Мехоҳӣ бидонӣ, ки ибодат, чӣ саодат ва тиҷорати бузург…

Гуфтори саввум

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ

يَا اَيُّهَا النَّاسُ اعْبُدُوا

Мехоҳӣ бидонӣ, ки ибодат, чӣ саодату тиҷорати бузург, фисқу сафоҳат, чӣ ҳалокату хасорати бузург мебошад, ин ҳикояи кӯтоҳи тамсилиро бубину гӯш андоз:

Замоне ду сарбоз барои рафтан ба шаҳри дур дастӯр гирифта, бо ҳамдигар ба роҳ баромаданд, то ба дуроҳае расиданд. Дар он ҷо шахсеро ёфтанд, ки ба он ду гуфт:

Роҳи самти рост, илова барин ки ҳеҷ зараре дар он нест, аз даҳ нуҳ нафар мусофири он, манфиъати бузургу роҳат мебинанд. Аммо роҳи самти чап, илова бар ин, ки ҳеҷ манфиъате надорад, аз даҳ нуҳ мусофири он зарар мебинанд. Албатта ҳар ду роҳ дар дарозиву кӯтоҳӣ яксон ҳастанд, танҳо фарқашон ин аст, ки мусофири роҳи чап беназму беқонун, бе ҷуздону бе силоҳ меравад, ва дар зоҳир роҳату суҳулати дуруғинро мебинад. Аммо мусофири роҳи рост, ки дар зери ливои назми низомист, маҷбур ба бардоштани борхалтаи чор килоҳа пур аз маводи ғизоӣ ва ду кило силоҳи давлатӣ барои ғалаба бар ҳар душманест.

Он ду сарбоз баъд аз гӯш додан ба суханони он шахси муарриф ба роҳ афтоданд, аз он ду нафар бахтиёр ба рост рафт, бо ин, ки борҳои сангини чандкилоиро бар душу камари худ мебардошт, аммо қалбу рӯҳаш аз зери бори ҳазорон кило тарсу миннат наҷот пайдо кард.

Аммо нафари бадбахт ки сарбозиро раҳо карда, нахост тобии низом бошад, ба чап рафт, бо ин, ки ҷисмашро аз сангинии вазнҳо наҷот дод, аммо қалбаш дар зери бори ҳазорон миннат ва рӯҳаш дар зери пойи тарс бениҳоят пахш шуд, инчунин дар вазъияте, ки аз ҳар кас гадоӣ, ва аз ҳар чизу аз ҳар ҳодиса меларзид, ба маҳали лозима расид, дар он ҷо ҷазои фирору исёни худро дид.

Шахсибарост рафта, ки алоқаманд ба низоми сарбозӣ буд, ва аз боркитфу силоҳаш ба хубӣ муҳофизат карда буд, аз ҳеч кас миннат накашид, ва аз ҳечкас натарсида, бо қалбу виҷдони осуда ҳаракат кард, то ба шаҳри хосташуда расид, дар он ҷо ба унвони сарбози номуспараст ки вазифаашро ба хубӣ анҷом дод, мукофот дарёфт намуд.

Акнун эй нафси саркаш! Бидон ки он ду мусофир, яке мутиъи қонуни илоҳӣ ва дигаре осиву пайрави ҳавои нафсонӣ буд, инҳо инсонҳо анд ва аммо он роҳ, роҳи ҳаёт мебошад, ки аз олами арвоҳ омада, аз қабр гузашта, ба охират меравад, ва он ҷуздону силоҳ, ибодату тақвост. ибодат дар зоҳир андак сангинӣ дорад, аммо маънан он тавр роҳату сабук аст, ки қобили гуфтан нест, чун обид дар намози худ мегӯяд: اَشْهَدُ اَنْ لاَ اِلهَ اِلاَّ اللّٰهُ яъне ғайр аз Ӯ Холиқу Раззоқе нест, зарару манфиъат дар дасти Ӯст, ҳам Ҳаким аст, кори беҳуда намекунад, ва ҳам Раҳим аст, эҳсону марҳаматаш зиёд аст. Барои доштани чунин эътиқоди зебо, дари хазинаи раҳматро меёфт, ва дуъо ҳалқаи дарро мезад. Ва ҳам ин ки ҳар чизеро ба амри худи Парвардигор мусаххар дида, ба парвардигори худ паноҳ мебурд. Такя ба таваккул дошта, ва дар муқобила бо ҳар мусибат, дар паноҳи Ӯ қарор мегирад, ва имон низ ба ӯ амнияти комил медиҳад.

Бале манбаи шуҷоъат низ чун ҳама ҳасаноти ҳақиқӣ, имон асту ибодат. Ва манбаи тарс низ чун ҳама гуноҳҳон, гумроҳӣ мебошад.

Бале, обиде, ки қалби нуронӣ дорад, агар курраи замин бомбаи атомӣ шуда битаркад, эҳтимол дорад, ки натарсад, ҳатто бо ҳайрати лаззатангез нишаста хориқаҳои қудрати Самадониро тамошо менамояд, вале фосиқе, ки дили мурда дорад ҳар чанд файласуф бошад ва худро оқилу доно бишуморад ва инсони мутафаккир номида шавад, агар дар осмон ситораи дунболадореро бубинад, дар ҷояш ларзида мегӯяд: оё мумкин аст, ин ситора сарсарӣ ба замин бархурад, ғарқи авҳом мешавад. (замоне ин гуна ситора амрикоиҳоро ларзонда буд, хеле аз онҳо дар шаб, хонаҳояшонро тарк карданд.)

Бале! инсон дар ҳоле ки ба бениҳоят чизҳо муҳтоҷ аст, сармояаш низ дар ҳукми ҳеҷ… ва ҳам дар ҳоле ки мубтало ба бениҳоят мусибатҳост, иқтидораш низ дар ҳукми нобудист… чаро ки доираи сармояву иқтидораш онқадарест, ки дасташ ба он ҷо мерасад, аммо амалу орзуҳо ва аламҳову балоҳо, доираву чашму хиёлашон ба куҷо расад, ба он андоза низ васиъ мебошад.

Албатта тамоми касоне, ки ҳанӯз чашм дар сар доранду мебинанд, дарк мекунанд, ки барои рӯҳи башарие ки ба ин дараҷа нотавон ва заъифу фақиру муҳтоҷ аст, ибодат таваккул, тавҳид ва таслимият, чӣ неъмату саодату сармояи азим мебошад. Пас маълум аст, ки роҳи безарарро ба роҳи зиёнманд тарҷиҳ дода шавад, агар чи аз даҳ иҳтимол, як иҳтимол ҳам дошта бошад. Ва ҳам ин ки роҳи ибодат мавриди баҳсамон аст, бидуни ҳеҷ зарар, аз даҳ бо нуҳ иҳтимоли қавӣ, хазинаи саодати абадиро дар бар дорад, ва роҳи фисқу гуноҳ ҳам – ҳатто бо иътирофи худи фосиқин – дар ҳоле ки бидуни манфиъат мебошад, аз даҳ, нуҳ иҳтимол, ҳалокати абадиро ҳамроҳ дорад, ки бо шаҳодати бешумори аз мутахассисону аҳли мушоҳида ба мизони иҷмоъу тавотур собит аст, ва ба воситаи ахбори аҳли завқу кашф муҳаққақ мебошад.

Хулоса

Саодати дунё низ чун охират дар ибодату сарбозии Худо будан аст, пас ба ин хотир, ҳамеша бояд бигуем: «اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ عَلَى الطَّاعَةِ وَالتَّوْفِيقِ» ва бояд, ба хотири мусулмон буданамон шукур кунем.



Мақолаҳо