Гуфтори дуввум
بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ
اَلَّذِينَ يُؤْمِنُونَ بِالْغَيْبِ
Мехоҳӣ бидонӣ, ки чи неъмату саодати бузург ва чи роҳату лаззати фаровон дар имон вуҷуд дорад, пас ин ҳикояи кӯтоҳи тамсилиро бубину гӯш кун:
Замоне ду шахс, барои тиҷорат ва ҳам барои истироҳат ба саёҳат рафтанд. Яке худбину бадбахт ба як тараф ва дигаре Худобину бахтиёр, тарафи дигарро дар пеш гирифта мераванд.
Шахси худбин, аз худгомагию худандешӣ, ҳам ба хотири бадбиние ки дошт, ҷазои бадбинии худро дид; дар мамлакате афтод, ки онро вайрона тасаввур мекард, аз бадбинӣ мебинад, ки дар ҳар ҷойи он, бечораҳои оҷиз аз дасти инсонҳои ваҳшии золиму ситамгар ба дод омадаанд. Ба ҳарҷое ки мерафт, чунин аҳволи ғамгину дарднокро мушоҳида мекард, тамоми мамлакатро ба шакли мотамхонаи умумӣ медид, ва худи ӯ низ ба хотири ҳис кардани чунин ҳолати торику дарднок, ба ғайр аз мастию сархушӣ чораи дигар надошт, чун дар назари ӯ ҳар кас душману бегона менамуд. Дар ин миёна низ, ҷанозаҳои тарсноку ятимони маъюсу гирёнро мушоҳида намуда виҷдонаш дар азоб монд.
Шахси дигарӣ, Худобину Худопараст ва ҳақандеш буд, чун ахлоқи накӯ дошт, ба мамлакате афтод, ки онро зебо тасаввур мекард. Ин инсони хуб, дар мамлакате, ки ворид шуд, аз хушнигарӣ, шоҳиди як ҷашни умумӣ буд, ӯ дар ин маҷолиси зикр, ки ҳар тарафи он шодмонӣ, шаҳроин, шодиву нишот барпо буд, ҳамаро дӯсту қавмҳои худ медид ва дар тамоми мамлакат як ҷашни рухсатии умумиро мушоҳида мекард, ки бо қадрдониву фарёди «табрику зинда бод» ҳамроҳ буд. Ва садои таблу овози шодиро ба ҳамроҳии такбиру таҳлил3, ҷиҳати фиристодан ба сарбозӣ мешунид. Ва дар ҳоле, ки бадбахти якумӣ аз дарди худ ва умуми мардум ранҷ мебурд, дар иваз, нафари бахтиёр аз шодии худу умуми халқ, шоду муфарраҳ мешуд, тиҷорати судманд низ ба даст оварда Худоро шукур кард; сипас баргашт, дар роҳ иттифоқан ба он нафари дигар бархурд кард, аз ҳолаш бо хабар шуд, ба ӯ гӯфт: «дӯсти ман! Ту девона шудаӣ, касифиҳои ботинат он тавр рӯйи зоҳират таъсир гузоштааст, ки хандаро гиря ва рухсатро ғорат таваҳҳум мекунӣ. Биё ақлатро кор фармо, ва қалбатро пок кун, то ин пардаи мусибат аз пеши чашмонат боло рафта, то битавонӣ ҳақиқатро бубинӣ, зеро подшоҳи ин мамлакат, бениҳоят одил, марҳаматкор, раъиятпарвар, муқтадир, интизомпарвару мушфиқ аст, мамлакате инчунин бо осори тараққиёту камолот дар баробари чашмҳо намоён карда, то бигуяд, он гуна нест, ки дар гумону ваҳмат таҷассум мекунӣ.»
Саранҷом он бадбахт оқил шуда, пушаймон шуду гуфт: «бар асари айшу нуш девона шуда будам, Худованд туро хайр диҳад, маро аз ин вазъияти ҷаҳаннумӣ наҷот додӣ.»
Эй нафсам бидон! Нафари авалӣ ё кофир ва ё гуноҳкори ғофил аст, ки дар назари ӯ ин дунё, як мотамхонаи умумист, ва тамоми зи-ҳаёт низ, ҳамчун ятимони гирён аз шаллоқи заволу фироқ ҳастанд, ҳайвону инсон низ, мавҷудоти ба панҷаи аҷал гирифтор ва сар ба ҳаво анд. Мавҷудоти бузурге монанди куҳҳову дарёҳо низ, дар ҳукми ҷанозаҳои ваҳшатовару беруҳ анд. Ва авҳоми ваҳшатноки дигаре ҳамчун ин, ки бисёр дарднок аст, ва аз куфру нодонӣ нашъат гирифтаанд, ӯро дар азоби маънавии бокӣ мегӯзоранд.
Аммо шахси дигар муъмин аст, Холиқу Офаридгорро мешиносаду ӯро тасдиқ мекунад, дар назари ӯ ин дунё, як маҷлису зикрхонаи раҳмон, як таълимгоҳи башару ҳайвон, ва як майдони имтиҳони инсу ҷон аст. Ва тамоми маргу мирҳои ҳайвону инсон низ, рухсатҳост, то онон ки вазифаи ҳаётиашонро ба итмом расонидаанд, аз ин дори фонӣ бо шодии маънавию бе нигаронӣ ба олами дигар раванд, то барои вазифадорони нав, ҷой боз шавад, то онҳо биёянду ба кор шуруъ кунанд. Тамоми таваллудоти ҳайвону инсон низ, омадан ҷиҳати фиристодан ба сарбозӣ ва гирифтани силоҳ ва шуруъ ба анҷоми вазифа мебошад. Тамоми зи-ҳаёт низ, як ба як, сарбозони масрӯру муваззаф ва як ба як маъмурони хосси сипосгӯзоранд. Тамоми садоҳо низ, ё зикру тасбиҳи шуруъи вазифаҳо ва ё шукру тафриҳи расидани хотимаи кор ва ё нағмаҳои баромада аз шодии анҷоми кор аст. Дар назари он муъмин, тамоми мавҷудот низ, як ба як, хидматкорони мунис, як ба як, дустони маъмур ва як ба як, китоби ширин аз Сайиди Карим ва Молики Раҳиманд. Ҳақиқатҳои ширини хеле зиёде чун ин, латиф, волову лазиз аз имон таҷаллӣ карда, ошкор мешавад.
Пас натиҷа мегирем, имон, тухмдонаи маънавии тубои ҷаннатро ҳамл мекунад, аммо куфр, тухми маънавии заққуми ҷаҳаннамро дар бар дорад.
Пас саломату амният танҳо дар имон ва ислом аст. Ва ҳоло ин ки чунин аст, доим бояд бигӯем:
اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ عَلَى دِينِ اْلاِسْلاَمِ وَ كَمَالِ اْلاِيمَانِ