Tамоми ситораҳоро мусаххар накунад ва дар дасти худ нагирад, ба як зарра ҳақиқӣ Раб шудан, ба тамоми ситораҳо соҳиб шуда лозим меояд…

Панҷараи бисту ҳаштум

وَمِنْ اٰيَاتِهٖ خَلْقُ السَّمٰوَاتِ وَالْاَرْضِ وَاخْتِلَافُ اَلْسِنَتِكُمْ وَ اَلْوَانِكُمْ اِنَّ فٖى ذٰلِكَ لَاٰيَاتٍ لِلْعَالِمٖينَ

Ба ин коинот нигоҳ мекунем ки: Аз ҳуҷайроти бадан бигир, то ба маҷмӯъи олам шомил, як ҳикмат ва танзим мавҷуд ҳаст. Ба ҳуҷайроти бадан нигоҳ мекунем, мебинем ки: Масолеҳи баданро бинанда ва идора кунонда, бо амри ӯ қонуни як зот, дар он ҳуҷайроти хеле хурд, як тадбир бо аҳмият мавҷуд ҳаст ба меъда, чигуна як қисм ризқ, ба сурати чарби иддхор (захира) шуда дар вақти хоҷат сарф мешавад. Айнан дар он ҳуҷароти хеле хурд низ, тасарруф ва иддхор мавҷуд ҳаст. Ба наботот нигоҳ мекунем; хеле ҳокимона як тарбия, як тадбир дида мешавад. Ба ҳайвонот нигоҳ мекунем, дар ниҳоят дараҷа каримона як тарбия ва рӯзгузарониро мебенем. Ба аркони азими коинот нигоҳ мекунем; барои мақсадҳои муҳим як тадвир ва танвири хашмкоронаро мебинем. Ба маҷмӯъи олам нигоҳ мекунем; ба ҳукми як мамлакати мунтазам, як шаҳр, як қаср барои ҳикматҳои олӣ, барои мақсадҳои баландмартаба яъне барои мақсадҳои пур қиммат ва бо арзиш як танзимоти мукаммал мебинем. – Чунон ки дар Мавқифи Якуми Гуфторҳои Сию дувум изоҳ ва исбот карда шудааст. – Аз як зарра бигир, то ба ситораҳо зарра миқдор ба ширк чой намемонад. Онгуна ба якдигар маънан муносибатдор ҳастанд, ки онгуна тамоми ситораҳоро мусаххар накунад ва дар дасти худ нагирад, ба як зарра ҳақиқӣ Раб шудан, ба тамоми ситораҳо соҳиб шуда лозим меояд.

Ҳам, –  чуноне ки дар Мавқифи Дувуми Гуфтори Сию дувум эзоҳ ва исбот карда шудааст – онгуна дар халқ ва тасвия самавот муқтадир набошад, ташхисоне ки дар рӯи самои башар дида мешавад, он ташахусотро эҷод карда нахоҳад тавонист. Пас онки Рабби  (парвардигори) тамоми коинот набошад, нақши самовие ки аломати фориқа, ки дар як симои инсон дида мешавад, эҷот карда нахоҳад тавонист. Инак як панҷараи бузург ба қадири коинот ки аз он нигоҳ шуд, оятҳои اَللّٰهُ خَالِقُ كُلِّ شَىْءٍ وَهُوَ عَلٰى كُلِّ شَىْءٍ وَكٖيلٌ لَهُ مَقَالٖيدُ السَّمٰوَاتِ وَ الْاَرْضِ бо ҳарфҳои бузург, ба саҳифаҳои коинот навишта буданаш, бо чашми ақл низ дида хоҳад шуд. Онгуна бошад, касе ки намебинад, ё ақл надорад. Ва ё ба сурати инсон як ҷонвар аст!

(Аз куллиёти Рисолаи Нур)

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо