Маризӣ, модоме ки ғафлатро мебардорад, иштиҳоро мебурад. Ба кайфҳои ғайри машрӯъ рафтан монеъ мешавад…

ДАВОИ БИСТУ ПАНҶУМ

Эй бародари мариз! Шумо, агар хеле бо манфиат ва ба ҳар дард даво ва ҳақиқи болаззати як дармони муқаддас мехоҳед, имони худро инкишоф бидиҳед, яъне бо тавбав ва истиғфор бо намаз ва ибодат, он дармони муқаддасе, ки имон аст ва илоҷе, ки аз имон омадааст истеъмол намоед. Бале, аз рӯи муҳаббат ва алоқа ба дунё, гуё адато аҳли ғафлат, монанди дунёи бузург, мариз, як вуҷуди маънавӣ доранд. Имон бошад ба он вуҷуди маънавии ту, ки монанди дунё бо зарбаҳои завол ва фироқ дар дохили захм ва ҷароҳат қарор дорад, якбора шифо шуда аз заҳмҳо наҷот дода, ҳақиқӣ шифо додани имонро дар бисёри рилосаҳо қатъи исбот кардаем.

Ба хотири сари шуморо ба дард наёвардан сӯханро кӯтоҳ мекунам. Илоҷи имон бошад: То ҳадди имкон баҷо овардани фароиз таъсири худро нишон хоҳад дод. ғафлат, сафоҳат, ҳавасоти нафсонӣ ва лаҳвҳои ғайри машруъ таъсири он дармонро манъ хоҳад кард. Маризӣ, модоме ки ғафлатро мебардорад, иштиҳоро мебурад. Ба кайфҳои ғайри машрӯъ рафтан монеъ мешавад; аз он истифода намоед. Аз дармонҳои муқаддаси имони ҳақиқӣ ва аз нурҳои он бо тавба ва истиғфор ва бо дуо ва ниёз истеъмол намоед.

Ҷаноби Ҳақ ба шумо шифо бидиҳад, маризҳоятонаро кафорати зунуб намояд. Омин, Омин, Омин…

 

اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ الَّذٖى هَدٰينَا لِهٰذَا وَمَا كُنَّا لِنَهْتَدِىَ لَوْلَٓا اَنْ هَدٰينَا اللّٰهُ لَقَدْ جَٓاءَتْ رُسُلُ رَبِّنَا بِالْحَقِّ

سُبْحَانَكَ لَا عِلْمَ لَنَٓا اِلَّا مَا عَلَّمْتَنَٓا اِنَّكَ اَنْتَ الْعَلٖيمُ الْحَكٖيمُ

اَللّٰهُمَّ صَلِّ عَلٰى سَيِّدِنَا مُحَمَّدٍ طِبِّ الْقُلُوبِ وَ دَوَائِهَا وَ عَافِيَةِ الْاَبْدَانِ وَ شِفَائِهَا وَ نُورِ الْاَبْصَارِ وَ ضِيَائِهَا وَ عَلٰى اٰلِهٖ وَ صَحْبِهٖ وَ سَلِّمْ

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо