«Бисмиллоҳ» ибтидои ҳар хайр аст…

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ

وَ بِهِ نَسْتَعِينُ

اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ وَ الصَّلاَةُ وَ السَّلاَمُ عَلَى سَيِّدِنَا مُحَمَّدٍ وَ عَلَى آلِهِ وَ صَحْبِهِ اَجْمَعِين

Эй бародар! Аз ман чанд насиҳат хоста будӣ, бо назардошти он ки ту сарбоз ҳасти, бино бар ин чанд ҳақиқатро зимни мисолҳои низомӣ ва ҳашт ҳикояи кӯтоҳ баён кардаам, ту низ ҳамроҳ бо нафсам метавони ба он гӯш фаро диҳӣ, зеро нафсамро зиёдтар аз ҳар каси дигар ба насиҳат муҳтоҷтар мебинам. Замоне аз ҳашт оят истифода кардам, ва ҳашт гӯфторро каме дарозтар ба нафсам гӯфта будам, акнун кӯтоҳ ва бо забони омиёна ба нафсам хоҳам гӯфт, ҳар кас мехоҳад, ҳамроҳ бо мо гӯш фаро диҳад.

Каломи якум

«Бисмиллоҳ» ибтидои ҳар хайрест. Мо низ, ибтидо бо он шуруъ мекунем. Бидон эй нафсам! Ин калимаи муборак, ҳам нишонаи Ислом аст, ва ҳам тамоми мавҷудот бо забони ҳоли худ онро вирди забон доранд.

Агар мехоҳӣ бидони «Бисмиллоҳ» чӣ қувваи бузургу бепоёну чӣ баракати тамом нашуданист, ин ҳикояи кӯтоҳи тамсилиро бубину гӯш фаро деҳ:

Шахсе, кидар биёбонҳои арабии бодиянишин саёҳат мекунад, лозим аст, исми сардори қабилаеро бигирад, ва таҳти ҳимояташ қарор гирад, то аз хатари роҳзанон наҷот пайдо карда, ва битавонад ҳоҷатҳояшро муҳайё намояд, дар ғайри ин сурат бекасу танҳо дар баробари иҳтиёҷоту душманони бешумораш парешон мешавад.

Инак ду нафар, барои чунин саёҳати саҳроӣ, ба роҳ баромаданд, яке аз онҳо хоксору фурӯтан буд, ва дигаре мағруру саркаш…

Шахси хоксор исми як сардореро гирифт, ва мағрӯр ибо кард… хоксор ба воситаи он номе, ки гирифта буд, ҳама ҷоро бо саломатии комил саёҳат кард, дар вақти саёҳат агар иттифоқан ба роҳзане бархурд мекард, мегуфт: «Ман ба номи фалон роҳбар саёҳат мекунам.» роҳзан аз ӯ дур шуда бо ӯ даст намерасонд. Агар ба ҳар хаймае ҳам ворид мешуд, ба хотири он ном иҳтиром медид. Вале шахси дигарие ки мағрӯр буд, дар муддати саёҳаташ ранҷҳое кашид, ки қобили гуфтан нест, ҳамеша меларзид, ва дар ҳоли гадоӣ кардан буд, ҳам залил шуд ва ҳам расво.

Акнун эй нафси мағрӯрам!

Бидон! Ки ту он сайёҳи ва ин дунё ҳам як саҳрост. Аҷзу фақрат бешумор ва душманону ҳоҷотат бениҳоят аст. ҳол ки чунин аст, исми молики абадӣ ва ҳокими азалии ин саҳроро бигир, то аз гадоии тамоми коиноту аз ларзидан дар баробари ҳар ҳодиса раҳо ёбӣ.

Бале, ин калима, чунон ганҷи пурбаракатест, ки аҷзу фақри бениҳоятатро ба раҳмату қудрати бе ниҳоят мепайвандад, ва аҷзу фақрро бароят дар даргоҳи Раҳими Қадир мақбултарин шафоаткунанда мегардонад.

Бале, шахсе ки бо ин калима ҳаракат мекунад, ба монанди шахсест, ки дар хизмати аскарист ва ба номи давлат ҳаракат карда ва аз ҳеҷ кас парво надорад, ба номи қонуну ба номи давлат сухан гӯфта, ҳар кореро анҷом медиҳад, ва дар муқобили ҳар чизе ки набошад истодагарӣ мекунад.

Дар ибтидо гӯфтем ки тамоми мавҷудот бо забони ҳолашон «Бисмиллоҳ» мегӯянд, оё ин гуна аст?

Бале, ҳамон гунае ки агар шоҳид боши, шахсе биёяду тамоми аҳолии шаҳрро ба зарби зӯр ба маконе савқ диҳад, ва ба анҷоми корҳое водор кунад, бе шак медонӣ, ки он шахс бо номи худ ва бо қувваи худ амал намекунад, балки ӯ сарбозест, ки ба номи давлат ҳаракат карда, ва ба қувваи подшоҳӣ такя кардааст, ҳамонтавр низ, ҳар чиз ба номи Ҳазрати Ҳақ, ҳаракат мекунад, ба сурати: тухмиҳои растаниҳо ва ҳастаҳои хурди заррамонанд, ба рӯйи худ дарахтони бузургро ҳамл карда ва борҳои ба монанди куҳро мебардоранд, пас ҳар кадоми аз дарахтон «бисмиллоҳ» гуфта, аз меваҳои хазинаи раҳмат, дастонашонро пур карда, ба мо пешкаш менамоянд. Ин чунин, ҳар кадоми аз бустонҳо, «Бисмиллоҳ» гуфта, ҳамчун деги бузурге мешаваду аз ошпазхонаи қудрати Илоҳӣ, дар даруни худ анвоъу ақсоми хеле зиёде аз ғизоҳои лазизи мухталифро ҳамроҳ бо ҳам мепазад. Ва ҳар кадоми аз ҳайвоноти пурбаракат, ба монанди гов, шутур, гӯсфанд ва буз, «Бисмиллоҳ» гуфта, аз файзи раҳмат, чашмаи шир шуда ва ба мо ба номи Раззоқ, латифтарину тамизтарин ғизо чун оби ҳаётро тақдим мекунанд. Ва ҳар кадоми аз решаҳову рагаҳои нарми абрешиммонанди дарахтону набототу сабзаҳо «Бисмиллоҳ» гӯфта, хоку санги суфту муҳкамро сурох карда, аз он мегузаранд, ва номи Аллоҳу номи Раҳмонро гуфта, ҳар чизи сахту мушкил барояшон осон мешавад.

Бале, ҳамчун интишору паҳнии шохаҳо дар ҳаво ва додани мева низ, интишору нуфузи решаҳо ба осонӣ дар хоку санги суфт ва мева додан дар зери замин ва инчунин мартуб мондани баргҳои сабзу нозук моҳҳо дар баробари шиддати ҳарорат, ба шиддат ба даҳони «Табиатпарастон» шаллоқе мезанад, ва ба чашмони куршудаашон ангушт мехалонад, ва мегӯяд, ки ҳатто салобату ҳарорат ки зиёдтар аз ҳарчизи дигар ба он иътимод доред, таҳти амр ҳаракат мекунад; ба ин гӯна, ки он решаҳои нарми абрешиммонанд, як ба як, чун асои Мӯсо алайҳиссалом ба дастӯри «فَقُلْنَا اضْرِبْ بِعَصَاكَ الْحَجَرَ » пайравӣ карда сангҳоро мешикофанд, ва як ба як он баргҳои нозанину нозуки чун барги сигор, ба монанди аъзои Иброҳим алайҳиссалом дар муқобили ҳарорати оташфишони ояи « يَا نَارُ كُونِى بَرْدًا وَ سَلاَمًا » ро мехонанд.

Ҳоло инки ҳарчиз, маънан «Бисмиллоҳ» мегӯяд, ва ба номи Аллоҳ неъматҳои Илоҳиро оварда ба мо медиҳад, пас мо низ бояд «Бисмиллоҳ» бигӯем, ва бояд ба номи Аллоҳ бубахшем, ва бояд баноми Аллоҳ бигирем, пас ба ин рафтор набояд, ҳозир ба гирифтани чизе аз инсонҳои ғофиле бошем, ки ба номи Аллоҳ намебахшанд…

Савол: ба инсонҳое ки дар ҳукми фурушандаанд, баҳо медиҳем, оё Аллоҳ ки соҳиби аслии мол аст, аз мо чӣ баҳое мехоҳад?

Ҷавоб: бале, албатта он Мунъими ҳақиқӣ аз мо дар муқобили ивази молҳо ва нематҳои бо арзиш, баҳо мехоҳад, ва он ҳам се чиз аст: яке зикр, яке шукр, ва дигаре фикр аст.

Дар ибтидо «бисмиллоҳ» зикр аст, ва дар интиҳо «Алҳамду лиллоҳ» шукр аст, ва дар миёна низ тафаккуру дарк намудани неъматҳои бо арзише ки хориқаи санъат ва ҳадияи раҳмат ва муъҷизаи қудрати Аҳади Самад мебошад, фикр аст. Ҳамон гӯна ки агар подшоҳе ба дасти одами мискине ҳадияи бо арзиш бароят бифиристад, ва ту дар ивази ташаккур аз подшоҳ, пойи он одами мискини иҷрокунандаи амрро бибусиву соҳиби ҳадияро нашиносӣ, муртакиби кори аблаҳонае шудаӣ, ҳамон тавр низ, мунъимҳои зоҳириро мадҳу муҳаббат кардан, ва Мунъими ҳақиқиро аз ёд бурдан низ, коре ба маротиб аблаҳонатар аз он аст.

Пас эй нафс агар мехоҳӣ, чун ин шахс аблаҳ набошӣ:

Ба номи Аллоҳ бубахш…

Ба номи Аллоҳ бигир…

Ба номи Аллоҳ шурӯъ кун…

Ба номи Аллоҳ кор кун…

Вассалом.

Саъид Нурсӣ

Leave a Comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*