НУҚТАИ ҲАФТУМ
Аз нуқтаи назари ҷамъоварии неъматҳо аз тарафи навъи инсон, ки ба ин дунё барои зироат ва тиҷорати охират омадааст, яке аз ҳикматҳои бешумори сиёми Рамазон инаст ки:
Дар моҳи Шарифи Рамазон савоби амал аз як ба ҳазор мерасад. Мувофиқи (насси ҳадис) ҳар як ҳарфи хондашудаи Қуръони Ҳаким даҳ савоб ва даҳ ҳасана дорад, инчунин даҳ меваи биҳиштиро дарбар мегирад. Дар моҳи Шарифи Рамазон бошад, на ин ки даҳ савоб, балки ҳазор савоб мешавад; ва дар ин гуна оятҳо, ҳамчун, «Оят ал-Курсӣ» ҳазорҳо савоб аст ва савоби он дар рўзҳои ҷумъаи моҳи Шарифи Рамазон бошад, боз ҳам бисёртар. Дар Шаби Қадр бошад, сӣ ҳазор ҳасана ҳисобида мешавад!
Бале, Қуръони Ҳаким, ки бар ивази ҳар як ҳарфаш сӣ ҳазор меваҳои абадӣ медиҳад, ба шаҷараи нуронии Тубо шабоҳад дошта, барои имондорон дар моҳи Шарифи Рамазон имконият медиҳад, ки миллионҳо меваҳои абадӣ фоида ба даст биёранд. Пас биёву ба ин тиҷорати қудсӣ, абадӣ, фоидабахш назар кун, бо диққат нигоҳ кун, андеша намо ва бифаҳм: Чӣ қадар дар хасорати бепоён мемонанд онҳое, ки аҳамиятнокии ин ҳарфҳоро қадр накрданд!
Ҳамин тавр, моҳи Шарифи Рамазон барои намоишгоҳи фоидаовар, ва бозорест барои тиҷорати ухравӣ. Ҳам барои ҳосилоти ухравӣ, як замини серҳосил, инчунин моҳи баҳорӣ, барои нашъунамои аъмол аст. Ин моҳ ба худ симои идонаи қудсиро барои намоиши убудияти башарият, дар назди Салтанати Рубубияти Илоҳӣ мегирад. Барои он ки инсон ба ғафлат ва дар ин гуна эҳтиёҷҳои ҳайвонӣ ба монанди, хўроку об, инчунин ба иштиҳои молояънӣ ва ҳавопарастона ғарқ нашавад, вазифаи ў нигоҳдории рўза шудааст.
Гўё, аз ҳолати ҳайвонӣ муваққатан баромада ба ҳолати малакутӣ дохил шуда, ё инки машғули тиҷорати охират гаштаву муваққатан эҳтиёҷоти дунявии худро яксў монда, ба тасвири як одами ухравӣ даромада ва ҷисман дар тасвири як рўҳе зоҳир шуда, бо савми худ, то як навъе ба мисли оина сифати Самадиятро инъикос мекунад.
Ҳамин тавр, моҳи Шарифи Рамазон дар ин дунёи фонӣ, дар ин умри фонию ҳаёти кўтоҳ, дохил намудани ҳаёти дарозу умри абадиро медиҳад.
Бинобар ҳамин, танҳо Рамазон имконияти ба даст овардани самараи ҳаёти ҳаштодсоларо медиҳад. Ва насси қатъии ин гуфтаҳо, Қуръон мебошад, дар он овардашуда, ки Шаби Қадр аз ҳазор моҳ беҳ аст.
Ба монанди он, ки як подшоҳ дар муддати салтанати худ, ҳар сол баъзе рўзҳоро ид эълон мекунад; ё соли ба тахт омадани худро, ё инки рўзи дигареро барои ифоданамоии бо шукўҳии ҷилваи салтанати худ. Дар ин рўз, на дар доираи қонунҳои асосӣ, балки ӯ зердастонашро мукофот медиҳад, ҳам халқи арзандаю бо садоқати худро бо мукофотҳо ва ҳузури шахсии худ бе парда, бо илтифоти хосси худ, бо иҷроъоти фавқулода ва хайрхоҳии ғайриодии бевоситаи худ сарфароз мегардонад. Ба ҳамин монанд, Султони Азалу Абад, Подшоҳи Зулҷалоли ҳаждаҳ ҳазори олам, дар моҳи Шарифи Рамазон Қуръони Ҳакимро нозил кард, ки фармони олишаъни худи Ӯст, ба он ҳаждаҳ ҳазор олам таалуқ ва нигаронида шудааст.
Султони Азал ва Абаде, ки Подшоҳи Зулҷалоли ҳажда ҳазори олам мебошад, Қуръони Ҳакимро дар моҳи Шарифи Рамазон нозил кард, Қуръони Ҳакиме ки як фармони олишаън аст ва назар ба онҳо дорад. Албатта муқтазои ҳикмат аст, ки Рамазон, симои махсуси иди Илоҳиро пайдо карда, ки як навъ намоишгоҳи машҳари Раббонӣ ва як маҷлиси рўҳонӣ мебошад. Модоме, ки Рамазон ид мебошад, пас албатта, барои он ки то як дараҷае инсонҳоро аз машғулиятҳои суфлию ҳайвонӣ канор бубарад, ба онҳо фармон шудааст, ки рўзаро ба ҷо биёранд.
Мукаммалии ин рўза бошад: ҳамаи ҳиссиёту ҷиҳозоти инсонӣ, ба монанди чашму гўш, қалб, тахайюлоту андешаҳои ў, монанди меъда, барои гирифтани як навъ рўза водор месозад. Яъне, аз муҳаррамот, аз молояънӣ, худдорӣ карда, ҳар яки онҳоро ба убудияти махсус водор месозад.
Масалан: Забонро ба воситаи гирифтани рўза, аз фиреб, ғайбату бадлафзӣ дур сохта, ин лисонро барои ин гуна корҳо, ба монанди қироати Қуръон, зикр, тасбеҳ, салавот ва истиғфор машғул кунад…
Масалан: Чашмҳоро аз нигоҳи пасти одамони номаҳрам, ва гўшҳоро аз бадлафзиҳо манъ карда, чашмҳоро ба мисолҳои ибратбахш, гўшҳоро барои суханони дуруст ва шунидани Қуръон истифода барад. Ба монанди ин, боқимонда аъзоҳои инсониро барои баҷооварии рӯзаи махсус водор созад.
Зотан меъда, ки аз ҳама фабрикаи азим ба ҳисоб меравад, агар бо рӯза фаъолияти онро боз дорем, он вақт дигар дастгоҳҳои хурди ин фабрикаро барои пайгирии он тобеъ сохтан осон мегардад.