Изҳороти муштараки 5 талабаи Бадиуззамон…

Изҳороти муштараки 5 талабаи Бадиуззамон

Талабаҳои Ҳазрат Бадиуззамон Саъид Нурсӣ, ки дар баҳси ҷамъиятӣ дар изҳороти муштараки охир гуфтаанд.

Талабаҳои Ҳазрат Бадиуззамон Саъид Нурсӣ; Абдуллоҳ Йеғин, Ҳуснӣ Байрамоғлу, Солеҳ Узҷан Меҳмет Фиринҷӣ, Абдулқадир Бадиллӣ дар як эъломияи расмии муштарак оид ба ихтилофҳо дар рӯзҳои охир чунин изҳорот намуданд.

«Хизмати имон дар зери тӯҳмат» зери чунин сарлавҳа, талабаҳои Рисолаи Нур изҳороти зайлро бо матни роҷеҳ ба дурнамои сиёсат баён намуданд.

Дар ин изҳорот чунин омадааст:

Бадиуззамон Саъид Нурсӣ ки муъаллифу асосгузори «Рисолаи Нур» мебошад, шогирдонаш ки аз ӯ дарс гирифтаанд ва дар хизмати имону Қуръон бо ӯ шона ба шона будаанд, баён намудани хусусиятҳои зеринро барои мардум, муҳим мешуморанд:

  1. Дар асосҳои хизмати Рисолаи Нур, ки ҳазрати Бадиуззамон барои мо ва тамоми талабаҳои Нур, ки дарс додааст бояд онро риояи ҷиддӣ намоем; яке аз он хусусиятҳо, ин аст ки ин хизмат, танҳо ва танҳо иборат аз хизмати имон мебошад. Дар бисёре мактубҳо такрор ба такрор ин хусусият зикр шудааст. Дар як мактуби «Амирдоғ» низ ингуна ифода шудааст.

«Рисолаи Нур» барои расидани ҳеҷ чизе восита шуда наметавонад, бидуни ризои Илоҳӣ ба ҳеч як мақсад васила нахоҳад шуд ва мустақиман аз ҳама аввал ҳақиқатҳои имонро дарс медиҳад ва барои инсонҳое, ки ба шубҳа афтодаанд сабаби наҷот додани имонҳои онҳост, албатта инро монанди шумо шогирдони хосси нур медонанд».

Ин ҳақиқат ба мардуме мутаваҷҷеҳ аст, ки мо мехоҳем инро ба онҳо расонем, ки бе ягон тарафгирӣ ба гурӯҳе ва бидуни ҳеҷ манфиате ин хизмати имонӣ «Рисолаи Нур»-ро анҷом диҳанд. Ниёзманд набудан барои дифоъ аз имон аз ҳар ваҳму хатар ва кӯшиш барои ҳифзи он аз шакку шубҳа ва рӯй наовардан ба авоиди чӣ моддӣ ва чӣ маънавӣ, асоси машғулияти «Рисолаи Нур» мебошад. Вақте, ки ин асосу усул аз байн меравад, хизмати «Рисолаи Нур» дар миён намемонад.

  1. Зеро ки хизмати «Рисолаи Нур», мақсаду моҳияташ хизмати истисноии имон буда ва фаъолияти берун аз он тарафдорӣ ба ин ё он гурӯҳ метавонад ҳаргуна шарҳро барои пешгирӣ аз хушунат талаб намояд, Устоди мо ин масъаларо такрор ба такрор дар бисёр мактуб ва ҳимояҳо хотиррасон кардааст. Дар яке аз ин мактубҳо чунин омадааст: «Барои омадани дарси имон ба назари тарафгирии манофеъ нигоҳ накунед. Дар дарс дӯст, душман фарқ надорад. Дар ҳоле, ки тарафдорӣ аз сиёсат, зарарасонӣ ва аз байн бурдани ихлос аст. Ба хотири ин аст, ки Нурҷиҳо тамоми шиканҷаҳову мусибатҳо ҳамроҳи «Рисолаи Нур» таҳаммул карданд ва Рисолаи Нурро барои ҳеҷ чизе васила накарданд ва ба сиёсат даст назадаанд».

Дар айни замон, барои хизмати имон, баъзе ҷараёнҳои хориҷӣ, аз фармудаҳои устод канорагирӣ карданд, барои тавзеҳи ин матлаб изҳороти зерини хазрати Бадиуззамон хеле равшанӣ меандозад:

«Барои шогирдони Рисолаи Нур, ба қадри имкон, аз кори маъмуриятӣ, сиёсӣ ва аз амалҳои ҳукумат дур шудан ин дастури асосӣ аст. Зеро ки хизмати Қуръон, аз ҳама чизҳо бо арзишмандтар аст. Яке аз он корҳои ёдшуда, ҳукумат кардан аст, ки дар дохили сиёсат як ҷараёни пурқувват ба шумор меравад, ки ҳеҷ кас дар он истиқлолият ва ихлосро наметавонад муҳофизат кунад. Шояд ҷараёни мазкур ин хизмати қудсиро барои мақсадҳои дунёияшон васила мекунанду онро вайрон мекунанд… Ҳам ба хотири дунё динро тарк намудан ва дар ҷараёнҳои сиёсӣ ҳақиқатҳои муқаддаси Қуръонро василаи таблиғоти сиёсӣ накарданро ваҳму гумон медонанд. Дар ҳоле ки ҳамаи табақаҳои миллат чи мувофиқ, мухолиф, маъмурон ва шахсони оддӣ ин ҳақиқатҳоро эҳсос мекунанд ва ба онҳо муҳтоҷанд. Аз ин рӯ, шогирдони «Рисолаи Нур» комилан барои бетараф мондан аз сиёсат ва муборизаи моддии сиёсатро куллан тарк намуда ва дахолат намуданро ҳеҷ лозим намедонанд.»

Дар роҳи сиёсат ба ватан, миллат, иҳтимом надодан дар хизмати Ислом албатта ки қобили қабул нест. Балки хизмат дар роҳи имон як ҷараёни махсуси имонӣ буда, аз хизмат дар роҳи сиёсат тамоман фарқ мекунад. Номи ҷамоатро аз фаъолияти сиёсӣ баровардан, ба ҳизбҳои сиёсии музокирот дохил нашудан, номгузорӣ накардан ба давлату дигар фаъолиятҳо, ба монанди кӯшиши боқимондан дар қудрат хизматҳои «Рисолаи Нур» барои имону Қуръон ба шумор меравад. Талабаҳои Рисолаи Нур ин фаъолияти Устодро мерос гирифта, чун вайрон намудани хизмати қудсиро аз баъзеҳо мушоҳида намуданд, тамоман аз сиёсат канорагирӣ карданд. Дар айни ҳол аз иқтидоре ки бо интихоби мардум ба даст меояд ва муҳофизати он, ҳамчунин аз ононе ки осоиши мамлакатро халалдор намудаанд тамоман дур шудан низ дарсест, ки шогирдони Рисолаи Нур аз устодашон гирифтаанд, Онҳо таълимоти Рисолаи Нурро ҳеч вақт ба манфиату тарафдории гурӯҳе истифода накардаанд.

Воқеан, Устод Бадиуззамон, пеш аз вафоташ барои тамоми талабаҳои Нур дарси охиринро баён карданд:

«Бародарони азизам, вазифаи мо амали мусбат аст, на манфӣ. Бо таваҷҷӯҳ ба розигии Худованд, холисона хизмати имонӣ кардан, ба вазифаи илоҳӣя дахолат накардан аст. Мо барои муҳофизати осоиш ва натиҷаҳои он, хизмати мусбат намудан барои имон ба муқобили ҳар мушкилот ба сабру шукргузорӣ мукаллаф ҳастем» омадааст дар суханони Устод.

Моҳияти хизмати имон ва методҳои он водор менамояд, ки аз фаъолиятҳои сиёсии манфӣ дур бошем. Муҳимтарин асоси хизмати имон дурустии асосу решаи он аст. Дуруғӯӣ, туҳмату дурӯягӣ, ҳиллаву макр ва ингуна кирдорҳо ба методу усули хизмати имон бегона аст. Устоди мо Бадиуззамон роҷеъ ба сидқу ростӣ чунин гуфтаанд:

Савол: Пеш аз ҳама барои мо чӣ зарур аст?

Ҷавоб: Дурустӣ.

Савол: Дигар чӣ?

Ҷавоб: Дурӯғ нагуфтан.

Савол: Баъдан?

Ҷавоб: Самимият, ихлос, садоқат, суботу истиқомат.

Савол: Танҳо…

Ҷавоб: Бале

Савол: Барои чӣ?

Ҷавоб: Моҳияти куфр дуруғгӯӣ аст. Моҳияти имон сидқ аст. Оё ин бурҳон кофӣ нест, ки бақои ҳаётамон бо давоми имон, сидқу истиқомат марбут мебошад?

Дар як ҳимояашон устод «Бо кумитаҳо ва ҷамъиятҳои ҳиллагару махфӣ ва сиёсиву дунявӣ муносибату алоқа надорем ва итоат намекунем» гуфта, хизмати Рисолаи Нурро аз дигар фаъолиятҳо ҷудо намуда равшан кардааст.

  1. Натиҷаи ваҳшатноктарини тарафгирии сиёсиро ҳазрати Бадиуззамон дар як хотирааш ингуна мефаҳмонад:

«Як қонуни асосие, ки Ислом роҷеъ ба ҳаёти ичтимоӣ гузоштааст, ҳақиқати ҳадиси шарифи зайл мебошад: «Мӯъмин барои мӯъмин монанди як бино аст, ки бо якдигар устувору мустаҳкам мегардад». Яъне, ба муқобили таҷовузи душманони хориҷӣ, адовати дохилиро фаромӯш кардан ва бо якдигар иттиҳоду ҳамбастагӣ кардан аст. Ҳатто тоифаҳои кӯчбанчӣ низ манфиати фармудаи Расули Акрам (с.а.в.)-ро фаҳмиданд, ки вақте ки як душман дар хориҷ пайдо шавад дар ҳоле, ки аз он тоифа аз якдигар падарашро ва бародарашро низ кушта бошад, он душмании дохилиро фаромӯш карда, то дафъ шудани душманони хориҷӣ бо якдигар иттиҳоду тасонуд мекунанд. Бо ҳазорон таассуф мегӯем, ки баъзеҳо ба сабаби сиёсатгароӣ қурбони худхоҳӣ, худфурӯшӣ, ғурур ва сиёсати ғадру хиёнат мегарданд. Вақте, ки ба тарафи худаш шайтон кумак кунад раҳмат мегӯяд, агар ба муқобили ӯ малоика кумак кунад лаънату нафрин хоҳад кард. Ингуна ҳодисаҳо зиёд дида мешавад. Ҳатто як олими солеҳ олими дигарро ки мухолифи фикри ӯ буд, ғайбату бадгӯӣ намуда ба дараҷаи такфир мерасонад ва як зиндикро, ки алайҳи Ислом аст, вале тарафдори фикри ӯст муносибати хуб намуда ӯро таъриф мекунад. «Ба монанде, ки аз шайтон гурехта бошам 35 сол аст, ки сиёсатро тарк кардаам», чунин гуфтааст устод.

Инак аз ин сабаб, монанди Бадиуззамон Саъид Нурсӣ талабаҳои ӯ низ аз тарафгирии сиёсӣ дур меистанд ва барои халал нарасонидан ба хизмати Куръону имон ҳеҷ як тарафи сиёсиро таъйид накарданд.

  1. Мо шогирдони Рисолаи Нур, манбаи усули хизмати худро аз Қуръону ҳадис, Рисолаи Нур ва аз муъаллифи он Бадиуззамон Саъид Нурсӣ мегирем. Мартабаву мақоми моддиву маънавӣ, шуҳрату унвони ҳар касе ҳарчизе бошад, барои шогирдони Рисолаи Нур ҳеҷ мизону милок шуда наметавонад. Рисолаи Нур дар бӯҳронитарин замонаҳо, ки дар дунё ва мамлакатамон буд бо «хизмат ва дастурҳои» устод Бадиуззамон худро ҳифз намуда, ба мақоми шомиле, ки имрӯз қарор дорад расидааст, вагарна бо шарту шароити замона хизмат мекунем гуён, баъзе тағйироту дигаргуниҳо ба он ворид мешуд, феълан хизмат ба номи Рисолаи Нур боқӣ намемонд.                                                                                                                                     
  2. Вақтҳои охир баъзе ҳодисаҳо ки ҷараён дорад ва ҳамаи моро нороҳат менамояд, баъзе ҳаракатҳое ки моҳияти сиёсӣ дорад ва аз хизмати софи Нур номбар шудаанд, ки дарвоқеъ аз хизмати Рисолаи Нур дуранд, худро бо Рисолаи Нур якҷо нишон доданд. Аз ҷиҳати ҳаракатҳои манфии онҳо хизмати имон зери туҳмат қарор гирифт, бинобар ин, мо шогирдони Рисолаи Нур изҳор менамоем, ки бо чунин ҳаракату фаъолиятҳо алоқа надорем ва ба ин гуна фикрҳои муғризона ки қатъиян аз Рисолаи Нур сарчашма намегирад, мухолифати худро эълом менамоем.

Ба миллати азизамон бо эҳтиром эълом мекунем.

Абдуллоҳ Йеғин, Ҳуснӣ Байрамоғлу, Солеҳ Узҷан Меҳмет Фиринҷӣ, Абдулқадир Бадиллӣ

 

Leave a Comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*