Бадиъуззамон Саъид Нурсӣ соли 1877 дар шарқи Туркия чашм ба олами ҳастӣ кушода соли 1960 дар синни ҳаштоду се пас аз ҳаёти саршор аз муборизаи намунавӣ ва ҷонбозиҳо дар роҳи ислом аз дорулфано ба дорулбақо реҳлат кардааст. Ӯ олими воломартабае буд, ки на танҳо ҳамаи илмҳои анъанавии динӣ, балки илмҳои муосирро низ аз бар карда буд. Аз ин сабаб, барои лаёқат ва дониши олидараҷааш ба ӯ номи «Бадиъуззамон» ро, ки маънояш ‘ҳайрати замон’ аст, ҳанӯз ҳангоми ҷавонияш сазовор донистанд.
Давраи зиндагии Бадиъуззамон даҳаҳои охирини Хилофат ва Империяи Усмонӣ, фурӯпошӣ ва барҳам хӯрдани он пас аз Ҷанги Якуми Ҷаҳон ва сиюҳафт соли аввали ҷумҳурӣ пас аз таъсисёбиаш дар соли 1923 фаро мегирад, ки он солҳо то соли 1950 ҳамчун солҳои сиёсати саркӯбкунандаи зидди исломӣ ва зидди динии ҳукумат машҳуранд.
То солҳои пас аз Ҷанги Якуми Ҷаҳон, муборизаҳои Бадиъуззамон дар роҳи ислом фаъол ва дар ҳавзаҳои умумӣ будааст. Ӯ на танҳо ба бисёре аз донишҷӯён дониш омӯхта ва бо олимону донишмандони барҷаста аз саросари ҷаҳони ислом дар баҳсу мунозира будааст, балки ӯ инчунин худ шахсан полки довталабонро бар зидди Русҳои пархошгар ва таҷовузкор дар шарқи Туркия ба муддати тақрибан ду сол то ба асорат афтоданаш раҳбарӣ карда аст. Илова бар ин, ӯ то он замон дар пайи пешбурди манофеъи ислом бо роҳи иштироки фаъолона дар ҳаёти иҷтимоӣ будааст.
Аммо, солҳое ки шоҳиди гузариш аз сохти императорӣ ба сохти ҷумҳурӣ буданд, инчунин шоҳиди гузариш аз “Саиди кӯҳна” ба “Саиди нав” низ буданд. “Саиди нав” бо баромаданаш аз ҳаёти иҷтимоӣ ва диққатро ба сӯйи мутолиъа, ибодат ва тафаккур равона карданаш шинохта мешуд ва акнун муборизаи навъи дигар зарур буд. Пас аз ду сол, дар соли 1925 Бадиъуззамон ба бадарға ба Анатолияи ғарбӣ фиристода мешавад ва бисту панҷ соли оянда, ва ҳадди ақал даҳ соли охири зиндагиаш ӯ танҳо азоби бадарға, ҳабс, таҳқиру озорро аз ҷониби мақомот кашида аст. Аммо, дар ин солҳои бадарға ва маҳрумият “Рисолаи Нур” навишта шуд ва ба саросари Туркия паҳн гардид. Ба қавли худи Бадиъуззамон “Акнун ман ба таври равшан мебинам, ки қисми зиёди умри ман чунин сипарӣ шудааст, берун аз ихтиёру озодӣ, тавоноӣ, қувваи идрок ва дурандешӣ, ки тавонад чунин рисолаҳо эҷод кунад то дар роҳи Қуръон хизмате кунад. Ин чунин аст, ки гӯё тамоми умри ман ҳамчун донишманд сарфи омодагиҳо ба ин навиштаҳо будааст, ки мӯъҷизаҳои Қуръонро ошно месозанд.
Бадиъуззамон дарк намуд, ки сабаби асосии суқути ҷаҳони ислом ин сустшавии пояҳои имон аст. Ин сустшавӣ ҳамроҳ бо ҳамлаҳои бесобиқа ба пояҳои имон дар асрҳои 19 ва 20, ки аз ҷониби материалистон, атеистон ва дигарҳо зери номи илм, пешравӣ ва амалӣ шуданд, ӯро водор кард то дарк кунад, ки зарурати таъҷилӣ ва муҳимтарин ин тақвият ва ҳатто наҷоти имон аст. Он чи мавриди ниёз буд, ин сарф кардани тамоми кӯшишҳо барои бозсозии ақидаҳои ислом аз пояҳои он, имон ва дар он сатҳ ҷавоб додан ба он ҳамлаҳо бо “ҷиҳоди маънавӣ” ё “ҷиҳоди сухан” буд.
Бинобар ин, Бадиъуззамон ҳангоми дар бадарға буданаш асари “Рисолаи Нур” ро навишт, ки ин асар мақсадҳои асосии имон, ҳақиқатҳои Қуръон ва инсони муосирро тафсир ва ба тафсил шарҳ медиҳад. Усули ӯ чунин буд: таҳлили ҳам имон ва ҳам беимонӣ; ба воситаи далилҳои муътамад нишон додани он, ки на танҳо мумкин аст бо пайравӣ аз усули Қуръон тамоми ҳақиқатҳои имонро, ҳамчун вуҷуди Худо ва ваҳдат, нубувват ва растохези баданро бошуурона исбот кард, балки инчунин метавон исбот кард, ки ин ҳақиқатҳо ягона тафсири бошууронаи вуҷуд, инсон ва сайёра мебошанд.
Ба ин васила, Бадиъуззамон силсилаи исботҳои қатъиеро дар шакли ҳикояҳои содда, муқоисаҳо ва тафсирҳо тартиб дод. Он исботҳои қатъӣ нишон медиҳанд, ки ба ҷои он ки ҳақиқатҳои дин бо бозёфтҳои илми муосир носозгор аст, тафсири материалии он бозёфтҳо бешуурона ва аблаҳона аст. Дарвоқеъ, Бадиъуззамон дар “Рисолаи Нур” исбот кард, ки иктишофоти нафаси илм оид ба сайёраи амалкунанда ҳақиқатҳои динро исбот ва тасдиқ мекунад.
Аҳамияти “Рисолаи Нур” наметавонад, ки беш аз ҳад арҷгузорӣ шавад, аммо ба воситаи он Бадиъуззамон Саъид Нурсӣ дар ҳифз ва эҳёи дини Ислом дар Туркия дар рӯзҳои ториктарини таърихаш нақши муҳим бозид. Аммо, илова бар ин, “Рисолаи Нур” ягона асаре буд, ки ба чанд далил муносиби на танҳо муроҷиат ба тамоми мусулмонон, балки тамоми инсоният буд. Далели аввал ин, ки “Рисолаи Нур” дар мувофиқат бо фикру назари инсони муосир навишта шудааст, ки мусулмон ё номусулмон амиқан оғушта ба фалсафаи материалистӣ аст: ин асар возеҳу равшан ба тамоми саволҳо, гумонҳо ва парешониҳои дар натиҷаи ин ба амаломада посух медиҳад.
Инчунин, ин асар амиқтарин масъалаҳои имонро ба гунае шарҳ ва фаҳмонида медиҳад, ки ҳатто онҳое ки ин мавзӯъ барояшон нав аст, метавонанд бе ягон мушкилӣ бифаҳманд ва чизе барои худ бигиранд. Пеш аз ӯ танҳо донишмандони барҷаста ин масъалаҳоро бо ҷузъиёт омӯхта буданд.
Далели дигар ин аст, ки дар тавзеҳи моҳияти воқеӣ ва ҳадафи инсон ва сайёра “Рисолаи Нур” нишон медиҳад, ки хушбахтии ҳақиқиро метавон танҳо дар имон ва шинохти худованд дар дунё ва ҳам дар охират дарёфт. Ва ҳамчунин дарди шадид ва нороҳатии рӯҳу виҷдони инсонро қайд мекунад, ки беимонӣ ба он боис мешавад, ки умуман иллати талош аз ҷилавгирӣ аз бе эҳтиётӣ ва гурез аз воқеият ба тавре ки ҳар кас метавонад бо ҳар гуна эҳсос дар имон паноҳ ёбад.
ХУЛОСА:
Қуръони Ҳаким ба ақл ва дигар имконоти дарунии инсон равона шуда аст. Он инсонро ҳидоят менамояд, ки сайёра ва фаъолияти онро дар назар гирад, то моҳияти аслӣ ва ҳадафҳояшро чун вуҷуди офарида биёмӯзад ва дар натиҷа сифатҳои Холиқи Якторо ва вазифаҳои худро низ ҳамчун офаридашуда биёмӯзад. Ин усулест, ки Бадиъуззамон дар “Рисолаи Нур” истифода бурдааст. Ӯ моҳияти воқеии сайёраро ҳамчун нишонае аз Халқ кунандааш фаҳмонида додааст ва ба воситаи Далелҳои мӯътамад нишон дода аст, ки вақте ин чунин хонда мешавад, тамоми пояҳои имон бошуурона исбот шуда метавонанд.
Вақте шахс ин усулро пайравӣ кард, ӯ имони ҳақиқиро ба даст меорад, ки дар муқовимат бо ҳар гуна шакку шубҳа, ки метавонад дар натиҷаи ҳамлаҳои шадиди материализм, натурализм ва атеизм ё усули материалистии пешравиҳои илмӣ пайдо шавад, ба андозаи кофӣ мустаҳкам ва қавӣ мебошад.
Тамоми пешравиҳои илмӣ ва технологӣ сирф кашфи амалкардҳои кайҳон аст. Вақте, ки кайҳон густурда, бениҳоят мураккабу печида ва чун китоби маънидори ягона, ки муаллифи ягонаро тасвир месозад дида мешавад, тамоми ин кашфиёт ва пешравиҳо ба ҷои он ки шакку шубҳаро ба вуҷуд оваранд, имонро қавӣ, амиқ ва густурда менамоянд.
Ниёзӣ аз ҳама асосӣ барои инсон ин ниёз ба дин, ниёз ба шинохтан ва парастиши Худованди Мутаъол бо ҳама зеботарин номҳояш ва хусусиятҳояш ва эҳтиёҷ ба риояи қонунҳои ӯст, қонунҳое ки дар ҷаҳон маълуманд ва қонунҳое ки ба воситаи паёмбаронаш ошкор шудаанд. Дар фаҳмонида додани паёми Қуръон, охирин китоби нозилшудаи Худованди Мутаъол, ки аз ҷониби Паёмбари охиринаш Муҳаммад (саллаллоҳи алайҳи ва олиҳи ва саллам) оварда ва возеҳ карда шуд, ва Ислом, ки дини комил ва бенуқс барои башар мебошад, Бадиъуззамон Саъид Нурсӣ дар “Рисолаи Нур” нишон додааст, ки байни илм ва дин ягон ихтилофу зиддият ё дугонагӣ вуҷуд надорад. Пешравии воқеӣ ва хушбахтиро барои башар танҳо метавон дар ин роҳ, роҳи Қуръон ба даст овард.