Ӯ имоми ҳамаи анбиё, сарвари ҳамаи асфиё, гузидаи ҳамаи муқаррабон, султони ҳамаи муршидон ва комилтарини ҳамаи махлуқот аст…

Ишораи дуюм

Дар ҳикоят, аз як паёмовари гиромӣ, сухан ба миён омаду гуфта шуд: “Ҳар онки кур набошад бо дидани нишонаҳои ӯ дармеёбад, ки он шахсияти бузург, ба дастури подшоҳ ҳаракат мекунад ва маъмури хосси ӯст.” Бидон, ки ин паёмовари гиромӣ, Расули акрам (алайҳиссалоту вассалом) аст.

Бале, лозим аст, ки чунин коиноти зебо ва он Сонеъи муқаддасаш, чунин Расули акрам дошта бошад. Ин лузум, ҳамчун лузуми нур бар хуршед аст. Зеро, онгуна, ки нурафшонӣ накардани хуршед мумкин нест, ин имкон ҳам вуҷуд надорад, ки улуҳият, паёмбарони бузургворро нафиристаду худро нишон надиҳад. Магар имкон дорад, ҷамоле ки дар ниҳояти комил аст, нахоҳад худро ба василаи як роҳнамову муаррификунанда, нишон диҳад.

Оё мумкин аст, як санъати комилу бениҳоят зебо, алоқаманд ба намоиш даромадани ҳунару санъати худ, набошад ва ба василаи мубаллиғе ки нигоҳҳоро мутаваҷҷеҳи он месозад, шинохта нашавад.

Оё мумкин аст Салтанати куллии як Рубубияти омма, нахоҳад ваҳдонияту самадонияташро ба василаи шахсияти бузургворе, ки дорои ду ҷаноҳ (ду сифат) аст, ба табақаҳои мухталиф эълон нанамояд. дар шарҳи ду сифати он шахси бузургвор бояд гуфт, ки якеаш, убудияти куллист, ӯ аз ин лиҳоз, намояндаю тамсилкунандаи табақаҳои мухталифи мавҷудот дар пешгоҳи Худо мебошад. Дуюумӣ низ, сифати рисолату қурбият аст, ки аз ин лиҳоз, ӯ фиристодаи Худованд ба сӯйи ҳамаи оламиён аст.

Ҳам мумкин аст, соҳиби як ҳусни мутлақ, нахоҳад маҳосини ҷамол ва латоифи ҳуснашро дар оинаҳое, ки ҷамолро ҷилва медиҳанд, бубинад ва ба махлуқоташ нишон диҳад? Расуле, ки ҳам ҳабиб аст, бо убудияташ худро маҳбуби парвардигор карда, ва ҳам расул аст, ки парвардигорашро маҳбуби махлуқот мегардонад ва ҷамоли асмояшро нишон медиҳад.

Ҳам ҳеч мумкин аст касе, ки ганҷинаҳои пур аз ашёву ҷавоҳироти шигифтангез ва мӯъҷизоти аҷоибу арзишманд дорад, ба пешкаш намудан ва нишон додани он ба мардум майл надошта бошад ва камолоти пинҳонашро нишон надиҳад ва ба ин мақсад, як муаррификунандаи моҳир бар нагузинад?

Оё мумкин аст, Зоте ки ин коинотро бо маснуоти зебое, ки баёнгари камолоти асмои ӯст, танзим намуда ва онро ба монанди кохи шукӯҳманд қарор дода ва бо санъатҳои зарифаш ороста ва ба намоиш гузоштааст, муаллиму роҳнамоеро барои шиносоӣ ва баёни он муваззаф насозад?

Оё мумкин аст, соҳиби ин коинот сафиреро бар нагузинад ва тавассути ӯ, ғояту ҳадафи таҳаввулоти ин ҳастиро баён нанамояд ва ин тилисми муғлақу печидаро накушояд ва ба ин се саволи мушкили мавҷудот, ки иборат аст аз: “Аз куҷо омадаам? Ба куҷо меравам? Вазифаам чист?” посух надиҳад?

Оё мумкин аст, Холиқи Зулҷалоле, ки бо ин санъатҳои зебо, худро ба аҳли шуур муаррифӣ намуда ва бо неъматҳои арзишманд, худро маҳбуби он қарор додааст, расулеро нафиристад ва дар баробари он неъматҳо, хостаҳояшро аз аҳли шуур баён нанамояд?

Оё ҳеҷ мумкин аст, ки навъи инсонро ба ихтилофи дар шууру ҷиҳатгириҳо мубтало намуда ва истеъдодашро ба убудияти куллӣ, муҳаё сохтааст ба василаи як муршиду роҳнамо, нахоҳад назарҳои ин навъро аз касрат ба сӯйи тавҳид баргардонад?

Инчунин, далилҳои бисёр зиёди дигаре низ вуҷуд дорад, ки ҳар кадомаш ба як бурҳони қотеъ, вазифа ва масъулиятҳои нубувватро баён намуда ва собит месозад, ки: Улуҳият наметавонад бе рисолат бошад!

Акун, оё дар олам касе зуҳур намудааст, ки шоистатар аз Муҳаммади арабӣ алайҳиссалоту вассалом буда ва зиёда аз ӯ, ҷомеъи авсофу вазифаҳои мазкур бошад? Оё касе ҳаст, ки ба мансаби рисолат ва вазифаи таблиғ, лоиқтар аз ӯ бошад? Оё таърих, беҳтар аз ӯ касеро нишон додааст? Ҳаргиз, ва абадан! Ӯ имоми ҳамаи анбиё, сарвари ҳамаи асфиё, гузидаи ҳамаи муқаррабон, султони ҳамаи муршидон ва комилтарини ҳамаи махлуқот аст. Барои нишон додани рисолати ӯ ки иловаи ҳазорон мӯъҷизааш, монанди шаққи қамар ва фаварони об аз байни ангӯштонаш ва бар иловаи далелҳои беҳадду ҳисоби нубуввати ӯ, басандааст аз Қуръон ном бубарем, ҳамон Қуръоне, ки дарёи ҳақиқатҳову мӯъҷизаи куброст ва ҳамчун хуршеди тобон, бар рисолати ӯ муҳри тасдиқ мезанад. Дар рисолаҳои дигар, хусусан дар Гуфтори бисту панҷум, тақрибан аз чиҳил ваҷҳи эъҷози Қуръони карим баҳс намудаем, бинобар ин, дар ин ҷо ба ҳамин ёдоварӣ басанда мекунем.

(Аз куллиёти Рисолаи Нур)

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо