Имон ҳам нур аст ва ҳам қувват аст. Имон ба инсон имкон медиҳад, то тамоми мактуботи самадониро, ки дар болои ӯ навишта шудаанд, бихонад. Инчунин, имон коинотро низ равшану дурахшон мекунад. Имон гузашта ва ояндаро аз торикӣ озод мекунад. Ин розро бо таваҷҷӯҳ ба сирри ин ояти карима бо як тамсил баён менамоем:
اَللّٰهُ وَلِىُّ الَّذِينَ آمَنُوا يُخْرِجُهُمْ مِنَ الظُّلُمَاتِ اِلَى النُّور
Чунин воқеаи хаёлӣ ба назари ман намуд: Ду куҳи баланд муқобили ҳам қарор гирифтаанд. Дар болои онҳо кӯпруки калоне сохта шудааст. Дар зери кӯпрук дараи чуқур вуҷуд дорад. Ман дар болои он кӯпрук мебошам. Атроф ҳама ҷо торик ва зери истилои зулмоти шадиде аст.
Ман ба тарафи рости худ нигоҳ кардам ва дар торикӣ қабристони калонеро дидам, яъне чунин тасаввур кардам.
Сипас ба тарафи чапи худ нигоҳ кардам ва гӯё дидам, ки дар қаъри зулмоти мудҳиш бадбахтии бузург – тӯфони азиму балову мусибат дар ҳаракат аст.
Ба поён нигоҳ кардам ва ба ман чунин намуд, ки гӯё як ҷари хеле чуқурро ро мебинам. Бар зидди ин зулмоти мудҳиш ман чароғаки кисагие доштаму бас. Ман аз он истифода кардам. Зери нури ночизи он ба атроф нигоҳ кардам ва манзараву вазъияти мудҳише пеши чашмам ҷилвагар шуд. Ҳатто дар саршавии кӯпрук, ки рӯбарӯям буд ва дар атрофи он ба назари ман аждаҳоҳои тарсовар, шерҳо ва дигар ҷонварон намуданд, ки ман ба худ гуфтам: “Кошки ин чароғаки кисагиам намебуд ва ман ин даҳшатҳоро намедидам.”. Ба кадом тарафе, ки нури чароғакро равона кардам, маро чунон тарсу даҳшат фаро гирифт. “Эй вой! Ин чароғаки дастӣ ҳам балоест ба сарам.” гуфтам. Ман дарғазаб шуда, чароғаки кисагии худро ба замин задам ва шикастам. Гӯё ки дар натиҷаи шикастани он ман тугмаи чароғи бузурги электрикиро, ки тамоми дунёро равшан мекард, пахш кардам ва он зулмоту торикӣ нест шуд. Аз нури он чароғи бузург ҳама ҷо равшан ва пурнур шуд ва он нур ҳақиқати ашёро намоён кард.
Мебинам, ки: он кӯпруке, ки ман дидам, ин як ҷодае дар ҷои бисёр ҳамвори водӣ будааст.
Он гӯристони калоне, ки дар тарафи рости худ дида будам, аз аввал то ба охир боғҳои сабзу зебо будааст, ки дар онҳо ман маҷлисҳои ибодат ва хизмат ва сӯҳбат ва зикр, ки дар тахти раёсати онҳо инсонҳои нуронӣ нишастаанд, дидам.
Ҷариҳо ва қуллаҳои кӯҳ, ки дар тарафи чап ба назари ман хеле пуршӯру пурталотум намуда буданд, акнун аз дур ман дидам, ки дар пушти кӯҳҳои сабзу хуррам, дилкаш ва ҷозибадор як зиёфатгоҳи азим, ҷои зебое барои сайругашт, ва як нузҳатгоҳе мебошад. Ва он ҷонварони ваҳмовар ва аждаҳоҳо ки ба назарам намуда буданд, ҳайвонҳои хонагӣ ба монанди шутур, гов, рамаҳои бузу гӯсфанд будаанд. Он гоҳ ман اَلْحَمْدُ ِللّٰهِ عَلٰى نوُرِ اْلاِيمَانِ (Алҳамдулиллоҳи ъало нурил имон) гуфта ин ояти каримаро: اَللّٰهُ وَلِىُّ الَّذِينَ آمَنُوا يُخْرِجُهُمْ مِنَ الظُّلُمَاتِ اِلَى النُّور хондам ва аз он хоб бедор шудам.
Ҳамин тариқ, он ду кӯҳ яке аввали ҳаёт ва дигаре охири ҳаёт, яъне олами арз ва олами барзах мебошанд.
Он кӯпрук бошад, роҳи ҳаёт аст.
Тарафи рост замони гузашта аст.
Тарафи чап бошад, замони оянда мебошад.
Чароғаки кисагӣ ин ғурур ва худбинии инсонест, ки ба фаҳму дониши худ эътимод дорад ва ба ваҳйи осмонӣ бетаваҷҷӯҳ аст.
Он ҷонварону даррандагони ваҳшӣ бошанд, ҳодисаҳо ва махлуқоти аҷиби дунё мебошанд.
Ҳамин тавр, одами ба ғурури худ эътимод кунанда, ки ба зулмоту ғафлат афтидааст ва ба торикиву гумроҳӣ мубтало шудааст, монанди ҳолати аввалаи ман дар он воқеа буд: ӯ бо мадади чароғаки кисагӣ бо маълумоти ноқис ва залолатолуд замони гузаштаро дар намуди гӯристони калон ва ғарқи зулмоту нестӣ мебинад. Ояндаро бошад, ӯ хеле хатарнок ва тарсовар мебинад, ки ҳама чиз тасодуфӣ рӯй медиҳад.
Ҳар як ҳодиса ва мавҷудоти олам, ки маъмуру мусаххари Ҳакими Раҳими ягона мебошанд, дар ҳукми ҷонвари ваҳшии зиёнкоре дониста мешаванд. Ҳамин тариқ, ғурур ва худбинии инсон, ки танҳо ба ваҳму дониши худ умед мебандад ва ба ваҳйи осмонӣ бетаваҷҷӯҳ аст, ӯро ба ҳолате оварда мерасонанд, ки ояти зерин нишон додааст:
وَالَّذِينَ كَفَرُوا اَوْلِيَاؤُهُمُ الطَّاغُوتُ يُخْرِجُونَهُمْ مِنَ النُّورِ اِلَى الظُّلُمَات
Аммо, агар инсон ҳидояти илоҳиро дарёбад, имон ба дилаш роҳ ёбад, фиръавнияти нафсаш бишканад ва гӯш ба китоби Аллоҳ бидиҳад, он вақт ӯ ба ҳолати дуюми ман дар он воқеа монанд мешавад. Он вақт коинот якбора чун рӯз равшан мешавад ва саршор аз нури илоҳӣ мегардад. Олам ин оятро мехонад:
اَللّٰهُ نُورُ السَّمٰوَاتِ وَاْلاَرْضِ
Дар он ҳолат ӯ бо чашми қалбаш мебинад, ки замони гузашта барои инсон танҳо ҳамчун гӯристони калон нест, балки ҷоест дар он гурӯҳҳои ҷонҳои соф, ки дар ҳар як асри гузашта вазифаҳои убудиятро таҳти сарварии як пайғамбар ва ё авлиёе адо кардаанд, пас аз анҷомёбии вазифаҳои ҳаётӣ бо нидои اللّٰه أكبر ба сӯи мақомоти олӣ парвоз мекунанд ва ба сӯи гузашта ҳаракат мекунанд.
Ба сӯи чап назар мекунад ва бо нури имон дар қафои инқилобҳои барзахӣ ва ухравии монанди кӯҳҳои азим аз дур як зиёфати раҳмониро, ки дар қасрҳои саодати боғҳои биҳишт ороста шудааст, фарқ мекунад. Ва ҳодисаҳое чун тӯфон, зилзила ва ваборо ӯ ҳамчун хидматкорони мусаххари Худованд медонад. Аммо дар воқеаҳое чун борон ва раъду барқи баҳорӣ ӯ мадори ҳикматҳои дар зоҳир зишт вале дар асл нозукро мебинад. Ҳатто маргро ӯ муқаддимаи ҳаёти абадӣ ва қабрро бошад дарвозаи саодати ҷовидон медонад.
Ҷиҳатҳои дигари ин воқеаро худ муқоиса карда, ҳақиқатро бо тамсил татбиқ намо!