بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ
فَانْظُرْ اِلَى آثَارِ رَحْمَتِ اللّٰهِ كَيْفَ يُحْيِى اْلاَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا اِنَّ ذلِكَ لَمُحْيِى الْمَوْتَى وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ[1]
Бародар! Агар мехоҳӣ масъалаи ҳашр ва охиратро бо забони содаву омиёна ва ба таври возеҳ баён кунам, биёву ҳамроҳ бо нафсам ба ин ҳикоячаи тамсилӣ бингар ва гӯш кун:
Замоне, ду нафар ба як кишвари монанди ҷаннат зебо (ишора аст ба ин дунё) рафтанд. Дар он ҷо диданд, ки мардум дари хонаҳо ва мағозаҳояшонро боз гузошта, аз онҳо муроқибат намекунанд. молу сарваташон дар инҷову онҷо бесоҳиб мондааст. Яке аз он ду нафар ба ҳар ҷӣ дилаш мехост даст дароз карда, дуздӣ ва ё ғасб мекард, бо пайравӣ аз ҳавою ҳавасаш ҳар гуна зулму сафоҳатро муртакиб мешуд. аҳолӣ низ, ба ӯ эътибори чандон намекарданд.
Дӯсти дигараш ба ӯ гуфт:
Чӣ кор мекунӣ?! ҷазоятро хоҳӣ дид, маро низ гирифтори бало мекунӣ. ин молҳо аз подшоҳанд. аҳолии инҷо бо фарзандонашон сарбозони ӯ ҳастанд, ё ин ки маъмурони ӯ башумор мераванд. дар умури ин мамлакат, ба сурати кормандони ғайри низомӣ, истихдом мешаванд. Ба ҳамин хотир, чандон эътиборе ба кори ту надоранд. Аммо назму муроқибати шадид бар ҳама ҷо ҳоким аст. Подшоҳ дар ҳама ҷо телефонҳову маъмурҳо дорад. Пас зуд бош маъзаратхоҳӣ карда, аз фармони ӯ итоат кун.
Аммо он бехирад, аз рӯйи инод гуфт:
Не, ин амволи подшоҳ нест, балки амволи вақфшудаю бесоҳиб аст, ҳар кас метавонад ба гунаи дилхоҳ, аз он истифода кунад. Зеро ман ҳеҷ сабабро намебинам, ки истифода аз ин чизҳои зеборо маън кунад.
Он марди аблаҳ дар идомаи суханонаш гуфт: “ ман то замоне, ки чизеро бо чашмам набинам, бовар намекунам.” ва низ бо адои файласуфона, сафсатаҳои зиёдеро ба забон овард. Бад-ин гуна дар байни он ду, як мунозираи ҷиддӣ оғоз шуд.
Аввалан он сарсом гуфт:
“Подшоҳ кист? ман ӯро намешиносам.”
Сипас, дӯсташ ба ӯ ҷавоб дод:
Медонӣ, ки як деҳа, бе сардор ва як сузан бесозандаю бесоҳиб нест. Як ҳарф бе нависанда ба вуҷуд намеояд. Пас чигуна имкон дорад ин мамлакати бениҳоят мунтазам, ҳоким надошта бошад? мебини, ки дар ҳар соат як вагоне[2] пур аз амволу пӯшокҳои арзишманду мусаннаъ, мисли ин ки аз ғайб биёяд, ба инҷо мерасад ва борашро холӣ карда меравад. Пас чигуна мумкин аст, ин ҳама сарват соҳиб надошта бошад? чигуна имкон дорад, эълонномаҳо ва баённомаҳое, ки дар ҳар ҷо дида мешавад ва муҳру нишон ва аломате, ки рӯйи ҳар амвол ба чашм мехурад ва парчамҳое, ки дар ҳар гӯшаи ин сарзамин ба ҳаракат даромадааст, молике надошта бошад? маълум мешавад, ки ту ба хондани чанд китобу асари фарҳангӣ басанда намудаӣ, осору навиштаҳои исломиро мутолиа намекунӣ, аз донишмандон низ намепурсӣ. Пас биё то бузургтарин фармонро бароят бихонам.
Он сарсом баргашту гуфт:
Фарз кун подшоҳ ҳаст, аммо истифодаи ҷузъию ночизи ман, чӣ зарар ба ӯ дорад, ва чӣ нуқсон ба хазинаи ӯ ворид мекунад? аз сӯйи дигар дар инҷо ҳабс мабс нест, ҷазое низ дида намешавад.
Дӯсташ ба ӯ посух дод:
Бубин, ин мамлакат, як майдони монур[3] аст. Ҳам, намоишгоҳи санъатҳои аҷибу шигифтангези подшоҳ аст. Низ, мусофирхонаест муваққату нопойдор. Магар намебинӣ, ки ҳар рӯз як қофила меояд ва қофилаи дигар мераваду нопадид мегардад. Бад-ин минвол, ҳамеша дар ҳоли пуру холишудан аст. Замоне баъд, ин мамлакат табдил мешавад ва ин аҳолӣ, ба мамлакати дигар ки доимист, мунтақил хоҳанд гардид. Дар он ҷо, ҳар кас дар бадали хизматаш ҷазо ё мукофот хоҳад дид. Боз он хоини бехирад тамарруд намуда, гуфт:
Бовар намекунам. магар имкон дорад, ки ин мамлакат нобуд шавад ва аҳолии он ба ҷойи дигар куч кунанд?
Аз ин сабаб, дӯсти аминаш гуфт:
Модом ба ин дараҷа иноду тамарруд мекунӣ, пас биё далелҳои беҳадду ҳисобро бо “дувоздаҳ сурат” ба ту нишон диҳам, ки як маҳкамаи кубро[4] вуҷуд дорад. Ва ҷое барои мукофоту эҳсон ва маҳалле барои муҷозоту зиндон ҳаст. ин мамлакат ки ҳар рӯз, андак андак холӣ мешавад, рӯзе фаро мерасад ки тамоман холӣ ва нобуд мегардад.
(Аз куллиёти Рисолаи Нур)
Саъид Нурсӣ
[1] Сураи Рум:50
[2] ба сол ишора мекунад. Бале, баҳор вагонест пур аз ризқҳо ки аз ғайб меояд.
[3] Монур: иҷрои амалёти ҷангӣ, ба таври намоишию тамринӣ.(мутарҷим)
[4] Рӯзи растохез, ҳашр.(Мутарҷим)