Муҳоли дуюм: Агар ҳамаи чизҳо, ба Қадири Зулҷалоле, ки Воҳиди Аҳад аст, нисбат дода нашаванд, балки ба сабабҳо нисбат дода шаванд, бояд бисёри аз сабабҳо ва унсурҳои олам, дар вуҷуди ҳар зиҳаёт дахолат кунанд. Дар ҳоле, ки дар вуҷуди як махлуқи хурди монанди паша, иҷтимои сабабоҳи мутабойин ва тазод барои эҷоди назми комил ва мизони ҳассос ва пайванди том, чунон муҳолу ошкорест, ки агар касе, ба андозаи боли пашша шуур дошта бошад, хоҳад гуфт: “Ин муҳоли ғайри мумкин аст”.
Бале, ҷисми бисёр хурди паша, бо бисёри унсурҳову сабабҳои олам, дар иртибот аст. Ва ҳатто фушурдаву хулосаи олам аст. Агар хилқати пашша ба Қадири Азалӣ нисбат дода нашавад, сабабҳои моддӣ, ҳамеша мебоист дар ҳастии он ҳузур дошта бошанд. Ва ҳатто дар даруни ҷисми хурдтаринаш бошанд. Масалан: Бояд вориди ҳуҷайраи чашмаш шаванд, ки як намунаи хурди аз ҷисмаш аст, зеро агар сабаб моддӣ бошад, бояд ҳамроҳ, дар даруни мусабаб бошад. Ҳоло дар даруни ҳуҷайраи чашме, ки ду банди ангуштони нозуктар аз сӯзани пашша низ, ҷо намегирад, бояд қабул кард, ки аркон ва унсурҳо ва табиати олам, ба таври моддӣ, дар дохили чашм ҳузур доранд ва бо маҳорат низ, кор мекунанд.
Аблаҳтарин суфастоӣ низ, аз қабул кардани чунин ақида шарм мекунад.
(Аз куллиёти Рисолаи Нур)
Саъид Нурсӣ