Шикоят беморӣ ва мусибатро афзун мекунад…

ДАВОИ ДАҲУМ

 Эй маризе, ки бе фоида нигарони мекунӣ! Ту аз сангинии маризии худ нигарони мекунӣ. Он нигаронии ту он маризии туро сангинтар месозад. Кам шудани маризии худро агар мехоҳӣ, ба нигарони накардан кушиш кун. Яъне фоидаҳои маризии худро ва савобашро ва тез гузаштанашро фикр кун, нигарониро бардор, решаи маризиро қатъ кун. Бале нигаронӣ маризиро дучанд месозад; дар зери маризи моддӣ бо нигаронӣ як маризии маънавиро ба қалб медиҳад; маризи моддӣ ба он такя карда, давом мекунад. Агар бо таслимият, бо ризо, бо фикр кардани ҳиқмати маризӣ он нигаронӣ биравад, як решаи муҳими он маризи моддӣ қатъ хоҳад шуд, кам хоҳад шуд, қисман хоҳад рафт. Хусусан бо авҳом як дирҳам маризи моддӣ баъзан бо воситаи нигаронӣ ба қадри даҳ дирҳам бузург хоҳад шуд. Бо қатъ шудани нигаронӣ аз даҳ ҳисса нӯҳ ҳисаи он маризӣ хоҳад рафт.

Азбаски нигаронӣ, маризро зиёда месозад, ҳамон барои ин, ки ба ҳукми ҳикмати Илоҳиро иттиҳом ва раҳмати Илоҳиро танқид ва аз Холиқи Раҳими худ шикоят ба шумор меравад; бо акси мақсади худ шаллоқ мехӯрад, маризии худро зиёдтар месозанд. Онгуна низ шикоят маризиро ва мусибатро афзун мекунад.

Ҳам худи нигаронӣ низ, як маризӣ буда, илоҷи он, ҳикмати маризиро донистан мебошад. Модоме, ки ҳикмат ва фоидаашро донистӣ, он марҳамро ба нигаронӣ бимол наҷот пайдо кун. Ба ҷойи «уф» «оҳ» бигӯ, баҷои «афсӯс» бигӯ.

 

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо