Яке аз муъҷизаҳои Паёмбари акрам (с.а.в) ин итоат намудани дарахтон ва аз ҷояшон бархоста…

ИШОРАИ НУҲУМ

Яке аз муъҷизаҳои Паёмбари акрам (с.а.в) ин итоат намудани дарахтон ва аз ҷояшон бархоста, ба монанди инсонҳо ба сӯйи ӯ омадани онҳост. Ин муъҷизаи дарахтон аз ҷиҳати маъно чун баромадани об аз ангуштони ӯ (с.а.в) мутавотиру мӯътамад буда, бо роҳҳои зиёд ривоят шудааст.

Бале! Гуфтан дуруст аст, ки канда шудани дарахтон ва бо амри Паёмбар (с.а.в) ба назди ӯ омадани онҳо мутавотири саҳеҳ мебошад, зеро ин ҳадис аз тарафи саҳобагони содиқ ба мисли Алӣ, Ибни Аббос, Ибни Масъуд, Ибни Умар, Яъло ибни Мурра, Ҷобир, Анас ибни Молик, Бурайда, Усома ибни Зайд ва Ғилон ибни Салама ва дигарон ривоят шудааст ва ҳар кадоми онҳо ин муъҷизаи мутааллиқ ба дарахтро бо исботи қатъӣ ривоят кардаанд. Садҳо тобеин аз онҳо ин ривоятро бо роҳҳои мухталиф ривоят намудаанд, ки дар аввали ҳар ривоят саҳобие қарор гирифтааст. Яъне ин ривоят барои мо чун мутавотири дучанд нақл шудааст ва аз ин сабаб дар ин муъҷиза шакку шубҳа ворид шуда наметавонад, зеро ин ривоят дар дараҷаи мутавотири маънавии қатъӣ мебошад. Ин муъҷиза бо вуҷуди оне, ки борҳо такрор шудааст, дар ин ҷо якчанд аз ривоятҳои саҳеҳи онро дар чанд мисол баён мекунем:

Мисоли якум. Ибни Моҷа, Дорамӣ ва Байҳақӣ аз Анас ибни Молик ва Алӣ ва Баззор ва Байҳақӣ аз Ибни Умар ривоят мекунанд, ки се саҳобаи Паёмбар (с.а.в) гуфтаанд Паёмбар (с.а.в) ба сабаби такзиб намудани кофирон хело ғамгин шуда буд ва гуфт:

“Парвардигоро! Барои ман нишонае баён намо, то баъди он ба касе, ки ба ман дурӯғ мегӯяд, аҳамият надиҳам”. Дар ривояти Анас омадааст: “Ҷаброил ҳангоме Паёмбар (с.а.в)-ро ғамгин дид, гуфт: “Мехоҳӣ барои ту нишонае баён кунам?”. Паёмбар (с.а.в) гуфт: “Бале!”. Сипас ба дарахте, ки дар пушти дарра буд, назар намуд. Ҷаброил ба ӯ гуфт: “Он дарахтро фарёд намо”. Он дарахт ба ҳаракат даромада, ба назди Паёмбар (с.а.в) омад, Ҷабраил ба ӯ гуфт: “Амр намо, то баргардад ва ба ҷойи худ биравад.”

Мисоли дуюм. Қози Айёз, олими Мағриб, дар китоби “Шифо”-и худ бо санади саҳеҳ аз Абдуллоҳ ибни Умар ривоят мекунад, ки ӯ гуфта: “Бо Паёмбар (с.а.в) дар сафаре будем, аъробие ба ӯ наздик шуд. Паёмбар (с.а.в) фармуд:

“Эй аъробӣ, куҷо меравӣ?”. Гуфт: “Ба тарафи хонаводаи худ”. Паёмбар (с.а.в) гуфт:

“Туро ба хайре роҳнамоӣ кунам?”. Гуфт: “Он хайр чист?”. Паёмбар (с.а.в) гуфт:

“Бар он шоҳидӣ медиҳӣ, ки ба ҷуз Худо маъбуде нест ва ӯ ягона ва шарике надорад ва Муҳаммад банда ва фиристодаи ӯст?”. Гуфт: “Ба гуфтаи ту кӣ шоҳидӣ медиҳад?”. Паёмбар (с.а.в) фармуд:

“Ин дарахти самурра”. Ва он дарахт дар лаби дарра буд. Он дарахт заминро шикофта, ҳар чи зуд дар назди Паёмбар (с.а.в) ҳозир шуд ва ӯ (с.а.в) се маротиба талаби шоҳидӣ пурсид ва дарахт шоҳидӣ доду сипас ба ҷойи худ баргашт”.

Аз Бурайда бо тариқи ибни Соҳиби Асламӣ ва бо нақли саҳеҳ ривоят шуда аст: “Аъробие аз Паёмбар (с.а.в) як нишона барои паёмбариаш пурсид. Паёмбар (с.а.в) ба ӯ гуфт:

“Ба он дарахт бигӯ, ки Паёмбар (с.а.в) туро ба назди худ мехонад”. Дарахт ба тарафи росту чап ва пешу ақиб такон хӯрда, решаҳои худро аз замин боз канд ва ба назди Паёмбар (с.а.в) ҳозир шуд ва гуфт: “Салом бар ту, эй Паёмбари Худо”. Он аъробӣ гуфт: “Амр кун то ба ҷойи худ баргардад”. Сипас он дарахт бо амри Паёмбар (с.а.в) ба ҷойи худ баргашта, ба ҳолати пешини худ истод. Он аъробӣ гуфт: “Барои ман иҷозат деҳ, то ба ту саҷда намоям”. Паёмбар (с.а.в) фармуд: “Агар касеро ба саҷда амр мекардам, занро амр мекардам, то ба шавҳари худ саҷда намояд”. Сипас гуфт: “Иҷозат деҳ, то дастону пойҳои туро бибӯсам” ва Паёмбар (с.а.в) ӯро иҷозат дод”.

Мисоли сеюм. Имом Муслим ва соҳибони китобҳои саҳеҳ аз Ҷобир (р) ривоят мекунанд, ки гуфтааст: “Дар сафаре бо Паёмбари Худо (с.а.в) будем. Паёмбар (с.а.в) барои қазои ҳоҷат рафт ва чизе барои пӯшондани худ пайдо накард, ду дарахтро дар паҳлуи дарра дид ва ба сӯйи яке аз онҳо рафт ва барге аз онро гирифта фармуд:

“Ба ман наздик шав!”. Он дарахт монанди шутуре ба ӯ наздик шуд ва ин корро дарахти дигар низ анҷом дод. Ҳангоме ки дар байни онҳо қарор гирифт, гуфт: “Бо амри Худо маро пӯшонед”. Онҳо Паёмбар (с.а.в)-ро паноҳ намуданд”. Сипас Паёмбар (с.а.в) дар пушти онҳо нишаст ва баъди қазои ҳоҷат онҳоро гуфт, ки ҳар кадом ба ҷойи худ баргардад.

Дар ривояти дигар Паёмбар (с.а.в) ба Ҷобир (р) фармуд:

“Эй Ҷобир, ба ин дарахт бигӯ, ки Паёмбари Худо (с.а.в) ба ту мефармояд, ки ба дигар дарахт пайваст шав, то ман дар пушташон биншинам”. Он дарахт ҳаракат намуд ва бо дигар дарахт пайваст шуд. Сипас Паёмбар (с.а.в) дар пушти онҳо нишаст. Ман баромадам ва нишаста, бо худам ҳарф мезадам. Ҳангоме ки рӯй гардондам, Паёмбар (с.а.в)-ро дар рӯ ба рӯйи худ дидам. Ҳарду дарахт аз якдигар дур шуда, ҳар кадомашон рост истодаанд. Паёмбари Худо (с.а.в) каме истод, сипас бо сари худ ин гуна ба тарафи чапу рост ишора намуд” .

Мисоли чоҳорум. Усома ибни Зайд, ходими рости Паёмбар (с.а.в) ва яке аз сарлашкаронаш ривоят мекунад, ки дар сафаре бо Паёмбар (с.а.в) будем ва барои қазои ҳоҷат ҷойи муносибе дур аз чашми мардум пайдо накард. Паёмбар (с.а.в) фармуд:

“Оё дарахти хурмо ё сангеро мушоҳида мекунед?”. Гуфтам: “Дарахтони хурмои бо ҳам наздикро мебинам”. Паёмбар (с.а.в) фармуд:

“Бирав ва ба онҳо бигӯ, ки Паёмбари Худо (с.а.в) шуморо амр мекунад, то барои паноҳ намудани ӯ ҳозир шавед ва сангҳоро низ чунин бигӯ”. Ман суханҳои Паёмбар (с.а.в)-ро ба онҳо гуфтам ва қасам ба Зоте, ки ӯро ба дини ҳақ фиристодааст, дарахтони хурморо дидам, ки бо ҳам наздик мешаванд, то ин ки якҷо шуданд ва сангҳоро дидам, ки бар болои якдигар меистанд, то ин ки дар пушти онҳо чун девор қарор гирифтанд ва баъди он ки Паёмбар (с.а.в) қазои ҳоҷат намуд, ба ман фармуд:

“Ба онҳо бигӯ, то пароканда шаванд”. Қасам ба он Зоте, ки ҷони ман дар яди ӯст, дарахтони хурмо ва сангҳоро дидам, ки ҳама пароканда шуданд, то ин ки ба ҷойҳои худ баргаштанд”.

Ин ду ҳодисаеро, ки Ҷобир ва Усома ривоят кардаанд, Яъло ибни Мурра, Ғилон ибни Саламати сақафӣ ва Ибни Масъуд ба вуқӯъ омадани онро дар ғазваи Уҳуд ривоят кардаанд.

Мисоли панҷум. Алломаи даврони худ, Ибни Фаврак, ки Шофеъии дувум номида мешуд, дар “Киноя аз ҷиҳод ва фазли ӯ” зикр намудааст: “Паёмбар (с.а.в) дар ғазваи Тоиф шабона дар ҳолати нимхобӣ ҳаракат мекард, ки дарахти сидра дар пеши роҳи ӯ монеа шуд. Он дарахт дупора гашт, то аз байни онҳо гузашт ва ҳамчунин, то омадани мо ба ду соқ боқӣ монд” .

Мисоли шашум. Яъло ибни Сиёба ривоят мекунад, ки дарахтоне бо номи талҳа ё самура ба назди Паёмбар (с.а.в) омада, атрофи ӯ давр заданду сипас ба ҷойи худ баргаштанд. Паёмбар (с.а.в) фармуд:

Иҷозат хост, то ба ман салом диҳад” (яъне аз Парвардигор иҷозат хост).

Мисоли ҳафтум. Шайхайн аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят мекунанд, ки ӯ гуфтааст: “Дарахте Паёмбар (с.а.в)-ро дар хусуси ҷин дар он шабе, ки ҷинҳо ба ӯ гӯш доданд, хабар намудааст”. Он замоне, ки ҷинҳои Насибин дар Батнинахл барои қабули Ислом омада буданд, дарахте омадани онҳоро ба Паёмбар (с.а.в) хабар дод.

Муҷоҳид аз Ибни Аббос дар хусуси ин ҳадис чунин ривоят мекунад: “Ҷинҳо ба Паёмбар (с.а.в) гуфтанд, ки кӣ ба ту гувоҳӣ медиҳад?” Паёмбар (с.а.в) гуфт: “Ин дарахт”. Сипас ба дарахт хитоб намуда, ӯро ба назди худ хонд. Он дарахт решаҳои худро рӯ-рӯйи замин бардошта, бо садое монанди садои аслиҳа ба назди Паёмбар (с.а.в) омад.

Танҳо ҳамин як муъҷиза барои гурӯҳе аз ҷинҳо кофӣ буд. Пас инсоне, ки ҳазорон муъҷизаро аз ин қабил мешунавад, вале имон намеоварад, оё гумроҳтар аз он шайтоне нест, ки Қуръон дар бораи он аз забони дигар ҷинҳояш чунин гуфтааст:

Ва (бояд бидонед) ки аҳмақе аз мо (яъне Иблис) ифтиро мекард бар Худо дурӯғро”.

Мисоли ҳаштум. Имом Тирмизӣ аз Ибни Аббос ривоят мекунад, ки Паёмбар (с.а.в) ба аъробие гуфт:

“Агар ин шохаи дарахти хурморо ба назди худ бихонам, оё ту шаҳодат медиҳӣ, ки ман Паёмбари Худо (с.а.в) мебошам?.” Гуфт: “Бале!”. Паёмбар (с.а.в) он шохаро садо кард ва он парида-парида ба назди Паёмбар (с.а.в) омад. Сипас Паёмбар (с.а.в) ба он гуфт: “Баргард!”. Он ба ҷойи худ баргашт”.

Мисолҳои зиёде вуҷуд дорад, ки  бо роҳҳои гуногун ривоят шудаанд ва маълум аст, ки агар якчанд ришта бо ҳам ҷамъ шаванд, табдил ба як ресмонӣ қавӣ мешаванд. Ҳамчунин ҳамин муъҷизае, ки ба дарахт тааллуқ дорад ва бо роҳҳои гуногун аз саҳобагони гиромӣ ривоят шудааст, дар дараҷаи қувваи тавотури маънавӣ қарор мегирад, балки он худ мутавотири ҳақиқӣ мебошад. Бидуни шак, ҳангоми ривояти он аз тобеин хусусияти тавотурро мегирад, хусусан дар санадҳое, ки соҳибони сиҳоҳ ба монанди Бухорӣ, Муслим, Ибни Ҳаббон, Тирмизӣ ва ғайра пеш гирифтаанд, ҳамааш бешубҳа саҳеҳ мебошанд. Балки метавон гуфт, ки ҳар ҳадисе, ки дар Бухорӣ омада бошад, монанди он аст, ки аз худи саҳоба шунида мешавад.

Пас агар ин дарахтон Паёмбар (с.а.в) -ро шинохта, ба дигарон шиносонда бошанд ва рисолати ӯро тасдиқ карда, бар ӯ салом дода бошанд ва ҳамон гуна, ки дидем, ӯро зиёрат намуда, фармонҳои ӯро ба ҷо овардаанд, пас чӣ гуна ин мавҷуди аҳмақ, ки худро инсон меҳисобад, ӯро намедонад ва намешиносад? Оё ин барои дил ва ақл нанг нест? Оё чунин инсон аз дарахти хушк пасттар ва аз ҳезуме, ки барои оташ афрӯхтан аст, беарзиштар нест?

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо