Панҷараи Ҳафтум
Камоли интизом ва камоли мавзуният ва камоли зиннат ва суҳулати эъҷод ва ба якдигар шабоҳат доштан ва як як фитрат изҳор кардани ин маснавиёте ки дар рӯи коинот пошида шудаанд, чигуна ки вуҷуби вуҷуд ва камоли қудрат ва ваҳдати як Сонеъи Ҳакимро ба як миқоиси хеле васеъ нишон медиҳанд.
Онгуна низ: Эҷоди мураккаботи мунтазам ва беҳад ва ҷудо – ҷудо аз унсурҳои ҷомид ва басит, баробар бо шаҳодат ва ишорат кардан ба вуҷуби вуҷуд ва ваҳдати он Сонеъи Ҳаким ба теъдоди он мураккабот, чунонки бо ҳаёти маҷмӯъи худ ба як тарзи хеле дурахшон камоли қудрат ва ваҳдати ӯро нишон медиҳад, дар ҳангомӣ таҷдиди таркиб ва таҳлиле, ки таркиботи мавҷудот таъбир мешавад, дар дохили ниҳоят дараҷа ихтилот ва бе низомӣ бо ниҳоят дараҷа як имтиёз ва тафриқ, масалан: решаҳо ва тухмҳое, ки дар зери хок қарор доранд дар ҳоле ки бисёр махлут (омехта шуда) ва бе тартиб қарор доранд, ба як сурати бидуни ҳеҷ кадом ғалтаи сунбулҳо ва вуҷудҳои онҳоро тамиз ва тафриқа кардан ва моддаҳои махлуте ки ба дарахтон дохил мешаванд, ба баргҳо ва шукуфаҳо ва меваҳо тафриқа кардан ва моддаҳои ғизое, ки ба як сурати махлут ва бе тартиб ба дохили ҳуҷайраҳои бадан мешавад, бо камоли ҳикмат ва бо камоли мизон ҷудо карда тафриқа кардан, боз чунон ки вуҷуби вуҷуд ва камоли қудрат ва ваҳдати он Ҳакими Мутлақ ва он Алими Мутлақ ва он Қадири Мутлақро нишон медиҳад; олами зарротро ба ҳукми як мазраа беҳад ва васеъ дароварда, дар ҳар дақиқа бо камоли ҳикмат кошта давр намуда, тоза – тоза махсулоти коинотҳоро аз он гирифтан ва ба он зарроти ҷомид, оҷиз, ҷоҳил, беҳад ва мунтазам вазифаҳоро ғоят шууркорона ва ғоят ҳакимона ва муқтадирона болои онҳо анҷом доданӣ, боз вуҷуби вуҷут ва камоли қудрат ва азамати Рубубият ва ваҳдат ва камоли Рубубияти он Қодири Зулҷалол ва он Сонеъи Зулкамолро нишон медиҳад.
Инак бо ин чаҳор роҳ як панҷараи бузург ба маърифатуллоҳ боз мешавад, ба як миқёси бузург як Сонеъ Ҳакимро ба ақл нишон медиҳад.
Ҳоло эй ғофили бадбахт! Дар ин ҳол агар ӯро дидан ва шинохтан намехоҳӣ: Ақли худро биравон, кан ва парто, ҳайвон шав, наҷот биёб…
(Аз куллиёти Рисолаи Нур)
Саъид Нурсӣ