Инсонҳо аз ҷиҳати маъишат, мухталифи халқ шудаанд…

НУҚТАИ СЕЮМ

Як ҳикмате аз ҳикматҳои бешумори рўза аз нигоҳи ҳаёти иҷтимоии инсон инаст ки: Инсонҳо аз ҷиҳати маъишат, мухталифи халқ шудаанд. Ҷаноби Ҳақ бинобар ин ихтилоф, сарватмандонро барои муованат ба фуқаро даъват мекунад. Зеро, сарватмандон пурра ҳолати машақати гуруснагии онҳоро, танҳо ба воситаи гуруснагии рўза эҳсос мекунанд.

Агар рўза набошад, он вақт сарватмандони бисёри нафспараст ёфт мешуд, ки ҳамин тавр наметавонистанд дарк кунанд, ки то чӣ дараҷа гуруснагӣ ва фақирӣ азоб аст ва то чӣ андоза онҳо ба шафқат мӯҳтоҷ ҳастанд. Аз ин ҷиҳат, шафқати инсон нисбат ба ҳамҷинси худ, асоси як навъи шукри ҳақиқист. Ҳар фард, метавонад фақиртареро нисбат ба худ пайдо кунад ва мукаллаф аст, ки нисбати Ў шафқат дошта бошад.

Инсон ки ба воситаи шафқат ба муованат мукаллаф аст, агар нафс ба гуруснашинӣ маҷбур намешуд, онгоҳ, эҳсон ва ёрдам намекард; кунад ҳам, нопурра хоҳад шуд, чунки ў ҳақиқатан дар нафси худ он ҳолатро эҳсос намекард.

Саъид Нурсӣ

Leave a Comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*