаёт намоед, аз сафолати дунёи ва шақовати ухравӣ наҷот биёбад! Яъне аз сафолат, тангдастӣ, бадбахтӣ, фақр ва зиллати дунёӣ, шақоват, зулм ва бадии ухравӣ наҷот пайдо кунед.
Ваҷҳи шашум: Ҳаёти маънавӣ ва сиҳати убудият бо адоват, душманӣ ва инод хароб мешавад.
Чунки: Ба сабаби адоват ва инод ихлос, ки воситаи халос ва василаи наҷот аст, ба бефоида пароканда мешавад. Зеро як тарафгири якравӣ ба хотири амалҳои хайри худ ба нафари муқобили худ болое хаҳад хост. Ба амали холисан ливаҷҳиллоҳ онқадар мувафиқ нахоҳад шуд. (яъне бо амали холис ба ризоии Худо (Ҷ) инқадар мувофиқ нахоҳад шуд.) Ҳам дар ҳукм ва муомилоти худ тарафгири худро тарҷиҳ хоҳад кард, адолат карда нахоҳад тавонист. Инак, дар ин сурат ихлос ва адолат ки асосҳои афъол ва амалҳои хайрия мебошад, бо хусумат ва душмани нопадид шуда ва аз байн хоҳад рафт.
Ин ваҷҳи шашум бисёр дароз аст. Фақат ба хотири кӯтоҳ ва мухтасар будан қабилияти мақом хулоси калом мекунем.
Саъид Нурсӣ