Имоми Аъзам бо ишора ба ин сирр фармудааст: لاَ اِسْرَافَ فِى الْخَيْرِ كَمَا لاَ خَيْرَ فِى اْلاِسْرَافِ ҳамон тавре, ки дар хайру эҳсон (барои онон, ки мустаҳиқанд) исроф нест, дар исроф низ ҳеч хайре нест…

НУҚТАИ ШАШУМ:

Байни сарфакорию хасисӣ, фарқи зиёдест, ҳамон тавре, ки тавозўъ, хислати мамдўҳе аст, ки назар ба маъно дигар, ва аз рўи сурат бошад ба пўст монанд, ки аз ахлоқи бад аст ва ҳамонгуна ки виқор, хислати писандидаест, ки назар ба маъно дигар ва аз рўи сурат бошад ба такаббур монанд мебошад.

Ҳамонгуна низ, сарфакорӣ, ки аз ахлоқи олияи Пайғамбар буда, балки асоси низоми ҳикмати Илоҳӣ дар коинотаст, бо пастию бахилӣ, тамаъкорию ҳирс – ки оинаи хиссат ҳастанд – ҳеч муносибате надорад, танҳо дар сурат шабоҳат доранд. Воқеае, ки ин ҳақиқатро тасдиқ мекунад:

Яке аз мумтозтарин олимони Саҳоба, аз ҷумлаи Абодилаи Сабъа, Абдуллоҳ ибни Умар (р.з.) ва ў калонтарин фарзанди Форуқи Аъзам Халифаи Расулуллоҳ буд, ин зоти муборак, дар бозор ҳангоми хариду фурўш, барои сарфаи чил сикка ва барои амнияту истиқомат, ки асоси тиҷоратанд – башиддат муноқаша карданд, саҳобае ўро дида он муноқашаро хасисӣ таваҳҳум кард, ў дар паси имом афтод, то аз аҳволи эшон огоҳ гардад, зеро чигуна аз фарзанди амири мўъминон, халифаи рўйи замин Ҳазрат Умар (р.з) ин хислати хасисӣ содир шавад. дид ки Ҳазрати Абдуллоҳ ба хонаи муборакашон ворид шуданд, дар канори дари хона фақире буд, андаке бо ў суҳбат карду рафта вориди манзил шуд, сипас аз дари дигари хона берун омада фақири дигареро онҷо дид, назди ў низ андаке суҳбат карда сипас бароҳаш идома дод, он саҳоба ки аз дур онро медид, кунҷков шуда баназди он фақирон рафта аз онҳо савол кард: “Имом назди шумо истод чикор кард?”

Ҳар яки онҳо гўфтанд: “Ба ман як тило дод.”

Он Саҳоба гўфт: “Фасубҳоналлаҳ! Дар бозор барои чил сикка онгуна муноқиша кунад, сипас дар хонааш дусад сиккаро бо ихтиёр ва ризои худаш ба фақирон ноогоҳона диҳад!» ба фикр фурў рафт. Сипас ба сўи Абдуллоҳ ибни Умар (р.з.) рафт то бо ў мулоқот кунад:

“Ё имом! Мушкиламро ҳал кун, ту дар бозор чунин кардӣ ва дар хона бошад чунин.”

Дар ҷавоб ба ў гўфт: “Вазияте, ки дар бозор, ин аз иқтисод, камоли ақл ва ҳифзи амнияту истиқомат сарчашма мегирад, ки асос ва рўҳи хариду фурўш аст, хасисӣ нест, ва афъол дар хонаам аз шафқати қалбу камоли рўҳ нашъат мегирад, на он хиссат аст, ва на ин исроф.”

Имоми Аъзам бо ишора ба ин сирр фармудааст:

لاَ اِسْرَافَ فِى الْخَيْرِ كَمَا لاَ خَيْرَ فِى اْلاِسْرَافِ  ҳамон тавре, ки дар хайру эҳсон (барои онон, ки мустаҳиқанд) исроф нест, дар исроф низ ҳеч хайре нест.

 

Саъид Нурсӣ

Leave a Comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*