“Эй мардумон! Парвардигори хешро бипарастед, то парҳезгор бошед…

Аз китоби “Ишоратул-Иъҷоз”

 

يَآ اَيُّهَا النَّاسُ اعْبُدُوا رَبَّكُمُ الَّذِى خَلَقَكُمْ وَ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ ❊ اَلَّذِى جَعَلَ لَكُمُ  اْلاَرْضَ فِرَاشًا وَالسَّمَآءَ بِنَاءً وَاَنْزَلَ مِنَ السَّمَاءِ

مَاءً فَاَخْرَجَ بِهِ مِنَ الثَمَرَاتِ رِزْقًا لَكُمْ فَلاَ تَجْعَلُوا لِلّهِ اَنْدَادًا وَ اَنْتُمْ تَعْلَمُونَ

Яъне: “Эй мардумон! Парвардигори хешро бипарастед, то парҳезгор бошед. – Он, ки шумо ва касони пеш аз шуморо офарид, ки ба мартабаи тақво восил шуда битавонед. Ва боз ба парвардигори худ ибодат кунед. Он, ки заминро барои шумо фарше сохт ва осмонро сақфе; ва аз осмон об фуруд овард, пас, ба сабаби вай меваҳои гуногунро берун овард – рўзӣ барои шумо. Пас, дидаву дониста барои Худо мисл ва шарик насозед. Медонед, ки ғайр аз Худованд ба шумоён маъбуд ва холиқ нест.”

 

Муқаддима

Ҳукмҳои ақидавӣ ва имониро қавӣ ва сабит (мустаҳкам) кардан ба ҳоли малака ва одат оваранда танҳо ибодат аст. Бале, бо ибодат, ки иборат аст аз иҷро кардани амрҳои Аллоҳ (ҷ) ва иҷтиноб ва худдорӣ аз гуноҳҳои ӯ мебошад, Ҳукмҳои имоние, ки виҷдонӣ ва ақлианд, тарбия ва тақвия нашавад, асарҳояш ва таъсироташ заиф хоҳад монд. Ба ин ҳол, ҳоли ҳозири вазияти олами Ислом шоҳид аст.

Ва ҳоказо, ибодат чи тавре, ки василаи саодатҳои дунё ва охират мебошад, ба маош ва моида, яъне ба танзими корҳои дунё ва охират сабаб мешавад ва ба камолоти шахсӣ ва навъи восита аст. Дар миёни Холиқ ва абд як нисбати хеле баланд, як робитаи бо шараф мебошад.

Эзоҳи ҷиҳотҳои ибодат, ки василаи саодати дунё шудааст:

Якум: инсон, аз тамоми ҳайвонот басурати мумтоз ва мустасно бо мизоҷи аҷиб ва латиф офарида шудааст. Аз рӯи он мизоҷ дар  инсон қисм қисим майлҳо, орзуҳо ба вуҷуд омадааст. Масалан: Инсон чизҳои хеле интихобшударо мехоҳад, ба чизҳои хеле хубу зебо майл мекунад ва чизҳои зиннатдорро орзу мекунад, бо як маишат ва бо як шарафи лоиқ ба инсоният зиндагӣ кардан мехоҳад.

Бар ҳисоби иқтизои ин майлҳо, монанди хӯрданӣ, пӯшиданӣ ва ҳоҷатҳои худро ба сурати хеле хуб ба даст овардан ба бисёр санъатҳо иҳтиёҷ хоҳад дошт. Ба хотири надоштани маълумот ба он санъатҳо бо ибнаи ҷинси худ, яъне бо ҳамҷинсони худ дар корҳо муштаракона кор кардан маҷбур хоҳад шуд, ки ҳар як ба самараи сӯи худ ба рафиқи худ, бо сурати даст дарозкунӣ кумак ба якдигар хоҳад кард ва дар ин соя эҳтиёҷоти худро пешниҳод карда битавонад.

Танҳо қувваи шаҳвия ва қуваи ғазабие, ки дар инсон маваҷуд аст, аз тарафи Сонеъ таҳтид нашудааст ва бо ҷузъи ихтиёри инсон барои таъмини тарқи ӯ ин қувватҳо ифсор гусихта ва худсарона раҳо карда шудаанд, ки аз ин ҷиҳат, дар муомилот зулум ва таҷовузот  ба вуқӯъ хоҳад омад. Барои монеъ шудан аз ин таҷовузот, ҷамоати инсонӣ дар мубодила кардан самараҳои саю кушишашон ба адолат мӯҳтоҷ ҳастанд. Лекин ақли ҳар фард низ аз идроки адолат оҷиз аст, аз ин сабаб, ба як ақл кулли эҳтиёҷ аст, ки фардҳо, аз он ақл кулли истифода кунанд. Ингуна як ақл куллӣ низ ба шакли як қонун хоҳад буд. Ингуна як қонун, танҳо шариат аст.

Баъдан, барои таъмин ва тасис кардан итоат ва инқиёд ӯ амру наҳӣ Ҷаноби Ҳақ, азамати Сонеъро дар зеҳнҳо тасбит кардан иҳтиёҷ аст. Ин тасбит низ танҳо бо ақидаҳо, яъне бо таҷаллӣи аҳкоми имон хоҳад шуд. Тақвия ва инкишоф ҳукмҳои имонӣ, танҳо бо такрор ва бо таҷаддуд ва тозагии ибодат хоҳад шуд.

Дувум: Ибодат барои фикрҳо ба Сонеъи Ҳаким баргардондан аст. Диққати банда ба Сонеъи Ҳаким, итоат ва инқиёдашро натиҷа медиҳад. Итоат ва инқиёт бошад, абдро таҳти интизом акмал (ба пуррагӣ) дохил мекунад. Бо таҳти интизом даромадани абд ва бо тобешудани ӯ ба низом, сарри ҳикмат таҳқуқ мекунад. Ҳикмат бошад, бо нақшаҳои санъатие, ки дар саҳифаҳои коинот медурахшад дида мешавад.

Сеюм: Инсон, монанди марказ ба тамоми низомҳои хилқат ва ба қонунҳои фитрат ва ба қонунҳои илоҳие, ки дар коинот вуҷуд дорад ба шуоъҳои он як марказ аст. Ҳамчунон, иртибот намудан инсон ба он қонунҳо ва ба домани он номусҳо часпидан лозим аст, ки ҷараёни умумиро таъмин кунад. Чарғу фалакҳое, ки дар табақоти олам дар гардиш ва чархидан, бо мухолифат кардан ба харакати онҳо дар зери чарғҳои  онҳо поймол нашавад. Ин танҳо, бо ибодат, ки иборат аст, аз амру наҳӣ аст мумкин мебошад.

Чаҳорум: Дар сояи имтисол ба ӯ амр, иҷтиноб кардан аз навҳои як фард, дар ҳаёти иҷтимои бо бисёр маротибаҳо нисбат пайдо хоҳад кард ва алоқадор хоҳад шуд. Махсусан дар аҳком дини ва масолеҳи умуми як фард, ба ҳукми як навъ хоҳад гашт. Яъне, монанди ҳуқуқҳо, ҳайсиётҳо, иршодҳо, таълимҳо, ислоҳҳо хеле зиёди вазифаҳо, болои як шахсе бор хоҳад шуд. Агар он шахсе, ки ба амр имтисол ва аз наҳӣ ҳазар кардан набошад, он вазифаҳо тамоман поймол хоҳад шуд.

Панҷум: Инсон, дар сояи Исломият бо соиқаи ибодат ба муқобили тамоми мусулмонон як муносибат пайдо хоҳад кард, инҳо бошад бо як ухуватӣ маҳкам ва устувор, ба як муҳабати ҳақиқи сабаб хоҳад шуд. Зотан ба камол ва тарақи як хаёти иҷтимои нахустин ва аз ҳама аввалин зина ухувват ҳамроҳ бо муҳаббат мебошад.

 

Эзоҳ, сабаби ибодат ба камолоти шахсӣ:

Инсон, баробар бо ҷисман хурд, заиф ва оҷиз  буданаш, дар ҳоле ки аз ҳайвонот ҳисоб шудааст, як рӯҳи хаёлии аълоиро ба худ гирифта ва бениҳоят ба як истеъдоди хаёлии бузург молик аст ва дараҷаи беҳудуди майлҳо дорад ва соҳиби амалҳо ва орзуҳои ғайри мутаноҳиҳое мебошад ва фикрҳо бисёр зиёд ва бе маҳдуд ва ингуна аҷиб як хилқат офаринаш дорад, ки гуё ба тамоми анвоъи оламҳо ба мисли феҳрист офарида шудааст.

Ин чунин он рӯҳи олие, ки инсонро вусъат диҳанда, ибодат аст. Инкишоф диҳандаи қобилиятҳояш, ибодат аст. Тамиз ва бозинат кунандаи майлҳояш, ибодат аст. Таҳаққуқ бахшидан ба амалҳо ва орзуҳояш, ибодат аст. Фикрҳояшро тавсеа ва ба зери интизом гирифтан, ибодат аст. Бартараф кунандаи “зангҳои табиат”, ки узвҳоро, ҳиссиётҳоро ва зоҳириву ботиниашро чирк карданд, ибодат аст. Инсонро ба камолоте, ки муқаддар расонидан, ибодат аст. Миёни абд ва Маъбуд нисбати хеле  олӣ ва хеле латиф, танҳо ибодат аст.

Бале, болотарин камолоти башар ин нисбат ва муносиб аст.

Ихтор: Рӯҳи ибодат, ихлос аст. Ихлос бошад, ибодати баҷо оварда шуда, танҳо ба хотири амр шуданаш баҷо овардан аст. Агар дигар ғайр аз он як ҳикмат ва як фоида ба ибодат иллат шавад, ин ибодат ботил аст. Фоидоҳо,  ҳикматҳо танҳо тарҷеҳ шуда метавонад; иллат шуда наметавонад.

Саъид Нурсӣ

 



Мақолаҳо