Намоз хондан хуб аст. Фақат ҳар рӯз панҷ дафъа хондан зиёд аст…

Мақоми якуми каломи бисту якум

بِسْمِ اللّهِ الرّحْمنِ الرّحِيمِ

اِنَّ الصَّلاَةَ كَانَتْ عَلَى اْلمُؤْمِنِينَ كِتَابًا مَوْقُوتً

                         

Як замон синан, ҷисман ва рутбатан як одами бузург ба ман гуфт: Намоз хондан хуб аст. Фақат ҳар рӯз панҷ дафъа хондан зиёд аст. Аз тамом нашуданаш, инсонро монда мекунад.

Баъд аз гузашти хеле замон аз сухани он одам, нафси худро гӯш кардам. Шунидам, ки айни суханҳоро мегуяд. Ва ба он (нафсам) нигоҳ кардам, ки ба гӯши тамбали айни дарсро аз шайтон мегирад. Он вақт фаҳмидам: Он одам он суханро, гуё монанди он аст, ки ба номи тамоми нафсҳои аммора гуфтааст, ё ин ки онро водор ба гуфтани ин суханҳо кардаанд. Он замон ман низ гуфтам: “Модом, ки нафсам аммора аст. Касе ки нафси худро ислоҳ карда натавонад, дигареро ислоҳ карда нахоҳад тавонист. Онгуна бошад аз нафсам оғоз мекунам.”

Гуфтам: Эй нафс! Дар дохил ҷаҳли мураккаб, дар бистари тамбалӣ, дар хоби ғафлат, ки ин суханро гуфтӣ ба муқобили он “панҷ бедориро” аз ман бишнав.

Бедории аввал: Эй нафси бадбахтам! Аҷабо умрат абадӣ аст? Ҳеҷ санади қатъӣ дорӣ, ки то соли оянда балки то фардо хоҳӣ монд? Боиси дилтангии ту таваҳҳуми абадият аст. Барои кайф, монанди инки гуё абадӣ дар дунё мемонда бошӣ, ноз мекунӣ. Агар медонистӣ, ки умрат кам аст, ҳам бе фоида меравад. Албатта аз он бисту чаҳор яки онро ба як хизмати зебо ва хуш ва роҳат ва раҳмат, ки мадори як саодати ҳаёти ҳақиқии абадӣ аст сарф кардан, дилтанг шудан ва хаста шудан он тараф бошад, балки сабаби як иштиёқи ҷиддӣ ва сабаби яки завқи хуш хоҳад шуд.

Бедории дуюм: Эй нафси шикампарварам! Аҷабо ҳар рӯз – ҳар рӯз нон мехӯрӣ, об менушӣ, ҳаворо нафас мекашӣ; оё онҳо ба ту хаста кун ва дилтанг кунанда тамом мешаванд? Модоме, ки намешаванд; чун ки бо такрор кардани эҳтиёҷ, дилтангӣ ва хастаги не, балки лаззат мегирӣ.

Онгуна бошад: Дар хонаи ҷисмам ғизои қалбам, оби ҳаёти рӯҳам ва ҳавои насими Латифаи Раббониям, ки рафиқони ту, ҷалб ва ҷазб кунандаи намоз мебошанд низ туро набояд, ки дилтанг ва ҳаста кунад. Бале ғизо, қуввати қалби мубтало ба бениҳоят аламҳову дардҳо, мафтуну пурсавдову бениҳоят лаззату орзуҳо бо кубидан ба дарвозаи як Раҳими Кариме, ки ба ҳар чиз қадир ва тавоност ба даст оварада хоҳад шуд. Бале, дар ин дунёи фонӣ, оби ҳаёт як рӯҳе, ки бо аксари мавҷудот алоқадор аст ва бо камоли суръат вовайлои фироқро кунда рафтааст, ба таваҷҷӯҳ кардан ба чашмаи раҳмати як Маъбуди Боқӣ, як Маҳбуби Сармадӣ бо намоз, ки ҳар чиз бадал аст нӯшида хоҳад шуд. Бале, зи шуур як сирри инсонӣ, зи нур як Латифаи Раббоне, ки фитратан хоҳони абадият ва барои абадият офарида шуда оинаи як Зоти Азалӣ ва Абади мебошад, бенҳоят нозук ва бо латофат аст, ки дар дохили ин аҳволи бо қасват ва сахт қалбӣ, хурдкунанда, пурзахмату пурмашаққат, бедавом,  бо зулумату торик ва хафакунанда, албатта ба танаффус хели мухтоҷ аст. Танҳо бо даричаи намоз нафас гирифта хоҳад тавонист.

Бедории сеюм: Эй нафси бе сабрам! Аҷабо кулфат ва заҳмати ибодати рӯзҳои гузаштаро, машаққати намозро ва заҳмати мусибатро, имрӯз андешида музтариб шудан, ҳам вазифаи ибодату хизмати намоз ва аламу дарди мусибати рӯзҳои ояндаро, имрӯз тасаввур карда бе сабрӣ нишон додан, ҳеҷ кори ақл аст? Дар ин бе сабри мислӣ ба ингуна як қумандони сарсам ва аҳмақ мемонад, дар ҳоле, ки қуввати ҷиҳати рост душман ба қуввати рости ӯ илтиҳоқ карда (пайваста) ва ба ӯ як қуввати тоза шудааст, ӯ мегирад муҳим як қувватро ба тарафи рост равон мекунад, марказро заиф месозад. Ҳам дар ҳоле, ки дар тарафи чап, аскари душман нест ва то ҳанӯз наёмада як қуввати  бузургро равон мекунад, амри “оташ кун” ро медиҳад. Марказро тамоман аз қувват меандозат. Душман, корро мефаҳмад ба марказ ҳуҷум карда, торумор мекунад. Бале, монанди ин хоҳӣ шуд. Чунки заҳмати рӯзҳои гузашта, имрӯз ба раҳмат таҳаввул кардааст. Алам ва дардаш рафта, лаззаташ монда аст. Кулфат заҳматаш ба каромат илтиҳоқ (пайваст) карда ва машаққаташ, ба савоб инқилоб кардааст. Онгуна бошад аз он ба танг омадан не, балки як шавқи нав, як завқи тоза ва ба давом як ғайрати ҷидди гирифтан лозим аст. Рӯзҳои оянда бошад, модоме, ки наёмаданд. Аз ҳоло андешида ба танги омадан ва футуру сустӣ нишон додан, айнан бо гуруснагӣ ва ташнагии он рӯзҳо, имрӯз андешида монанди ҷиғ задан ва фарёд кашида садо бардоштан, як дивонагӣ аст. Модоме, ки ҳақиқат ин гуна аст, оқил бошӣ, дар ҷиҳати ибодат танҳо имрӯзро биандеш, ва “ба як хизмате, ки як соаташ, уҷраташ хеле зиёд, кулфаташ хеле кам, хуш ва зебо ва улвӣ сарф мекунам” бигӯ. Он вақт футур ва сустии ту, ба як ғайрати ширин инқилоб хоҳад кард.

Инак эй нафси бе сабр! Ту бо се сабр мукаллаф ҳастӣ.

Яке: Дар болои тоат сабр аст.

Дуюм: Аз маъсият сабр аст.

Сеюм: Ба муқобили мусибат сабр аст.

Ақл дошта бошӣ, ҳақиқате ки дар тамсили бедории сеюм дида шудааст, роҳбар кун. Мардона “Ёсабур” бигӯ! Се сабро ба шонаи худ бигир. Агар қуввати сабро, ки Ҷаноби Ҳақ барои ту додааст, дар роҳи ғалат пароканда накунӣ, ба ҳар машаққат ва ба ҳар мусибат кофӣ омада хоҳад тавонист, ва ба он қувват муқовамат кун.

Бедории чорум: Эй нафси сарсами ман! Аҷабо ин вазифаи убудият бе натиҷа аст? Уҷраташ кам аст, ки ба ту хаста кун, тамом мешавад? Дар ҳоле, ки як одам ба ту якчанд пул бидиҳат ва ё инки туро битарсонад, то ба вақти шом болои ту кор хоҳад кард, ва бидуни футур ва сустӣ кор хоҳӣ кард. Аҷабо дар ин мусофирхонаи дунё ба қалби оҷиз ва фақират ғизо, бойгарӣ ва албатта қабре, ки як манзили ту аст дар он ғизо ва зиё ва дар ҳар ҳоли маҳшар, ки маҳками ту аст, дар он санад ва нишон ва сирот, ки хоҳ нохоҳ аз болои он бояд гузашта шуд, як намозе, ки дар болои он пули сирот нур ва буроқ хоҳод шуд, оё бе натиҷа аст?

Як одаме, ки барои ту ба қиммати сад дирҳам як ҳадя ваъда кунад, сад рӯз болои ту кор хоҳад кард. Хулф-ул ваъд (ваъдаи хилофӣ) хоҳад тавонист, ба он одам эътимод хоҳӣ кард, бидуни футур хоҳӣ кард. Аҷабо, ба як зоте, ки Хулф-ул ваъд дар ҳақаш муҳол аст, монанди ҷаннат як уҷрат ва монанди саодати абадӣ як ҳадяро ба ту ваъда кунад. Дар замони хеле кам, дар як вазифаи хеле хуб ва зебо туро истохдом кунад, ту хизмат накунӣ, ё бе иштиҳову бе майл, монанди сухра, яъне монанди масхара музҳик ё ба дили хоҳ нохоҳ кор кардан, бо хизмати ноқиси худ ӯро дар ваъдааш иттиҳом ва ҳадяашро истихфоф кунӣ, ба як ҷазои хеле бо шиддат ва бо як азоби хеле бо даҳшат мустаҳақ шудан оё худро фикр намекунӣ? Дар ҳоле, ки дар дунё аз тарси ҳабс дар корҳои хеле сангин бидуни футур ва сустӣ хизмат мекунӣ, хавф ва ҳабси абадӣ монанди ҷаҳаннам, ба як хизмат хеле хафиф ва латиф ба ту оё ғайрат намедиҳад?

Бедории панҷум: Эй нафси дунё парастам! Аҷабо футури ибодати ту ва қусури намози ту, оё аз касрати машғулятҳои дунёст? Ва ё инки аз машғулиятҳои дарди маишат вақт пайдо накардан аст? Аҷабо танҳо барои дунё офарид шудаӣ, ки тамоми вақти худро бо он сарф мекунӣ?

Ту аз ҷиҳати истеъдод дар фавқи тамоми ҳайвонат будани худро ва дар ба даст даровардани лавозимоти ҳаёти дунёӣ аз ҷиҳоти иқтидор ба як паранда монанди гунчишк расида натавонистани худро медонӣ. Аз ин чигуна намедонӣ, ки вазифаи аслии ту монанди ҳайвон давидан талош кардан нест, балки монанди як инсони ҳақиқӣ, барои як ҳаёти ҳақиқии доимӣ саъй кушиш кардан аст. Баробар бо инҳо машғулиятҳои дунёӣ гуфтагии ту бисёриш ба ту дахл надошта ва басурати фузулӣ  ба он дахолат мекунӣ, ки машғулиятҳои молоёнӣ ва бемаънӣ аст. Корҳои хеле лозим ва заруриро раҳо карда, гуё манади инки ҳазорҳо сол умр дошта бошӣ, бо маълимати хеле ғайризарури вақт мегузаронӣ. Масалан: Ҳалқаҳои атрофи саёраи Зуҳол чӣ гунааст? Мурғҳои Америко чи қадар аст? Монанди ин чизҳои бе қимат ва вақти қиматдори худро мегузаронӣ. Гуё, аз илми ситорашиносӣ ва аз фанни статистика як камол мегирӣ!..

Агар бигӯӣ: “Маро аз намоз ва ибодат монеъ шаванда ва боздоранда ва футур диҳанда онгуна чизҳои ғайри зарури нест, балки корҳои зарурии дарди маишат аст.”

Онгуна бошад ман низ мегуям ки: “Агар бо сад пул рӯзона кор кунӣ, баъдан яке биёяд ва бигуяд ки: “Биё даҳ дақиқа инҷоро бикан, ба қимати сад сомонӣ як алмоси дурахшон ва зумруд пайдо хоҳӣ кард.” Ту ба ӯ: “не, нахоҳам омад. Чунки даҳ пул аз рӯзам қатъ хаҳад шуд. Нафақаам кам хоҳад шуд” бигуӣ. Чӣ қадар девонавор як баҳона будани он баҳонаро албатта медонӣ. Айнан монанди он, ту дар ин боғи худ барои нафақаи худ кор мекунӣ. Агар намози фарзи худро тарк кунӣ, самараи тамоми саъйю кушиши ту, танҳо ба як нафақаи дунёӣ ва бе баракот мунҳасир хоҳад манд. Агар ту, вақти истироҳат ва танафусси худро ба намоз, ки сабаби роҳати рӯҳи ту ва сабаби танаффуси қалби ту аст сарф кунӣ, он замон баробар бо нафақаи бо баракати дунёӣ, ду маъдани маънавӣ, ки барои нафақаи ухравии ту ва барои захираи охирати ту як манбаъи бо аҳмият хоҳад шуд, пайдо хоҳӣ кард:

Маъдани якум: Тамоми чизҳое, ки дар боғат (ҳашия[1]) мерасони – гулдор бошад ва мевадор бошад – аз тасбеҳоти ҳар набот, ҳар дарахт, бо як нияти хуб як ҳисса мегирӣ.

Маъдани дуюм: Ҳам, аз маҳсулоте, ки аз ин боғ мебарояд, ки бихӯрд – ҳайвон бошад, инсон бошад, гов бошад, магас бошад, муштари бошад, дузд бошад – ба ту ба ҳукми як содақа мегардад. Фақат бо он шарте, ки ту ба номи Раззоқи ҳақиқӣ ва дар доираи иҷозати ӯ тасарруф кунӣ ва ба худ аз назари маъмури тавзеъоте, ки моли ӯро ба махлуқоти ӯ медиҳад нигоҳ кунӣ…

Инак нигоҳ кун: Касе, ки намозро тарк кунад, чӣ қадар хасорати бузург хоҳад кард. Чӣ қадар як сарвати муҳим ва бо аҳмиятро аз даст хоҳад дод. Аз он ду натиҷа ва аз он ду маъдан, ки бо саъйю кушиш хеле як шавқи бузург, ки медод ва дар амал хеле як қувваи бузурги маънавиро таъмин мекард, маҳрум хоҳад монд, ифлос хоҳад кард. Ҳатто чӣ қадар, ки пир шуд, аз боғбони хаста хаҳад шуд, футур ва сустӣ хоҳод кард. “Ба чӣ лозим” хоҳад гуфт. “Ман зотан аз дунё меравам. Инқадар заҳматро барои чӣ бикашам?” хаҳад гӯфт, худро бо тамбали хоҳад андохт. Фақат одами аввали хоҳад гӯфт: “Баробар бо ибодати бисёр зиёд, ба саъйи ҳалол кушиш хоҳам кард. То ба қабри худ бисёр зиёд равшанӣ равон хоҳам кард. Ба охирати худ бисёр зиёд захира тадорук хоҳам кард.”

Хулоса: Эй нафс! Бидон ки: Рӯзи гузашта аз дастат рафт. Фардо бошад дар дастати ту санад нест, ки ба он молик бошӣ. Онгуна бошад умри ҳақиқи худро он рӯзе, ки ҳастӣ бидон. Лоақал як соати рӯзро ба мононди пули эҳтиёт, ба як масҷид ва ё бо як ҷойнамозе, ки як сандуқчаи ухравӣ аст барои истиқболи ҳақиқӣ ташкил шудааст биандоз. Ҳам бидон ки: Ҳар рӯзи нав, ба ту, ҳам барои ҳаркас дарвозаи як олами нав аст. Гар намозро адо накунӣ, олами он рӯзи ту ба як ҳолати бо зулмат ва парешон хоҳад рафт. Ба муқобили ту дар олами мисол шаҳодат хоҳад кард. Зеро ҳар касро дар ҳар рӯз аз ин олам як олами махсусӣ аст. Ҳам чигунаги он олам ба қалб ва амали он одам табеъ мебошад. Чигуна, ки як қасри олитарин, ки дар оина дида шавад, ба ранги оина нигоҳ хоҳад кард. Ранги оина сиёҳ бошад, сиёҳ дида хоҳад шуд. Сурх бошад, сурх дида хоҳад шуд. Ҳам ба чигунагии он нигоҳ хоҳад кард. Шишаи он оина соф ва ҳамвор бошад қасрро низ соф ва ҳамвор ва зебо нишон ҳохад дод. Соф ва ҳамвор набошад, зишт ва хароб нишон хоҳад дод. Монанди нишон додан чизҳои хеле нозукро ба сурати дурушт ва хашин; ту бо қалби худ, бо ақли худ, бо амали худ, бо дили худ; шакли олами худро ба монанди он оина тағир хоҳӣ дод. Ё ба муқобили худ ё бар фоидаи худ шаҳид карда хоҳӣ тавонист. Агар намозро адо кунӣ, бо он намози худ, ба Сонеъи Зулҷалоли он олам мутаваҷҷуеҳ шавӣ, якбора оламе, ки ба тарафи ту нигоҳ мекунад, танаввур хоҳад кард, яъне нуронӣ хоҳад шуд. Одато намози ту ба монанди як чарғи барқӣ ва нияти ту ба намоз ба тамос кардан ба кнопкаи он чароғи барқи, зулумот ва торикиҳои он оламро барҳам зада пароканда кард ва он табаддулот ва ҳаракате, ки дар дохили парешоният баҳам рехта, ҳарҷумарҷи (бетартибот) дунёи қарор дорад, як интизоми бо ҳикмат ва як китобати қудрати маънидор будани худро нишон хоҳад дод. Аз ояти пуранвор   اللّه ُ نُورُ السَّموَاتِ وَاْلاَرْض як нурро, ба қалби ту пош хоҳад дод. Олами онрӯзи туро бо иникоси он нур равшан хоҳад кард. Дар ҳаққи ту бо нуроният шаҳодат хоҳад дод.

Зинҳор нагӯ: “Намози ман куҷост. Ин ҳақиқати намоз куҷост?” Зеро як донаи хурмо, монанди як дарахти хурмо дарахти худро тавсиф хоҳад кард. Чигуна ки фарқ танҳо бо иҷмол ва тафсил аст, як омии монанди ман ва ту агар ҳис накунад ҳам намозаш, монанди намози як валии бузург, аз ин нур як ҳисса дорад, аз ин ҳақиқат як сир дорад. Агар шуураш таалуқ накунад. Фақат, назар ба дараҷаҳо, инкишоф ва нурҳояш ҷудо – ҷудо аст. Чигуна аз ин донаи хурмо то ба қадар як дарахти мукаммали хурмо чӣ қадар мартабаҳо ёфт хоҳад шуд? Онгуна низ: Дар дараҷоти намоз аз он зиёдтар мартабаҳо ёфт шуда хоҳад тавонист. Фақат дар тамоми он мартабаҳо, асоси он ҳақиқати нуронӣ ёфт хоҳад шуд…

اَللّهُمَّ صَلِّ وَسَلِّمْ عَلَى مَنْ قَالَ (اَلصَّلاَةُ عِمَادُ الدِّينِ) وَعَلَى آلِهِ وَصَحْبِهِ اَجْمَعِينَ

Саъид Нурсӣ

[1]

                 Ҳошия: Ин мақом дар як боғ, ба як одам, як дарс аст, ки бо ин тарзе баён шудааст.

 



Мақолаҳо