Oят / Ҳадис / Ваҷиза

 

  • Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят карда мегӯяд: Аз Расулуллоҳ (с.а.в.) пурсидам: «Беҳтарин амал кадом аст?». Фармуданд: «Намоз дар сари вақт». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).
  • «صُوموُا يَوُمَاً قَبْلَهُ أَوْ يَوُمَاً بَعْدَهُ، خَالِفُوا اليَهُودَ»  “Бо яҳудиҳо мухолифатӣ кунед, як рӯз пеш аз онҳо рӯза гиред (пеш аз рӯзи даҳум, яъне рӯзи нӯҳумро) ва ё як рӯз баъд аз онро рӯза гиред. (рӯзи ёздаҳумро) ”.

 ﴾قَالَ آمَنْتُ أَنَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا الَّذِي آمَنَتْ بِهِ بَنُو إِسْرَائِيلَ وَأَنَا مِنَ الْمُسْلِمِينَ ﴿٩٠

 آلْآنَ وَقَدْ عَصَيْتَ قَبْلُ وَكُنْتَ مِنَ الْمُفْسِدِينَ ﴿٩١﴾ فَالْيَوْمَ نُنَجِّيكَ بِبَدَنِكَ لِتَكُونَ لِمَنْ خَلْفَكَ آيَةً

Тарҷума: “Гуфт: Имон овардам ба ин ки маъбуде бар ҳақе нест магар Худои ягонае ки бани Исроил ба Ӯ имон овардаанд (Худованд Фиръавнро хитоб карда мегуяд) оё акнун имон меорӣ! Имрӯз туро бо ҷисми беҷонат аз дарё берун орем то барои касоне ки баъд аз ту меоянд, дарсу ибрате бошад ва бидонанд ки ту бандае ҳастӣ ва монанди ту кибру ғурур бар надоранд”.  Юнус 90-92

 

  • “Парвардигоро, ба мо дар дунё некӣ ато кун ва дар охират некӣ марҳамат намо ва моро аз азоби оташ нигоҳ дор.” (Қуръон: Сураи Бақара, ояти 201)

“Ҳабиби дӯсти Раҳмонро, Муҳаммадро сано гӯем,
Мӯҳайё кард Қуръонро, Муҳаммадро сано гӯем.
Зи дунё дасти худ шустан, як умр умматӣ гуфтанд,
Харидори заифонро, Муҳаммадро сано гуем.”
«Аллоҳумма солли ъала Муҳаммад ва ъала али Муҳаммад»

 

“Мусулмон аз некӣ сер намешавад, то инки поёни кораш Биҳишт мебошад”.

(Муҳаммад (с), Имом Тирмизӣ)

  • “Имон ҳам нур аст ва ҳам қувват аст. Имон ба инсон имкон медиҳад, то тамоми мактуботи Самадониро, ки дар болои ӯ навишта шудаанд, бихонад”  (Аз Куллиёти Рисолаи Нур:  Бадиуззамон Саъид Нурсӣ)

Аз Салмон ибни Омири Заббий (р) ҳаройина Ӯ бар Паёмбари Худо (с) гуфт :

— Баъд аз таваллуд шудани писар ақийқа ( дар ҳафтрӯзагиаш гусфанд куштан ) суннат аст , пас барои ӯ хуни чорпоеро бирезонидан ва озорро аз ӯ дур бикунед.

( Саҳеҳ Бухорӣ № 5471 )

:عَنْ سَلْمَانَ بْنِ عَامِرٍ الضَّبِّيِّ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ ، عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ ، قَالَ 

» مَعَ الْغُلَامِ عَقِيقَةٌ فَأَهْرِيقُوا عَنْهُ دَمًا وَأَمِيطُوا عَنْهُ الْأَذَى «

(بخاري № 5471 )

  •   “Имон тавҳидро, тавҳид таслимро, таслим таваккалро, ва таваккал саодати ҳар ду дунёро тақозо мекунад”  (Аз Куллиёти Рисолаи Нур:  Бадиуззамон Саъид Нурсӣ)

Аз Анас ибни Молик разиялЛоҳу анҳу ривоят аст ки: Паёмбари Худо (с) фармуданд:

— Шахсе ки » Ла илаҳа иллалЛоҳ » бигӯяд , ва дар дили Ӯ ба вазни як донаи ҷав некӣ (имон) бошад , аз Дӯзах хориҷ мешавад.

— Ва шахсе ки » Ла илаҳа иллалЛоҳ » бигӯяд , ва дар дили Ӯ ба вазни як донаи гандум некӣ (имон) бошад , аз Дӯзах хориҷ мешавад.

— Ва шахсе ки » Ла илаҳа иллалЛоҳ » бигӯяд , ва дар дили у ба вазни як мурчаи хӯрд некӣ (имон) бошад , аз дӯзах хориҷ мешавад.

( Саҳеҳ Бухорӣ № 44 Саҳеҳ Муслим № 193 )

عَنْ أَنَسِ بْنِ مَالِكٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ ، عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ ، قَالَ : » يَخْرُجُ مِنَ النَّارِ مَنْ قَالَ لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَفِي قَلْبِهِ وَزْنُ شَعِيرَةٍ مِنْ خَيْرٍ ، وَيَخْرُجُ مِنَ النَّارِ مَنْ قَالَ لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَفِي قَلْبِهِ وَزْنُ بُرَّةٍ مِنْ خَيْرٍ ، وَيَخْرُجُ مِنَ النَّارِ مَنْ قَالَ لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَفِي قَلْبِهِ وَزْنُ ذَرَّةٍ مِنْ خَيْرٍ «

رواه البخاري (44)، ومسلم (193).

  • “Барои паси қабр кушиш кунед, саодат ва лаззати ҳақиқӣ дар он мебошад”  (Аз Куллиёти Рисолаи Нур:  Бадиуззамон Саъид Нурсӣ)

“Дуои се нафар беҷавоб намемонад (беҷавоб, иҷобат мешавад): Дуои рӯзадор, то вақте ки ифтор кунад, дуои пешво (ҳоким)-и одил ва дуои мазлуми додхоҳ”

(Муҳаммад (с), Имом Тирмизӣ)

  • “Касе, ки қадарро танқид кунад, сарашро ба сангдони оҳангаре зада мешиканад. Касе, ки раҳматро иттиҳом кунад, аз раҳмат маҳрум мемонад.”  (Аз Куллиёти Рисолаи Нур:  Бадиуззамон Саъид Нурсӣ)

Аз Абуҳурайра (р) ривоят шуда, ки Расулаллоҳ(с) гуфтанд: «Ҳар он зане, ки шаб бедор шавад ва намози тахаҷуд бихонад ва шавҳарашро бедор намояд, то вай низ намози тахаҷуд бихонад ва агар бар нахезад бар рӯяш об бипошад, бар ин чунин зане раҳмати Худованди хохад буд»

Шарҳ: Яъне зане, ки бар асари тақво ва покдоманиаш ба ҳаде расида, ки шабҳо бармехезад ва намози тахаҷуд мехонад ва дар ҳамин маврид дар фикри шавҳараш низ мебошад ва уро низ барои ибодати Холиқаш мехезонад то дар нисфи шаб бо эхсон битавонад барои мавлояш розу ниёз намояд. Зане, ки барои ислоҳи шавхараш саъю кушиш мекунад, то шавҳараш шахсе мутаддин ва муслиҳ шавад бисёр хушнасибу муборак хохад буд.. Хуш ба ҳолат бародарам агар чунин ҳамсар дошта бошӣ.. Аммо афсӯс, ки дар ҳоли хозир чунин занон хеле андак мебошанд, балки мутаасифона баъзе аз хоҳарон хатто баро намози субҳ аз хоб намехезанд ва хамчунин шавҳараш…

Вокеан дар ҳоли ҳозир бояд андешид, ки мавкеъияти фикру андеша мо чигуна мебошад.. Худоё ҳамаи хоҳарон ва модарони моро аз ҷумлаи инчунин занон бигардон ва барои хамаи номусу иффату покдоманиро насиб гардон…. Ва барои он бародарони мо, ки мақсади издивоҷ карданро доранд инчунин ҳамсареро насиб гардон…

  • “Моҳи Шарифи Рамазон дар ин дунёи фонӣ, дар ин умри фонию ҳаёти кўтоҳ, дохил намудани ҳаёти дарозу умри абадиро медиҳад ва дарёфт мекунонад.”  (Аз Куллиёти Рисолаи Нур:  Бадиуззамон Саъид Нурсӣ)

Расули Худо (с) фармудаанд: “Маърифат сармояи ман, ақл асли дини ман, муҳаббат асоси ман, шавқу алоқа маркаби ман, зикри Худои Меҳрубон аниси ман, ҳилм (мулоиматӣ) силоҳи ман, сабр чодари ман, зуҳд (тақводорӣ) пешаи ман, ризо ба қазову қадар сарвати ман, яқин қуввату нерӯи ман, ростӣ шафеъи ман, тоат маҳбуби ман, ҷиҳоди нафс ахлоқи ман, намоз нури дидагони ман аст”.