«Паёмбар (с.а.в) дар ҷанги Бадр панҷае аз хоку сангрезаҳоро гирифта, ба рӯйи лашкари кофирон пош медод ва мегуфт…

ИШОРАИ ДУВОЗДАҲУМ

Се мисоли муҳиме, ки ба ишораи ёздаҳум рабт доранд.

Мисоли якум. Ояти каримаи

وَمَا رَمَيْتَ اِذْ رَمَيْتَ وَلٰكِنَّ اللهَ رَمٰى 

 «Ва ту (ай Муҳаммад с) наяндохтӣ (мушти хокро ба сӯйи онон), вақте ки андохтӣ, лек Худо андохт (ки дар чашмҳояшон дохил шуд он резаҳои хок ва кӯру нобино гашта ҳалок шуданд)» (сураи «Анфол», 17) бо ибораи қотеъ ва бо таҳқиқи ҷамъи муфассирон, олимон ва имомони ҳадис баёнгар он аст, ки «Паёмбар (с.а.в) дар ҷанги Бадр панҷае аз хоку сангрезаҳоро гирифта, ба рӯйи лашкари кофирон пош медод ва мегуфт: شَاهَتِ الْوُجُوهُ  «Зишт шавад рӯятон»[158] ва он хок ба чашму гӯшҳои ҳамаи мушрикон медаромад ва ибораи «зишту бенамуд бод рӯйҳо» таъсири худро мерасонид ва онҳо баъд аз оне, ки дар ҳоли ҳуҷум бар алайҳи мусалмонон буданд, машғул бо чашму гӯшҳои худ шуданд ва фирор карданд.

Имом Муслим ривоят мекунад,[159] ки вақте дар ҷанги Ҳунайн кофирон бар рӯйи мусалмонон ҳуҷум мекарданд, Паёмбар (с.а.в) як мушт хокро гирифта, ба рӯйи мушрикон пош медиҳад ва мегӯяд:  «Зишту бенамуд бод рӯйҳо» ва бо ризои Худованд ягон нафаре аз онҳо намонд, магар ин ки чашмонашон пур аз хок шуд ва гӯё чун ин калимаро шуниданд, рӯй ба фирор ниҳоданд.

Пас ин ҳодисаҳои ғайриоддӣ дар ҷанги Бадр ва Ҳунайн рух дода буд. Инҳо ҳодисаҳое буданд, ки болотар аз қудрат ва тавони башар мебошанд ва дар айни ҳол ҳеҷ имкон надорад, ки онро ба ину он сабабҳои табиӣ нисбат дод ва аз ин рӯ, Худованд мегӯяд:

وَمَا رَمَيْتَ اِذْ رَمَيْتَ وَلٰكِنَّ اللهَ رَمٰى 

«Ва ту (ай Муҳаммад (с.а.внаяндохтӣ (мушти хокро ба сӯи ононвақте ки андохтӣлек Худо андохт (ки дар чашмҳояшондохил шуд он резаҳои хок ва кӯру нобино гашта ҳалокшуданд)» (сураи «Анфол», 17). Яъне дар ҳақиқат ин ҳодисаҳо аз қудрати хоси илоҳист.

Мисоли дуюм. Китобҳои ҳадис ва дар пешсафи онҳо Бухорӣ ва Муслим овардаанд: «Яҳудизане бо номи Зайнаб бинти Ҳарс дар ҷанги Хайбар як бузеро бирён карда, онро заҳролуд намуда, ба Паёмбар (с.а.в) ҳадя мекунад. Паёмбар (с.а.в) аз он гӯшт мехӯрад ва дигарон низ мехӯранд. Сипас Паёмбар (с.а.в) мегӯяд:

اِرْفَعُۤوا اَيْدِيَكُمْ اِنَّهَۤا اَخْبَرَتْنِى اَنَّهَا مَسْمُومَةٌ 

«Дастҳоятонро боло бардоред, ки ӯ ба ман хабар дод, ки дар воқеъ, гӯсфанд заҳролуд аст». Ҳама дастҳояшонро бардоштанд, магар Бушр писари ал-Барро, ки баъдан аз таъсири заҳр вафот кард. Паёмбар (с.а.в) он яҳудизанро ба наздаш мехонад ва ба ӯ мегӯяд: «Чӣ туро маҷбур кард, то ин корро анҷом додӣ?». Гуфт:«Агар Паёмбар (с.а.в) бошӣ, он чизе, ки ман омода кардам, ба ту зарар намерасонад ва агар подшоҳ бошӣ, мардумро аз пайравии ту боз медорам». Сипас Паёмбар (с.а.в) дастур дод, то он занро куштанд.[160] Дар баъзе ривоятҳои дигар омадааст, ки ба куштани ӯ амр накарда буд ва олимону муҳаққиқон мегӯянд: «Ба куштанаш амр накарда буд, балки ӯро ба соҳибони Бушр ибни Албарро супорид ва онҳо ӯро куштанд».[161]

Ҳоло барои тавзеҳи мӯъҷиза будани ин ҳодиса ба ин се мисол гӯш намо:

Якум, Дар ривояте омадааст, ки чанде аз саҳобагон овози бузро шуниданд, ки аз заҳролуд будани он хабар медод.[162]

Дуюм. Дар ривояти дигаре омадааст, ки пас аз оне ки Паёмбар (с.а.в) аз ин масъала хабар медиҳад, мегӯяд: «Бисмиллоҳ бигӯед, сипас онро бихӯред». Дар ҳақиқат, баъди зикри номи Худо дигар он зарар намекунад. Ин ривоятро агарчӣ Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ қабул надорад, вале олимони зиёде онро қабул доранд.

Сеюм. Дар воқеъ, тамоми касоне, ки сухани Паёмбар (с.а.в) -ро шунида буданд, ки мегуфт: «Он ба ман хабар дод, ки заҳролуд ҳастам», итминон ҳосил намуданд ва гӯё ин суханро бо гӯши худ шунидаанд. Зеро онҳо боре ҳам аз Паёмбар (с.а.в) сухане нашунидаанд, ки бо воқеият мухолиф бошад ва ин сухан яке аз онҳост. Ҳангоме ки яҳудиҳо нақша мекашанд, то зарбаи аламоварро ба Паёмбар (с.а.в) ва асҳоби киром (р) бизананд, тамоми машварат, маслиҳат, макр ва дасисаи онҳоро оиди сӯйиқасд тавассути як хабари ғайбӣ хунсо мекунад ва воқеа ҳамчуноне мешавад, ки Паёмбар (с.а.в) хабар медиҳад.

Мисоли сеюм. Мӯъҷизаи Паёмбар (с.а.в) дар се ҳодиса ба мӯъҷизаҳои ҳазрати Мӯсо (а) монандӣ доранд, ҳамчун мӯъҷизаи дасти сафеду асои он.

Ҳодисаи якум. Имом Аҳмад аз Абӯсаиди Худрӣ ҳадиси саҳеҳеро ривоят мекунад[163] ки Паёмбар (с.а.в) ба Қитода ибни Нӯъмон, ки бо ӯ намози хуфтанро хонд, дар як шаби торику боронӣ як асои хурди кӯтоҳе дода мегӯяд: «Ин асоро бо худ бибар, ки он даҳ равшанӣ аз пеш ва даҳ равшанӣ аз пушти ту мекунад. Вақте вориди хонаат шудӣ, сиёяҳиро хоҳӣ дид ва ӯро бо ин асо бизан, ки он шайтон аст». Пас Қатода ба роҳ афтод ва он асо ба монанди дасти нуронӣ ба ӯ равшанӣ мекард, то ин ки вориди хонаи худ шуд ва дар онҷо сиёҳиро дид ва ӯро бо он асо зада ронд».

Ҳодисаи дуюм. Шамшери Аккоша ибни Муҳсини Асадӣ дар ҷанги Бадр, дар он ҷанге, ки пур аз ҳодисаҳои аҷибу ҳайратовар буд, мешиканад. Паёмбар (с.а.в) ба ӯ як чӯби ғафси дароз дода мегӯяд: «Бо ин бизан»!, пас он чӯб ба як шамшери тез, дароз, сафед ва оҳанин табдил меёбад ва ӯ бо он шамшер меҷангад. ӯ бо ин шамшери худ дар чандин ҷангҳои дигар ширкат мекунад, то ин ки он дар ғазваи аҳли Ридда»[164] дар Ямома шаҳид мешавад.

Ин ҳодиса қотеъона собит шудааст. Аккоша дар тӯли умраш бо он шамшер ифтихор мекард ва он шамшерро «Авн» номид. Шӯҳрат ёфтани номи «Авн» бар ин шамшер ва ифтихор намудани Аккоша бо он ду далел ва ҳуҷҷате ҳастанд бар ҳақиқати ин ҳодиса.

Ҳодисаи сеюм. Ибни Абдулбар,[165] ки яке аз алломаҳо ва олимони муҳаққиқони даврони худ мебошад, ривоят мекунад ки Абдуллоҳ Ибни Ҷаҳш, ки писари аммаи Паёмбар (с.а.в) буд, «Дар ҳақиқат шамшерашро ҳангоми ҷанги Уҳуд аз даст дод. Паёмбар (с.а.в) ба ӯ пусти дарахти хурмое дод ва он дар дасти ӯ ба шамшер мубаддал гардид».

Ибни Сайиду-н-нос дар «Сират»-и худ мегӯяд: «Ин шамшер чанд муддат аз даст ба дасте мегузашт ва сипас ба шахсе бо номи Бағои Туркӣ бо дусад динор фурӯхта шуд».[166]

Ин ду шамшер мӯъҷизаҳое ҳастанд ба монанди мӯъҷизаи Мӯсо (а), танҳо фарқ дар он аст, ки мӯъҷизаи асои Мӯсо (а) баъди вафоти ӯ мӯъҷиза будани худро аз даст дод, вале ин ду шамшер баъд аз вафоти Паёмбар (с.а.в) чанд муддате ҳамчун мӯъҷиза боқӣ монданд.

(Аз куллиёти Рисолаи Нур)

Саъид Нурсӣ

 

 



Мақолаҳо