Намоз худ як роҳати бузургест барои ӯ ва барои ақли ӯ…

Гуфтори чаҳорум

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ

اَلصَّلاَةُ عِمَادُ الدِّينِ

Агар аҳамияти намоз ва арзиши онро фаҳмиданӣ бошӣ ва донистан хоҳӣ, ки ба даст овардани он хеле осон аст, пас касе, ки онро ба ҷо намеорад ва ҳаққи онро адо намекунад, аблаҳи зиёнкор аст…

Бале! Агар мехоҳӣ ҳамаи инро яқинан бидонӣ, ҳамчуноне медонӣ, ки ду зарби ду баробари чор аст, пас биёву ба ин ҳикояи тамсилии кӯтоҳ андеша намо:

«Ҳокими бузург рӯзе ду нафар ходимашро баъди он ки ба ҳар кадоми онҳо бисту чор тангаи тилло медиҳад, ба замини зебои худ мефиристад, то ин ки онҳо тавонанд ба замини ӯ, ки ду моҳ роҳ буд, бирасанд. ӯ ба онҳо супориш медиҳад, ки ин маблағро барои масрафи роҳ ва чизҳои зарӯроти сафар харҷ намоянд ва лавозимоти сукунату иқоматро аз он сарф кунанд. Истгоҳи мусофиркаше буд дар дурии якрӯза роҳ, ки дар он ҷо тамоми намуди воситаҳои нақлиёт ба монанди автомобил, ҳавопаймо, киштӣ ва қатора дида мешавад, ва арзиши роҳкирои ҳар яке муайян буд.

Ин ду ходим баъди гирифтани супориш ба роҳ мебароянд. Яке аз онҳо хеле хушбахт буд. ӯ он моли андаке, ки дар даст дошт, то ба истгоҳ расидан дар тиҷорате сарф намуд, ки аз он фоида ба даст оварду сарварашро розӣ намуд ва сармояи дар даст доштаро то ҳазор расонид. Аммо ходими дигар аз бахти бадаш ва аҳмақияш то ба истгоҳ расидан бисту се тангаашро дар беҳудагӣ ва қимор сарф намуд, ҳангоме ба истгоҳ расид, дар дасташ танҳо як танга боқӣ монда буд.

Рафиқаш ба ӯ хитоб карда гуфт: «Эй мард! Бо маблағи боқимонда ҳаққи роҳро пардохт кун, беҳуда онро сарф макун, зеро сарвари мо меҳрубону ғамхор аст, шояд бо лутфи худ туро бубахшад, бо афви худ хатои аз ту рухдодаро гузашт намояд ва ба ту иҷозаи ба ҳавопаймо савор шуданро бидиҳад ва мо ҳарду, якҷоя ба макони мақсуд бирасем. Агар ту ба гуфтаҳоям амал кунӣ, пас маҷбур ҳастӣ то масофаи ду моҳа роҳро пиёда биравӣ ва дар роҳ гурусна монда, сахтиҳои ғурбатро паси сар намоӣ, дар ҳоле ки ту танҳоу бекас мемонӣ».

Ба фикри шумо агар ин мард ба ҷойи он, ки билети роҳ бихарад, ки он ба манзалаи калиди наҷоти ӯст, боз ҳам саркашӣ намуда, он тангаи охиринро низ дар роҳи шаҳватҳои вақтинча сарф кунад лаззати андакро ба даст оварад, оё ин маънои онро надорад, ки ин инсон бадбахт ва зиёнкор асту аблаҳу ҳақир? Оё инро ҳатто ғайри оқилон низ дарк намекунанд?

Эй касе, ки ту намозро адо намекунӣ! Эй нафсе, ки аз хондани намоз танбалӣ мекунӣ! Ин ҳоким ҳамон Парвардигори мо ва Офаридагори мост. Аммо ин ду ходими мусофир яке диндорест, ки намозашро бо шавқ ба ҷо меорад ва дигаре ғофили бенамоз аст. Аммо ин тангаҳои тилло (бисту чор дона) соати шабонарӯзист дар умри ҳар инсон. Аммо он замини хусусӣ Биҳишт аст. Аммо он истгоҳ қабр аст ва он саёҳату сафари дароз реҳлати инсоният аст ба тарафи қабр ва аз он ҷо ба суи маҳшар ва пасон ба суйи макони ҷовидона. Ононе, ки бо ин роҳи дароз мераванд, онро бо самтҳои гуногун тай мекунанд, ҳар яке ба андозаи амали худ ва миқдори тақвояш. Гурӯҳе аз муттақиён дар як рӯз масофаи ҳазорсоларо тай мекунанд, гӯё ки онҳо барқ бошанд. Гурӯҳе дар як рӯз масофи панҷоҳ ҳзорсоларо ба монанди асп тай мекунанд. Қуръони карим низ ин ҳақиқатро дар ду ояти карима ишора мекунад. Аммо он чипта (билет) намоз аст, ки дар як рӯз панҷ маротиба буда, дар маҷмӯъ бо таҳораташ як соат вақтро мегирад.

Аҷаб зиёне намудаанд он касоне, ки бисту се соати ҳаёти худро дар ин дунёи кӯтоҳ сарф намуда, наметавонад як соати онро барои ҳаёти абадии худ сарф намоянд! Ситами бузург ба ҷони худ кардаанд! Ва чи қадар аҳмақу аблаҳ будаанд!

Агар инсон нисфи сарваташро барои қимор сарф кунад, ки дар он беш аз ҳазор нафар ширкат мекунад ва ин корро мақбул меҳисобанд, бо вуҷуди он ки эҳтимоли бурд як аз ҳазор аст, пас чӣ гуна аз сарф кардани як соат аз бисту чор соаташ дар роҳи фоидаи яқин ва барои ба даст овардани кони ҷовидона худдорӣ мекунад, дар сурате ки эҳтимоли комёбӣ наваду нӯҳ дар сад аст. Оё ин кор хилофи ақл ва зидди ҳикмат ба ҳисоб намеравад?!

Намоз худ як роҳати бузургест барои ӯ ва барои ақли ӯ. Илова бар ин ки намоз кори машаққату гарон барои ҷисм нест, илова бар ин тамоми амалҳои дунявии намозхон, ки мубоҳанд. Ба сабаби нияти холисонаи ӯ ибодат ба шумор мераванд. Ба ҳамин тариқ, намозхон метавонад тамоми сармояи ҳаёти худро ба охират равона намояд ва як ҳаёти ҷовидонаро бо ин умри фонии худ ба даст орад.

Leave a Comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*