Агар ин порча бо оби тилло
навишта шавад ва бо алмос зиннат
дода шавад, меарзад.
Дар ҳақиқат, ҳамчуноне ки дар гузашта баён шуд, тасбеҳ гуфтани сангпораҳо ва ором гардидани онҳо дар дасти Паёмбар (с.а.в) ҳаққасту рост. Бо хондани ин ояти карима:
وَمَا رَمَيْتَ اِذْ رَمَيْتَ
«Ва ту (ай Муҳаммад с) наяндохтӣ (мушти хокро ба сӯйи онон) вақте ки андохтӣ, лек Худо андохт (ки дар чашмҳояшон дохил шуд он резаҳои хок ва кӯру нобино гашта ҳалок шуданд)» («Анфол», ояти 17).
Хоку сангпораҳо дар дасти мубораки ӯ ба монанди тиру туфанг мубаддал гаштанд, то ин ки душманон рӯ ба гурез ниҳоданд.
Дупора шудани моҳ бо ишораи як ангушти ҳамон даст. Чунончи Қуръон сароҳатан онро баён намудааст:
وَانْشَقَّ الْقَمَرُ
«Ва Моҳ дупора шуд».
Ҷорӣ шудани об ба монанди чашмаи равон аз миёни даҳ ангуштонаш ва сероб шудани лашкар аз он. Малҳам шудани он барои маҷруҳин ва шифо бахшидан ба беморон. То ин ки ошкоро баёнгари он бошад, ки то чӣ андоза ин дастони шариф пурбаракат мебошанд, то чӣ андоза ин дастон муъҷизаи тавонои бузурги Худованданд.
Гӯё кафи он даст гӯшаи хурдест барои зикри Худованд, дар байни дӯстон ки агар сангпора ба он дарояд, ба зикр кардан шурӯъ мекунад. Гӯё ҳамон кафи даст сипари хурди Худованд аст дар баробари душманон, ки агар ба он хок дарояд ба монанди кӯраи ҳавоӣ парвоз мекунад.
Он даст дорухонаи хурди раҳмонӣ мегардад, то маҷрӯҳон ва беморонро табобат кунад ва ҳаргоҳ ин даво ба дарде мерасид, онро шифо медод. Ҳар вақте ин даст бармехест, бо чунон азамат ва шукӯҳ бармехест, ки бо як ишораи ангушт моҳро ду пора мекард. Агар як назари зебое мекард, аз дасти мубораки Паёмбар (с.а.в) чашмаҳои раҳмат фаровонтар аз даҳ чашма мебаромад ва ба монанди чашмаи салсабил ҷорӣ мешуд.
Агар дасти ин Паёмбар (с.а.в) макони ин қадар муъҷизаҳои ҳайратовар бошад, оё сароҳатан фаҳмида намешавад, ки дар назди Парвардигораш аз чӣ мақоме бархӯрдор аст? Дар роҳи даъват худ чӣ қадар содиқ аст? Ононе, ки ин дасти муборакро байъат кардаанд, чӣ хушбахте буданд?
(Аз куллиёти Рисолаи Нур)
Саъид Нурсӣ