Маънои намоз тасбеҳ, таъзим ва шукр аст барои Худованди мутаъол…

Каломи нўҳум

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ

فَسُبْحَانَ اللّٰهِ حِينَ تُمْسُونَ وَحِينَ تُصْبِحُونَ ٭ وَلَهُ الْحَمْدُ فِى السَّمٰوَاتِ وَاْلاَرْضِ وَعَشِيًّا وَحِينَ تُظْهِرُونَ

Эй бародар! Ту аз ман дар бораи ҳикмати хос кардани намозҳо дар ин вақтҳои муайянро мепурсӣ. Акнун ман танҳо ба яке аз ҳикматҳои он аз зимни ҳикматҳои беандоза ишора мекунам.

Бале, чунон чи вақти ҳар намоз оғози инқилоби бузург ва муҳими замонист, ҳамчунин он оинаест барои амалиётҳои бузурги Илоҳӣ, ки аломатҳои кулии Илоҳиро дар ин вақтҳо инъикос медиҳад. Барои ҳамин аст, ки Худованд дар ин вақтҳо ба намоз хондан амр намуда аст, то он ки дар ин вақтҳо ҳарчи бештар Ўро ба покӣ ёд намоем ва тавонои Зулҷалолро ба бузургӣ ёдовар шавем ва бештар Ўро сипосу ситоиш намуда шукри неъматҳои бешумори Ўро намоем, ки дар байни ду вақт омада аст. Барои дарки дурусти ин маънои амиқ бояд ҳамроҳи ман ба ин панҷ нуқтаи зерин гўш андозед.

Нуқтаи якум: Маънои намоз тасбеҳ, таъзим ва шукр аст барои Худованди мутаъол, ба маънои он ки бо ибораи Субҳоналлоҳ” дар баробари ҷалолу азамати Худованд бо забону амал таъзим намуда ва бо ибораи “Аллоҳу акбар” дар баробари лутфу камоли Ў бо забону амал Ўро бузург шумурдан ва бо ибораи “Алҳамду лиллоҳ” бо тану дилу забон Ўро шукр гуфтан аст.

Яъне тасбеҳ, такбир ва ҳамд гуфтан ба манзалаи дона ва тухми намоз ба шумор меравад ва барои ҳамин ин се зикр дар тамоми ҳаракат ва зикрҳои намоз дида мешавад, барои ҳамин аст, ки ин ибораҳои зеборо баъди ҳар намоз сию се мартаба такрор мекунанд. Ин барои таъкид намудани маънои намоз ва мустаҳкам намудани он аст ва маҳз бо ҳамин ибораҳои кўтоҳ маъно ва ҳадафҳои намоз таъкид мегардад.

Нуқтаи дуюм: Маънои ибодат саҷда кардани банда аст бо муҳаббати хосса ва иродаи худ дар пешгоҳи илоҳӣ ва дар баробари камоли Парвардигор ва қудрати ҷовидона ва раҳмати Худованд бо ин ки (банда) худро нотавону оҷизу фақир меҳисобад.

Бале, ҳамчуноне ки салтанати Парвардигор бандагӣ ва тоатро металабад, ҳамчунин покӣ ва бе олоишии Ў онро металабад, ки Парвардигори ў аз тамоми айбу нуқсон пок буда, аз ҳама намуд афкори аҳли залолату гумроҳӣ болотар аст, ин ки Худованд аз ҳама гуна камбудиҳои коинот ва нуқсоноти он пок аст. Яъне банда бояд ин ҳамаро бо ибораи “Субҳоналлоҳ” эълон намояд.

Ҳамчунин қудрати Парвардигори бузург аз бандаи худ инро талаб мекунад, ки ҳамеша ба сӯи даргоҳи Ў паноҳ барад ва чун нотавонии шадиди худ ва аҷзи дигар махлуқотро мебинад бо ибораи “Аллоҳу акбар” эҳсони Худован ва неъматҳои Ўро бо шукру саноу сипос эълон намояд. Яъне тамоми афъол ва гуфтаҳои намоз ин маъноҳоро дар бар мегирад ва барои ҳамин маъноҳо намозро Худованди мутаъол фарз гардонида аст.

Нуқтаи сеюм: Ҳамчуноне ки инсон худ мисол ва намунаи хурдест аз ин олами бузург, ҳамин тавр сураи “Фотиҳа” мисоли мунвварест барои Қуръони Азимушшаън. Ҳамчунин намоз феҳристи нурониест, ки тамоми ибодатҳоро шомил аст ва харитаи бузургест, ки ба ҳама гуна намудҳои ибодати тамоми махлуқот ишорат мекунад.

Нуқтаи чорум: Ақрабаки соат, сония, дақиқа, соат ва рўзҳоро меҳисобад, ки ҳар яке аз инҳо метавонад барои ҳамдигар намоянда ва монанд бошад ва гоҳо ҳукми ҳамдигарро бигирад.

Ҳамчунин дар ин олами дунё, ки он соати бузурги Илоҳист, гардиши шабу рўз, ки он ба манзалаи сония соат асту солҳо ба манзалаи дақиқа ва табақаи умри инсон ва соат давраи умри ҳамаи олам ҳамчун сол ба шумор меравад, ҳар яки инҳо бо ҳам монандӣ доранду ҳукми ҳамдигарро мегиранд ва аз дигаре ёдрас мешаванд.

 Масалан, вақти намози бомдод то баромадани Офтоб аст, ки он баҳорро, замони афтидани тухми инсон дар бачадони модар, рўзи аввалине аз шаш рўзи офариниши осмонҳо ва заминро ба ёд меорад. Пас бомдод он чизеро, ки дар ин вақтҳо аз корҳои бузурги Илоҳӣ сурат гирифта аст, ба ёди инсон меорад.

 Вақти намози пешин ба миёнаи тобистон, миёни умри инсон, замони офариниши инсон дар умри олам ва тамоми он чизеро, ки дар ин корҳо аз таҷаллои раҳмат ва файзи неъматҳои Ў сурат мегирад, монандӣ дорад ва ишора мекунад.

 Вақти намози аср монандӣ дорад ва ба ёд меорад мавсими тирамоҳро, замони пиронсолӣ ва асри саодатро, ки он асри хотами паёмбарон ҳазрати Муҳаммад (с.а.в.) аст ва ҳамчунин ба ёд меорад он чизеро, ки дар ҳамаи ин замонаҳост аз корҳои Илоҳӣ ва неъматҳои Раҳмонӣ.

 Вақти намози шом рафтани аксари махлуқот, расидани поёни тармаҳо, вафоти инсон ва вайрон шудани дунё ҳангоми расидани қиёматро ба хотир меорад ва бо вуҷуди ин шом таҷаллои ҷалоли Илоҳиро ба хотир оварда, инсонро аз хоби ғафлат бедор мекунад.

 Вақти намози хуфтан фарорасии торикии олам, пинҳон шудани осори олами рўз дар зери кафани сиёҳ ва пўшидани кафани сафеди замистон болои замини мурдаро ва ҳамчунин асари вафоти инсон, дар зери пардаи фаромўши даромадани ў, пўшидани дарҳои дунёи имтиҳонро барои ҳамешагӣ ба ёд меоварад ва эълон мекунад, ки дар ин ҳама, қудрати соҳибҷалоли бузурге нуҳуфта аст.

 Вақти шаб зимистон, қабр, олами барзахро ба ёд меоварад ва илова бар ин ба ёд меорад, ки чи гуна рўҳи инсон ба раҳмати Худованд ниёз дорад.

 Намози шаб, таҳаҷҷуд ба ёд меорад, ки чи гуна инсон ба чароғе дар торикии қабр ва зулмати барзах ниёз дорад ва аз роҳи ин ҳама дигаргуниҳо неъматҳои бепоёни соҳибнеъмати ҳақиқиро ба ёд меорад ва ҳамчунин эълон мекунад, ки соҳибнеъмати ҳақиқӣ дар воқеъ сазовори ҳамду сано мебошад.

 Субҳи фардо, фардои маҳшарро ба ёд меорад. Бале, ҳамчуноне ки омадани субҳи ин шаб ва омадани баҳори ин зимистон мақбул, зарурӣ ва ҳатмист, ҳамчунин омадани субҳи маҳшар ва баҳори барзах қатъӣ ва собит шуда мебошад.

 Пас, маълум гашт ки ҳар лаҳзае аз ин вақтҳои панҷгона оғози инқилоби бузург мебошанд, ки инқилоби бузурги дигареро ба ёд меоранд. Ин замонҳо ҳамчунин муъҷизаҳои қудрати ҷовидона ва роҳнамоии раҳмати Илоҳиро ба ёд меоваранд, ки ҳам дар сол дида мешавад, ҳам дар аср ва ҳам умуми ҷаҳон ва бо ишораҳои рўзмарраи он.

 Яъне намозҳои фарзшуда, ки он вазифаи фитрӣ ва асоси бандагӣ мебошанд, хело лоиқ ва муносиби он аст, ки маҳз дар ҳамин вақтҳо бошанд.

 

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо