بِسْمِ اللّهِ الرَّحْمنِ الرَّحِيمِ
وَالشَّمْسِ وَضُحَيهَا ٭ وَالْقَمَرِ اِذَا تَلَيهَا ٭ وَالنَّهَارِ اِذَا جَلَّيهَا ٭ وَ الَّيْلِ اِذَا يَغْشَيهَا ٭ وَ السَّمَاءِ وَمَا بَنَيهَا ٭ وَ اْلاَرْضِ وَمَا طَحَيهَا ٭ وَ نَفْسٍ وَمَا سَوَّيهَا ٭ الخ
Эй бародар! Мехоҳӣ андаке аз асрори ҳикмати олам, ва муаммои офариниши инсон, ва рамзҳои ҳақиқати намоз огоҳ шавӣ, пас ҳамроҳи ман ба ин ҳикояи тамсилии кӯтоҳ бияндеш!
Замоне подшоҳе буд, бисёр сарватманд ва дорои хазинаҳои бешумор, ки ҳамаи навъи ҷавоҳир, алмос ва зумруд дар он ёфт мешуд. Илова бар ин, хазинаҳои бисёр шигифтангези дигаре низ дошт ва аз камолоташ дар бахши санъатҳои ғарибу пешрафта, маҳоратҳои чашмгире дошт, дар мавриди илмҳо ва навовариҳои аҷибу бешуморе иттилоъу иҳотаи ҳамаҷониба ва аз улуму дониши ҷадиди фаровону фарогире бархурдор буд.
Ин аз асрор аст, ки дорандаи ҳар ҷамолу камол дӯст дорад, ҷамолу камолашро ҳам худ бубинад ва ҳам ба дигарон нишон диҳад, пас ин султони бошукӯҳ низ хост намоишгоҳе барпо кунад ва осорашро ба намоиш гӯзорад ва ба ин тариқ таваҷҷӯҳи раъияташро ба шукуҳи салтанат, шуълаи сарват, шигифтҳои санъат ва ғароиби маърифаташ ҷалб кунад, ва ҷамолу камоли маънавиашро ба “ду ваҷҳ” мушоҳида намояд:
Аввал: Шахсан бо нигоҳи дақиқандеши худ бубинад.
Дигарӣ: Бо нигоҳи дигарон бингарад.
Ба ин манзур, қасри бузургу васеъ ва мӯҳташамеро сохт, ва ба як шакли зебо ин қасрро дар ошёнаҳо ва утоқҳои ҷудогона бино кард, ҳар табақаро бо ҷавоҳирот ороиш дод ва бо латифтарин ва зеботарин осори санъаташ зиннат бахшид, бо зарифтарин фанҳои илму ҳикматаш назму тартиб дод ва бо осори мӯъҷизавори дониши худ муҷаҳҳаз кард. Пас аз такмили қаср, сафарҳои рангинеро дар он густариш дод ва аз анвоъи ғизоҳову неъматҳояш лазизтарин навъи онро рӯйи суфра гузошт ва барои ҳар гурӯҳ суфраи хоссу муносибе ихтисос дод, ба ин тариқ чунон меҳмони бузургу умумии тадорук дид, ки баёнгари саховату тавонгарии ӯ дар санъат буд, гуё ҳар суфра бо намоиши неъматҳои бо арзишу бешуморе пур аз садҳо осору намунаҳои санъати печидаву дақиқи ӯ буд.
Сипас аҳолӣ ва раъияти худро аз саросари мамлакаташ ба тафриҳу тамошо ва меҳмонӣ фаро хонд, ва ба яке аз ёварони паёмрасонаш асрору ҳикматҳои қаср ва маънову мафҳуми мазмуни печидаи онро омӯзонд ва ӯро ба унвони устоду муарриф баргузид, то ки созандаи қасри Сонеъ, мазуни қасри онро ба раъияташ бишиносонад ва рамзҳоеро, ки дар нақшу нигорҳои қаср нуҳуфта аст ба онон бифаҳмонад ва ҳадафҳову ишороти санъатҳои даруни онро ба дигарон биомузонад ва ба ононе, ки дохили қаср ҳастанд бифаҳмонад, ки мафҳуми ҷавоҳироти ороста ва нақшҳои мавзуни қаср чист? ва чигуна ба камолу маҳорат ва ҳунари соҳиби қаср далолат дорад ва одоби духул ва расму оини қаср ва шеваҳои барпо доштани маросими ташрифотро ба гунае ба мардум таълим диҳад, ки ризоияти подшоҳро ки аз дида пинҳон аст ҷалб кунад.
Ин устоди муъарриф, ки дар ҳар яке аз табақот ҳамкороне дорад, худ дар бузургтарин табақаи қаср ва дар байни шогирдонаш истода хитоб ба ҳамаи тамошогарон карда чунин гуфт:
Эй аҳолӣ! Мавлои мо, соҳиби ин қаср, бо сохтани ин қаср ва бо намоиши чизҳои он, мехоҳад худро ба шумо муъаррифӣ кунад, шумо низ ӯро бишиносед онгӯна, ки шоиста аст, барои шинохтани ӯ кушишу талош кунед.
Ӯ бо ин зиннатҳо мехоҳад, худро маҳбуби шумо кунад, шумо низ корҳояшро таҳсину санъаташро қадрдонӣ кунед, ба ин васила худро маҳбуби ӯ гардонед.
Ҳам бо ин ҳама неъматҳо ва эҳсонҳое, ки ба шумо арзонӣ дошта нишон медиҳад, ки дӯстатон дорад, шумо низ бо итоат аз фармудаҳояш, муҳаббати худро нисбат ба ӯ изҳор доред ва бо ин ҳама икрому инъом, ошкору аён, ва шафқату раҳматашро ба шумо иброз медорад, шумо низ бо шукру сипос, ҳурмати ӯро нигоҳ доред.
Ӯ мехоҳад бо осору камолаш дар ин маснуоти зебо, ҷамоли маънавиашро изҳор кунад, пас шумо ҳам шавқу рағбати худро барои мулоқоту дидор ва касби ризоияташ нишон диҳед.
Ӯ бо гӯзоштани муҳри махсус, хотами махсус ва турраи қобили тақлидаш рӯйи тамоми маснуъот ва зиннатҳое, ки дидем мехоҳад бо шумо бигӯяд, ки ҳамаи он чиро дидед, махсуси худи ӯст, ва аз осори дасти худи ӯ буда ва яккаву танҳо ва мустақиллу мунфарид аст ва шумо ҳам ӯро ягона ва якто, бе мислу монанд ва беҳамто бидонед ва бовар кунед.
Ин муаллими бузургвор бо чунин суханоне, ки мақому азамати подшоҳ аст, тамошогаронро хитоб қарор дод, сипас аҳолии қаср ба ду гурӯҳ тақсим шуданд:
Гурӯҳи аввал: Касоне, ки ба худшиносӣ расиданд ва дорои қалби поку беолоиш ва ақли солим ҳастанд. ин гурӯҳ ҳангоми боздид чунин ба шигифтиҳои даруни қаср нигаристанду гӯфтанд: “Ин корест басо бузург! Ва рози махфӣ дар он нуҳуфта аст!” пай бурданд, ки ин корҳо абас ва беҳуда, бозиву саргармӣ нест, кунҷков шуданд ва аз худ пурсиданд: “Рамзи ин кор чист? чи розҳое дар он нуҳуфта аст?”
Дар ҳоли фикр кардан буданд, ки ногаҳон суханронии он устодро, ки ҳарф мезад, шуниданд ва дарёфтанд, ки калиди асрор назди ӯст, пас бо шитоб ба сӯйи ӯ рафтанду гӯфтанд: “Ассалому алайка ё айюҳа-л устод! Чунин қасри пуршукӯҳе ҳатман бояд муаррифи содиқу бо диққат чун шумо дошта бошад, пас лутфан ончиро, ки Мавлои мо ба ту омӯхтааст ба мо биомӯз.”
Устод низ, суханронии чанд лаҳза қаблашро ба онҳо ёдоварӣ намуд, онҳо низ бо дилу ҷон шуниданду пазирӯфтанд ва баҳраи шоён аз он бурданд. Ва дар доираи марзиёти подшоҳ ҳаракат карданд. Дар натиҷа подшоҳ аз кирдору рафтори боадабонаи онҳо хурсанд шуда, изҳори ризоият намуд ва онҳоро ба қасри махсусу олӣ ва васфнопазири дигар фаро хонд, ва шомили эҳсонҳои худ кард. Ба гунае, ки лоиқи Ҷавводи Малик ва шоистаи аҳолии фармонбардор ва муносиби меҳмонони муаддабу зебанда, чунин қасри бо шукӯҳе буд, ононро гиромӣ дошт ва ба саодати доимӣ муфтахар гардонид.
Гурӯҳи дуюм: Онҳое, ки чун ақлҳояшон фосид, ва қалбҳояшон бенур буд, вақте по ба қаср гӯзоштанд, мағлуби хоҳишоти нафсонӣ шуданд ва танҳо ба ғизоҳои лазиз таваҷҷӯҳ карданд, аз дидани тамоми он маҳосин чашм пушиданд ва ба иршоду раҳнамоиҳои устоду шогирдонаш гӯш фаро надоданд, ҳамчун ҳайвон хурданд ва ба хоби ғафлат фурӯ рафтанд ва бар асари зиёдаравӣ дар хурдану нушиданиҳои мамнӯъе, ки барои ҳадафҳои хоссе дар онҷо гузошта шуда буд масту мадҳуш шуданд, ва бо фарёду арбадаашон сабаби азияту озори меҳмонони дигар шуданд, дар баробари қонунҳои зишаън густохию беодобӣ намуданд, аз ин сабаб сарбозони подшоҳ, онҳоро дастгир ва ба зиндоне, ки сазовори чунин густохӣ буд, равона кард.
Эй дӯсте, ки бо ман ин ҳикояро мешунавӣ! Ҳатман фаҳмидаҳое, ки он ҳокими бузург ба хотири ҳадафҳову мақсадҳои мазкур ин қасрро сохтааст, пас расидан ба ин мақсадҳо “ду чиз” вобастагӣ дорад:
Якум: Вуҷуди ҳамин устодест, ки дидему баёноташро шунидем, агар ӯ намебуд ҳамаи мақсадҳо барбод мерафт.
Бале, китоби бемафҳум ва бидуни муаллим, як порча коғази бемаъност.
Дуюм: Гӯш фаро додани мардум ба суханони он муаллим ва пазируфтани он. Пас вуҷуди устод дар ин қаср лозиму зарӯрист, ва гӯш додани аҳолӣ ба ӯ низ, сабаби бақои қаср аст. Аз ин рӯ метавон гӯфт, ки агар ин устод намебуд, подшоҳи воломақом ин қасрро намесохт ва боз метавон гуфт: Ҳар гоҳ мардум ба суханони ӯ гӯш фаро надиҳанд ва эътино накунанд, подшоҳ табдилу дигаргунӣ дар қаср эҷод хоҳад кард.
Эй дӯст! Ҳикоя дар инҷо ба поён расид, агар ба асрори ин мисол пай бурдаӣ, пас ба ҳақиқати он низ пай бубар:
Ин қаср, ин дунё, ва сақфаш, осмонест бо ситорагони мутабассиму дурахшон, ва фаршаш низ замин аст, ки аз шарқ то ғарб намунаҳои гуногӯне аз гулҳои рангин зиннат дода шудааст. Он подшоҳи бузӯрг Зоти Муқаддаси Илоҳӣ ва Султони азалу абад аст, ки ҳафт табақаи осмону замин ва он чи дар он ҳаст, бо забони махсуси худ аз ӯ тақдису ситоиш карда ва тасбеҳи ӯро баҷо меорад ва ҳамон Малику Қадирест, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид, ва шабу рӯзро ҳамчун ду хати сиёҳу сафед дар пушти сари ҳам ба ҳаракат даровард, ва бар сафҳаи коинот оёташро навишт, ва хуршеду моҳу ситорагон таҳти амри ӯянд. Ӯст Рабби Арши азим ва ӯст боҳашамату боқудрат.
Утоқҳои он қаср, ҳаждаҳ ҳазори оламаст, ки ҳар кадом муносиб бо шароите, ки дорад зиннату танзим шудаанд. Ва санъатҳои аҷиби даруни қаср мӯъҷизоти қудрати Илоҳӣ ҳастанд, дар ин олам намоёнанд. Ва ғизоҳои лазизе, ки дар қаср мушоҳида намудӣ ба раҳмати Илоҳӣ дар ин олам ишора дорад аз қабили: Самараҳои хориқулоддае, ки ошкоро дар тамоми фаслҳои сол хоссатан дар тобистон хусусан дар боғҳои Барла дида мешавад. Ошпазхона ва он шуълаҳо низ сатҳи замин аст, ки қалбаш пур аз оташ мебошад.
Ҷавоҳироте, ки дар ганҷҳои пинҳон дида будӣ, дар воқеъ таҷаллиёти асмои қудсияи Илоҳист ва нақшу нигорҳое, ки ҳамроҳ бо рамзҳои он дидем маснуъоти зиннатбахши ин ҳастӣ ва нақшҳои мавзуни қалами қудрати илоҳист, ки ба номҳои Қадири Зулҷалол далолат доранд. Он устод, Сайидамон ҳазрати Муҳаммад (с.а.в) аст, ҳамкоронаш Анбиё алайҳимуссалом мебошанд ва шогирдонаш Авлиёву Асфиё ҳастанд. Хизматгузори он подшоҳ ба малоика алайҳимуссалом ишора дорад, ки дар ин оламанд. Манзур аз ононе, ки ба тафриҳу меҳмонӣ даъват шуда буданд, ҳам ба ҷинну инс ва ҳам ба ҳайвоноте, ки дар ин мусофирхонаи дунё дар хизмати инсон ҳастанд, ишора дорад.
Аммо он ду гурӯҳ: Гурӯҳи якум аҳли имонанд, ки шогирдони остони Қуръони Ҳакиме ҳастанд, ки муфассири оёти китоби коинот аст. Ва гурӯҳи дигар аҳли куфру саркашанд, ки бо пайравӣ аз нафсу шайтон ҷӯз зоҳири зиндагонии дунё дигар чизеро нашинохтанд, онҳо ҳамчун ҳайвонот балки аз онҳо пастар, карон, гунгон ва гурӯҳи золлин (гумроҳон) ҳастанд.
Аммо гурӯҳи нахуст, ки саодатмандону аброр ва неконанд ба суханони он муаллими бузург ва устоди зулҷаноҳайн гӯш фаро доданд. Он устод ҳам бандааст, ки аз нуқтаи назари бандагию убудият Ҷаноби Ҳақро таърифу тавсиф мекунад, аз ин ҷиҳат ӯ дар маҳзари Илоҳӣ дар ҳукми намояндае барои уммат аст, ва ҳам расул аст, ки аз лиҳози рисолат аҳкоми Парвардигорашро тавассути Қуръони карим барои ҷинну инс таблиғ мекунад.
Ин ҷамоъати хушбахт пас аз шунидани суханони Расул ва гӯш фаро додан ба фармудаҳои Қуръон, якбора худро дар либоси муваззаф ба вазифаҳои бисёр латифу мартабаҳо ва мақомоти бисёр волое ҳамроҳ бо намоз диданд, намозе ки дар ҳукми феҳристи анвоъи ибодот ба шумор меравад.
(Аз куллиёти Рисолаи Нур)
Саъид Нурсӣ