Модоме, ки Аллоҳ ҳаст, албатта охират низ ҳаст…

ХУЛОСА:

Модоме, ки Аллоҳ ҳаст, албатта охират низ ҳаст.

Онгуна, ки се рукни мазкури имонӣ, бо ҳамаи далелҳояшон ба ҳашр гувоҳӣ дода, далолат мекунанд. Ду рукни дигари имонии وَ بِمَلٰئِكَتِهِ وَ بِالْقَدَرِ خَيْرِهِ وَ شَرِّهِ مِنَ اللّٰهِ تَعَالَى низ истилзоми ҳашр аст. Бо қуввати комил бар олами боқӣ, шаҳодат дода, далолат мекунад. Бад-ин гуна:

Ҳамаи далелҳо ва мушоҳидоту муколамоте, ки бар вуҷуди фариштагон ва вазифаҳои убудияташон далолат дорад, ба навбати худ бар мавҷудияти олами арвоҳ ва олами ғайбу олами бақо ва олами охирату дори саодат ва ҷаннату ҷаҳаннаме, ки дар оянда бо ҷинну инс обод хоҳад шуд, низ далолат мекунад. Зеро фариштагон метавонанд бо иҷозати Илоҳӣ, ин оламҳоро бубинанд ва дар онҳо дохил шаванд. Аз инру, фариштагони муқарраб ҳамчун ҳазрати Ҷабраил, ки бо башар дидор намудааст, муттафиқан аз мавҷудияти оламҳои мазкур ва гардишашон дар он оламҳо, хабар медиҳанд. Пас онгуна, ки мо қитъаи амрикоро надидаем, аммо эътимод ба хабари касоне, ки аз онҷо омадаанд, мавҷудияти онро бадоҳатан медонем. Пас лозим аст, то дар партави хабарҳои фариштагон, ки қуввати сад тавотурро дорад, ба ҳамон бадоҳати ба олами бақою сарои охират ва ҷаннату ҷаҳаннам имон оварем. Мо ба ҳамин гуна, имон дорем ва бовар мекунем.

Низ чунон, ки дар Гуфтори Бисту шашум, яъне “Рисолаи Қадар” омадааст, далелҳое ки “имон ба қадар”-ро собит месозанд, ба навбати худ, ба ҳашру нашри суҳуф ва вазни аъмол дар мизони акбар низ, далолат доранд. Зеро, мо дар пеши чашмони худ мебинем, ки муқаддароти ҳар чиз, дар лавҳаҳои низому мизон, ёддошт мегардад ва саргузашти зиндагии ҳар мавҷуди зинда, дар нерӯйи ҳофиза ва дар базрҳову тухмиҳояшон ва дар лавҳаҳои мисолии дигар, навишта мешавад. Дафтарҳои аъмоли ҳар зирӯҳ, алалхусус инсон, дар лавҳи маҳфуз сабт ва забт мегардад. Сипас бешубҳа, чунин қадари муҳиту тақдири ҳакимона ва тадвини дақиқу ёддошти аминона, танҳо метавонад барои мукофоту муҷозоте бошад, ки дар як маҳкамаи бузург ва дар натиҷаи як муҳокамаи умумӣ, дода мешавад. Дар ғайри ин сурат, ин ёддошту муҳофизати густурда ва бисёр дақиқ, ба таври куллӣ, бемаъною бефоида мемонад ва манофии ҳикмату ҳақиқат қарор мегирад. Яъне, агар Ҳашр набошад, ҳамаи маънӣи ҳақиқии ин китоби коинот, ки бо қалами қадар навишта шудааст, барҳам мехураду вайрон мешавад, ки чунин чизе ба ҳеҷ ваҷҳ мумкин нест. Ин эҳтимол, ба монанди инкори мавҷудияти ин ҳастӣ, муҳол аст. Ва ҳатто як ҳазаён аст.

Алҳосил: Панҷ рукни имон ҳамроҳ бо ҳамаи далелҳояш, ба вуқӯъ ва мавҷудияти ҳашру нашр ва вуҷуди дори охират ва кушода шудани дарҳои он далолат намуда, хоҳишманди он ҳастанд ва бар он гувоҳӣ медиҳанд.

Пас, дар мувофиқату ҳамоҳангӣ, бо бархурдор будани ҳақиқати ҳашр аз чунин пояҳои мустаҳкаму бурҳонҳои бузург аст, ки се яки Қуръони мӯъҷиз-ул баёнро мабҳасҳои ҳашру охират, ташкил додааст. Ва онро санги бино ва уссу-л асоси ҳамаи ҳақиқатҳояш, қарор медиҳад. Ва ҳар чизро бар пояи он, бино мекунад.

(Муқаддима ба охир расид.)

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо