Амалӣ сохтани ваъдаҳояш барои Ӯ бисёр осон аст ва барои раияташ низ, бисёр дорои аҳамият мебошад…

СУРАТИ ҲАШТУМ

Биё! То ин фармонҳоро ки аз ҷониби ӯ омадааст, бароят бихонам. Бубин! ӯ мукарраран ваъда медиҳад ва бо шиддат таҳдид карда, мегуяд: “Шуморо аз он ҷо гирифта, ба мақарри салтанатам меорам ва итоаткунандагонро масъуд ва осиҳоро маҳбус хоҳам кард. Ва он ҷойи муваққатиро нобуд карда, мамлакати дигареро ки дорои қасрҳову зиндонҳои абадист, таъсис хоҳам намуд.”

Низ, амалӣ сохтани ваъдаҳояш барои ӯ бисёр осон аст ва барои раияташ низ, бисёр дорои аҳамият мебошад. Ва ваъдахилофӣ, комилан бо иззати иқтидораш дар тазод қарор дорад.

Пас, бубин эй сарсом! Ваҳми дуруғин, ақли ҳазаёнгу ва нафси фиребандаатро тасдиқ мекунӣ, аммо зотеро такзиб мекунӣ, ки ҳаргиз ба хулфу хилофи ваъда маҷбур нест, ва амал ба хилофи ваъда, аз ҳеҷ ваҷҳ шоистаи ҳайсияти ӯ намебошад. Ҳамаи корҳое, ки дида мешавад, ба сидқу дурустии ӯ шаҳодат медиҳад. Пас ту бо ин такзиб, ҳатман мустаҳиққи ҷазои сангин мешавӣ. Мисоли ту, монанди раҳгузаре ҳаст, ки аз нури хуршед чашмонашро баста, мехоҳад барои ёфтани роҳ аз хаёлоташ истифода кунад ва бо чароғи ваҳмангези ақлаш, ки ба монанди кирми шабтоб аст, дар равшан кардани роҳи торику ваҳшатангези худ, кушиш дорад. Ҳоло ки ӯ ваъда намудааст, ҳатман онро амалӣ месозад. Чаро ки амалӣ кардани он, барояш бисёр осон ва барои мову ба ҳар чиз ва салтанати ӯ, лозим аст.

Пас бояд гуфт, ки як маҳкамаи кубро ва як саодати узмо вуҷуд дорад.

(Аз куллиёти Рисолаи Нур)

Саъид Нурсӣ

Leave a Comment

E-posta adresiniz yayınlanmayacak. Gerekli alanlar * ile işaretlenmişlerdir

*