Дар “Роҳнамои Ҷавонон”

МАСЪАЛАИ ЧОРУМ

Боз дар “Роҳнамои Ҷавонон” тавзеҳ додаам, замоне аз сӯйи бародароне, ки ба ман хизмат мекарданд савол шуд:

Панҷоҳ рӯз аст дар бораи ин ҷанги ҳавлноки ҷаҳоние, ки кураи заминро ба ҳарҷумарҷ кашонида, бо муққадароти Ислом низ иртибод дорад, чизе намепурсӣ, кунҷковӣ нишон намедиҳӣ. (имрӯз ҳафт сол аз он замон мегузарад.)[1] ин дар ҳолест ки иддае аз диндорону олимон, масҷиду ҷамоатро раҳо карда, ба шунидани (ахбору матолиби) радио мешитобанд, магар ҳодисаи бузургтар аз ин ҳам ҳаст? Ё мабодо, ба ин мавзӯъ пардохтан муносиб нест, ё зарарҳо дорад?

Дар ҷавоб гуфтам:

Сармояи умр бисёр андаку корҳои лозим, бисёр зиёд аст. Монанди доираҳои мутадохил, аз доираи қалбу меъдаи инсон, доираи пайкараву хонаи инсон, доираи маҳаллаву шаҳр, доираи ватану зодгоҳҳо ва доираи кураи замину навъи башар, то доираи зиҳаёту дунё, доираҳои дарун ба дарун, вуҷуд дорад. Ҳар инсон дар ҳар доира  вазифае дорад, аммо бузургтарину муҳимтарин ва доимитарин вазифа, дар хурдтарин доира қарор дорад. Низ мумкин аст хурдтарину гузаротарин вазифа гоҳо дар бузургтарин доира қарор дошта бошад. Ба ин қиёс, мумкин аст вазифаҳо нисбат бо бузургию хурдӣ баръакс бошанд.

Аммо доираи бузург ба сабаби ҷозибае, ки дорад мумкин аст боис шавад фард хизмати лозиму муҳимеро раҳо намуда, бо умури офоқии бемаъно машғул шавад ва сармояи зиндагониро дар ҷойи номуносиб ба ҳадар диҳад. Яъне умри боарзишашро бо умури беаҳамият ба фано диҳад. Касе, ки даргириҳои ин ҷангро бо кунҷковӣ пай мегирад, гоҳо ба лиҳози қалбӣ, тарафдорӣ аз як тараф мекунад ва ба таври табиъӣ,  зулму ситами он тарафро мусбат мебинад. Ба ин тартиб, мумкин аст шарики зулми ӯ шавад.

Ҷавоби нуктаи аввал ин аст: Барои ҳар кас, хусусан мусулмонон, чунон даъвою ҳодисае вуҷуд дорад, ки аз ин ҷанги ҷаҳонӣ, бузургтар ва аз ин даъвое, ки барои ҳукумат ба дунё барпо шуда муҳимтар мебошад; ҳар кас агар ба андозаи Олмону Ингилис қудрату сарват дошта бошад ва дар айни ҳол аз ақл низ бархӯрдор бошад, бешубҳа  онро сарфи муваффақияту пирӯзӣ дар ҳамон роҳ мекунад.

Аммо дар бораи он даъво, бояд гуфт: Садҳазор тан аз машҳурони инсонӣ ва ситорагону муршидони бешумори навъи башар, ба иттифоқу мустанад ба ҳазорон аҳду қарори соҳибу мутассарифи коинот, хабар доданд ва чанде аз онон низ, бо чашми худ дидаанд, ки ҳар кас дар муқобили имон бо даъвои ба даст овардан ё аз даст додани мулку мазрааи доимию боқӣ — ки дорои қасрҳову боғҳои ба андозаи рӯйи замин аст — мувоҷҷеҳ мебошад. Инсон агар тазкираи имонро ба дурустӣ таҳсил накунад, онро аз даст медиҳад. Дар ин замона бисёре аз мардум ба сабаби вабои моддият, шикаст мехӯранд. Дар ҷое, як нафари аҳли кашфу шуҳуд дар вақти сакароти (бархе аз инсонҳо) мушоҳида карда буд, аз чил мавриди даргузаштагон танҳо чанд нафар муваффақ будаанд, бақия ноком будаанд. Оё агар салтанати дунёро ҳам ба фарди бозанда бидиҳанд, ҷойи холии имонӣ аз даст рафтаро пур мекунад?

Мо шогирдони Рисалои Нур муътақидем сарфи назар аз хизмате, ки боиси муваффақият дар роҳи касби имон мешавад ва раҳо кардани вакили забардасте, ки ба эҳтимоли навад (90) дар сад (100) монеъи шикаст дар он масир мегардад ва машғул шудан ба корҳои беҳудаи дунявӣ, бо тасаввури абадӣ будан дар дунё, кори комилан нохирадмандонааст. Аз ин ҷиҳат, агар ақлу хиради ҳар яки мо, сад баробар зиёдтар низ шавад, боз ҳам муътақидем бояд сарфи анҷоми ҳамин вазифаи имонӣ гардад.

Эй дӯстони нави ман дар мусибати зиндон! Шумо монанди дӯстони қадими ман, Рисолаи Нурро надидаед. Ман, онҳо ва ҳазорон шогирди дигари Рисолаи Нурро гувоҳ мегираму мегуям ва собит мекунаму собит кардаам, ки Рисолаи Нур вакили муваффақи ин роҳ аст, ки тавонист, то навад (90) дар сад (100) дар ин даъвои бузург муваффақиятро аз худ кунад ва тазкираву бароат ва гувоҳии онро, ки иборат аст аз “имони таҳқиқӣ” дар давоми бист сол, дар ихтиёри бист ҳазор нафар бигузорад; Рисолае, ки аз мӯъҷизаи маънавии Қуръони Ҳаким сарчашма мегирад, дар ин замона вакили дараҷаи яки ин роҳ ҳисобида мешавад.

Ҳаждаҳ (18) сол аст душманони ман моддапарастону бединон бо дасисаҳои бераҳмона, бар зидди ман, тавонистанд баъзе аз аркони ҳукуматро иғфол кунанд ва барои нобудии мо, ин бор низ монанди гузашта, моро зиндонӣ намоянд. Бо ин ҳол аз яксаду сӣ (130) қисми қалъаи пулодини Рисолаи Нур танҳо аз як-ду қисмат ишкол бигиранд. Гӯё касе, ки дар пайи интихоби вакил аст, Рисолаи Нурро дар ихтиёр дошта бошад басандааст.

Натарсед, Рисолаи Нур манъ нахоҳад шуд. Рисолаҳои муҳими Нур ба истиснои 2-3 маврид, озодона дар миёни намояндагону масъулони аслии давлати ҷумҳурӣ даст  ба даст мешавад. Иншоаллоҳ, замоне фаро мерасад, ки мудирону маъмурони саодатманд, барои ин, ки зиндонҳоро ба маҳалле барои ислоҳи воқеъӣ табдил кунанд, Рисолаҳои Нурро  ҳамчун ғизову дармон дар байни зиндониён тавзеҳ мекунанд.

Аз куллиёти Рисоли Нур

Саъид Нурсӣ

[1] Ҳошия: Матлаби дохили қавс, вобаста ба соли 1946 аст.

Leave a Comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*