Савол: Ҷиҳати далолат олами асғар (хурдтарин) ва акбарро ки инсон ва коинот аст, ба вуҷуб ва ваҳдонияти Илоҳӣ ва…

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحٖيمِ

سَنُرٖيهِمْ اٰيَاتِنَا فِى الْاٰفَاقِ وَفٖٓى اَنْفُسِهِمْ حَتّٰى يَتَبَيَّنَ لَهُمْ اَنَّهُ الْحَقُّ اَوَلَمْ يَكْفِ بِرَبِّكَ اَنَّهُ عَلٰى كُلِّ شَىْءٍ شَهٖيدٌ

 

Савол: Ҷиҳати далолат олами асғар (хурдтарин) ва акбарро ки инсон ва коинот аст, ба вуҷуб ва ваҳдонияти Илоҳӣ ва авсоф ва шууноти Раббоние, ки ин ду ояти ҷамъи онро ифода мекунад, ба як сурати муҷмал ва кӯтоҳ, баёнҳои онҳоро мехоҳем. Чунки, мункирҳо хеле пеш рафтанд, то чӣ вақт “Ва Ҳува Ала Кулли Шайин Кадир” гуфта, дасти худро боло хоҳем кард мегуянд.

Ҷавоб: Тамоми сиву се адад гуфторҳое ки навишта шудааст, аз баҳри ҳақиқате ки аз он оят файз гирифтааст, сиву се қатра мебошад. Ба онҳо нигоҳ кунед, ҷавоби худро гирифта хоҳед тавонист. Ҳоло танҳо ба ришҳоти як қатраи он баҳра аз навъи ишорат ингуна мегуем ки:

Масалан: Чунки як зоти муъҷизанамо, бихоҳад ки як қасри бузургеро бисозад, аввалан бунёдҳояшро, асосҳояшро, мунтазиман вазъ хоҳад кард. Ва ба як тирезае ки ба натиҷаҳо ва мақсадҳое ки дар он мувофиқи он бошад, тартиб хоҳад кард. Баъдан ба манзилҳо ва қисмҳо ба маҳорати тафриқ ва тафсил мекунад. Баъдан он манзилҳоро тартиб ва танзим мекунад. Баъдан бо нақшаҳо танзин мекунад. Баъдан бо чароғҳои барқӣ танвир мекунад. Баъдан дар он қасри мӯҳташам ва бо зиннат барои таҷдид намудани маҳорати худ, эҳсоноти худ, дар ҳар як табақа тоза – тоза, нав – нав эҷодҳо, табдилҳо, таҳвилҳо мекунад. Баъдан дар ҳар манзил марбут ба мақоми худаш як телефон рабт карда як – як панҷара боз намуда аз ҳар яки мақоми ӯ дида мешавад.

Айнан монанди он: “Валилаҳил Масалил-Ала” Сонеъи Зулҷалол; Ҳокими Ҳаким, Адли Ҳаким ва бо ҳазор ва як асмои Қудсӣ Фотири Бемисол, эҷоди ин олами акбарро ки коинот аст ва шаҷараи хилқат аст, ирода намуд, дар шаш рӯз эҳсосоти он қасрро, он шаҷараро бо дасотири ҳикмат ва қавонини олами азалӣ вазъ намуд, баъдан ба табақот ва шохаҳои улвӣ ва суфлӣ ҷудо намуда, бо дасотири қазо ва қадр тафсил ва тасвир намуд. Баъдан ҳар тоифа ва ҳар табақа ҳар махлуқотро бо дастури сунъӣ ва иноят танзим намуд. Баъдан ҳар чизро, ҳар оламро, лоиқ ба тарзи худаш, масалан: Чунонки саморо (осмонро) бо ситораҳо, заминро бо гулҳо ва шукуфаҳо тазйин намуд, бо зиннат намуд ва тазйин намуд. Баъдан дар он майдонҳои қавотини кулли ва дасотири умумӣ, асмои худро таҷалли кунонида танвир намуд. Баъдан ба фардҳои ки яке аз тазйиқи ин қонуни кулли фарёд намудаанд, номҳои Раҳмони Раҳими худро ба як сурати хусусӣ ба имдодашон расонид. Пас, дар дохили он дасотири куллӣ ва умумӣ; эҳсоноти хусусӣ, имдодҳои хусусӣ ва ҷилваҳои хусусӣ ӯ ҳаст, ки ҳар чиз ҳар вақт, ба хотири ҳар ҳоҷати худ аз ӯ истимдод мекунад, ба ӯ нигоҳ карда метавонад баъдан аз ҳар манзил, аз ҳар табақа, аз ҳар олам, аз ҳар тоифа, аз ҳар чиз, барои нишон додани худ яъне барои фаҳмондани вуҷуди худ ва ваҳдати худ, панҷараҳо боз намудааст.

Ҳоло аз ин панҷараҳоӣ беҳад ва албатта аз ҳадди худ боло ба баҳсу ташабус намекунем. Онҳоро ба илми муҳити Илоҳӣ ҳавола намуд, танҳо “Сиву се Панҷара” ки ламъаҳое аз ояти Қуръон аст, Гуфтори Сиву сеюми Мактуби Сиву сеюм, ки ба сиву се адади тасбеҳоти баъди намоз мувофиқ мебошад, ба “Сиву се Панҷара ба як сурати иҷмолӣ ва мухтасар, ишорат намуда, изоҳи онҳоро ба соир Гуфторҳо хавола мекунем…

 

Панҷараи якум

Билмушоҳида мебенем ки: тамоми ашё, хусусан онҳо яке зиҳаётанд, хеле зиёд ҳоҷати мухталиф ва хеле зиёд матолиби (талабҳои) мутанаввиъ (гуногун) доранд. Он матолибҳояшон, он хоҷатҳояшон аз ҷое ки ҳеҷ умед карда намешуд ва аз ҷое ки ҳеҷ намедонанд ва аз ҷое ки ба он дасташон намерасад, дар як вақти муносиб ва лоиқ ба онҳо дода мешавад,  ба имдодашон расонида мешавад. Дар ҳоле, ки ба он мақсадҳои беҳадашон ба хурдтарини он, қудрати он мӯҳтоҷҳо нахоҳад расид, дасташон ба онҳо нахоҳад расид. Ту ба худ нигоҳ кун: монанди хоссаҳои (ҳиссаҳои) зоҳирӣ ва ботинӣ ва монанди лавозимоти онҳо ба чӣ қадар чизҳое ки дастат ба онҳо намерасад мӯҳтоҷ ҳастӣ. Тамоми зи ҳаётҳоро ба худ қиёс кун. Инак тамоми онҳо, чунон ки як–як ба вуҷуди Воҷибул вуҷуди шаҳодат ва ба ваҳдати ӯ ишорат мекунанд; бо ҳайати маҷмӯи худ, чунон ки зояи (равшанӣ) офтобро нишон медиҳад; он ҳол ва ин кайфият, дар ақиби пардаи ғайб як Воҷибул Вуҷудро, як Воҳиди Аҳадро, дар дохили унвонҳои ҳам хеле Карим, Раҳим, Мураббӣ, Мудаббир ба ақл нишон медиҳад.

Ҳоло эй мункири ҷоҳил ва эй фосиқи ғофил! Ин фаолияти  ҳакимона, басирона, раҳимонаро бо чӣ эзоҳ карда хоҳӣ тавонист? Оё бо  табиати кар? Оё қуввати кӯр? Оё бо тасодуффи сарсам? Оё бо асбоби аҷз ва ҷомид эзоҳ карда хоҳи тавонист?

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо