Қатиян бидон, ки “имон ба Аллоҳ” волотарин ҳадафи хилқат ва бузургтарин натиҷаи фитрат аст…

МАКТУБИ БИСТУМ

بِاسْمِهٖ سُبْحَانَهُ وَ اِنْ مِنْ شَىْءٍ اِلَّا يُسَبِّحُ بِحَمْدِهٖ

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحٖيمِ

لَا اِلٰهَ اِلَّا اللّٰهُ وَحْدَهُ لَا شَرٖيكَ لَهُ لَهُ الْمُلْكُ وَ لَهُ الْحَمْدُ يُحْيٖى وَ يُمٖيتُ وَ هُوَ حَىٌّ لَا يَمُوتُ بِيَدِهِ الْخَيْرُ وَ هُوَ عَلٰى كُلِّ شَىْءٍ قَدٖيرٌ وَ اِلَيْهِ الْمَصٖيرُ16

Ин ҷумлаи тавҳидӣ зимни ин ки ёздаҳ калимаро дорост, ба ривояти саҳиҳ, мартабаи исми аъзамро низ бо худ дорад ва такрори он баъд аз намози субҳу шом фазилати фаровоне дорад. Дар ҳар як калимаи он, ҳам муждау башорат, ҳам тавҳиду рубубият ва ҳам ба сабаби робитаи он бо исми аъзам як кибриёи ваҳдату як камоли ваҳдоният вуҷуд дорад.

Ин ҳақиқати бузургу воло дар ҳамаи Гуфторҳои “Расоили Нур” шарҳ дода мешаванд, танҳо дар инҷо бино бар ваъдае ки дода будем, ба шакли феҳрист ва ба сурати мухтасару хулоса, зимни як “муқаддима” ва “ду мақом” ба шарҳи он мепардозем.

 МУҚАДИМА

Қатиян бидон, ки “имон ба Аллоҳ” волотарин ҳадафи хилқат ва бузургтарин натиҷаи фитрат аст.

“Маърифатуллоҳ” дарунмои имон ба Аллоҳ, волотарин мартабаи инсоният ва бузургтарин мақоми башарият аст.

“Муҳаббатуллоҳ” дарунмои маърифати Аллоҳ, дурахшондатарин саъодату ширинтарин неъмат барои ҷинну инс мебошад.

“Лаззати рӯҳонӣ” дарунмои муҳаббатуллоҳ, беолоиштарин хурсандӣ барои рӯҳи башар ва поктарин шодӣ барои қалби инсон аст.

Бале бадурустӣ тамоми саъодатҳои ҳақиқию сурури ноб ва неъматҳои ширину лаззатҳои пок дар “Маърифатуллоҳ” ва “Муҳаббатуллоҳ” мебошад. Бале касби он, бе ин ду имконпазир нест.

Инсони Худошиносу дӯстдори Худованд, ё “би-л қувва” ва ё “би-л феъл” ғарқи саъодат, неъмат, анвору асрор мебошад, шахсе ки Ӯро нашиносад ва дӯстдори Ӯ набошад, ба сахтиҳои фаровону дардҳоу ваҳмҳои – ҳам маънавӣ ва ҳам моддӣ – гирифтор мешавад.

Бале, инсони мискину оҷиз, дар ин дунёи парешонҳол, овора дар байни башарият дар ҳаёти бесамар, бесоҳибу беҳомӣ басар мебарад, гарчи султони тамоми дунё бошад бефоидау беарзиш аст.

Пас ҳама инро дарк хоҳанд кард, ки инсон дар ин дунёи парешонҳолу фонӣ агар соҳибашро нашиносад ва моликашро наёбад, саргардону бечора аст.

Аммо агар соҳибашро биёбаду моликашро бишиносад, инзамон раҳматашро паноҳгоҳ ва қудраташро такягоҳи худ хоҳад кард, дар натиҷа он ваҳшатгоҳи дунё табдил ба тафриҳгоҳ ва маконе барои тиҷорат хоҳад шуд.

Аз куллиёти Рисоли Нур

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо