«Ӯст Зоте, ки Паёмбари худро бо ҳидоят ва дини ҳақ фиристод, то онро бар тамоми динҳо зоҳир намояд…

Бар соҳиби ин муъҷизаҳо беҳтарин салавоту бузургтарин салом бод!

Ба  номи поки ӯ

بِاسْمِهٖ سُبْحَانَهُ وَ اِنْ مِنْ شَىْءٍ اِلَّا يُسَبِّحُ بِحَمْدِهٖ

      «Ҳеҷ чизе вуҷуд надорад, магар ин ки барои шукронаи ӯ тасбеҳ мегӯяд».

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحٖيمِ

هُوَ الَّذٖٓى اَرْسَلَ رَسُولَهُ بِالْهُدٰى وَدٖينِ الْحَقِّ لِيُظْهِرَهُ عَلَى الدّٖينِ كُلِّهٖ وَ كَفٰى بِاللّٰهِ شَهٖيدًا ۞ مُحَمَّدٌ رَسُولُ اللّٰهِ … اِلٰى اٰخِرِ

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

«Ӯст Зоте, ки Паёмбари худро бо ҳидоят ва дини ҳақ фиристод, то онро бар тамоми динҳо зоҳир намояд ва барои гувоҳӣ додан Худо кофист. Муҳаммад фиристодаи Худост…»

(Ба сабаби он ки ибораҳои нуздаҳ ва сиву як хос ба рисолати Аҳмадӣ буда,  исбот намудани паёмбарии Муҳаммад (с.а.в) -ро бо далелҳои қотеъона анҷом медиҳанд, мо ба ин қазия аҳамияти хосса дода, дар ин ҷо барои пурра шудан онро баён мекунем ва ишорае ба ин ҳақиқати бузург намуда, зимнан нуздаҳ ишораи пурмазмуну пурмуҳтаворо хоҳем овард).

ИШОРАИ АВВАЛ

Бешак, соҳиби ин ҷаҳон ва Парвардигори олам бо илми худ ҳарчи мехоҳад, меофарад, аз рӯйи ҳикмат дар корҳояш амал намуда, аз рӯйи дидгоҳи худ ҳамаро идора мекунад, ҳама чизро бо илму фаҳмишаш назора карда, ба мақсади намоён кардани ҳикмат, ҳадаф ва фоидаҳои тамоми он чи мо мушоҳида мекунем, корҳоро амалӣ мекунад.

Пас, Офаридгор ҳамаро медонад, модоме ки ҳамаро медонад, тавони сухан гуфтанро дорад ва аз он ҷое , ки ӯ сухан мегӯяд, пас ҳатман бо касоне сухан мегӯяд, ки ӯро мешунаванд, шуур доранд ва онро дарк мекунанд. Дар навбати аввал ӯ бо инсоне сухан мегӯяд, ки беҳтарин навъи бошуур, мутафаккир ва бофаҳм аст. Пас, модоме ки каломи ӯ ба насли башарият аст, табиист, ки ӯ бо ононе, ки сазовори хитоб мебошанд, ба ҳади камоли инсоният расидаанд, ононе, ки омодагии болотару ахлоқи накӯтар доранд, сазовори онанд, ки барои ҷинси башарият намуна ва роҳнамо бошанд. Пас, бешак, Худованд бо Муҳаммад (с.а.в), ки дӯсту душман дар ҳаққи ӯ шаҳодат медиҳанд, ки ӯ соҳиби беҳтарин ахлоқу бузургтарин одоб аст, сухан мегӯяд. Ҳамон паёмбаре, ки панҷяки ҷаҳониён аз ӯ пайравӣ мекунанд ва дар зери парчами маънавии ӯ ними ҷаҳон пайваст шудаанд ва оянда  нуреро, ки ӯ овардааст, муддати бештар аз сездаҳ аср истифода мебаранд, Паёмбаре, ки ба ӯ аҳли имон ва мардуми нуронӣ ҳамеша салавот мефиристанд ва барои ӯ бо раҳмату саодату муҳаббат сано ва дуо мекунанд ва ҳамеша бо ӯ паймонро ҳамарӯза панҷ маротиба аз нав мебанданд. Дар ҳақиқат, Худованд бо ин Паёмбар (с.а.в) сухан гуфтааст, ҳатман чунин инсонро ҳамчун расул интихоб намудааст ва дар воқеъ, ӯро намуна ва пешвои тамоми мардумон гардонидааст, ки дар асл ҳам чунин аст.

(Аз куллиёти Рисолаи Нур)

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо