Марг чунон қатъию ошкор аст, ки ба монанди шаб шудани рӯз ва фарорасидани зимистон пас аз тирамоҳ, яқинан ба ӯ мувоҷеҳ хоҳем шуд…

ХУЛОСАИ МАСЪАЛАИ ДУЮМ

Ҳамон тавре, ки дар бахши Раҳнамои Ҷавонони Рисолаи Нур ба хубӣ тавзеҳ дода шуд, марг чунон қатъию ошкор аст, ки ба монанди шаб шудани рӯз ва фарорасидани зимистон пас аз тирамоҳ, яқинан ба ӯ мувоҷеҳ хоҳем шуд. Ҳамчуноне, ки ин зиндон барои воридшавандагон ва хориҷшавандагон, монанди мусофирхонаест, рӯйи замин низ, руботест барои қофилаҳое, ки бо шитоб дар ҳаракатанд то шабе дар он таваққуф кунанду фардо ба ҳаракаташон идома диҳанд. Марге, ки сокинони ҳар шаҳрро борҳо ба гӯристон равона кардааст, бешубҳа аз ҳаёт хостаи зиёде дорад. Рисолаи Нур муаммои ин ҳақиқати даҳшатнокро ҳал намуда ва кашф кардааст, ки хулосаи кӯтоҳи он, чунин аст:

Модоме, ки марг аз миён намеравад ва дарвозаи гӯр баста намешавад; бузургтарин масъала ва нигаронии аслии инсон ёфтани чора барои наҷот аз дасти ҷаллоди аҷал ва ҳуҷраи инфиродии қабр аст. Бале, ин мавзӯъ чора дорад. Рисолаи Нур бо сирри Қуръон, онро ҳамчун ду зарби ду баробари чор, қотиона исбот кардааст, ки хулосаи он чунин аст:

Марг ё эъдоми абадист; яъне чӯбаи дорест, ки фардро бо хешовандону дӯстонаш аз байн мебарад; ва ё варақаи рухсатист барои убур ба олами дигаре, ки боқист ва санади имонӣ барои вуруд ба сарои саодат ва хушбахтӣ.

Қабр низ ё ҳуҷраи инфиродии торик ва чоҳи беинтиҳост ва ё убургоҳест, ки моро аз маҳбаси дунё ба сӯйи меҳмонсаро ва гулистони нуронию ҷовидона мерасонад. Ин ҳақиқат дар “Роҳнамои Ҷавонон” бо тамсил, исбот шудааст.

Масалан: Дар ҳаёт ин зиндон, чӯбаҳои эъдомӣ, барои ба дор овехтан қарор додаанд ва пушти девор, маросими қуръакашии бузурге ҳаст, ки ҳама оламиён дар он иштирок доранд. Иштирок накардани мо панҷсад нафаре, ки дар ин зиндон ҳастем беистисно номумкин аст. Ҳамаи моро як ба як, ба майдон хоҳанд бурд. Мумкин аст бигуянд: “Биё, гувоҳи нобудиатро бигиру болои чорпоя бирав” ё “тазкираи ҳабси инфиродии ҳамешагиро бигиру аз ин даре, ки кушодааст убур кун” шояд бигуянд: “Мужда! Чиптаи бахтозмоият барандаи миллионҳо сиккаи тилло шудааст, биёву онро гир!” Мо ба чашми худ мебинем, ки ҳама ба навбат ба сӯйи дор мераванд. Гурӯҳе эъдом мешаванд; гурӯҳи дигар чӯбаи дорро нардбон мекунанду худро ба паси девор, ҳамон ҷо ки маросими бахтозмоист мерасонанд. Инро маъмурони ҷиддӣ, қатъӣ ва яқинан ба мо мегуянд, гӯё худ шоҳиди он будаем. Дар ҳамин асно, ду ҳайъат вориди ҳабсхонаи мо мешавад.

Қофилае, ки созу шаробу шириниҳо, бо бақлаваҳои зоҳиран лазиз дар даст доранд, кӯшиш мекунанд аз онҳо бамо низ бихӯронанд. Аммо хӯрокҳояшон заҳролуд аст, шаётини инсӣ онҳоро заҳролуд карданд.

Ҷамоат ва ҳайати дуюм, тарбиянома ва ғизоҳои ҳалол, нӯшокиҳои дилнишин дар даст доранд, ба мо ҳадия мекунанд, ҳама ба иттифоқ ва хеле ҷиддӣ мегуянд: “Агар ҳадияҳои гурӯҳи аввалро — ки ба манзури имтиҳон ба шумо пешниҳод шуда, қабул кунеду бихӯред, шумо низ монанди касоне, ки мебинед болои дор мераванд, ба дор овехта мешавед. Аммо агар ҳадияҳои моро, ки ба фармони ҳокими ин диёр бароятон овардаем бипазиред ва дуову зикрҳоеро, ки дар китобҳову тарбияномаҳоямон аст, бихонед, аз овехтани ба дор наҷот хоҳед ёфт. Бидонед ва ҳамчун рӯз бовар кунед, ки дар он маросими бахтозмоӣ, ба лутфу эҳсони шоҳонаи ҳар кадоматон барандаи як миллион сиккаи тилло хоҳед шуд. Агар он шириниҳои ҳарому шубҳанок ва заҳролудро бихӯред, пеш аз рафтан ба сӯйи чӯбаи дор низ, дард хоҳед кашид. Ин масъаларо фармонҳои мазкур ва мо яқинан ба шумо хабар медиҳем.”

Мутобиқи ин тамсил, дар паси чӯбаи дори аҷал, ки ҳамеша пеши чашмонамон аст, маросими бахтозмоии муқаддароти навъи башар вуҷуд дорад. Бешубҳа бояд дарёбем, ки дар ин маросим барои аҳли имону тоат (ба шарти ҳусни оқибат) чиптаи хазинаҳои ҷовидонаю бепоён, фароҳам хоҳад буд; ба эҳтимоли сад дар сад барои ононе, ки беэътиқод буда, машғули айшу нуши ҳарому гарданкашию фисқ будаанд (ба шарти тавба накардан) нестии ҳамешагӣ (барои ононе, ки муътақид ба охират нестанд)  ё ҳабси инфиродии торики абадӣ (барои ононе, ки бақои рӯҳро қабул доранд, аммо ба лаҳву бозӣ мепардозанд) фароҳам шудааст. Дар ибтидо инро яксаду бисту чаҳор ҳазор (124.000) пайғамбар (а.с.) ки нишонаи тасдиқ дар даст доранд ва мӯъҷизоти фаровон доштаанд, ба эҳтимоли наваду нӯҳ дар сад, хабар додаанду гуфтаанд, ки гурӯҳи охир, эълони шақовати абадиро мегиранд. Ба ҳамин тартиб зиёда аз яксаду бисту чаҳор (124.000) миллион валӣ (қаддасаллоҳу асрораҳум), ки дар пайи хабари пайғамбарон, сояву асари ононро бо кашфу завқ мушоҳида намуда, таъйиду тасдиқ кардаанд ва миллиардҳо муҳаққиқ[1] муҷтаҳид ва сиддиқе, ки омадаанду рафтаанд, хабари ин ду гурӯҳ аз номдорони башариро ба мададу ақл ва бо бурҳонҳои қатъию ҳуҷаттҳои қавӣ ва бо фикру мантиқ, яқинан ва бо имон, исботу тасдиқ намудаанд. Ба воситаи ин се гурӯҳи бузургу олии ҷомеаи башарӣ, ки чораҳои тобони навъи инсонанд, аҳли ҳақиқатанд ва ба монанди хуршеду моҳ ва ситорагон медурахшанд ва дар мавқеияти фармондеҳи қудсии башар қарор доранд, хабари мазкур ба иҷмоъу тавотур ба мо расидааст; ҳоло бубинем, вазъияти касеро, ки ба ин суханон таваҷҷӯҳ намекунад ва ба сироти мустақим, ки онон нишон медиҳанд ва рӯ ба сӯйи саодат дорад намеравад, ба эҳтимоли наваду нӯҳ дар сади хатар, таваҷҷӯҳе надорад; ҳамин фард дар ҳолати оддӣ, ҳатто агар як нафар бигуяд: Дар роҳе, ки меравӣ, хатар ҳаст, роҳи дигареро агар тӯлонӣ ҳам бошад  интихоб мекунад. Албатта ва албатта  вазъияти ӯ чунин аст:

Кӯтоҳтарин ва осонтарин роҳеро, ки  — мухбирони бешумор бо қотиияту яқин аз он хабар додаанд — ва сад дар сад ба биҳишту саодати абадӣ, интиҳо мешавад, раҳо карда, душвортарину дарозтарин ва бадтарин роҳеро, ки ба эҳтимоли навадунӯҳ дар сад ба маҳбаси ҷаҳаннаму шақовати доимӣ интиҳо мешавад, интихоб мекунад. Бечорае, ки дар дунё низ, кӯтоҳтарин роҳро бар асоси хабари эҳтимолан дуруғи фардӣ ва бо эҳтимоли як дар сади хатар, масалан хатари як моҳ ҳабс, ин роҳи кӯтоҳро раҳо карда, роҳи тӯлонитари беманфиатеро интихоб мекунад, таноҳо барои ин, ки бехатар аст; монанди девонаҳои сармаст ба аждаҳорҳое, ки дар дуриҳо дида мешаванд, беаҳамиятӣ карда ба сӯйи онҳо меравад, ва машғули пашшаҳо шуда, онҳоро муҳим медонад ва ақлу қалбу рӯҳу инсонияти худро аз даст медиҳад.

Модоме, ки ҳақиқати ҳол ин аст; мо зиндониён, барои гирифтани интиқоми пурра аз ин мусибат, бояд ҳадяҳои ҳайати дуюмро пазирем. Ҳамон тавре, ки лаззати як дақиқа интиқом ё чанд дақиқа ё чанд соати айшу нуш, боис шуд мо дучори ин мусибат шавем ва понздаҳ сол ё панҷ сол ё даҳ сол ё ду – се сол дар зиндон бимонему дунё бароямон зиндон шавад. Бояд дар зиддияту мухолифат бо ин мусибат як-ду соат аз замони ҳабсро табдил ба ибодати як-ду рӯза кунем ва муҷозоти ду – се солаи худро бо ҳадяҳои он қофилаи муборак, табдил ба умри бист – сӣ солаву доимӣ намоем ва даҳ ё бист сол ҳабсамонро василае қарор диҳем барои халосӣ аз миллионҳо сол ҳабс дар зиндони ҷаҳаннам. Дар баробари гиряи дунёи фонӣ, бояд бар лабони ҳаёти ухравиямон лабханд шинонем. Ба ин тартиб аз мусибате, ки гирифтораш шудаем интиқом бигирем. Бояд зиндонро ҷойе барои тарбияшудан бидонем ва барои ватану миллатамон афроди муфид,  мутмаину бо тарбия шавем. Маъмурону мудирон ва масъулони зиндон низ, касонеро ки гумон мекунанд ҷинояткору шақию қотилу табоҳкор ва музир барои ватан ҳастанд, бояд талабаҳое бубинанд, ки дар омӯзишгоҳи мубораке, машғули фаолиятанд ва бояд бо ифтихор  Худовандро шукр бигуянд.

[1] Ҳошия: Танҳо яке аз он муҳаққиқон, Рисолаи Нур аст. Бахшҳои гуногуни он, ки бист сол аст саркаштарин файласуфону мутамарридтарин зиндиқонро ба сукут во дошта дар миён аст, ҳама метавонанд онро бихонанд, касе ҳам эътироз намекунад.

Аз куллиёти Рисоли Нур

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо