Бигӯ: “Ҳамон, ки онҳоро нахустин бор иншо кард ва ҳаёт бахшид, ҳам ӯ хоҳад офарид.”…

БАХШИ ЧОРУМИ ПАЙВАСТ 

قَالَ مَنْ يُحْيِى الْعِظَامَ وَهِىَ رَمِيمٌ قُلْ يُحْيِيهَا الَّذِى اَنْشَاَهَا اَوَّلَ مَرَّةٍ وَهُوَ بِكُلِّ خَلْقٍ عَلِيمٌ[1]

Яъне, инсон мегуяд: “Кӣ метавонад, ин устухонҳои пӯсидаро зинда кунад?” Бигӯ: “Ҳамон, ки онҳоро нахустин бор иншо кард ва ҳаёт бахшид, ҳам ӯ хоҳад офарид.”

Тавре, ки дар мисоли сеюми Ҳақиқати Нӯҳуми Гуфтори Даҳум омада буд:

Агар шахсе дар пеши чашмони мо дар зарфи як рӯз, як лашкари бузургеро ташкил диҳад, ва ба ту гуфта шавад, ки: “ин шахс метавонад  лашкари хурдеро ки сарбозони он барои истироҳат, мутафарриқ гаштаанд, бо як шайпур гирди ҳам оварад ва ҳамаро дар таҳти низом қарор диҳад” аммо ту гӯйи: Не ман бовар намекунам! Оё ин ҷавобу инкори ту ҳамоқату девонагӣ нест?

Инчунин, Зоте ки ҷасадҳои лашкаргунаи ҳамаи ҳайвонот ва мавҷудоти зиндаро ки ба як лашкар шабоҳат доранд, аз ҳеч ба вуҷуд оварда ва зарроту латоифи он ҷасадҳоро бо як назми комилу мизони ҳакимона, ба дастури

кун фаякун, сабт намуда ва дар он ҷасадҳо ҷобаҷо кардааст ва дар ҳар қарн, ҳатто дар ҳар баҳор, анвоъи мавҷудоти зиндаро ки ба як лашкар монанд аст, ҳамроҳ бо тоифаҳову дастаҳои гуногунашон дар сатҳи замин меофарад. Оё дар мавриди чунин як Зоти қадиру алим ин саволро метавон матраҳ карду гуфт ки: Ӯ чигуна метавонад зарроти асосӣ ва аҷзои аслиро, ки таҳти низоми ҷасаде, ки ба як фирқа монанд аст, даромада ва якдигарро шинохтаанд, бо як сиҳҳаи сури Исрофил гирди ҳам орад?! Оё метавон чунин кореро аз ӯ баъид донист?! Оё ин истибъод, як ҳамоқату девонагӣ нест?!

Пас, гоҳо Қуръони карим афъоли аҷиби илоҳиро дар дунё ёдовар мешавад, то зиҳнҳоро ба тасдиқ ва қалбҳоро ба қабул намудани афъоли хориқулодаи ӯ дар охират ҳозиру омода намояд.  Дар мавридҳое низ, афъоли аҷиби илоҳиро, ки дар оянда ва дар охират рӯх медиҳад, ба як сурат зикр мекунад, ки мо бо мушоҳидаи назирҳои мутааддиди онҳо, ба бовару итминони комил мерасем. Масалан:

اَوَ لَمْ يَرَ اْلاِنْسَانُ اَنَّا خَلَقْنَاهُ مِنْ نُطْفَةٍ فَاِذَا هُوَ خَصِيمٌ مُبِينٌ[2] то поёни сураи Ёсин. Қуръони ҳаким қазияи ҳашрро мавриди баҳс қарор дода, бо ҳафт — ҳашт сурати мухталиф, иқомати далел мекунад ва ба исботи он мепардозад.

Аввалан, нашъаи якумро матраҳ намуда ва дар маърази намоиш қарор дода мегуяд: Шумо марҳалаҳои офариниши худро аз нутфа то алақа ва аз алақа то музға ва аз музға то офариниши инсон, мебинед. Пас, чигуна нашъаи ухроро инкор мекунед, ки ин ҳам мисли қаблӣ, ҳатто осонтар аз он аст?

Сипас бо اَلَّذِى جَعَلَ لَكُمْ مِنَ الشَّجَرِ اْلاَخْضَرِ نَارًا[3] ба неъматҳову эҳсонҳои бузургаш ба инсон ишора карда, мегуяд: Зоте, ки чунин неъматҳоро ба шумо арзонӣ доштааст, ҳаргиз шуморо ба ҳоли худатон раҳо намекунад, то ба қабр дохил шавед ва барои ҳамеша дар онҷо бихобеду бедор нашавед.

Дар идома, рамзан мегуяд: Шумо зиндаву сарсабз шудани дарахтони мурдаро мебинед, пас чаро зинда шудани устахонҳои ҳезуммонандро баид медонед ва бо дарахт муқоиса намекунед? Оё Зоте, ки осмонҳову заминро офаридааст, аз зинда сохтану миронидани инсоне, ки меваи осмонҳову замин аст, оҷиз хоҳад монд? Оё мумкин аст идоракунандаву парваришдиҳандаи дарахт, меваи онро аҳамият надода, ба дигарон раҳо кунад? Оё гумон мекунед, ки ӯ дарахти офаринишеро ки ҳамаи аҷзои онро боҳикмат саришта намудааст, беҳуда раҳо созад ва меваҳову натиҷаҳои онро аҳамият надиҳад?

Пас Зоте, ки шуморо дар ҳашр зинда месозад, чунон зотест, ки ҳамаи коинот ба манзалати сарбози гӯш ба фармони ӯст. Дар баробари фармони кун фаякун бо камоли фармонпазирӣ, сар фурӯд меорад. Ва офаридани баҳор ба андозаи офаридани як гул, барояш осон аст. Ва бар қудраташ эҷоди ҳамаи ҳайвонот, ба андозаи эҷоди як магас, осону саҳл аст. Пас, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон бо пурсиши مَنْ يُحْيِى الْعِظَامَ қудрати чунин Зотро оҷиз шуморид ва зери савол бурд!

Баъд аз он, бо таъбири فَسُبْحَانَ الَّذِى بِيَدِهِ مَلَكُوتُ كُلِّ شَيْءٍ[4] баён медорад, ки: Зимоми ҳар чиз дар дасти ӯст. Ва калиди ҳар чиз дар назди ӯст. Ва шабу рӯз, замистону тобистонро ҳамчун саҳифаҳои як китоб ба осонӣ варақ мезанад. Ва дунёву охират дар назди ӯ, ҳамчун ду манзиланд. Инро мебандаду онро боз мекунад. Вақте чунин бошад, натиҷаи ҳамаи ин далелҳо ин аст: وَ اِلَيْهِ تُرْجَعُونَ яъне: Ӯ шуморо аз қабр зинда мекунад ва ба ҳашр меорад ва дар ҳузури кибриёияш ба ҳисоби шумо мерасад.

Бад-ин тартиб, ин оятҳо, зеҳнро ба қабули ҳашр муҳаё намуд ва қалбро барои пазируфтани он, ҳозир месозад. Чунки назираҳои онро бо афъоли дунявӣ нишон дод.

Низ, гоҳо Қуръони ҳаким афъоли ухравиро ба шакле зикр мекунад, ки назираи дунявии онҳо эҳсос ва қобили ҳис кардан бошад, то маҷоле барои истибъоду инкор, боқӣ намонад. Масалан:

اِذَا الشَّمْسُ كُوِّرَتْ ило охириҳи…

ва اِذَا السَّمَاءُ انْفَطَرَتْ ило охириҳи

ва اِذَا السَّمَاءُ انْشَقَّتْ ило охириҳи

Аз инру, дар ин сураҳо, инқилоботи азим ва тасарруфоти Раббониро дар ҳашру қиёмат, ба чунон шевае зикр мекунад, ки қалб дучори тарсу ваҳшат мешавад ва ақл дар ҳайрат мемонад. Аммо чун инсон назоири онро дар тирамоҳу баҳор дидааст, баосонӣ қабул мекунад. Аз онҷое, ки тафсири ин се сура ба дарозо мекашад, ногузир як калимаро ҳамчун намуна мавриди баҳс қарор медиҳем.

Масалан: اِذَا الصُّّحُفُ نُشِرَتْ ин матлабро мерасонад, ки дар ҳашр, тамоми аъмолу кирдори ҳар кас, бар як саҳифа навишта ва пахшу нашр мегардад. Ин масъала худ бахуд бисёр аҷиб аст. Аз инру, ақл наметавонад ба он роҳ ёбад. Аммо онгуна, ки сура низ, ишора мекунад, ҳамон тавре, ки назоири ҳашри баҳор дар дигар масъала қобили руъят аст, пас назири ин нашри суҳуф низ, возеҳу равшан аст. Ва ибодоту тасбеҳот низ дорад. Ба шакле, ки ба василаи ин ибодатҳо асмои ҳуснои илоҳиро нишон медиҳад. Аз ин ру, ҳамаи ин аъмол, ҳамроҳ бо таърихи зиндагии вай, дар базру тухмиаш навишта шудааст ва дар баҳори дигар ва замини дигар, берун меояд. Яъне, онгуна ки ҳар дарахт бо забони шаклу сурате, ки нишон додааст, аъмоли модарону усулашро бо фасоҳати комил, ёдоварӣ мекунад, бо шохаҳову баргҳо ва гулҳову меваҳояш низ, саҳифаҳои аъмоли худро мунташир месозад.

Бале, касе ки дар пеши чашмони мо, ин корро ҳакимона, ҳафизона, мудаббирона, мураббиёнаю латифона, анҷом медиҳад. Ӯст, ки мегуяд: اِذَا الصُّّحُفُ نُشِرَتْ Нуқтаҳои дигарро ба ин қиёс кун, агар метавонӣ, истинбот намо. Ва барои инки кӯмаке ба ту карда бошем اِذَا الشَّمْسُ كُوِّرَتْ -ро низ, ба ту хоҳем гуфт. ин ҷумла бо лафзи “куввират” ки ба маънӣи дарҳам печидану ҷамъ кардан аст, зимни ишора ба як мисоли равшан, ба назиру монанди он дар дунё низ, ишорае дорад.

Якум инки: Худованди субҳон пардаҳои адаму асир ва саморо бардошт, ва чароғе ҳамчун офтобро ки дунёро равшан мекунад аз хазинаи раҳматаш берун овард ва ба дунё нишон дод. Пас аз баста шудани дунё, ин чароғро бо пардаҳояш печонида, мебардорад.

Дуюм: Офтоб маъмуру муваззаф аст, то субҳгоҳон матоъи равшанеро биафшонад ва шомгоҳон онро барчинад. Бад-ин тартиб, шабу рӯзро яке пайи дигарӣ, бар сари замин бигустаронад. Ин маъмур, ҳар шаб матоашро ҷамъ мекунад ва муомилоташро коҳиш медиҳад. Гоҳо пардае аз абр, сабаби камшудани доду гирифташ мегардад. Ва дар баъзе мавридҳо, моҳ низ ҳамчун пардаю ниқоб, рӯйи онро мепӯшонад ва то андозае муомилаи ӯро коҳиш медиҳад. Пас онгуна, ки ин маъмури муваззаф, бар асари чунин омилҳо, матоашро ҷамъ карда, ва дафтарҳои аъмолашро мепечонад. Пас албатта, рӯзе хоҳад омад, ки ин маъмур аз вазифааш азл гардад ва даврони маъмурияташ ба охир расад. Ҳатто агар ҳеҷ сабаб барои азлу барканории он набошад, шояд бо бузург шудани ду доғи хурде ки ба рӯйи он қарор дорад ва оҳиста — оҳиста дар ҳоли вусъатёфтан аст. Офтоб нуреро, ки бо иҷозати Илоҳӣ, бар замин мунташир кардааст, дубора ба амри Раббонӣ бозмегирад ва ба даври худ мепечонад. Онгоҳ Парвардигори субҳон, ба ӯ хитоб карда мегуяд: Акнун маъмуриятат дар замин бапоён расид, ҳоло ба ҷаҳаннам рафта, ононеро, ки туро парастиш намуда ва маъмури мусаххаре ҳамчун туро ба хиёнату бесадоқатӣ муттаҳам сохта, таҳқир кардаанд, бисӯзон!

бад-ин гуна, офтоб фармони илоҳӣ اِذَا الشَّمْسُ كُوِّرَتْ -ро ба рӯйи чеҳраи доғдору сиёҳаш мехонад.

 

(Аз куллиёти Рисолаи Нур)

Саъид Нурсӣ

[1] (Ёсин:78-79)

[2] (Ёсин:82)

[3] (Ёсин:80)

[4] (Ёсин:83)

Leave a Comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*