ХОТИМА
بِسْمِ اللّهِ الرّحْمنِ الرّحِيمِ
وَمَا اْلحَيَاةُ الدُّنْيَا اِلاَّ مَتَاعُ الْغُرُورِ
(Ба сари ғофил як зарба ва як дарси ибрат)
Эй ба ғафлат фурӯрафта, ин ҳаётро ширин дида ва охиратро фаромӯш карда, толиби дунё бадбахт нафсам! Оё медонӣ ба чӣ шабоҳат дорӣ? Шутурмурғ, шикорчиро мебинад парида наметавонад; сари худро ба рег (қум) дохил мекунад, то ки шикорчӣ ӯро набинад, танаи бузургаш дар берун, шикорчӣ мебинад. Танҳо ӯ чашми худро пӯшида даруни рег дохил карда намебинад.
Эй нафс! Ба ин тамсил нигоҳ кун ва бубин:
Чигуна ба дунё ҳасри назар, як лаззати азизро, ба як алами дарднок табдил мекунад.
Масалан дар ин қишлоқ (яъне дар Барла) ду одам мебошад. Яке аз инҳоро аз сад фоиз, навадунӯҳ фоизи дӯстони ӯ ба истамбул рафтанд, хеле хуб зиндагӣ мекунанд. Танҳо яке мондааст. Ӯ низ ба онҷо хоҳад рафт. Чӣ вақт барои ӯ гуфта шавад: “Ба онҷо бирав” хушҳол шуда ханда кунон хоҳад рафт. Одами дуюм бошад, аз сад фоиз, навадунӯҳ фоизи дӯстони ӯ аз инҷо рафтаанд. Як қисмашон маҳв шудаанд. Як қимашон ба ҷойҳое, ки намебинад, ва дида намешавад рафтаанд. Парешон шуда рафтаанд гумон мекунад. Ин одами бечора бошад ба бадали тамоми онҳо танҳо ба як мусофир унсият карда тасллӣ ёфтан мехоҳад. Бо ӯ он аламҳои дардноки фироқро баста кардан мехоҳад. Яъне, ба он як мусофир ғуссаҳо ва дардҳои дардноки фироқ ва ҷудоиро баста кардан мехоҳад.
Эй нафс! Дар оғоз Ҳабибуллоҳ (с.а.в.), тамоми аҳбоби ту дар он тарафи қабр ҳастанд. Як – ду касе, ки дар инҷо мондаанд, онҳо низ мераванд. Аз марг тарсида, аз қабр хавф карда, сари худро нагардон! Мардана ба қабр нигоҳ кун, гӯш кун чӣ талаб мекунад? Марданавор ба рӯи марг ханда кун; нигоҳ кун чӣ мехоҳод. Зинҳор ғофил шуда ба одами дуюм мушобиҳат макун!
Эй нафсам! Нагӯ: “Замон тағир карда, аср иваз шуд ва шакли дигаре ба худ гирифт, ҳар кас ба фикр в хаёли дунё ғарқ шуда, ба ҳаёт парастиш мекунад, бо дарди маишат маст мебошад.” Чунки марг тағир намекунад. Фироқ ва ҷудоӣ, ба бақо тағир карда, шакли дигаре ба худ намегирад. Аҷзӣ башари фақри инсони тағир намекунад, зиёд мешавад. Мусофирати башар қатъ намешавад, суръат пайдо мекунад.
Ҳам нагӯ: “Ман низ монанди ҳар кас ҳастам.” Чунки ҳар кас ба ту то дари қабр рафиқи хоҳад кард тасаллие, ки дар мусибат ба ҳар кас баробар будан бошад, дар он тарафи қабр хеле бе асос аст. Ҳам худро бе соҳиб ва худсарона ва бе бандубор гумон макун! Зеро, дар ин мусофирхонаи дунё бо назари ҳикмат нигоҳ кунӣ, ҳеч як чизеро бидуни низом, бидуни мақсад дида нахоҳӣ тавонист, оё ту чи гуна ту бидуни низом, бидуни мақсад монда хоҳӣ тавонист? Ин ҳодисоти табиат, ки воқеъаҳои монанди заминларза ҳастанд бозичаҳои тасодуф нестанд.
Масалан: Дар ҳоле, ки ба замин аз ҳар хели наботот ва ҳайвонот пӯшонида шудани либос яке болои дигар, яке дохили дигар, хеле мунтазам ва хеле мунаққаш, аз сар то по, бо мақсадҳо, ҳикматҳо музайян, муҷаҳҳаз будан онҳоро мебинӣ, ва бо мақсадҳои хеле олӣ бо камоли интизом монанди мавлавии маҷзуб давр карда чархонидани онҳоро медонӣ, чигуна мешуд чӣ курраи арз, ки аз бани одам, бо хусус аз аҳли имон ба хушаш наомадани аз як қисм ҳаракатҳои ғафлат, аз сангинии маънавиашон ба монанди заминларза, шабоҳаташонро такон додан (ҳошия[1]) ҳодисоти мавт-олуди ҳаёташро ба монанди нашр кардан як мулҳид бе мақсади тасодуфи гумон карда, аз байн рафтани дардҳо тамоми мусибатзадагонро бе бадал бефоида, яъне ноумеди хатарнок меандозанд. Ҳам як хатои бузург, ҳам як зулми бузург мекунанд. Балки, онгуна ҳодисот бо амри як Ҳакими Раҳмон моли аҳли имонро ба ҳукми садақа тағир дода боқӣ кардан аст. Ва ба гуноҳое, ки аз куфрони неъмат меёяд, кафорат аст. Чигуна, ки як рӯз хоҳод омад, ин замин мусаххар; осори башориро, ки зиннати замин аст, ширк-олуд, бе шукр дида зишт хоҳад ёфт. Бо амри халқи худ, бо як заминларзаи бузург тамоми рӯи худро пок карда, тамиз хоҳад кард. Ба амри Аллоҳ (ҷ) аҳли ширкро ба ҷаҳаннам хоҳад рехт. Ба аҳли шӯкр: “Зуд бошед, ба ҷаннат бифармоед” хоҳад гуфт.
Саъид Нурсӣ
[1] Ҳошия: ба муносибати заминларзаи Измир навишта шудааст.