Ин Рисола, андешаи куфромезеро, ки мумкин аст аз табиат сар барорад…

Рисолаи Табиат

Ин Рисола, андешаи куфромезеро, ки мумкин аст аз табиат сар барорад, аз байн мебарад ба шакле, ки ҳеҷ гоҳ ҷон нагирад ва аслу асоси куфро зеру забар мекунад.

Ихтор

Воқеияти масире, ки табииюни мункир тай мекунанд, дар ин баёния, таҳти унвони нӯҳ муҳол, ки дар баргирандаи камаш навад муҳол мебошад, баён мегардад. Ва нишон дода мешавад, ки то чи  андоза аз ақл дур ва то чи дараҷа ифлос ва чи қадар хурофа мебошад. Зеро муҳолҳои мазкур, дар рисолаҳои дигар то ҳудуде тавзеҳ дода шудааст. Дар ин ҷо, барои риояи ихтисор, ба баъзе мавридҳо напардохтаем. Бинобар ин, дар як лаҳза ба зеҳн чунин мегузарад: “Чигуна мумкин аст ин файласуфони ақлгарои машҳур, чунин як хурофаи ошкору равшанро пазируфта, ба он роҳ раванд?”.

Бале, онҳо натавонитаанд ботини маслаки хешро бубинанд. Ҳақиқати маслаки онҳо ва лозимаву муқтазои он ба унвони хулосаи мазҳаби ғайри маъқул[1], кареҳу нопокашон, дар ибтидои ҳар муҳол навишташудааст. Ман ҳозирам онро барои касоне, ки шубҳа доранд, бо бурҳонҳои бадеҳию қатъӣ, муфассалан баёну исбот кунам.

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحٖيمِ

[2] قَالَتْ رُسُلُهُمْ اَفِى اللّٰهِ شَكٌّ فَاطِرِ السَّمٰوَاتِ وَالْاَرْضِ

Ин ояти карима, бо истифҳоми инкорӣ, эълом медорад, ки дар хусуси Ҷаноби Ҳақ шаке нест ва набояд бошад. Ва нишон медиҳад, ки вуҷуду ваҳдонияти Илоҳӣ, дар мартабаи бадоҳат аст.

Пеш аз тавзеҳи ин сирр, як тазаккур бояд диҳем.

Дар соли 1338 (1922 м.) ба Анқара рафтам. Дидам, як андешаи куфромези зиндиқӣ, барои нуфуз кардан ба олами фикрии қавии аҳли имон, ки аз ғалабаи лашкари Ислом бар Юнон, дар нишоту сурур буд, барои тахриби он бо дасисаву фиреб, фаъол аст. Гуфтам: Эй воҳ, ин аждаҳо ба аркони имон садама мезанад! Дар он лаҳза ояти каримаи мазкур, вуҷуду ваҳдонияти Илоҳиро комилан бадеҳӣ, ба ман фаҳмонд. Аз оят истимдод кардам ва бурҳони қавии аз Қуръони Ҳакимро, ки метвонист сари он зиндиқро ба санг кубад, дар рисолаи Арабӣ навишта ва дар  матбааи “Йенӣ Гун” дар Анқара мунташр кардам. Афсус, теъдоди касоне, ки арабиро медонанд, кам аст. Ва шумори ононе, ки ин гуна матолиб, барояшон аҳамият дошта бошад, нодир аст. Рисолаи  мазкур, ки як бурҳони қавиро дар ниҳояти иҷмолу ихтисор  баён мекард, таъсири чандоне аз худ нагузошт. Мутаасифона андешаи  бединӣ, густариш ёфт ва қудрати бештар гирифт. Он бурҳони ёдшударо, ночор ба туркӣ баён мекунам. Баъзе аз порчаҳои он бурҳон, дар рисолаҳои дигар, комилан тавзеҳ дода шудааст. Бинобар ин, дар ин ҷо мухтасаран, навишта мешавад. Бурҳонҳое, ки дар дигар рисолаҳо ба кисмҳо ҷудо шудаанд, дар ин бурҳон қисман муттаҳид шуда ва ҳар кадомашон дар ҳукми як ҷузъи аз ин бурҳон, талаққӣ мегардад.

Муқадимма

Эй инсон! Бидон, калимаҳое ҳаст, ки аз даҳони инсонҳо хориҷ шуда, бӯйи бединӣ медиҳанд. Аҳли имон, ногаҳон аз онҳо истифода мекунанд. Се мавриди муҳимтарини онҳоро баён мекунем.

Якум: اَوْجَدَتْهُ الْاَسْبَابُ  Яъне, асбоб ин чизро эҷод мекунад.

Дуюм: تَشَكَّلَ بِنَفْسِهٖ  Яъне, худ ба худ шакл гирифта, вуҷуд меёбад ва ба охир мерасад.

Сеюм: اِقْتَضَتْهُ الطَّبٖيعَةُ  Яъне, табиист ба иқтизои табиат вуҷуд ёфтааст.

Бале, мавҷудот ҳастанд ва ҳастии онҳоро наметавон инкор кард. Ҳар мавҷуде низ ҳунармандона ва бо ҳикмат ба вуҷуд меояд. Ба ҳамин тартиб  мавҷудод чун қадим нестанд тоҷаранд ҳодис маҳсуб мешаванд. Акнун эй мулҳид! Дар бори ин мавҷуд, масалан ин ҳайвонро ё бояд бигуӣ асбоби олам инро эҷод кардааст, яъне ба воситаи иҷтимои асбоб вуҷуд ёфта, ё ин ки худ ба худ мавҷуд шудааст, ё ба иқтизои табиат яъне таҳти таъсири табиат ҳастӣ меёбад ва ё ин ки бо қудрати ҚадиТри Зулҷалол эҷод мешавад.

Ба лиҳози ақлӣ ҷуз ин ҷор роҳ, роҳӣ дигаре вуҷуд надорад. Агар се роҳи аввал яқинан исбот гардад ки муҳолу ботил ва мумтаниъу имконнопазир мебошад, биззарура ва билбадоҳа роҳи чоррум ки тариқи ваҳдоният аст бе шакку шубҳа исбот мегардад.

Аммо роҳи якум ки мегуяд:

Вуҷуди махлуқот ва шаклгирии ашё, ба воситаи иҷтимоъи асбоби олам сурат мегирад. Аз муҳолҳои фаровони ин баҳс, танҳо се тоашро зикр мекунем:

Муҳоли якум: Дар як дорухона, садҳо шишаи маводи гуногун паҳлуи ҳам вуҷуд дорад. Фарз кунем аз доруҳое, ки дар ин дорухонааст, мехоҳанд маъҷуни зиҳаёт таҳия кунанд. Яъне мехоҳанд аз он шишаҳо, подзаҳри олӣ ва дар айни ҳол бархурдор аз ҳаёт ба вуҷуд ояд. Фарз кунем, омадем ва дарон дорухона теъдоди зиёди он маъҷун, ё подзаҳри зиҳаётро дидем ва ҳар кадомашонро мавриди баррасӣ қарор додем. Мебинем, ки ҳар кадоми шишаҳо ба як андозаи махсус, масалан ба вазни ду дирҳам аз ин, се чор дирҳам аз он, шаш ҳафт дирҳам аз дигараш ва ғайраҳо, андозаҳои гуногун, аз ҳар кадомаш бардошта шудааст. Медонем, ки аз ин шиша, масалан аз як дирҳам зиёдтар, ё камтар гирифта шуда бошад, он дармон, дорои ҳаёт намешавад. Яъне он дору, хосияти худро гум мекунад. Агар ҳар як шиша, як модда ба андозаи мушаххас доштабошад, ки агар заррае кам, ё зиёд шавад, дармон хосияти худро аз даст медиҳад. Шумори шишаҳо аз панҷоҳ адад зиёд аст ва аз ҳар як ба мизони мушахасу ҷудогона, дору бардошта шудааст.

Оё аслан имкон ва эҳтимол дорад, ки доруҳои гирифта шудаи аз шишаҳо, ки ба миқдорҳои мухталиф гирифта шудааст, бо пароканда шудани шишаҳо  дар як тасодуфи аҷибу ғариб, ё дар як ҳавои туфонӣ ва рехта шудани мӯҳтавиёташон ба ҳамон вазни  мавриди назари ҳосилшуда ва доруҳо худ ба худ гирди  ҳам ҷамъ шаванд ва маъҷуни мавриди назарро  ба вуҷуд оранд? Оё бепоятар, ботилтар муҳолтар аз ин, чизи дигаре ҳаст? Ҳатто хар агар хартар шавад ва баъд инсон шавад, боз ҳам ин фикрро қабул накарда, мегурезад.

Ҳамаи зиҳаётон ҳамчун мисоли мазкур, бешубҳа маъҷун ё таркиби бархурдори аз ҳаёт мебошанд. Ҳар як гиёҳ, монанди подзаҳр дорои ҳаёт аст, ки аз маводи бисёр мутааддид ташкил шуда ва бо мизону миқёси бисёр дақиқ аз маводи арзшуда, таркиб гардида аст. Ҳамин гиёҳ, агар ба сабабҳо нисбатдода шуда, гуфта шавад: “Сабабҳо ва унсурҳо онро эҷод кардаанд”, монанди ҳамон маъҷуне, ки иддио шуд, бо чаппа шудани шишаҳои дорухона, пайдо шудааст, дур аз ақл ва муҳолу ботил мебошад.

Натиҷа: Инки дар дорухонаи бузурги олам, маводи ҳаёте, ки бар асоси қазову қадари Ҳакими Азалӣ гирифта машавад, бо ҳикмати бе ниҳоят ва илми бепон ва иродае, ки ҳама чизро  шомил мешавад, метавонанд вуҷуд ёбанд. Бечорае, ки хилқатро кори асбобу табиат ва унсури куллӣ медонад, кӯру кар ва ҳамчун сел дар ҷараён аст. Монанди девонаест, ки бар асари ҳазаён, мегуяд: Он подзаҳри аҷиб, худ ба худ аз дохили шишаҳо берун омада, ба вуҷуд омадааст. Ӯ аҳмақтар аз аҳмақест, ки дар ҳоли мастӣ ба сар мебарад. Бале, куфргуии мазкур дар ҳақиқат ҳазаёни аҳмақона, нохирадона ва аблаҳонааст.

Муҳоли дуюм: Агар ҳамаи чизҳо, ба Қадири Зулҷалоле, ки Воҳиди Аҳад аст, нисбат дода нашаванд, балки ба сабабҳо нисбат дода шаванд, бояд бисёри аз сабабҳо ва унсурҳои олам, дар вуҷуди ҳар зиҳаёт дахолат кунанд. Дар ҳоле, ки дар вуҷуди як махлуқи хурди монанди паша, иҷтимои сабабоҳи мутабойин ва тазод барои эҷоди назми комил ва мизони ҳассос ва пайванди том, чунон муҳолу ошкорест, ки агар касе, ба андозаи боли пашша шуур дошта бошад, хоҳад гуфт: “Ин муҳоли ғайри мумкин аст”.

Бале, ҷисми бисёр хурди паша, бо бисёри унсурҳову сабабҳои олам, дар иртибот аст. Ва ҳатто фушурдаву хулосаи олам аст. Агар хилқати пашша ба Қадири Азалӣ нисбат дода нашавад, сабабҳои моддӣ, ҳамеша мебоист дар ҳастии он ҳузур дошта бошанд. Ва ҳатто  дар даруни ҷисми хурдтаринаш бошанд. Масалан: Бояд вориди ҳуҷайраи чашмаш шаванд,  ки як намунаи хурди аз ҷисмаш аст, зеро агар сабаб моддӣ бошад, бояд ҳамроҳ, дар даруни мусабаб бошад. Ҳоло дар даруни ҳуҷайраи чашме, ки ду банди ангуштони нозуктар аз сӯзани пашша низ, ҷо намегирад, бояд қабул кард, ки аркон ва унсурҳо ва табиати олам, ба таври моддӣ, дар дохили чашм ҳузур доранд ва бо маҳорат низ, кор мекунанд.

Аблаҳтарин суфастоӣ низ, аз қабул кардани чунин ақида шарм мекунад.

Муҳоли сеюм: Бар  асоси қоидаи қатъии اَلْوَاحِدُ لَا يَصْدُرُ اِلَّا عَنِ الْوَاحِدِ  Агар як мавҷуде дорои ваҳдат бошад, бешубҳа аз воҳид содир шудааст. Хоссатан ин, ки он мавҷуд агар аз назми комил ва мизони дақиқ бархурдор буда ва мазари ҳаёти ҷомеъ бошад, яқинан  дониста мешавад, ки дастҳои мутаадиде, ки боиси ихтилофу кашмакаш мешаванд, дар офариниши он мавҷуд дахолат надоштаанд. Балки Холиқи бисёр қудратманду Ҳаким онро офаридааст. Сабабҳои табии беҳаду канор, ҷомид, ҷоҳил, мутаҷовиз, беидрок, кӯр, кар ва ошуфтаанд. кӯрию карӣ дар роҳҳои пур аз имконоти бешумор ва ба воситаи иҷтимоъу ихтилот зиёдтар мешаванд. Бо ин ҳол нисбат додани мавҷуди бархурдор аз ваҳдату инсуҷом ва муназзам, ба онҳо монанди сад муҳолро якбора қабул кардан аз ақлу хирад дуртар мебошад.

Сарфи назар аз амри муҳол, сабабҳои моддӣ ба воситаи мубоширату тамос, таъсири худро мегузоранд. Дар ҳоле, ки тамоси сабабҳои табиӣ, бо зоҳири мавҷудоти зиҳаёт сурат мегирад. Аммо ба равшанӣ мушоҳида мекунем, ботини зиҳаётоне, ки барои асбоби моддӣ қобили дастрас ва тамос нест, бисёр муназзамтар, латифтар ва аз назари сунъ, комилтар аз зоҳири онҳо мебошад.

Мавҷудоти бисёр кӯчак, ё ҳайвоноти кӯчаке, ки сабабҳои моддӣ бо тамоми абзор ва васоилашон, ба ҳеҷ ваҷҳ, ба тасарруфи ботини онҳо қодир нестанд ва ба зоҳири онҳо низ, тамоси комил наметавонанд дошта бошанд; аммо гоҳо аз назари сунъ, аз махлуқоти бузург дида, зиёдтар ҳайратофаринанд. Ва аз назари офариниш, дорои сурати бадеъ ҳастанд. Нисбат додани онҳо, ба сабабҳои кӯр, кар, мутазоди боҳам, асбоби бузург, дур, ҷомид, ҷоҳил ва азим, танҳо дар  сурате имконпазир аст, ки фард сад дараҷа кӯр ва ҳазор дараҷа кар бошад.

Аз куллиёти Рисоли Нур

Саъид Нурсӣ

Leave a Comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*