ДАВОИ БИСТУ СЕЮМ
Эй маризи бекас, ғариб, бечора! Баробар бо маризӣ, бекасӣ ва ғарибӣ, ба муқобили ту сахттарин қалбҳоро ба риққат (ҳаяҷон) биёварад ва назари шавқатро ҷалб кунад, аҷабо онки дар сароғози тамоми сураҳои Қуръон, худро ба мо бо сифати Раҳмани Раҳим тақдим кардааст. Бо як ламъаи шафқати худ, ба муқобили умуми кӯдакон ба умуми волидон, бо он шафқати хориқаи худ он тифлаконро ба василаи волиадҳояшон тарбия мекунанд ва дар ҳар баҳор бо як ҷилваи раҳматаш рӯйи заминро бо неъматҳояш пур кардааст ва он ҷаннате, ки дар як ҳаёти абадӣ қарор дорад, бо тамоми маҳосин ва зебоҳояш як ҷилваи раҳмат аст, ба он Холқи Раҳими худ бо имон баста будани ту ва Ӯро шинохта бо лисони аҷзи маризии ниёзи ту, албатта ин маризии бекасии ту дар ғурбат ба ивази ҳар чиз назари раҳмати Ӯро ба ту ҷалб мекунад. Модоме, ки Ӯ ҳаст, ба ту нигоҳ мекунад, ба ту ҳарчиз ҳаст. Асл дар ғурбат, дар бекасӣ монанди он аст, ки бо имон ва таслимият ба ӯ интисоб накунад ва ё ба интисоби худ аҳмият надиҳад.
Саъид Нурсӣ