Мисоли Шонздаҳум
Дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ ва дигар сиҳоҳи ситта собит шудааст, ки гуруснагӣ бошиддат ҳазрати Абӯҳурайраро фаро гирифт. Аз паси Паёмбар (с.а.в) мерафт, ки ба Паёмбар (с.а.в) як қадаҳ шир ҳадя намуданд. Паёмбар (с.а.в) (ба ҳазрати Абӯҳурайра) фармуд, то аҳли Суффаро даъват кунад. (Ман (Абӯҳурайра) гумон кардам, ки ин як қадаҳ ширро худам нӯшида метавонам, зеро ман бисёртар мухтоҷам. Фақат барои фармони Паёмбар (с.а.в.) аҳли суффаро даъват намудам, ки теъдодашон ҳудуди сад нафар буд). Абӯҳурайра мегӯяд: «Маро амр намуд, ки ба даъватшудагон ширро тақдим намоям. Ман ба яке аз онҳо ширро додам, он кас нӯшиду ба дигараш дод, ҳамин тавр ҳамаи онҳо нӯшиданду сер шуданд. Паёмбар (с.а.в.)ба ман гуфт:
«Акнун ману ту мондем ва нишастаму ширро нӯшидам».Паёмбар (с.а.в) ба ман гуфт: «Бинӯш». Нӯшида сер шудам. Гуфт: «Боз бинӯш». Гуфтам: «Қасам ба он Зоте, ки туро бо ҳақ фиристодааст, дигар имконияти нӯшидан надорам». Пас қадаҳи ширро гирифту Худоро шукргузорӣ намуд ва бо гуфтани «Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим» боқӣ ширро бинӯшид.
Садҳо ҳазор бор нӯши ҷонат шавад, эй Паёмбар (с.а.в.)и Худо.[105]
Чунин мӯъҷизаҳои ҳақиқӣ холӣ аз шакку шубҳаҳо ҳастанд. Монанди ин мӯъҷизае, ки дар раъси он шоҳи ровиҳо, Имом Бухорӣ аст ва панҷсад ҳазор ҳадисҳои саҳеҳро солимона ҷамъоварӣ намуда, онҳоро ҳифз кардааст. Барои шакку шубҳа дигар ҷое боқӣ намондааст, ки дилҳо тасдиқкунанда ва чашмҳо бинандаи ин ҳол аст.
Ровии ин мӯъҷиза худ шогирди мадрасаи Муҳаммадӣ ва худи мударриси ин мадраса муаллими башаррият аст, пас худ қазоват кунед, ки ӯ (с.а.в) чӣ гуна таълим медиҳад. Ҳазрати Абӯҳурайра яке аз шогирдони ин мадраса, шахсияти беназир ва аксар ҳолатҳо бо Паёмбар (с.а.в) буд. Бисёр чизҳоро бо чашми сар мушоҳида менамуд ва агар ин мӯъҷиза аз ягон шахси тасодуфӣ шунида мешуд, ҷой дошт ӯро фосид ё маҷнун хонд. Пас ин номумкин аст, ки чунин нобовариро дар симои як саҳобии ҷалил ва машҳур, ки тамоми умрашро дар канори Паёмбар (с.а.в) сарф намуда ва ҳадисҳои ӯро ҳифз намудааст, ҷустуҷӯ намоем. Ҳар иззатеро, ки ин саҳобӣ касб намудааст, аз рӯйи баракати ҳифзи ҳадисҳои набавӣ аст, пас оё ӯ шакку шубҳаҳоро дар ин асарҳо ҷой медиҳад ва суханеро мегӯяд, ки мухолифи ҳақ аст? Ҳаргиз не! Касе ин сухани Паёмбар (с.а.в) -ро шунидааст: «Шахсе, ки қасдан аз номи ман тӯҳматеро эҷод мекунад ва ба мардум мегӯяд, маконаш дар Дӯзах аст»?, ба ӯ (с.а.в) дурӯғ намебандад.
Парвадигоро, ба ҳурмати баракати мӯъҷизаҳои Паёмбарат (с.а.в) дар ризқу рӯзии моддию маънавии мо баракат ато бифармо.
Аз куллиёти Рисоли Нур
Саъид Нурсӣ