Намоз кори хуб аст, вале ҳар рӯз ва ҳар рӯз панҷ мартаба хондани он бисёр зиёд аст, инсон аз тамом нашуданаш малол мешавад…

Каломи бисту якум

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحٖيمِ

اِنَّ الصَّلٰوةَ كَانَتْ عَلَى الْمُؤْمِنٖينَ كِتَابًا مَوْقُوتًا

Замоне, шахсе ки аз назари синну ҷисм ва мартаба мақоми бузурге дошт, ба ман гуфт:

Намоз кори хуб аст, вале ҳар рӯз ва ҳар рӯз панҷ мартаба хондани он бисёр зиёд аст, инсон аз тамом нашуданаш малол мешавад. Баъд аз гузашти замони зиёде аз суханони он шахс ба нафсам гӯш додам, шунидам, ки ӯ низ ҳамон суханонро такрор мекунад, ба ӯ таваҷҷӯҳ карда, дидам, ки ҳамон гуфтаҳоро бо гӯши танбалписандаш аз шайтон дарс мегирад, он вақт фаҳмидам, ки гуё он шахс, он суханонро ба номи тамоми нафсҳои аммора гуфта аст, ва ё ин ки ӯро ба гуфтани он суханҳо водор кардаанд, пас ман низ ба худ гуфтам: “Ҳоло ки нафсам аммора аст ва медонам, шахсе то нафсашро ислоҳ накунад, наметавонад дигаронро ислоҳ кунад, пас бояд аз нафси худ шурӯъ кунам.”

 Бино барин, ба ӯ гуфтам: эй нафс! “панҷ ҳушдор”-ро дар баробари сухане ки дар ҷаҳли мураккаб ва бар рӯи бистари танбалӣ ва дар хоби ғафлат гуфта будӣ, аз ман бишнав:

Ҳушдори якум

Эй нафси бадбахтам! Оё умрат абадист? Ва ё санади қатъӣ дар даст дорӣ, ки дар соли оянда ва ё ҳатто то фардо боқӣ хоҳӣ монд? Чизе ки туро малол мекунад, таваҳҳуми абадият аст. Тавре ки барои айшу нуш ишва мекунӣ, гуё ки то абад дар ин дунё боқӣ хоҳӣ монд. Агар медонистӣ, ки умрат кам аст, ва бефойда ҳам мегузарад, албатта сарфи як соъат аз бисту чор соъати умрат барои хидмати зебоу хӯшу роҳат ва пурраҳмат ки мадори саодати ҳаёти абадӣ ва ҳақиқист, натанҳо тӯро малол намекард, балки сабаби ҳаяҷони иштиёқе ҷиддӣ ва завқи хӯш низ дар ту мешуд.

Ҳушдори дуюм

Эй нафси шикампарварам! Ҳар рӯзу ҳар рӯз нон мехурӣ, об менӯшӣ ва ҳаво нафас мегирӣ, оё инҳо туро малол мекунад? Албатта аз инҳо озурда нахоҳӣ шуд, зеро аз такрори пайваста иҳтиёҷ на ин ки малол нахоҳӣ шуд, балки лаззат ҳам мебарӣ, пас вақто ки чунин аст, Намозе ки ҷазбу ҷалб кунандаи ғизои қалб ва оби ҳаёти рӯҳ ва ҳавои латифи насими Раббонӣ  — ки дӯстони хонаи қолаби ҷисми ту ҳастанд – мебошад, набояд туро малол кунад.

Бале, қут ва қуввати қалберо ки ба бениҳоят дарду андӯҳҳо мубталост, ва низ ба бениҳоят лаззату орзуҳо мафтуну пур савдост, танҳо бо эълони ниёзу ба садо даровардани дари Қодири Раҳими Карим метавон ба даст овард.

 Бале, рӯҳе ки дар ин дунёи фонӣ аз яксӯ бо аксари мавҷудот алоқаманд аст, ва аз сӯи дигар табли навои доду фиғони ҷудоиҳоро навохта меравад, оби ҳаёташро дар ивази ҳар чизи дигаре аз чашмаи раҳмати Маъбуди боқӣ ва Маҳбуби доимӣ, танҳо бо намозу таваҷҷӯҳ доштан ба ӯ метавонад бинӯшад.

 Бале, рӯҳе ки бо шуур, як сирри инсонӣ буда ва бо нур як латифаи Раббонист, фитратан хостори абадият аст ва барои абад низ халқ шуда аст. Оинаи Зоти Абадиву Азалист ва бениҳоят зарифу латиф мебошад, дар ин аҳволи дунявие, ки сангдилу кубандаву заҷрдиҳанда ва зудгузару торику изтиробовар аст, албатта ба танаффус муҳтоҷ аст, ва албатта танҳо бо панҷараи Намоз метавонад нафас бикашад.

Ҳушдори сеюм

Эй нафси бесабрам! Оё фикр мекунӣ, кори оқилонаест, ки имрӯз ба кулфати ибодату мушаққати намоз ва заҳмати мусибатҳои рӯзҳои гузашта андешида, аз он музтариб шавем, ҳамин тавр вазифаи ибодату хидмати намозу дардҳои мусибати рӯзҳои ояндаро тасаввур карда, аз он бесабрӣ нишон диҳем, ҳоли ту дар ин бесабрӣ ҳамчун ҳоли як Фармондеҳи саргардон монанд аст, дар ҳоле ки неруҳои қаноти рости душман ба ҷамъи неруҳои қаноти рости ӯ якҷо шуда, ва нерӯи наве ба ӯ шуда буданд, ӯ дар ҷавоб, нерӯи муҳиме аз афродашро ба қаноти рост фиристода, марказро камқувват менамояд, ва ҳам дар ҳоле ки дар қаноти чапи ӯ сарбозе аз душман вуҷуд надошт, ва нишоне аз омадани онҳо набуд, нерӯи азиме аз сипоҳашро ба он ҷо фиристода, ва фармони оташ медиҳад, ӯ бо ин кор сабаби фурӯ пошидани тамоми нерӯи марказиаш мешавад, душман низ мутаваҷҷеҳи ин шуда, ба марказ ҳуҷум карда ҳамаро тору мор намуд.

Бале, ҳоли ту монанд ба ҳоли ин Фармодеҳ аст, зеро имрӯз, заҳмати рӯзҳои гузашта ба раҳмат табдил шудааст, дардҳо рафта танҳо лаззати он боқӣ монда аст, ва кулфати он ба каромату сахтии он ба савоб инқилоб намудааст, пас вақто ки чунин аст, набояд аз он малол шавем, ва ҳатто лозим аст, ки шавқи нав ва завқи тоза ва ғайрати ҷиддиро барои идома додани он ба вуҷуд оварем. Ва модоме ки ҳанӯз рӯзҳои оянда наомадааст, пас андешидан ба он ва малол шудан аз он, ва сусту камқувват шудан аз он ва андешидан ба гуруснагӣ ва ташнагии рӯзҳои оянда ва фарёду доду бедод кардан барои он ба девонагӣ монанд аст.

Модоме, ки ҳақиқат чунин аст, пас агар оқил ҳастӣ, дар мавриди ибодат, танҳо ба имрӯзи он фикр кун, ва ба худ бигӯ: як соати онро сарф мекунам барои музди бисёр бузургу меҳнати начандон бисёр ва хидмати хушу зебоу воло мекунам, ва дар чунин мавқиъест, ки бетафовутии дардноки ту ба як ғайрати ширин табдил мешавад.

Пас эй нафси бесабрам! Ту мукаллаф ба се сабр ҳастӣ:

Нахуст: Сабр дар тоъату ибодат.

Сипас: Сабр дар дурӣ аз маъсият.

Дар охир: Сабр дар баробари мусибат аст.

Агар ақле дар сар дори, ин “ҳушдори сеюм”-ро дар мисоле ки баён шуд, бубин, ва ҳақиқати онро раҳбари худ қарор бидеҳ. Биёву мардона Ё Сабур бигӯ, ва ин се сабрро ба уҳда бигир. Нерӯи сабре ки Ҷаноби Ҳақ бату дода аст, ба шарте ки дар роҳи нодуруст онро ҳадар (сарфа) нанамоӣ, метавонад дар муқобили ҳар сахтиву мусибате бароят кофӣ бошад ва бо қуввати он нерӯ истодагӣ кун.

Ҳушдори чаҳорум

Эй нафси саргардонам! Оё вазифаи ибодат кори бенатиҷаест, ва ё музди кам дорад, ки туро малол мекунад? Агар шахсе ба ту чанд миқдор пул диҳад, ва ё туро битарсонад, то охири шаб туро ба кор во медорад, ва албатта ту низ барояш бенигаронӣ кор мекунӣ, аммо оё Намозе ки дар ин мусофирхонаи дунё барои қалби оҷизу фақир, рӯзиву сарват ва албатта барои манзалат дар қабр, ғизову нур ва дар маҳкамаи бечуну чарои ҳашр, санаду бароъат ва бар рӯи пули сироте, ки бихоҳӣ ё нахоҳӣ аз он мегузарӣ, нуру буроқ аст, кори бенатиҷаест? Ва ё ин ки маоши паст дорад? Агар касе ба ту ваъдаи сад сомонӣ ҳадияро диҳад, туро ба сад рӯз кор во медорад ва бо вуҷуди ин ки мункин аст ваъдахилоф низ бошад, ту ба он мард боварӣ ҳосил карда, бемалолу оромона барояш кор мекунӣ, ва агар Зоте ки муҳол аст ваъдахилоф бошад, ба ту ваъдае ҳамчун саодати абадӣ ва подоше ҳамчун биҳиштро бидиҳад ва туро дар як замони кӯтоҳ барои вазифае зебо истихдом кунад, аммо ту ба қабули он хизмат ҳозир нашавӣ, ё бо бемайлӣ ё масхара гирифтан ё бо сустию танбалӣ ё ба таври нимакора ва нотамом ба он кор бипардозӣ ва ӯро нисбат ба ваъдааш муттаҳам карда, ҳадяашро масхара намоӣ, оё фикр намекунӣ, ки дар ин сурат шоистаи танбеҳу азоби шадиде ҳастӣ? Дар ҳоле ки дар дунё аз тарси ҳабси он, сангинтарин корҳоро бе он ки  малол шавӣ анҷом медиҳӣ, пас чаро тарс аз ҳабси абадӣ, он низ ҳамчун ҷаҳаннам, туро барои анҷоми хидмати сабуку латиф ба ғайрат намеоварад?

Ҳушдори панҷум

Эй нафси дунёпарастам! Оё дармондагии ту дар ибодат ва кӯтоҳиат дар намоз аз зиёдии шуғулҳои дунявист, ё ин ки ба хотири наёфтани вақт ба сабаби машғулияти дарди маъишат аст? Оё танҳо ба хотири дунё халқ шудаӣ ки ҳамаи вақтатро ба он сарф мекунӣ? Магар намедонӣ ки аз ҷиҳати истеъдод сарвари тамоми ҳайвонот ҳастӣ, аммо аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ дар таҳия кардани лавозимоти ҳаёти дунявӣ ҳатто як гунҷишкбача низ аз ту беҳтар аст? Пас чаро таваҷҷӯҳ намекунӣ, ки вазифаи аслии ту ҳамчун ҳайвон кӯшиш ва талош кардан нест, балки монади инсони ҳақиқӣ, кӯшишу талош барои ҳаёти доимӣ ва ҳақиқист, илова бар ин бисёре аз корҳоеро ки аз онҳо ҳамчун машғулияти дунявӣ ном мебарӣ, беҳудаанд ва машғулиятҳои зиёдатӣ ва нолозиманд ва ту беҷиҳат дар он мудохала кардаӣ, ё ин ки туро ба мудохила маҷбур кардаанд.

 Ва ту заруритарин корҳоро раҳо карда, вақти худро барои маълумоти беҳуда монанди чи тавр будани ҳолатҳои ҳалқаҳои атрофи зуҳал ва ё теъдоди мурғҳои даруни Амрико талаф мекунӣ, гуё умри ҳазор сола дошта бошӣ, вақти гаронбаҳоятро барои чизҳои беарзиш талаф мекунӣ, гуё аз илми ҷуғрофия ва ҳисоб метавонӣ ба камоле бирасӣ.

Агар бигӯӣ: “Чизе ки манро аз намоз ва ибодат суст ва аз он боз медорад, чизҳои ғайри зарурӣ нестанд, балки дарди маъишати ман аз чизҳои зарурист“ он вақт ман ҳам дар ҷавоби ту мегуям: “Агар дар ҷое кор кунӣ ки музди меҳнати рӯзонаат сад сомонӣ бошад, шахсе ояду ба ту гуяд: “Биё даҳ дақиқа ин ҷойро бикоф, то алмосу зумруде ба арзиши сад ҳазор сомонӣ биёбӣ.” ту дар ҷавоби ӯ бигуӣ: “Не намеоям, агар оям, ин кор сабаби манъ шудани сад сомонии музди рӯзонаам мешавад ва аз рӯзиам кам мешавад.“ Албатта медонӣ, бо ин ҷавоб, баҳонаи аҳмақона овардаӣ. Ту низ ҳамчун ин шахс барои касби рӯзиат дар ин боғ машғули кор ҳастӣ, ва агар ба хотири корат намозатро тарк кунӣ, намозе ки ба ту фарз шуда аст, онгоҳ ҳамаи самараи кушишу талошат танҳо мунҳасир барои рӯзии бехайру баракат ва беаҳамияту дунявӣ боқӣ мемонад, аммо агар вақти истироҳату танаффусатро сарфи намоз кунӣ, ки мадори роҳати руҳу танаффуси қалб аст, он вақт илова бар доштани рӯзии пур баракати дунявӣ, “ду маъдан”-и дунявии зеринро меёби ки барои рузии ухравии ту ва зоду тушаи охират манбаи бо аҳамият ҳастанд.

 Маъдани якум: Бо доштани нияти воло, ҳисса ва саҳме аз тасбиҳоти тамоми дарахтону набототи парвариш дода шуда дар ҳамаи боғ (ғунча бошад ё мевадор) ба даст хоҳӣ овард.

 Маъдани дувум: Ҳар кас ки аз маҳсулоти боғ бихӯрад (ҳайвон бошад ё инсон, гов бошад ё паша, харидор бошад ё дузд) бароят дар ҳукми садақа мешавад. Танҳо ба шарти ин ки ту ба номи Раззоқи ҳақиқӣ ва дар доираи иҷозаи ӯ тасарруф намоӣ, ва худро ҳамчун маъмури пахшу тақсим кардани моли ӯ ба дасти махлуқоти ӯ бубинӣ.

 Пас бубин, ки тарккунандаи намоз чи зиёни бузургеро мебинад, ва чи сарвати муҳимеро аз даст медиҳад, аз он ду маъдан ва он ду натиҷае ки шавқи саршор ба он кушиш медиҳад ва қувваи бузургии маънавӣ ба он амал медиҳад, маҳрум мемонад, ҳатто дар замони пирӣ ки аз кори боғбонӣ монда шуда, ва сусту беқувват шуд, мегуяд: “Ин кор ба ман лозим нест” ва хоҳад гуфт: “Ман аслан аз ин дунё меравам, чаро бояд заҳмати зиёде ба худ бидиҳам?!” худро гирифтори танбалӣ мекунад. Аммо нафари якум мегуяд: “Дар канори ибодатам зиёдтар аз ҳар чизи дигар, бояд барои рӯзии ҳалол кушишу талош кунам, то барои қабрам нури зиёдтаре бифиристам, ва барои охиратам захираи бештаре карда бошам.”

 Хулоса

 Эй нафс бидон! Дирӯзро аз даст додаӣ, санаде ҳам барои моликияти фардо дар даст надорӣ, пас ҳол ки чунин аст, имрӯзро ҳоли ҳақиқии худ бидон, лоақал як соати рӯзро гӯё ки пасандозе барои амри эҳтиётӣ кардаи, даруни масҷид ё ҷойнамозе биандоз, ки дар ҳукми сандуқчаи ухравист ва дар ояндаи ҳақиқӣ низ ташкил мешавад, низ бидон, ки ҳар як рӯзи нав, барои ту ва монанди ту дар ҳукми дари олами навест, агар намозатро адо накунӣ, он рӯзат олами торик шуда дар ҳоли парешон сипарӣ мешавад, бар алайҳи ту низ дар олами мисол шаҳодат медиҳад, зеро дар ин олам барои ҳар кас ва дар ҳар рӯз олами махсусе вуҷуд дорад, ки чигунагии он олам пайрави қалб ва амали он одам аст. Чи тавре ки сарои муҳташаме ба тасвир кашидаи дар оина, ҳам назар ба ранги он оина дорад, ки агар оина сиёҳ бошад, сиёҳ дида мешавад, ва агар оина сурх бошад сурх дида мешавад, назар ба чигунагии он дорад, ки агар шишаи он оина тахту солим бошад, саройро зебо нишон медиҳад, ва агар чиркин бошад, онро зишт нишон медиҳад ва зарифтарин чизҳоро дурушту безеб нишон медиҳад, ту низ агар бо қалб ва ақлат ва бо амал ва вақт, олами худро тағир диҳӣ, он вақт он низ, ё бар алайҳи ту ва ё мувофиқи ту метавонад шаҳодат бидиҳад, агар намозатро бихонӣ, ба василаи он мутаваҷҷеҳи Сонеъи Зулҷалоли он олам бошӣ, ногаҳон олами назар доранда ба ту пур нур мешавад, гуё ки намоз чароғест, ва нияти намоз низ калиди он аст, ки торикии оламро пахш ва аз байн мебараду нишон медиҳад, ки ин табадулот ва ҳаракот ки дар парешонии печида ва гиреҳ хурда ва шуру ғавғоҳои дунявист, интизоми пур ҳикмату навиштаи маънедори қудратанд. Ҳамчунин як нури аз анвори ояи اَللّٰهُ نُورُ السَّمٰوَاتِ وَاْلاَرْضِ -ро ба рӯи қалбат паҳн мекунад, ва бо инъикоси он нур, олами рӯзи туро нурафшонӣ менамояд, ва мувофиқи ту, бо нуронияти шаҳодат медиҳад.

 Мабодо бигуӣ: “Намози ман куҷо ва ин ҳақиқати намоз куҷо?!” Зеро донаи хурмо низ ҳамчун дарахти хурмо, дарахти худро васф мекунад, танҳо фарқашон дар мухтасару куллӣ будани он аст, намози ту ва мани омӣ ҳам (ҳатто агар ҳиссе ҳам надошта бошем) ҳамчун намози як валии бузург як ҳиссаю саҳме аз ин нури бузургро шомил мешавад, яке аз сирҳои ин ҳақиқат дар он мавҷуд аст, (ҳатто агар шууре дар он набошад) албатта вобаста ба дараҷоти ҳар шахс, ин кишофу нуронияти он тафовут дорад, ҳамон тавре, ки донаи хурмо то дарахти хурмое шавад, мартабаҳои зиёдеро тай мекунад, ҳамон тавр низ, намоз ҳам дараҷаҳои бисёр зиёдеро шомил мешавад, танҳо ин ки асоси ҳақиқати нуронии он дар ҳамаи он мартабаҳо ёфт мешавад.

اَللّٰهُمَّ صَلِّ وَسَلِّمْ عَلَى مَنْ قَالَ ( اَلصَّلاَةُ عِمَادُ الدِّينِ

وَعَلَى آلِهِ وَصَحْبِهِ اَجْمَعِينَ

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо