ДАВОИ ШАШУМ
*(Ҳошия) Эй бародарам, ки завқи дунёро фикр карда аз бемори изтироб (ранҷ) мекашӣ! Ин дунё агар доими мебуд, ё дар роҳи мо марг намебуд, боди фироқ ва завол намевазид, дар ояндаи бо мусибат ва тӯфонӣ, мавсимҳои маънавии зимистонӣ намебуд; ман низ баробар бо ту, ба ҳоли ту дилсӯзӣ мекардам. Фақат модоме, ки як рӯз дунё ба мо гуяд, ки «зуд бош ба берун!» аз фарёдамон гӯшро баста карда; пеш аз он, ки ӯ моро берун кунад, мо бо огоҳии ин бемориҳо аз ҳамин ҳоло, аз ишқи ӯ бояд даст бардорем. Пеш аз он ки ӯ моро тарк кунад мо бояд қалбан ба тарк кардани ӯ кушиш кунем… Бале, беморӣ ин маъноро ихтор (огоҳ) карда барои мо мегуяд ки: «Вуҷуди ту аз санг, аз оҳан нест, балки доимо ба ҷудо шудан мусоид аз моддоҳои мухталиф таркиб шудааст. Ғурурро бигузор, оҷиз будани худро дарк кун, молики худро бишинос ва вазифаи худро бидон, ба дунё бараи чи омаданӣ, худро биёмӯз.» Ба гӯшу қалб, махфиёна ихтор мекунад.
Ҳам модом ки завқи дунё, лаззати дунё давом намекунад. Хусусан машрӯъ набошад ҳам бе давом, бо дард, бо гуноҳ мешавад. Ба сабаби аз даст доданӣ он завқ бо баҳонаи беморӣ гиря макун; баръакс ҷиҳати савоби ухравӣ ва ибодат и маънавӣ, ки дар беморӣ аст онро фикр кун, ба завқ гирифтан кушиш кун.
*Ҳошия: Ба хотире яки ба сурати фитри ин ламъа ба хотир омада буд, дар мартабаи шашум ду даво навишта шуд, барои фитри буданаш онгуна гузоштем. Балки як сир дорад гуфта тағир надодем.
(Аз куллиёти Рисолаи Нур)
Саъид Нурсӣ