Имом Бухорӣ ва Муслим ривоят мекунанд, ки дуои Паёмбар (с.а.в) барои борон талабидан дар ҳол мустаҷоб мешуд…

ИШОРАИ ЧОРДАҲУМ

Аз бештарин намудҳои муъҷизаҳои Паёмбар (с.а.в) ин корҳои ғайриоддиест, ки бо дуои ӯ рух додаанд. Дар ин намуд муъҷиза ҳеҷ шубҳае нест ва онҳо мутавотири ҳақиқӣ ҳастанд. Мисолҳо ва ҷузъиёти он бениҳоят зиёд ва аз ҳисоб берун ҳастанд, ки ба дараҷаи мутавотир расидаанд, балки машҳури ба тавотур наздик гаштаанд. Баъзе чунин ривоятҳоро имомони бузург нақл кардаанд, то ҷое ки ба ҳади мутавотири қотеъона ифодаи қатъиятро мекунанд. Инҷо баъзе мисолҳоро ҳамчун намуна зикр мекунем, зеро ин намуд муъҷиза чунон зиёд ҳастанд, ки наздик ба ҳади мутавотир расидаанд.

Мисоли якум. Имомони ҳадис ва дар муқаддамаи онҳо имом Бухорӣ ва Муслим ривоят мекунанд, ки дуои Паёмбар (с.а.в) барои борон талабидан дар ҳол мустаҷоб мешуд. Ин ҳодиса чандин маротиба такрор шудааст, ҳатто гоҳо ӯ дасташро боло карда борон металабид ва ӯ дар болои минбар буд, дуояш пеш аз фаромаданаш аз минбар қаблул мешуд. Ин ривоятҳо собит мебошанд ва ба ҳадди тавотур расидаанд. Чунончи пештар зикр намудем, дар сафаре мардумро ташнагӣ фаро гирифта буд, абрҳо болои ҳам ҷамъ мешуданд ва ҳар вақте, ки эҳтиёҷ ба об мешуд, борон нозил мешуд, сипас онҳо об мегирифанд ва борон аз боридан боз меистод.

Балки дуои ӯ (с.а.в) пеш аз паёмбарии эшон низ мустаҷоб мешуд, Абдулмуталлиб, бобои бузургвори Паёмбар (с.а.в) дар кӯдакии Паёмбар (с.а.в) бо чеҳраи мубораки ӯ  борон талаб мекард ва борон меборид. Ин ҳодиса чунон машҳур гардид, ки Абдулмуталиб онро дар баъзе сурудаҳои худ ёдоварӣ мекард.

Дар ҳақиқат, Умар ибни Хаттоб баъди вафоти Паёмбар (с.а.в) боронро бо васила намудани Аббос, амуи Паёмбар (с.а.в) талаб намуда мегуфт: “Худовандо дар воқеъ, мо Паёмбар (с.а.в) -ро барои боронталабӣ васила қарор медодем ва ту ба мо борон медодӣ. Акнун мо ба сӯят амуи Паёмбаратро васила қарор медиҳем, пас моро об деҳ” ва воқеан ҳам борон меборид.[1]

Аз Бухорӣ ва Муслим ривоят аст ки аз Паёмбар (с.а.в) талаб намуданд, то ин ки аз Худованд талаби борон кунад, пас, Паёмбар (с.а.в) дуои борон кард ва борон борид. Мардум аз зиёд шудани борон шикоят карданд ва Паёмбар (с.а.в) дуо кард то борон қатъ шуд.[2]

Саъид Нурсӣ

[1] Ҳадиси истисқо бо Аббосро Бухорӣ ривоят кардааст (2/35)  китоби “ал-Истисқо” (5/25) боби “Маноқибу ассаҳоба”.

[2] «аш-Шифо” (1/327). Шайхайн онро ривоят кардаанд (Алиқорӣ, 1/66).

Leave a Comment

E-posta adresiniz yayınlanmayacak. Gerekli alanlar * ile işaretlenmişlerdir

*