Иқтисод ҳам як шукри маънавӣ ва ҳам ҳурмат ба раҳмати Илоҳӣ мавҷуд дар неъматҳо….

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ

كُلُوا وَ اشْرَبُوا وَ لاَ تُسْرِفُوا

НУҚТАИ ЯКУМ

Холиқи Раҳим дар баробари неъматҳое, ки ба навъи башар додааст, шукр мехоҳад, исроф бошад, зидди шукр буда, дар баробари неъмат, истихфофи зиёновар аст, аммо иқтисод; иҳтироми судманд дар баробари неъмат аст.

Бале, иқтисод ҳам як шукри маънавӣ ва ҳам ҳурмат ба раҳмати Илоҳӣ мавҷуд дар неъматҳо, ҳам ба қатъи сабаби баракат, ҳам барои бадан монанди парҳез, мадори сиҳату саломатӣ, ҳам бо раҳо кардан аз зиллати гадоии маънавӣ, сабаби иззат буда ва ҳам дар эҷоди ҳисси лаззати даруни неъмат ва низ чашондани лаззати неъматҳое, ки дар зоҳир лаззате надоранд, нақши неруманду муассире дорад, аммо исроф, азбаски мухолиф бо неъматҳои зикршуда аст, натиҷаҳои ваҳмие дорад.

(Аз куллиёти Рисолаи Нур)

Саъид Нурсӣ

Leave a Comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*