Доир ба иқтисод ва қаноъат, исроф ва исрофкорӣ мебошад.
بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ
كُلُوا وَ اشْرَبُوا وَ لاَ تُسْرِفُوا
Ин ояи карима, ба амри қатъӣ ба иқтисод ва наҳи сариҳ аз исроф, дарси муҳимме аз ҳикмат медиҳад. Ин масъала ҳафт нуқта дорад:
НУҚТАИ ЯКУМ
Холиқи Раҳим дар баробари неъматҳое, ки ба навъи башар додааст, шукр мехоҳад, исроф бошад, зидди шукр буда, дар баробари неъмат, истихфофи зиёновар аст, аммо иқтисод; эҳтироми судманд дар баробари неъмат аст.
Бале, иқтисод ҳам як шукри маънавӣ ва ҳам ҳурмат ба раҳмати Илоҳӣ мавҷуд дар неъматҳо, ҳам ба қатъи сабаби баракат, ҳам барои бадан монанди парҳез, мадори сиҳату саломатӣ, ҳам бо раҳо кардан аз зиллати гадоии маънавӣ, сабаби иззат буда ва ҳам дар эҷоди ҳисси лаззати даруни неъмат ва низ чашондани лаззати неъматҳое, ки дар зоҳир лаззате надоранд, нақши неруманду муассире дорад, аммо исроф, азбаски мухолиф бо неъматҳои зикршуда аст, натиҷаҳои ваҳмие дорад.
(Аз куллиёти Рисолаи Нур)
Саъид Нурсӣ