Каломи ҳаштум
بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ
اَللّٰهُ لاَ اِلهَ اِلاَّ هُوَ الْحَىُّ الْقَيُّومُ[1] ٭ اِنَّ الدِّينَ عِنْدَ اللّٰهِ اْلاِسْلاَمُ[2]
Агар мехоҳӣ чи будани дунё, нақши рӯҳи инсоният дар он ва арзиши дин дар назди инсонро бидонӣ ва бидонӣ, ки агар дини ҳақ намебуд, дунё ба зиндони бузурге мубаддал мегардид ва инсони бе дин бадбахтарини махлуқот ба шумор мерафт ва ин ки он чи тилисми олам ва асрори ҳайратовари он ва ҳамчунин рӯҳи башариятро аз торикиҳо раҳо мекунад, يَا اَللّٰهُ Ки ибораи: لاَ اِلهَ اِلاَّ اللّٰهُ мебошад.
Бале, агар ту ин ҳамаро фаҳмидан хоҳӣ, пас ба ин қиссаи тамсилии кӯтоҳ гӯш ва дар он андеша намо:
« Дар замонҳои қадим ду бародар будан, ки бо ҳам ба саёҳатҳои тулонӣ мебаромаданд. Онҳо бо ҳам сафар карданд, то ин ки ба дуроҳае расиданд ва дар он ҷо марди бовиқореро диданду аз ӯ пусиданд: « Кадом яке аз ин ду роҳ бехатар аст?»
Он мард посух дод: «Дар роҳе, ки ба тарафи рост меравад, қонунҳои низом маҷбуран риоя мешаванд. Агарчи дар ин роҳ баъзе ӯҳдадориҳо бошад, дар он саодату амон аст. Аммо роҳи тарафи чап озод ва беқайдӣ имкони ҳалокат ва бадбахтӣ вуҷуд дорад. Акнун шумо ихтиёр доред ҳар роҳеро интихоб намуда, ба сафари худ идома диҳед».
Баъди шунидани сухнони ин мард яке аз бародарҳо, ки табиати хуб дошт, роҳи ростро интихоб намуда гуфт: تَوَكَّلْتُ عَلَى اللّٰهِ[3]ва ба хотири орому ризояти комил бо пайравии низом ва қонунҳо роҳашро идома дод. Аммо бародари дуюм, ки саркаш буд, танҳо барои он ки дар он озодӣ вуҷуд дорад, роҳи чапро интихоб намуд.
Акнун биёед тасаввур кунем. Он марде, ки роҳеро интихоб намуд, ки дар зоҳир осон ва сабук менамуд, вале дар асл сахту сангин буд, бар сараш чӣ рух дод?
Вақте аз водиҳои амиқи он ва аз кӯҳҳои баланди он убур намуд, ногаҳон ба саҳрои холӣ ва биёбони ваҳшатзадае расид ва аз он ҷо овози бадҳайбатеро шунид ва дид, ки шери азими хашмгине аз буттазорҳо ба тарафи ӯ меояд. Ӯ хело сахт тарсида, фирор намуд ва ногаҳон аз пеши роҳаш чоҳе баромад, ки умқаш шаст зироъ буд ва барои раҳоӣ ёфтан худро дар он чоҳ андохт. Ҳангоми афтидан, дасти ӯ ба шохи дарахте мерасад ва худро дар он овезон мекунад. Ин дарахт дар деворҳои чоҳ реша давонда буд ва ду муш, яке сиёҳ ва дигаре сафед дар дарахт истода буданд. Он мушҳо решаҳоро бо дандонҳои тези худ мебуриданд. Ин мард ба боло нигарист ва дид, ки шер дар болои чоҳ ва чун нигоҳбоне дар интизори пора кардани инсон аст. Чун ба поён нигарист, дид мори бузурге дар қаъри ҷоҳ истодааст ва сари худро боло карда, мехоҳад ба ин мард наздик шавад. Фосилаи байни онҳо сӣ зироъ ва даҳони он мор хело калон, ба андозаи ҳамин чоҳ аст. Ҳамчунин ҳашароти зараровар ва нешзани зиёдеро дид, ки ӯро иҳота кардаанд. Чун ба дарахт нигарист, дид, ки он дарахти анҷир аст, вале чун дурусттар нигарист, чизи тааҷубовар дид, ки дарахт аз анор сар карда то тарбуз тамоми намуди меваҳоро дорад.
Ин мард аз бефаҳмӣ ва аҳмақии худ намедонист, ки ин кор ғайриоддист ва ин ҳама чиз ногаҳон ва беҳадаф пайдо нашуда аст. Ӯ намедонист, ки ин ҳама корҳои тааҷубовар асроре дар худ доранд ва дар паси ин ҳама идоракунандае қарор дорад, ки ҳамаро идора мекунад,
Ҳангоме ки дили ин мард нолон буду рӯҳаш фарёд мезад ва ақлаш аз вазъияти аламовараш ҳайратзада буд, дар ин ҳангом нафси аморааш ба хӯрдани ҳама гуна меваҳои ин дарахт шурӯъ намуд ва бехабар аз он ки дар атрофи ӯ чи мегузарад, гӯё ҳеҷ чизе рух надода бошад. Ӯ гӯшҳояшро баста буд, то садои дил ва овози рӯҳашро нашунавад ва худро бо худ фиреб медод. Илова бар ин баъзе аз ин меваҳо заҳрнок ва зараровар низ буданд.
Бо ҳамин тариқ, мебинем, ки бо ин марди бадбахт ҳамон тавр амал карда шуд, ки дар ҳадиси қудсӣ омадааст: اَنَا عِنْدَ ظَنِّ عَبْدِى بِى[4] Яъне ман бо бандаам ҳамчунон амал мекунам, ки ӯ маро мешиносад. Барои ин, ба ин мард ҳамон намуд муомила карда шуд ва дар оянда ҳам ҳамон тариқ муомила карда мешавад. Ба ин одам чунин муомилаҳо ба он сабаб карда мешавад, ки ӯ ҳама чизро оддӣ ва бе ҳадафу бе ҳикмат мепиндошт ва гӯё ҳақ танҳо худи ӯ бошад. Ин аз сабаби бадгумонӣ, нодонӣ ва сафоҳати худи ӯ буд. Чунин инсонҳо дар азоби оташ месӯзанд ва наметавонанд дар он ҷо бимиранду аз азоб раҳо ёбанд ва ҳамчунин наметавонанд зиндагии хубе дошта бошанд.
Акнун мо ин марди бадбахтро раҳо мекунем, то дар азобаш бисӯзад ва бармегардем, то бубинем ки бо бародари дигар чиҳо рух дод.
Он марди бо баракат ва зираку доно ҳамчунон роҳи худро идома медод, бидуни он ки мушкилоте бар сараш ояд, ҳамчуноне ки бар сари бародараш омада буд. Зеро ӯ танҳо дар чизҳои зебо меандешид, зеро худаш ахлоқи некӯ дошт ва дунболи фикру хаёлҳои парешон намерафт, магар он чизе ки хуб бошад. Аз ҳамин сабаб бо худ унс гирифта буд ва мисли бародараш гирифтори сахтиҳо намегардид. Ӯ низомро хуб медонист ва тибқи дастуроти он дар партави амният ва оромӣ амал мекард. Ҳамин тариқ, роҳашро идома дод, то ин ки аз пешаш боғи зебое пур аз гулҳои зебо ва меваҳои тоза баромад, вале дар он ҷо баъзе ҷасадҳои ҳайвоноту чизҳои бӯйгинро пароканда дид, ки маълум мешуд дергоҳе касе ин ҷоро тоза накардааст. Бародари ӯ низ пештар ба ин боғ даромада буд, вале ӯ машғули ин ҷасадҳои мурда ва чизҳои бӯйгин гардида дилаш мешӯрид ва аз ҳамин сабаб бе ин ки дар он ҷо каме истироҳат намояд, он ҷоро тарк намуда буд. Аммо ин бародар бо қоидаи: «Танҳо ба зебогии ҳар чиз нигоҳ кун» амал намуда, ба он ҷасадҳо ҳеҷ аҳамият намедод, балки аз ин боғ ва он ашё ва меваҳои он истифода менамуд. Баъди он ки дар он каме истироҳат намуд, ҳамчунон роҳашро идома дод.
Ин мард низ ба монанди бародараш дар саҳроҳо ва биёбонҳои васеъ даромад ва ногаҳон наъраи шерро шунид, ки бар сари ӯ ҳамла менамояд. Ӯ тарсид, вале камтар аз тарси бародараш, зеро бо гумони нек ва тафаккури зебое, ки дошт, бо худ чунин гуфт: «Албата, ин саҳро соҳиб дорад ва шояд ин шер ходими амини ӯ бошад. Бо ин фикр ӯ итминон ҳосил кард, вале фирор намуд, то он ки дар рӯ ба рӯяш чоҳи вайрона пайдо шуд, ки умқаш шаст зироъ буд ва он мард ба мисли бародараш худро дар он чоҳ андохту дар миёни чоҳ шохи дарахтеро дошт. Ӯ ба он шох овезон монд ва дид, ки ду ҷонваре шохчаҳои он дарахтро оҳиста-оҳиста меканданд. Ӯ ба тарафи боло нигарист, он ҷо шерро дид ва чун ба поён нигарист, мори бузургеро дид ва чун ба ҳоли худ назар кард, худро ба монанди ҳоли бародараш дар вазъияти хело аҷиб ва ғариб қарордошта дид. Ӯ ҳам ба монанди бародараш даҳшадзада шуд, вале ҳазорон бор камтар аз бародараш, зеро Худованд ба ӯ ахлоқи некӯ, тафаккури хуб ва мафкураи зебо дода буд, ки дар ҳама чиз танҳо ҷиҳатҳои хубашро медид. Барои ҳамин ӯ бо худ чунин меандешид: «Ин корҳои аҷибе ки бо ман рух медиҳад, бо ҳам робитаи зич доранд ва зоҳир мешаванд, ки як дастур ҳамаи онҳоро дар ҳаракат дароварда аст ва барои ҳамин шояд дар ин корҳои ҳайратовар сирри пинҳон ва тилисми пӯшидае бошад».
Бале, тамоми он корҳо бо фармони ҳокими ноаёне рух медиҳад. Пас, ман дар ин ҷо танҳо нестам, балки ҳокими ноаёне ба ман назора дорад, маро парасторӣ мекунад ва маро месанҷад. Ӯ барои ҳақиқати дилхоҳи худ маро ба куҷое равона карда истода асту маро ба сӯи худ мехонад. Ба сари ӯ ин фикри зебо ва тарси лазиз омад, ки дар ботинаш чунин саволро овард: «Ба фикрам он касе, ки маро бурда истодааст, ва мехоҳад худро ба ман шинос намояд, кӣ бошад? Ӯ кист, ки маро бо ин роҳи тааҷубовар ва тарафи мақсади муаяне мекашонад?». Баъд аз шавқу завқи ошно дар дилаш муҳаббати соҳиби ин тилисм пайдо шуд, аз ин муҳаббат дар дохили ӯ рағбати кушодани ин тилисм пайдо гардиду аз ин рағбат дар вуҷудаш вазъияти зебо ва ҳолате падидор гардид, ки ба соҳиби ин тилисм писанд омада, муҳаббат ва ризои ӯро ба даст овард.
Сипас ӯ ба тарафи боло нигарист ва дид, ки он дарахт анҷир аст, вале дар болои шохаҳои он ҳазорҳо намуд меваҳо сабзида буданд ва дар ин ҳангом тарси ӯ пурра аз байн рафт. Зеро ӯ яқинан дарк намуд, ки ин меваи анҷир танҳо оғоз ва намуна аст ва ҳокими ноаён ин ҳама намунаҳоеро ба шакли эъҷоз овезон намуда, дарахтро зиннат додааст ва инҳо аз он меваҳоест, ки дар боғҳои худ дорад. Агар чунин намебуд, ҳаргиз имкон надошт. Пас, ин мард барои худ чорае ҷуз дуо ва зорӣ надид. Пас бо зораю тавалло ва фӯрутанӣ дуо намуд, то барояш кушодани калиди тилисм муяссар гардад, дар ҳоле ки ӯ мегуфт: «Эй ҳокими ин диёр ва канораҳо. Ман туро илтиҷо мекунам ва ба ту васила меҷуям ва зорӣ мекунам. Ман ходими туам ва танҳо ризоятро металабам ва ман туро мехоҳам ва туро меҷӯем».
Ногаҳон ба сабаби ин дуо девори чоҳ кафид ва даре ба рӯяш боз шуд, ба тарафи боғи поку зебои боҳашамат ва шояд даҳони ҳамон мор ба ин дарвоза мубаддал шуд ва он шеру мор ба сурати ходими ӯ гардид, ин роҳро омода намуданд ва ӯро ба тарафи он боғ даъват намуданд, ҳатто он шер дар пеши ӯ шакли аспи ромшударо гирифт.
Пас, эй нафси танбал ва эй дӯсти хаёлиам!
Биё, то авзои ин ду бародарро баррасӣ намоем ва инро бидонем, ки хубӣ хубӣ меорад бадӣ бадӣ. Он мусофири бадбахт, ки роҳи чапро интихоб намуда буд, метавонист ҳар лаҳза дар даҳони мор биафтад ва ӯ аз тарсу ҳарос меларзид, дар сурате ки ин некбахтро ба тарафи боғи хело хуррами пур аз меваҳо даъват мекарданд. Дили он бадбахт аз тарси сахт ва воҳимаи бузург мекафид, дар сурате ки ин некбахт чизҳои аҷибро медид ва ба онҳо бо эътибори ширин, тарси лазиз ва шинохтаи маҳбуб назар менамояд. Он бадбахти бечора аз танҳоӣ, ноумедӣ ва ваҳшатзадагӣ чи азобҳоеро мекашид, дар сурате ки ин некбахт аз унс гирифтан лаззат мебурд ва бо умеду шавқ интизор мешуд. Аз тарафи дигар он бадбахт ба сабаби ин ҳама ҳуҷуми ваҳшиён худро маҳкумшуда ба зиндон меҳисобид, дар сурате, ки ин некбахт ҳамчун меҳмони олиқадр аз неъматҳо истифода менамуд. Чаро не? Вай меҳмоннавозии меҳрубон ва аз хизматҳои аҷиби Ӯ бархурдор буд. Аз тарафи дигар, он бадбахт азобашро бо хӯрдани мева ва хурокҳое, ки зоҳиран лазиз, вале дар асл заҳрнок буданд, мечашид. Ин меваҳо танҳо намунае буданд, ки иҷозати чашиданашон буду халос, то инсон бо чашидани он дар ҷустуҷӯи ҳақиқат гардад ва дар он сурат чашидани аслии он шавад ва илло ҳаргиз ҳуқуқи ба монанди ҳайвонот хӯрдани онро надошт. Аммо ин некбахти хуб аз ҳамаи он меваҳо чашид, вале хӯрдани онро барои замони баъд гузошта ва бо шавқ дар интизор нишаст. Боз он бадбахт худро бо дасти худ ситам намуду ба худ ҷабр кард ва худро гирифтори ваҳму хаёлоти торик намуд, гӯё воқеан ӯ дар Дӯзах бошад. Чунин ӯ ҳақиқатеро, ки чун рӯз равшан ва чун гулҳо шукуфон буд, намедид. Аз ҳамин сабаб на ӯ ҳаққи ғамхорӣ дорад ва на ҳаққи шикоят кардан. Қиссаи ӯ монанд ба қиссаи дарде дар миёни дӯстонаш аст, ки дар мавсими тобистон, дар боғи зебо, дар болои дастурхони тӯёна ва ба сабаби қаноат накрдани ӯ ба ин ҳама неъматҳо, рафта косаи майро тановул намуд. Чун масту беҳуш гардид, садо ва ғавғоҳо баланд намуда, ба гиристан шурӯъ кард ва дар ин лаҳзаҳо гумон мекард, ки дар чиллаи зимистон, гуруснаю урён дар миёни ҷонварони ваҳшӣ қарор дорад. Чунин мард лоиқи раҳму шафқат нест, чунки ӯ ба худ ситам кардааст, ва дӯстонашро чун ҳайвоноти ваҳшӣ тассавур карда, ба онҳо бо чашми таҳқир назар мекунад, ба мисли ин бадбахт.
Аммо он некбахт ҳақиқатро медид ва ҳақиқат худ зебост, бо вуҷуди дидани ҳақиқат, бузургии соҳиби ҳақиқатро эҳтиром мекарду аз он қадрдонӣ менамуд ва барои ҳамин сазовори меҳрубонии Ӯ мегардид.
Пас бояд сирре аз асрори ин оятро бидонед: «Он хубиҳое, ки ба ту мерасад, пас он аз ҷониби Худованд аст ва он бадиҳое, ки ба ту мерасад. Пас он аз дасти худи туст».
Агар ту боқӣ фарқиятҳоро миёни ин ду бародар муқоиса намоӣ, хоҳӣ дид, ки нафси аммораи ӯ дар аввал барояш дӯзахии маънавиро муҳайё намудааст, дар ҳоле ки бародари дуюм бо нияти хуб, гумони неку, хислатҳои наҷиб ва фикри зебояш файзу саодату накӯии умумиро ба даст овард.
Пас, эй нафсам! Ва эй марде, ки бо ман бо ин ҳикоя гӯш додӣ! Агар намехоҳӣ ба монанди он марди бадбахт бошӣ ва мехоҳӣ ба монанди он марди некбахт ҳаёти худро ба хубӣ гузаронӣ, пас ба Қуръони Карим гӯш фаро деҳ, ба ҳикматҳои он андеша кун, чанг ба он бизан ва тибқи дастуроти он амал намо.
Агар ту дар ин ҳикояти тамсилӣ ҳақиқатро дарк карда бошӣ, пас ту метавонӣ бар он дигар ҳақоиқи динию дунявӣ ва инсонию имониро муқоиса намоӣ. Ман барои ту асосҳоро номбар мекунам ва ту худ сирҳоро пайдо намо.
Ду бародаре, ки мо гуфтем, яке рӯҳи мӯъмину дили пок ва дигаре рӯҳи кофиру дили фосиқ мебошад. Аммо роҳи рости он дуроҳа, роҳи Қуръон ва имон, ва роҳи чап бошад, роҳи исёну куфр аст. Он боғ, ки дар роҳ буд, ҳаёти иҷтимоии муваққатист барои ҷомеаи башарият ва фарҳанги инсонист, ки дар он неку бад, ва поку палид бо ҳам дида мешаванд. Оқил он бошад, ки тибқи қоидаи зерин амал кунад:[5] خُذْ مَا صَفَا دَعْ مَا كَدَرْ ва бо дили орому хотири ҷамъ роҳашро идома диҳад.
Он саҳро ин дунё ва ҳамин замин аст. Аммо он шер аҷал ва марг аст. Аммо он умқе, ки ба шаст зироъ мерасид, ишора ба умри аксари мардум аст, ки ба ҳисоби миёна шаст сол аст. Он дарахт муддати умр ва маводи ҳаёт аст. Аммо он ду ҷонвари сиёҳ ва сафед шабу рӯзанд. Он мори бузург қабр аст, ки роҳро ба тарафи барзах ва хонаи охират боз мекунад, вале ин даҳон барои мӯъминон дарвозаест аз зиндон ба тарафи бӯстонҳо. Он ҳашароти зараррасон мусибатҳои дунявист, вале ин мусибатҳо барои мӯъмин танбеҳҳои ширини Илоҳӣ ва назари раҳмати Раҳмонист, то даст ба ғафлат надиҳад. Аммо хӯрокҳои болои он дарахт неъматҳои дунявист, ки Парвардигори азиз онро офаридааст, то он ба манзалаи нишонаҳое барои неъматҳои охират ва аз лиҳози монандӣ ба ёд оварандаи он гардад. Худованди мутаъол ин ҳоро ҳамчун намунае барои даъвати муштариён ба тарафи меваҳои Ҷаннат офаридааст. Ҳама меваҳои гуногунро ба бор овардани як дарахт ин ишора ба оятҳои мустаҳками Илоҳӣ ва ниҳояти Парвардигор будани Ӯ ва мунтаҳои салтанати Ӯ мебошад. Зеро Ӯ ҳама чизро аз як чиз офарида аст. Барои мисол Ӯ тамоми наботот ва меваҳоро аз як чиз, яъне хок офарида аст, ва тамоми ҳайвонотро аз об офарида аст ва тамоми ҷиҳозҳои ҳайвонотро аз таоми басит гардонидааст. Ҳамчунин Ӯ як чизро аз ҳама чиз ба вуҷуд оварда аст, монанди сохти гӯшти муаян ва пӯсти оддӣ барои ҳайвоноти ҷинсашон гуногун. Инҳо ҳама нишонаҳои махсусе мебошанд барои дарки Зоти ягонаи бениёз ва мӯҳри хоссе мебошад барои султони ҷовидонаи азалию абадӣ. Ҳама аломату нишонаҳои Ӯ мебошанд, ки тақлид аз онҳо но мумкин аст.
Бале, дар ҳақиқат офаридани тамоми ашё аз як чиз ва офаридани як чиз аз тамоми ашё хусусиятест, ки бар Офаридгори кулл бармегардад. Он аломати махсусест барои Зоти Тавоно бар ҳама чиз. Аммо он тилисму он сирр ҳикмати офариниш мебошад, ки бо сирри имон тилисмро мекушояд.
Аммо он калиди асрор: يَا اَللّٰهُ [6] * لاَ اِلهَ اِلاَّ اللّٰهُ [7] * اَللّٰهُ لاَ اِلهَ اِلاَّ هُوَ الْحَىُّ الْقَيُّومُ [8 ] мебошад.
Аммо ба дарвозаи боғ мубаддал шудани он мор рамзи қабр аст, ки он макони ваҳшат, фаромушӣ, тангию гумгаштагист ва он барои гумроҳону саркашон ба шиками мор монанд аст, вале барои аҳли имону Қуръон дарест кушода аз зиндони дунё ба сӯи бӯстонҳои бақо ва аз майдони имтиҳон ба равзаи Биҳишт ва аз заҳматҳои зиндагӣ ба тарафи раҳмати Парвардигор. Аммо ба аспи ромшуда ва ба хотирӣ унс ёфта мубаддал шудани он шер ишора ба марг аст, зеро он барои гумроҳон фироқи абадию дарднок аз тамоми дӯстон, баромадан аз ҷаннати дурӯғини дунё ба тарафи зиндагонии инфиродии қабристон, гумгаштагист дар биёбони тафсон, дар ҳоле ки марг барои аҳли ҳидояту аҳли Қуръон сафарест ба сӯи дигар олам ва василаест барои вохурӣ бо дӯстону ёрони собиқ ва воситаест барои даромадан ба ватани ҳақиқӣ ва макони саодати абадӣ ва даъвати пуршарафест барои озодӣ аз зиндони дунё ва даромадан дар боғҳои Биҳишт ва интизорӣ кашидан барои дарёфти мукофот ва аҷри заҳмату талошҳои кашида аз лутфи фазли Парвардигор ва раҳо шудан аз таклифоти зиндагӣ ва озод шудан аз вазифаҳои ҳаёт ва эълони ба поён расидани даврони бандагӣ ва ба поён расидани даврони имтиҳон ва дастуроти омӯзишист.
Хулоса:
Аз ин ҳама чунин хулоса мешавад, ки ҳар касе, ки ҳаёти фониро ҳадаф қарор медиҳад, пас ӯ дар Дӯзах аст, ҳам ҳақиқатан ва ҳам маънан, ҳатто агар ӯ дар миёни нозу неъматҳо сайр намояд.
Аммо он касе, ки рӯ ба тарафи ҳаёти боқӣ ниҳода бошад ва бо ҷидду ихлос барои он талош намояд, ӯ саодати ду дунёро ба даст меорад ва ба он сазовор низ ҳаст, ҳатто агар дунёи ӯ тангу бад бошад, вале ӯ дунёро ширину хуш мебинад ва онро ба манзалаи толори интизорӣ барои биҳишти худ меҳисобад. Бинобар ин, сахтиҳои онро таҳаммул мекунад ва Худовандро шукр мегӯяду аз сабр истифода мебарад.
اَللّٰهُمَّ اجْعَلْنَا مِنْ اَهْلِ السَّعَادَةِ وَ السَّلاَمَةِ وَ الْقُرْآنِ وَ اْلاِيمَانِ آمِينْ
اَللّٰهُمَّ صَلِّ وَ سَلِّمْ عَلَى سَيِّدِنَا مُحَمَّدٍ وَ عَلَى آلِهِ وَ صَحْبِهِ بِعَدَدِ جَمِيعِ الْحُرُوفَاتِ الْمُتَشَكِّلَةِ فِى جَمِيعِ الْكَلِمَاتِ الْمُتَمَثِّلَةِ بِاِذْنِ الرَّحْمنِ فِى مَرَايَا تَمَوُّجَاتِ الْهَوَاءِ عِنْدَ قِرَائَةِ كُلِّ كَلِمَةٍ مِنَ الْقُرْآنِ مِنْ كُلِّ قَارِءٍ مِنْ اَوَّلِ النُّزُولِ اِلَى آخِرِ الزَّمَانِ وَ ارْحَمْنَا وَ وَالِدَيْنَا وَارْحَمِ الْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ بِعَدَدِهَا بِرَحْمَتِكَ يَا اَرْحَمَ الرَّاحِمِينَ آمِينَ وَالْحَمْدُ لِلّٰهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ[9]
Саъид Нурсӣ
[1] Худованде, ки нест маъбуде ғайри ӯ, ки зинда ва устувор аст. (сураи бақара:255)
[2] Ҳамоно ки дин дар назди Худованд Ислом аст.(оли имрон:19)
[3] Ман ба Худованд таваккул намудам.(мутарҷим)
[4] Ман ба гумони бандаам нисбат ба ман наздикам
[5] Хубиҳоро бингир ва бадиҳоро раҳо кун.(мутарҷим)
[6] Ё Аллоҳ.(мутарҷим)
[7] Нест маъбуде ғайри Худованд. (мутарҷим)
[8] Худованде, ки нест маъбуде ҷуз Ӯ, ки зинда ва устувор аст. (мутарҷим)
[9] Худоё, моро аз аҳли саодат, саломат, Қуръон ва имон бигардон. Омин.
Худоё, салоту саломи худро бар сарвари мо-Муҳаммад ва хонадону ёронаш ба теъдоди тамоми ҳарфҳои дар тамоми коинт, бо фармони Худо шаклгирифта, ки дар оинаҳои амвоҷи ҳаво давр мезананд, дар он ҳангоме ки ҳар калимаи Қуръон аз забони ҳар қорие садо медиҳад, аз рӯзи аввали нозил шудани он ва то охири замон бирасон.
Ба мо ва ба волидайни мо раҳм ва ба тамоми мардону занони мӯъмин ба теъдоди он шафқат бинамо. Бираҳматика ё арҳама роҳимин. Омин. Шукр барои Худованд, он Парвардигори оламиён.