Нафси инсонӣ аз рӯи ғафлат худро фаромӯш мекунад, аҷзи беканор, фақирии бепоён ва камбудиҳои бузурги дар…

НУҚТАИ ПАНҶУМ

     Рӯзаи моҳи Шарифи Рамазон, ки назар ба таҳзиби ахлоқи нафс, ва ўро маҷбур месозад, ки аз саркашӣ даст кашад, яке аз ҳикматҳои бешумори рўза инаст ки:

  Нафси инсонӣ аз рӯи ғафлат худро фаромӯш мекунад, аҷзи беканор, фақирии бепоён ва камбудиҳои бузурги дар ў ҷойдоштаро намебинад ва дидан ҳам намехоҳад.

Вай дар бораи он ки ў чи гуна заъиф, мубталои марг аст ва нишоне барои бадбахтиҳо мебошад, дар бораи он ки танҳо аз гӯшту устухонҳои тезвайроншавандаю шикананда иборат аст, андеша намекунад. Мисли он ки вуҷуди аз пулод доштабошад, худро лоямутона ва абадӣ тахаюл намуда, ба дунё худро андохта, гўё ки ҳастии устувор дошта бошад ва бо як ҳирс ва тамаъи шадид, ҳамчунон бо муҳаббат ва алоқаи баланд ба дунё, саъю кўшиш менамояд. Бо ҳар гуна чизҳои лаззатдиҳанда ва манфиатовар баста мешавад.

Холиқи худро, ки бо камоли шафқат ӯро тарбия кардааст, фаромӯш мекунад. Ҳам, натиҷаи ин ҳаёт ва ҳаёти ухравиро фикр накарда, ба ахлоқҳои бадсифат гирифтор мешавад.

     Ҳамин тавр, рўза дар моҳи Шарифи Рамазон ҳатто ба ғофилону мутамарридон, эҳсос намудани заифӣ, ва оҷизӣ ва фақирии худашонро мефаҳмонад. Ба воситаи гуруснагӣ дар бораи меъдаи худ фикр мекунад, талаботҳои ўро мефаҳмад ва дарк мекунад, ки то чӣ андоза вуҷуди заифи ў номустаҳкам мебошад, сарфаҳм меравад, ки то чӣ дараҷа ў ба марҳамату шафқат мӯҳтоҷ аст. Ва инсон, мағрурии фиръавнонаи нафсро яксў гузошта, дар оҷизӣ ва фақирии комил хоҳиши муроҷиат намудан ба даргоҳи Илоҳиро эҳсос менамояд ва бо дасти маънавии шукргузорона, ба задани дари раҳмат омода мешавад. Албатта агар гумроҳӣ қалби ўро сиёҳ накарда бошад…

Саъид Нурсӣ

 

Leave a Comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*