Каломи нӯҳум
بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ
فَسُبْحَانَ اللّٰهِ حِينَ تُمْسُونَ وَحِينَ تُصْبِحُونَ ٭ وَلَهُ الْحَمْدُ فِى السَّمٰوَاتِ وَاْلاَرْضِ وَعَشِيًّا وَحِينَ تُظْهِرُونَ[1]
Эй бародар! Ту аз ман дар бораи ҳикмати хос кардани намозҳо дар ин вақтҳои муайянро мепурсӣ. Акнун ман танҳо ба яке аз ҳикматҳои он аз зимни ҳикматҳои беандоза ишора мекунам.
Бале, чунон чи вақти ҳар намоз оғози инқилоби бузург ва муҳими замонист, ҳамчунин он оинаест барои амалиётҳои бузурги илоҳӣ, ки аломатҳои кулии илоҳиро дар ин вақтҳо инъикос медиҳад. Барои ҳамин аст, ки Худованд дар ин вақтҳо ба намоз хондан амр намуда аст, то он ки дар ин вақтҳо ҳарчи бештар Ӯро ба покӣ ёд намоем ва тавонои зулҷалолро ба бузургӣ ёдовар шавем ва бештар Ӯро сипосу ситоиш намуда шукри неъматҳои бешумори Ӯро намоем, ки дар байни ду вақт омада аст. Барои дарки дурусти ин маънои амиқ бояд ҳамроҳи ман ба ин панҷ нуқтаи зерин гӯш андозед.
Нуқтаи аввал: маънои намоз тасбеҳ, таъзим ва шукр аст барои Худованди мутаъол, ба маънои он ки бо ибораи «субҳоналлоҳ» дар баробари ҷалолу азамати Худованд бо забону амал таъзим намуда ва бо ибораи «Аллоҳу акбар» дар баробари лутфу камоли Ӯ бо забону амал Ӯро бузург шумурдан ва бо ибораи «Алҳамду лиллоҳ» бо тану дилу забон Ӯро шукр гуфтан аст.
Яъне тасбеҳ, такбир ва ҳамд гӯфтан ба манзалаи дона ва тухми намоз ба шумор меравад ва барои ҳамин ин се зикр дар тамоми ҳаракат ва зикрҳои намоз дида мешавад. Ва барои ҳамин аст , ки ин ибораҳои зеборо баъди ҳар намоз сиюсе мартаба такрор мекунанд. Ин барои таъкид намудани маънои намоз ва мустаҳкам намудани он аст ва маҳз бо ҳамин ибораҳои кӯтоҳ маъно ва ҳадафҳои намоз таъкид мегардад.
Нуқтаи дувум:маънои ибодат саҷда кардани банда аст бо муҳаббати хосса ва иродаи худ дар пешгоҳи илоҳӣ ва дар баробари камоли Парвардигор ва қудрати ҷовидона ва раҳмати Худованд бо ин ки (банда) худро нотавону оҷизу фақир меҳисобад.
Бале, ҳамчуноне ки салтанати Парвардигор бандагӣ ва тоатро металабад, ҳамчунин покӣ ва бе олоишии Ӯ онро металабад, ки Парвардигори ӯ аз тамоми айбу нуқсон пок буда, аз ҳама намуд афкори аҳли залолату гӯмроҳӣ болотар аст, ва ин ки Худованд аз ҳама гуна камбудиҳои коинот ва нуқсоноти он пок аст. Яъне банда бояд ин ҳамаро бо ибораи «Субҳоналлоҳ» эълон намояд.
Ҳамчунин қудрати Парвардигори бузург аз бандаи худ инро талаб мекунад, ки ҳамеша ба суи даргоҳи Ӯ паноҳ барад ва чун нотавонии шадиди худ ва аҷзи дигар махлуқотро мебинад бо ибораи «Аллоҳу акбар» эҳсони Худован ва неъматҳои Ӯро бо шукру саноу сипос эълон намояд. Яъне тамоми афъол ва гуфтаҳои намоз ин маъноҳоро дар бар мегирад ва барои ҳамин маъноҳо намозро Худованди мутаъол фарз гардонида аст.
Нуқтаи савум: ҳамчуноне ки инсон худ мисол ва намунаи хурдест аз ин олами бузург, ҳамин тавр сураи «Фотиҳа» мисоли мунвварест барои Қуръони азимушшаън. Ҳамчунин намоз феҳристи нурониест, ки тамоми ибодатҳоро шомил аст ва харитаи бузургест, ки ба ҳама гуна намудҳои ибодати тамоми махлуқот ишорат мекунад.
Нуқтаи чаҳорум: Ақрабаки соат, сония, дақиқа, соат ва рӯзҳоро меҳисобад, ки ҳар яке аз инҳо метавонад барои ҳамдигар намоянда ва монанд бошад ва гоҳо ҳукми ҳамдигарро бигирад.
Ҳамчунин дар ин олами дунё, ки он соати бузурги илоҳист, гардиши шабу рӯз, ки он ба манзалаи сония соат асту солҳо ба манзалаи дақиқа ва табақаи умри инсон ва соат давраи умри ҳамаи олам ҳамчун сол ба шумор меравад, ҳар яки инҳо бо ҳам монандӣ доранду ҳукми ҳамдигарро мегиранд ва аз дигаре ёдрас мешаванд.
Масалан, вақти намози бомдод то баромадани Офтоб аст, ки он баҳорро, замони афтидани тухми инсон дар бачадони модар, рӯзи аввалине аз шаш рӯзи офариниши осмонҳо ва заминро ба ёд меорад. Пас бомдод он чизеро, ки дар ин вақтҳо аз корҳои бузурги илоҳӣ сурат гирифта аст, ба ёди инсон меорад.
Вақти намози пешин ба миёнаи тобистон, миёни умри инсон, замони офариниши инсон дар умри олам ва тамоми он чизеро, ки дар ин корҳо аз таҷаллои раҳмат ва файзи неъматҳои Ӯ сурат мегирад, монандӣ дорад ва ишора мекунад.
Вақти намози аср монандӣ дорад ва ба ёд меорад мавсими тирамоҳро, замони пиронсолӣ ва асри саодатро, ки он асри хотами паёмбарон ҳазрати Муҳаммад алйҳи-с-салом аст ва ҳамчунин ба ёд меорад он чизеро, ки дар ҳамаи ин замонаҳост аз корҳои илоҳӣ ва неъматҳои раҳмонӣ.
Вақти намози шом рафтани аксари махлуқот, расидани поёни тармаҳо, вафоти инсон ва вайрон шудани дунё ҳангоми расидани қиёматро ба хотир меорад ва бо вуҷуди ин шом таҷаллои ҷалоли илоҳиро ба хотир оварда, инсонро аз хоби ғафлат бедор мекунад.
Вақти намози хуфтан фарорасии торикии олам, пинҳон шудани осори олами рӯз дар зери кафани сиёҳ ва пӯшидани кафани сафеди замистон болои замини мурдаро ва ҳамчунин асари вафоти инсон, дар зери пардаи фаромӯшӣ даромадани ӯ, пӯшидани дарҳои дунёи имтиҳонро барои ҳамешагӣ ба ёд меоварад ва эълон мекунад, ки дар ин ҳама, қудрати соҳибҷалоли бузурге нуҳуфта аст.
Вақти шаб зимистон, қабр, олами барзахро ба ёд меоварад ва илова бар ин ба ёд меорад, ки чӣ гуна рӯҳи инсон ба раҳмати Худованд ниёз дорад.
Намози шаб, таҳаҷҷуд ба ёд меорад, ки чи гуна инсон ба чароғе дар торикии қабр ва зулмати барзах ниёз дорад ва аз роҳи ин ҳама дигаргуниҳо неъматҳои бепоёни соҳибнеъмати ҳақиқиро ба ёд меорад ва ҳамчунин эълон мекунад, ки соҳибнеъмати ҳақиқӣ дар воқеъ сазовори ҳамду сано мебошад.
Субҳи фардо фардои маҳшарро ба ёд меорад. Бале, ҳамчуноне ки омадани субҳи ин шаб ва омадани баҳори ин зимистон мақбул, зарурӣ ва ҳатмист, ҳамчунин омадани субҳи маҳшар ва баҳори барзах қатъӣ ва собитшуда мебошад.
Пас, маълум гашт ки ҳар лаҳзае аз ин вақтҳои панҷгона оғози инқилоби бузург мебошанд, ки инқилоби бузурги дигареро ба ёд меоранд. Ин замонҳо ҳамчунин мӯъҷизаҳои қудрати ҷовидона ва роҳнамоии раҳмати илоҳиро ба ёд меоваранд, ки ҳам дар сол дида мешавад, ҳам дар аср ва ҳам умуми ҷаҳон ва бо ишораҳои рӯзмарраи он.
Яъне намозҳои фарзшуда, ки он вазифаи фитрӣ ва асоси бандагӣ мебошанд, хело лоиқ ва муносиби он аст, ки маҳз дар ҳамин вақтҳо бошанд.
Нуқтаи панҷум. Инсон фитратан хело заиф аст ва бо вуҷуди ин ранҷ, андӯҳ ва ғамҳои зиёде ӯро интизор аст. Инсон хело нотавону заиф аст ва бо вуҷуди ин душманону мусибатҳои ӯ хело зиёданд. Инсон хело ниёзманд аст ва ҳоҷатҳои ӯ зиёду фаровонанд. Инсон танбалу нотавон аст, бо вуҷуди он заҳматҳои дунё вазнину гарон аст. Инсонияти ӯ ӯро бо тамоми ин олам дар иртибот қарор дода аст, вале дӯстон ва маҳбубонаш ночор аз ӯ ҷудо мешаванд ва он чи бо онҳо унс гирифта аст, нобуд мегарданд ва ин кор ӯро ба дард меоварад. Ақли инсон мақсадҳои воло ва меваҳои ҷовидонаро мехоҳад, вале ӯ дасти кӯтоҳ, умри кам, тавони маҳдуд ва сабри камтар дорад.
Пас рӯҳи одамизод дар ин ҳолат (дар вақти бомдод) хело ниёз ба он дорад, ки бо дуо ва намоз дари тавонои Зулҷалолу дари меҳрубони зеборо бикӯбад, аҳволи худро дар пешгоҳи Ӯ баён кунад, аз Ӯ муваффақият ва кӯмак талаб намояд. Ин рӯҳ ниёз ба такягоҳе дорад, то он корҳоеро, ки фардо субҳ бар сари ӯ меоянд, таҳаммул намояд ва он вазифаҳоеро, ки бар дӯш хоҳад кард, бардошт намояд. Оё инро бадоҳатан наметавон эҳсос кард?
(Дар вақти пешин). Ин вақт авҷи камоли рӯз буда, замони ба тарафи завол майл кардани Офтоб аст, он вақти ба камол расидани корҳои рӯзона мебошад, замони истироҳати муваққатист аз заҳмати корҳои анҷомшуда, замони ниёзи рӯҳи инсоният аст аз корзори ин дунёи фонӣ ва машаққатҳои он ба монанди ғафлату ҳайрату нооромиҳо илова бар он ки дар ин лаҳза нишонаҳои волои қудрати илоҳӣ пайдо мегардад.
Пас, раҳо ёфтани рӯҳи инсон аз ин тангиҳо ва халос ёфтани ӯ аз ин ғафлату ҳайратзадагӣ ва баромадани ӯ аз ин корҳои пасту нобудшаванда, танҳо бо рӯй овардан ба даргоҳи пояндаю ҷовидон бо ҳама намуд зораю тавалло, ки соҳиби неъмати ҳақиқӣ Ӯст, сурат хоҳад гирифт. Ин корро бо баланд намудани дастони худ ва рӯй овардан ба суи Ӯ, ба ин ҳама неъматҳои бепоёнаш шукри Ӯро гӯфтан, танҳо кӯмакро аз Ӯ талабидан, аҷзу нотавонии худро дар пеши азамат ва бузургии Ӯ зоҳир намудан, бо бузургӣ дар баробари камоли бепоёни Ӯ ва ҷамоли беҳамтои Ӯ рӯй ба саҷда овардан метавон анҷом дод. Ин аст адои намози пешин ва чи зебост он, ва чи лазизасту чи сазовор аст ва чи аҳамияте дорад! Аз ин сабаб, одамизод агар инро намефаҳмида бошад, набояд худро инсон ҳисобад.
(Дар вақти намози аср). Ин замон мавсими тирамоҳ ва ҳолати аламовари пиронсолӣ ва рӯзгори пуралами охири замонро ба ёд меорад ва он замони натиҷагирии корҳои дар рӯз анҷомдодашуда мебошад. Он лаҳзаи ҳосил намудани маҷмӯъи ҳамаи неъматҳои илоҳист ба монанди истифода аз саломатӣ ва сарфароз шудан бо неъмати саломатӣ ва тавони анҷоми корҳои некӯ. Ҳамчунин вақти эълони он аст, ки инсон меҳмони вазифадор аст ва ин ки тамоми чизҳо бесубот ва беқароранд ва рафтани офтоби бузург ба ғуруб худ нишонгари он аст.
Бале, рӯҳи инсоният, ки хоҳони абадият ва ҷовидонагист, он ки барои ҳамешагию абад офарида шуда аст, ошиқи накӯӣ буда, аз ҷудоӣ дард меёбад, ин инсонро ба по мехезонад, то дар вақти намози аср таҳораташро дуруст намуда, намозашро барпо дорад. Бо тазарруъ дар пешгоҳи дари Ҳазрати Ҷовидонаи азалию поянда ва корсозу ҷовидона даст ба муноҷот бизанад, то ин ки аз фазли беканори раҳмати Ӯ илтиҷо намояд ва бар неъматҳои бешумораш шукру сипос ба ҷо оварад. Бо ҳама хорию зорӣ дар пешгоҳи иззати парвардгорияш рукӯъу хушӯъ намояд ва бо тамоми тавозӯъ ва фурӯтанӣ дар пешгоҳи улуҳияти ҷовидонааш ба саҷда равад, то таслияти ҳақиқӣ ва роҳати пурраро барои рӯҳи худ бо бандагии пурра ва бо омодагии том дар пешгоҳи азамати бузургии Ӯ дарёбад. Чи вазифаи олие дар адо намудани намози аср бо ин маъно дида мешавад ва чи хидмати сазоворест дар он. Балки аҷаб вақтгузаронии хубест дар адои қарзи фитрӣ ва чи бузург дастёбиест ба саодати хело лазиз. Пас, агар касе дар воқеъ инсон бошад, инро мефаҳмад.
(дар вақти ғуруб). Ин вақт ғуруби махлуқоти нозуку зебои олами тобистон ва тирамоҳро дар сандуқи амонатҳо дар оғози зимистон ба ёд меоварад ва ҳамчунин вақти даромадани инсон баъди марг ва ҷудоӣ аз дустон дар қабрро ба ёд меоварад. Ин замон марги тамоми дунё бо як ларзиши мастӣ ва гузаштани тамоми истиқоматкунандагони он ба олами дигарро ба ёд меорад. Ҳамчунин хомӯш шудани чароғи олами имтиҳонро ба хотир меорад он вақти бедории қавист ва замони тарси сахт барои ононест, ки маҳбубҳои худро, ки дар паси уфуқи нестӣ пинҳон мешаванд, ба ҳадди ибодат дӯст медоранд барои ҳамин инсоне, ки ба монанди оина рӯҳи поку мусаффо дорад ва фитратан муштоқи таҷаллои ҷамоли ҷовидона мебошад, барои анҷоми намози шом дар ин вақт рӯи худро ба тарафи арши азамати Зоте менамояд, ки қадим ва ҳамеша аст, он Зотест, ки боқӣ ва ҷовидона аст ва Ӯст, ки корҳои ин олами бузургро тадбир мекунад ва онҳоро дигаргун месозад. Бо ҳамин услуб бо садои «Аллоҳу акбар»-и худ аз болои сари ин махлуқоти фонишаванда ва бо раҳо намудани дасти худ аз олам, онро дар пеши хидмати мавлои худ зери бағал мениҳад ва ҳангоми қиём рост меистад. Сипас дар пешгоҳи Зоте, ки ҳамеша қоим ва доим аст, дар аснои қиём мегӯяд: «алҳамду лиллоҳ».
Вай дар пешгоҳи камоли безаволи Ӯ, дар баробари ҷамоли бевисоли Ӯ ва дар пешгоҳи раҳмати бепоёни Ӯ истода, اِيَّاكَ نَعْبُدُ وَ اِيَّاكَ نَسْتَعِينُ[2] мегуяд, ва ӯ бо ин суханон бандагӣ кумакталабии хешро дар пешгоҳи парвардигории Ӯ, ки ҳамто надорад пешниҳод намуда , дар баробари улуҳияти бешарики Ӯ, дар пешгоҳи азамати бепоёнаш, дар баробари тавони беканораш ва дар баробари салтанати беназираш иқрор мекунад. Дар ҳоле ки Парвардигори бузургашро бо ибораи سُبْحَانَ رَبِّىَ الْعَظِيمِ тасбеҳ мегӯяд, дар баробари ҷамоли Зоти ӯ, ки ҳамеша аст, дар пеши сифатҳои поки Ӯ, ки дигаргун намешавад ва дар пеши камоли ҷовидонаи Ӯ, ки табдил намеёбад, ба суҷуд меравад. Ӯ бо ин кор муҳаббат ва бандагии худро дар мунтаҳои фонӣ шудан ва хорию зорӣ эълон менамояд. Ӯ ғайри Худованд ҳамаро тарк гуфта, садо баланд мекунад, ки سُبْحَانَ رَبِّىَ اْلاَعْلَى ва бо ин гуфта Зоти зебои меҳрубони ҷовидонро ба ҷои ҳамаи ашёи фонӣ ба даст меорад. Пас ӯ Парвардигори волои худро ба покӣ ёд мекунад, ки Ӯ аз ҳама гуна нуқсону камбудӣ пок аст ва бо ҳамин барои хондани ташаҳҳуд менишинад. Пас таҳияҳо ва салавоти поке барои тамоми махлуқот аз номи худ ба хотири он поке, ки ҳамеша аст ва он бузурге, ки абадист, тақдим мекунад ва байъати худро ба Паёмбари бузургвор (с) бо фиристодани салом ба ӯ таҷдид ва тоати худро аз дастури ӯ эълон мекунад. Пас, ин инсон интизомро дар қасри ин коинот мушоҳида мекунад ва тамоми мавҷудотро бар ваҳдонияти созандаи соҳибҷалол шоҳид меорад. Бо ҳамин тариқ, имони худро таҷдид намуда, ба он нур меафзояд. Баъди он шаҳодат медиҳад ба овардани далили парвардигории Худованд, расонандаи ризои Ӯ ва тарҷумони оятҳои олами бузург шаҳодат медиҳад, ки он ҳазрати Муҳаммад (с) мебошад. Чи зебою чи покест барпо доштани намози шом (бо ин мафҳум), чи вазифаи муҳимест он, чи кори азизу бузургу ширинест, чи бандагии зебою лазизест ва чи ҳақиқати асилу азимест! Бо ҳамин тариқ, мо мебинем, ки чӣ гуна он сӯҳбати накӯ, нишасти бо баракат ва саодати ҷовидонаест дар мисли чунин меҳмонии ниҳоӣ. Оё касе, ки ин ҳамаро намефаҳмад, метавонад худро инсон ҳисобад?
(дар вақти намози хуфтан). Ин вақтест, ки ҳатто он боқимондаи рӯз дигар дар уфуқ пинҳон мешавад ва шаб хаймаашро бар олам мезанад ва корҳои илоҳиро ба ёд меорад, ки Ӯ дар воқеъ مُقَلِّبُ الَّيْلِ وَ النَّهَارِ[3] аст. Ӯст тавонои соҳибҷалол дар табдил додани ин саҳифаи сафед ва саҳифаи сиёҳ. Ҳамчунин иҷрооти илоҳӣ مُسَخِّرُ الشَّمْسِ وَ الْقَمَرِ[4] -ро ба ёд меоварад. Ӯст ҳакими соҳибҷалол дар баргардонидани саҳифаи сабзи зиндадодашудаи баҳор ба саҳифаи сафеду сарди зимистон. Ҳамчунин амалиёти Худованд, «Офаридани маргу зиндагӣ»-ро ба ёд меорад, ки бо мурури замон осори аҳли қабристонҳоро аз ин дунё бурдани ононро куллан ба олами дигар интиқол менамоянд. Ин вақтест, ки корҳои Худованди бузург, таҷаллиёти ҷамоли офарандаи замину осмон, ин кишофи олами дигари васеъу кушод ва ҷовидонаи бузург, марги дунёи тангу фонии ҳақир ва нобудии пурраи он ба тамоми фиребандаҳояш дар зеҳн меояд. Ин замон ва ё ҳолатест, ки собит мекунад, ки соҳиби ҳақиқии ин олам, балки ҳақиқӣ ва маҳбуби воқеии он танҳо касе метавонад бошад, ки тавонад шабу рӯз, зимистону тобистон ва дунёу охиратро ба осонӣ, ба мисли осонии варақ задани саҳифаи китоб дигаргун созад ва тавонад дар он китоб ҳарчиро хоҳад, дарҷ намояд ва ё онро маҳв кунаду дигаргун созад. Инро танҳо тавони мутлақе метавонад, ки ҳукми Ӯ дар ҳамагон гузарост.
Бо ҳамин тариқ рӯҳи башарият, ки дар мунтаҳои нотавонӣ ва ниҳояти ниёзмандию камбағалист, аз торикиҳои оянда дар ҳайрат афтода, аз дигаргуниҳои рӯзгор дар хавф аст. Инсонро ҳангоми адои намози хуфтан бо ин мафҳум, бар он равона мекунад, ки ҳеҷ биму тарсе надошта бошад, то ба монанди ҳазрати Иброҳим ибораи لاَ اُحِبُّ اْلآفِلِينَ[5] ро ба забон орад. Пас, бо намози худ ба даргоҳи Зоте рӯй оварад, ки маъбуди ҳамешагӣ ва маҳбуби абадист, дар ҳоле ки боқии ҷовидонаро дар ин дунёи фонӣ, олами фонӣ, ҳаёти зулмонӣ ва ояндаи пӯшида илтиҷо намояд, то бо ин нишасти андаке, ки бо ӯ дорад ва бо муноҷоти кӯтоҳаш дар гӯшаҳои дунё нурро паҳн намояд ва ояндаи ӯро нӯронӣ намуда, дарди нобудӣ, ҷудоиро аз он чи дӯст медорад, ба монанди ашё, дӯстон ва ёрону рафиқон барояш осон намояд. Бо мушоҳидаи таваҷҷӯҳи раҳмати бахшандаи меҳрубон ва талаби нури ҳидояти Ӯ ин дунёеро, ки ӯро фаромӯш карда аст, дунёеро, ки дар паси пардаи шаб пинҳон аст, фаромӯш мекунад. Пас дар ин сурат дар пешгоҳи даргоҳи раҳмати Ӯ ибрати қалб ва оромии дилро ба даст меорад ва баъди ин ӯ ба адои вазифаи бандагии худ мепардозад, пеш аз он ки ба оламе равад, ки оқибаташ номаълум буда, намедонад, ки бар сари ӯ чӣ меояд ва он ҳамон хоб аст, ки ба марг монандӣ дорад ва то ин ки дафтари имрӯзаи худро бо беҳтарин хотима пӯшонад. Барои ҳамин ба адои намоз бармехезад ва худро ба ҷои маҳбубҳои фонӣ дар пешгоҳи маъбуду маҳбуби ҳамешагӣ рост мекунад ва ба ҷои истодан дар пеши оҷизону талбандагон, дар пешгоҳи тавонои карим ба қиём мепардозад. Ӯ худро дар пеши ҳазрати нигаҳдори меҳрубон меандозад, то аз шарри касоне, ки аз онҳо хавф дорад, ба монанди махлуқоти зараровар, раҳо ёбад. Ӯ намози худро бо сураи «Фотиҳа» оғоз мекунад, яъне ӯ Парвардигори оламиён ва бахшандаи меҳрубонро мадҳу сано мегӯяд. Ӯ на махлуқотеро мадҳу сано мегӯяд, ки лоиқу сазовори мадҳу тавсиф нестанд, балки онҳо ноқису фақир буда, инсонро дар зери бори миннат қарор медиҳанд, балки Зотеро, ки камоли мутлақ ва бениёзи мутлақ танҳо Ӯст, мадҳ мегӯяд. Пас, ин инсон бо вуҷуди он ки дар асл заиф, ночиз ва хурд аст, ба сабаби ибодати худ ба мақоми меҳмони бузурги ин олам ва ба мақоми корманди мӯҳтарам бардошта мешавад. Ин ибодат ӯро ба мақоме мерасонад, ки Худовандро хитоб мекунад: [6]اِيَّاكَ نَعْبُدُ яъне ӯ худро ба соҳиби рӯзи ҷазо ва султони азалию абадӣ нисбат медиҳад ва дар пешгоҳи Ӯ ин суханро мегӯяд: [7]اِيَّاكَ نَعْبُدُ وَ اِيَّاكَ نَسْتَعِينُ ибодат ва кӯмакталабиҳои ҷамоати бузург ва ҷомеаи азими тамоми махлуқот роҳнамоӣ ба сӯи роҳи ростро, ки он роҳи нурониест, ки ба сӯи саодати абадӣ мерасонад, бо роҳи номаълуми оянда бо ин ибора талаб менамояд: اِهْدِنَا الصِّرَاطَ الْمُسْتَقِيمَ[8] Ӯ дар бузургии Худованди мутаъол андеша намуда, фикр мекунад, ки ин офтобҳои пинҳоншуда, яъне тамоми набототу ҳайвонот, ки акнун дар хобанд ва ин ситорагони бедор лашкари итоаткунандаи ромшудаанд ӯ дар пеши фармони илоҳӣ ва ҳар яки инҳо танҳо чароғе мебошанд дар меҳмонхонаи Ӯ ва ҳар яки онҳо ходими коркунандае ҳастанд. Пас, забон ба такбир кушуда мегӯяд: «Аллоҳу акбар» ва бо ҳамин ба рукӯъ меравад. Сипас, дар саҷда ба бузургии холиқи тамоми махлуқот меандешад, ки чигуна ҳама мавҷудот дар тӯли сол ва дар ҳар давру замон ба монанди махлуқоти ҳамакнун дар хобрафта, балки ҳатто худи замин ва ҳатто тамоми олам ҳамчун лашкари низомии Ӯ мебошанд. Инҳо ба монанди аскарбачаи мутеъ, замоне ки аз вазифа бо дастури [9]كُنْ فَيَكُونُ яъне, замоне ки ба олами ғайб фиристода мешаванд, дар ниҳояти бонизомӣ дар бисоти нестшавӣ такбиргӯён, «Аллоҳу акбар» ба саҷда мераванд. Онҳо ҳама дар баҳор боз ба ҳамин тариқ ё монанди он бо садои «зинда шавед!» ё «бедор шавед!», барангехта мешаванд ва дубора зинда мешаванд, ки аз дастури كُنْ فَيَكُونُ содир мешаванд. Пас, ҳамагон ба хушӯъ ва итоат ба амри Худованди барҳақ сари худ хам мекунанд. Пас, ин инсони заиф ба ин ҳама махлуқот иқтидо намуда, рӯй ба саҷда дар пешгоҳи китоби Парвардигори соҳибҷалолу соҳибкамоли меҳрубон меорад, дар ҳоле ки «Аллоҳу акбар», мегуяд дар сурате ки ӯро муҳаббати бепоён ва фаношавии куллӣ дар пеши Зоти Пояндаи соҳиби иззат фаро гирифта аст.
Пас, бидуни шак, эй бародар, ту инро фаҳмидаӣ, ки барпо намудани намози хуфтан баланд шудан ва тараққӣ ёфтан аст ва он ба меъроҷ шабоҳат дорад. Намози хуфтан аҷоиб вазифаи хуш, аҷаб фарзи ширин, чи хидмати олӣ, чи бандагии лазизу азиз ва аҷаб чизи лоиқ ва сазоворест ба ҳақиқати асил.
Яъне тамоми вақтҳо аз ин вақтҳои зикршуда ба як инқилоби бузург ишора мекунанд ва нишонаҳое ҳастанд ба иҷрооти Павардигори азим ва аломатҳоеанд барои неъматҳои кулли илоҳӣ. Барои ҳамин тахсис додани намозҳои фарзӣ, ки он дар ин вақтҳои муаян қарзи табиист, далолат ба мунтаҳои ҳикмат мекунад.
سُبْحَانَكَ لاَ عِلْمَ لَنَا اِلاَّ مَا عَلَّمْتَنَا اِنَّكَ اَنْتَ الْعَلِيمُ الْحَكِيمُ[10]
اَللّٰهُمَّ صَلِّ وَ سَلِّمْ عَلَى مَنْ اَرْسَلْتَهُ مُعَلِّمًا لِعِبَادِكَ لِيُعَلِّمَهُمْ كَيْفِيَّةَ مَعْرِفَتِكَ وَ الْعُبُودِيَّةَ لَكَ وَ مُعَرِّفًا لِكُنُوزِ اَسْمَائِكَ وَ تَرْجُمَانًا ِلآيَاتِ كِتَابِ كَائِنَاتِكَ وَ مِرْآتًا بِعُبُودِيَّتِهِ لِجَمَالِ رُبُوبِيَّتِكَ وَ عَلَى آلِهِ وَ صَحْبِهِ اَجْمَعِينَ وَ ارْحَمْنَا وَ ارْحَمِ الْمُؤْمِنِينَ وَ الْمُؤْمِنَاتِ آمِينَ بِرَحْمَتِكَ يَا اَرْحَمَ الرَّاحِمِينَ[11]
[1] Пас пок аст Худовад, ҳангоме ки ба бегоҳ мерасед ва ҳангоме ки ба субҳ мерасед ва мар Ӯрост ҳамд дар осмонҳо ва замин ва бегоҳирӯзӣ ва замоне ки ба нисфи рӯзӣ мерасед.
[2] мо танҳо туро мепарастем ва танҳо аз ту кӯмак металабем. (мутарҷим)
[3] бар гардонидани шабу рӯз аст.
[4] тасхиркунандаи Офтобу Моҳ аст.
[5] Ман нобудшавандагонро дӯст намедорам. (мутарҷим)
[6] Тарҷума: Танҳо туро ибодат мекунем.
[7] Тарҷума: танҳо туро мепарастем ва танҳо аз ту кӯмак металабем.
[8] Тарҷума: моро ба роҳи рост ҳидоят намо.
[9] Тарҷума: бош! Пас ҳама пайдо мешаванд.
[10] Тарҷума: Ту пок ҳастӣ, мо донише надорем, танҳо он чи ба мо омӯхтаӣ. Ҳамоно, ки Ту доно ва ҳаким ҳастӣ.
[11] Тарҷума: Худовандо, салоту салом бифирист бар он касе, ки Ту ӯро ҳамчун муалим барои бандагонат фиристодаӣ, то ӯ барои эшон чигунагии шинохт ва ибодати Туро омӯзонад ва онҳоро бо асрори ниҳони номҳоят ошно созад, он Паёмбаре, ки тарҷумони оятҳои китоби коинотии Туст ва бо ибодати худ ҷамоли Парвардигор будани Туро ҷило дода аст. Ва бар тамоми хонадону саҳобагони ӯ.
Мо, мардону занони муъминро раҳнамоӣ кун.
Омин. Бираҳматика ё арҳама-р роҳимин.