Чунонки ҳар яке ба вуҷуби вуҷудӣ як Сонеъи Ҳаким шаҳодат ва ба ваҳдати рубубияти ӯ ишорат мекунад, маҷмӯъи он ба як тарзи хеле дурахшон, як Воҷибул Вуҷуди бениҳоят Қадир, ва бениҳоят Ҳакимро нишон медиҳам…

Панҷараи панҷум

Мебинем ки ашё, хусусан онҳое ки зиҳаёт ҳастанд, ба намуди дафъа дар як замони ногаҳонӣ ба вуҷуд меоянд. Дар ҳол, чизҳое  ки ба як сурати дафъаи ногаҳонӣ  аз як моддаи  басит  мебарояд ва дар ҳоле ки хеле басит, бе шакл, бе санъат буданашон лозим аст; дар як ҳусни санъате, ки ба бисёр маҳорат мӯҳтоҷ бо нақшаҳои мунққашӣ эҳтимодкорона, ки ба бисёр замон мӯҳтоҷ, бо санъатҳои аҷиб ва музмин ба бисёр олот мӯҳтоҷ, ба як сурате ки ба бисёр моддаҳо мӯҳтоҷ офарида мешаванд.

Ингуна ин санъати хориқа ва ҳайати зебое, ки ба сурати дафъа ва ногаҳонӣ вуҷуд меоянд, чунонки ҳар яке ба вуҷуби вуҷудӣ як Сонеъи Ҳаким шаҳодат ва ба ваҳдати рубубияти ӯ ишорат мекунад, маҷмӯъи он ба як тарзи хеле дурахшон, як Воҷибул Вуҷуди бениҳоят Қадир, ва бениҳоят Ҳакимро нишон медиҳам.

Ҳоло, эй мункири сарсам! Зуд бош, инро бо чи эзоҳ хоҳӣ кард? Оё бо табиате ки монанди ту сарсам, аҷз, ҷоҳил аст бо он? Ва ё инки оё беҳад дараҷа хато намуда ба он сонеъи муқаддас исми табиатро дода, муҷизоти қудрати ӯро бо баҳонаи он исм монанд, ба табиат иснод карда ҳазор дараҷа муҳолро якбора иртикоб кардан мехоҳӣ?

(Аз куллиёти Рисолаи Нур)

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо