Ман нағунҷам дар самовоту замин. Аз аҷаб ғунҷам ба қалби мӯъминин…

Калимаи ёздаҳум

 

بسم الله الرحمن الرحيم

وَالشَّمْسِ وَضُحَاهَا (*) وَالْقَمَرِ إِذَا تَلَاهَا (*) وَالنَّهَارِ إِذَا جَلَّاهَا (*) وَاللَّيْلِ إِذَا يَغْشَاهَا (*) وَالسَّمَاءِ وَمَا بَنَاهَا (*) وَالْأَرْضِ وَمَا طَحَاهَا (*) وَنَفْسٍ وَمَا سَوَّاهَا (*)٭الخ

Эй бародар!  Мехоҳӣ андаке аз асрори ҳикмати олам, ва муаммои офариниши инсон, ва рамзҳои ҳақиқати намоз огоҳ шавӣ, пас ҳамроҳи ман ба ин ҳикояи тамсилии кӯтоҳ бияндеш!

 

Замоне подшоҳе буд, бисёр сарватманд ва дорои хазинаҳои бешумор, ки ҳамаи навъи ҷавоҳир, алмос ва зумруд дар он ёфт мешуд. Илова бар ин, хазинаҳои бисёр шигифтангези дигаре низ дошт ва аз камолоташ дар бахши санойиъи ғарибу пешрафта, маҳоратҳои чашмгире дошт, дар мавриди улум ва навовариҳои аҷибу бешуморе иттилоъу иҳотаи ҳамаҷониба ва аз улуму дониши ҷадид, фаровон ва фарогире бархурдор буд.

 

Ин аз асрор аст, ки дорандаи ҳар ҷамолу камол дӯст дорад, ҷамолу  камолашро ҳам худ бубинад ва ҳам ба дигарон нишон диҳад, пас ин султони бошукӯҳ низ хост намоишгоҳе барпо кунад ва осорашро ба намоиш бигӯзорад ва ба ин тариқ  таваҷҷӯҳи раъияташро ба шукуҳи салтанат, шуълаи сарват, шигифтаҳои санъат ва ғароиби маърифаташ ҷалб кунад, ва ҷамолу камоли маънавиашро ба «ду тариқ» мушоҳада намояд:

 

Аввал: Шахсан бо нигоҳи шарфандеши худ бубинад.

 

Дуюм: Бо нигоҳи дигарон бингарад.

 

Ба ин манзур, қасри бузургу васеъ ва мӯҳташамеро сохт, ва ба шакли зебое ин қасрро дар ошёнаҳо ва утоқҳои ҷудогонае бино кард, ҳар табақаро бо ҷавоҳирот ороиш дод ва  бо латифтарин ва зеботарин осори санъаташ зиннат бахшид, бо зарифтарин фунуни илму ҳикматаш назму тартиб дод ва бо осори муъҷизавори дониши худ муҷаҳҳаз кард. Пас аз такмили қаср сафарҳои рангинеро дар он густурд ва аз анвоъи ғизоҳову неъматҳояш лазизтарин навъи онро рӯйи суфра гузошт ва барои ҳар гурӯҳ суфраи хоссе ва муносибе ихтисос дод, ба ин тариқ чунон меҳмонии бузургу умумӣ тадорук дид, ки баёнгари саховату тавонгарии ӯ дар санъат буд, гуё ҳар суфра бо намоиши неъматҳои бо арзишу бешуморе пур аз садҳо осору намунаҳои санъати печидаву дақиқи ӯ буд.

 

Сипас аҳолӣ ва раъияти худро аз саросари мамлакаташ ба тафриҳу тамошо ва меҳмонӣ фаро хонд, ва ба яке аз ёварони паёмрасонаш асрору ҳикматҳои қаср ва маънову мафҳуми мӯҳтавиёти печидаи онро омӯзонд ва ӯро ба унвони устоду муарриф баргузид, то сониъу созандаи қаср ва муҳтавиёти онро ба раъияташ бишиносонад ва рамзҳоеро, ки дар нақшу нигорҳои қаср нуҳуфта аст ба онон бифаҳмонад ва ҳадафҳову ишороти саноиъи даруни онро ба дигарон биомузонад ва ба ононе, ки дохили қаср ҳастанд бифаҳмонад, ки мафҳуми ҷавоҳироти ороста ва нақшҳои мавзуни қаср чист? ва чигуна ба камолу маҳорат ва ҳунари соҳиби қаср далолат дорад ва одоби духул ва расму оини қаср ва шеваҳои барпо доштани маросими ташрифотро ба гунае ба мардум таълим диҳад, ки ризоияти подшоҳро ки аз дида пинҳон аст ҷалб кунад.

 

Ин устоди муъарриф, ки дар ҳар яке аз табақот ҳамкороне дорад, худ дар бузургтарин табақаи қаср ва дар байни шогирдонаш истода  хитоб ба ҳамаи тамошогарон карда чунин гӯфт:

Эй мардум! Мавлои мо, соҳиби ин қаср, бо сохтани ин қаср ва намоишу муҳтавиёти он мехоҳад, худро ба шумо муъаррифӣ кунад, шумо низ Ӯро бишиносед  онгӯна, ки шоиста аст, барои шинохтани Ӯ кушишу талош кунед.

Ӯ бо ин зиннатҳо мехоҳад, худро маҳбуби шумо кунад, шумо низ корҳояшро таҳсину санъаташро қадрдонӣ кунед, ба ин васила худро маҳбуби ӯ гардонед.

Ҳам бо ин ҳама неъматҳо ва эҳсонҳое, ки ба шумо арзонӣ дошта нишон медиҳад, ки дӯстатон дорад, шумо низ бо итоат аз фармудаҳояш, муҳаббати худро нисбат ба ӯ изҳор доред ва бо ин ҳама икрому инъом, ошкору аён, ва шафқату раҳматашро ба шумо иброз медорад, шумо низ бо шукру сипос, ҳурмати ӯро нигоҳ доред.

Ӯ мехоҳад бо осору камолаш дар ин маснуоти зебо, ҷамоли маънавиашро изҳор кунад, пас шумо ҳам шавқу рағбати худро барои мулоқоту дидор ва касби ризоияташ нишон диҳед.

Ӯ бо гӯзоштани муҳри махсус, хотами махсус ва турраи қобили тақлидаш рӯйи тамоми маснуъот ва зиннатҳое, ки дидем мехоҳад бо шумо бигӯяд, ки ҳамаи он чиро дидед, махсуси худи ӯст, ва аз осори дасти худи ӯ буда ва якау танҳо ва мустақиллу мунфарид аст ва шумо ҳам ӯро ягона ва якто, бе мислу монанд ва бе ҳамто бидонед ва бовар кунед.

 Ин муалими бузургвор бо чунин суханоне, ки мақому азамати подшоҳ аст, тамошогаронро хитоб қарор дод, сипас аҳолии қаср ба ду гурӯҳ тақсим шуданд:

 

Гурӯҳи аввал: Касоне, ки ба худшиносӣ расиданд ва дорои қалби поку беолоиш ва ақли солим ҳастанд. ин гурӯҳ ҳангоми боздид чунин ба шигифтиҳои даруни қаср нигаристанду гӯфтанд: «ин корест басо бузург! Ва рози махфӣ дар он нуҳуфта аст!» пай бурданд, ки ин корҳо абас ва беҳуда, бозиву саргармӣ нест, кунҷков шуданд ва аз худ пурсиданд: «Рамзи ин кор чист? чи розҳое дар он нуҳуфта аст?»

 

Дар ҳоли фикр кардан буданд, ки ногаҳон суханронии он Устодро, ки ҳарф мезад, шуниданд ва дарёфтанд, ки калиди асрор назди ӯст, пас бо шитоб ба сӯйи ӯ рафтанду гӯфтанд: «Ассалому алайка ё айюҳа-л Устод! Чунин қасри пуршукӯҳе ҳатман бояд муъаррифи содиқу шарфандеше чун шумо дошта бошад, пас лутфан ончиро, ки Мавлои мо ба ту омӯхтааст ба мо биомӯз.»

 

Устод низ суханронии чанд лаҳза қаблашро ба онҳо ёдоварӣ намуд, онҳо низ бо дилу ҷон шуниданду пазирӯфтанд, ва баҳраи шоёнае аз он бурданд, ва дар доираи марзиёти подшоҳ ҳаракат карданд, дар натиҷа подшоҳ аз кирдору рафтори муаддабонаи онҳо хурсанд шуду изҳори ризоият намуд, ва онҳоро ба қасри махсусу олӣ ва васф нопазири дигаре фаро хонд, ва машмули эҳсонҳои худ кард, ба гунае, ки лоиқи ҷавводи малик ва шоистаи аҳолии фармонбардор ва муносиби меҳмонони муаддаб ва зебанда, чунин қасри бо шукӯҳе буд, ононро гиромӣ дошт ва ба саодати доимӣ муфтахар гардонид.

 

Гурӯҳи дуюм: Онҳое, ки чун ақлҳояшон фосид, ва қалбҳояшон бенур буд вақте по ба қаср гӯзоштанд, мағлуби хоҳишоти нафсонӣ шуданд ва танҳо ба ғизоҳои лазиз таваҷҷӯҳ карданд, аз дидани тамоми он маҳосин чашм пушиданд ва ба иршоду раҳнамоиҳои Устоду шогирдонаш гӯш фаро надоданд, ҳамчун ҳайвон хурданд ва ба хоби ғафлат фурӯ рафтанд ва бар асари зиёдаравӣ дар хурдану нушиданиҳои мамнӯъе, ки барои ҳадафҳои хоссе дар онҷо гузошта шуда буд масту мадҳуш шуданд, ва бо фарёду арбадаашон сабаби азияту озори меҳмонони дигар шуданд, дар баробари қонунҳои зишаън густохӣ ва бе одобӣ намуданд, аз ин сабаб сарбозони подшоҳ онҳоро дастгир ва ба зиндоне, ки сазовори чунин густохӣ буд равона кард.

 

 Эй дӯсте, ки бо ман ин ҳикояро мешунавӣ! Ҳатман фаҳмидаҳое, ки он Ҳокими бузург ба хотири ҳадафҳову мақсадҳои мазкур ин қасрро сохтааст, пас расидан ба ин мақсадҳо «ду чиз» вобастагӣ дорад:

 

 Якум: Вуҷуди ҳамин Устодест, ки дидему баёноташро шунидем, агар ӯ намебуд ҳамаи мақсадҳо барбод мерафт.

Бале, китоби бемафҳум ва бидуни муаллим, як порча коғази бе маъност.

 

  Дуюм: Гӯш фаро додани мардум ба суханони он Муалим ва пазируфтани он. Пас вуҷуди Устод дар ин қаср лозим ва зарӯрист, ва гӯш додани аҳолӣ ба ӯ низ, сабаби бақои қаср аст. Аз ин рӯ метавон гӯфт, ки агар ин устод намебуд, подшоҳи воломақом ин қасрро намесохт ва боз метавон гуфт: Ҳар гоҳ мардум ба суханони ӯ гӯш фаро надиҳанд ва эътиноӣ накунанд, Подшоҳ табдилу дигаргунӣ дар қаср эҷод хоҳад кард.

 

   Эй дӯст! Ҳикоя дар инҷо ба поён расид, агар ба асрори ин мисол пай бурдаӣ ба ҳақиқати он низ пай бубар:

Ин қаср, ин дунё, ва сақфаш, осмонест бо ситорагони мутабасиму дурахшон, ва фаршаш низ замин аст, ки аз шарқ то ғарб намунаҳои гуногӯне аз гулҳои рангин зиннат дода шудааст. Он Подшоҳи бузӯрг Зоти Муқддаси Илоҳӣ ва Султони азалу абад аст, ки ҳафт табақаи осмону замин ва он чи дар он ҳаст, бо забони махсус ба худ аз ӯ тақдису ситоиш карда ва тасбеҳи ӯро баҷо меоварад ва ҳамон Малику Қадирест, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид, ва шабу рӯзро ҳамчун ду хати сиёҳу сафед дар пушти сари ҳам ба ҳаракат даровард, ва бар сафҳаи коинот оёташро навишт, ва хуршеду моҳу ситорагон таҳти амри Ӯянд, Ӯст Рабби Арши азим ва Ӯст боҳашамату боқудрат.

 

Утоқҳои он қаср, ҳаждаҳ ҳазори оламаст, ки ҳар кадом муносиб бо шароите, ки дорад зиннату танзим шудаанд. Ва санъатҳои аҷиби даруни қаср муъҷизоти қудрати Илоҳӣ ҳастанд, дар ин олам намоёнанд. Ва ғизоҳои лазизе, ки дар қаср мушоҳида намудӣ ба раҳмати Илоҳӣ дар ин олам ишора дорад аз қабили: самараҳои хориқулоддае, ки ошкоро дар тамоми фаслҳои сол ба вижа дар тобистон хусусан дар боғҳои Барла дида мешавад. Ошпазхонау он шуълаҳо низ сатҳи замин аст, ки қалбаш пур аз оташ мебошад.

 

Ҷавоҳироте, ки дар ганҷҳои пинҳон дида будӣ, дар воқеъ таҷаллиёти асмои қудсияи Илоҳӣ аст ва нақшу нигорҳое, ки ҳамроҳ бо рамзҳои он дидем маснуъоти зиннатбахши ин ҳастӣ ва нақшҳои мавзуни қалами қудрати илоҳист, ки ба номҳои Қадиру Зулҷалол далолат доранд. Он устод, Сайидамон ҳазрати Муҳаммад (с.а.в) аст, ҳамкоронаш Анбиё алайҳимуссалом мебошанд ва шогирдонаш Авлиёву Асфиё ҳастанд. Хизматгузори он Подшоҳ ба Малоика алайҳимуссалом ишора дорад, ки дар ин оламанд. Манзур аз ононе, ки ба тафриҳу меҳмонӣ даъват шуда буданд, ҳам ба ҷинну инс ва ҳам ба ҳайвоноте, ки дар ин мусофирхонаи дунё дар хизмати инсон ҳастанд, ишора дорад.

 

Аммо он ду гурӯҳ: Гурӯҳи якум аҳли имонанд, ки шогирдони остони Қуръони Ҳакиме ҳастанд, ки муфассири оёти китоби коинот аст, ва гурӯҳи дигар аҳли куфру саркашанд, ки бо пайравӣ аз нафсу шайтон ҷӯз зоҳири зиндагонии дунё дигар чизеро нашинохтанд, онҳо ҳамчун ҳайвонот балки аз онҳо пастар, карон, гунгон ва гурӯҳи золлин (гумроҳон) ҳастанд.

 Аммо гурӯҳи нахуст, ки саодатмандону аброр ва неконанд ба суханони он муаллими бузург ва устоди зулҷаноҳайн гӯш фаро доданд. Он устод ҳам банда аст, ки аз нуқтаи назари бандагиу убудият Ҷаноби Ҳақро таърифу тавсиф мекунад, аз ин ҷиҳат ӯ дар маҳзари Илоҳӣ дар ҳукми намояндае барои уммат аст, ва ҳам расул аст, ки аз лиҳози рисолат аҳкоми Парвардигорашро тавассути Қуръони карим барои ҷинну инс таблиғ мекунад.

 Ин ҷамоъати хушбахт пас аз шунидани суханони Расул ва гӯш фаро додан ба фармудаҳои Қуръон, якбора худро дар либоси муваззаф ба вазифаҳои бисёр латифу мартабаҳо ва мақомоти бисёр волое ҳамроҳ бо намоз диданд, намозе ки дар ҳукми феҳристи анвои ибодот ба шумор меравад.

 

Бале, вазифаҳову мақомҳо ва маротиби волое, ки аз кору ҳаракоти гуногуни намоз ба онҳо ишора дорад, муфассалтар диданд. Аз ҷумла:

Аввал: Бо мушоҳидаи осоре, ки ба сурати муомилаи ғаёбӣ, худро дар ҷойгоҳи тамошогарони маҳосини салтанати Рубубият ёфтанд. Аз ин рӯ бо гӯфтани «Аллоҳу Акбар» вазифаи такбиру тасбиҳро адо намуданд.

Дуввум: Бо дидани худ дар мақоми муаррифу таблиғгари осори дарахшону навовариҳои парвардигор, ки манзалаи ҷилваҳои асмои қудсии Илоҳист «Субҳоналлоҳи ва-лҳамдулиллоҳ» гӯфтанд, ва вазифаи тақдису таҳмидро анҷом доданд.

Сеюм: Қарор гирифтан дар мақоми идроки неъматҳое, ки дар ганҷинаҳои раҳмати Илоҳӣ захира шудааст ва пас аз чашидани онҳо бо ҳаввоси зоҳириву ботинӣ вазифаи шукргузориву ситоиши Парвардигорро оғоз намуданд.

Чорум: Дар мақоми маърифату шинохтан, бо санҷиши меъёрҳои маънавӣ, ҷавоҳири ганҷҳои асмои Илоҳиро санҷида, ба вазифаи танзиҳу мадҳ пардохтанд.

Панҷум: Бо гом ниҳодан дар мақоми мутолиакунандаи мактуботи Раббонӣ, ки бо қалами қудраташ рӯйи сафҳаи қадар навишта шудааст, ба вазифаи тафаккуру таҳсин пардохтанд.

Шашум: Дар мақоми танзиҳу мадҳ, бо тамошои зарофату зебоиҳои дилрабои мавҷуд дар офариниши мавҷудот ва санъати маснуъот, вазифаи муҳаббату иштиёқ ба Фатири Зулҷалолу Сонеъи Зулҷамол онро адо карданд.

Бад-ин тариқ, баъд аз мушоҳидаи коинот ва осори мавҷуд дар он баъд аз ин, ки бандагӣ ва ибодати худро ба сурати муомилаи ғайбӣ анҷом доданд, ин вазифаҳоро дар мақомҳои мазкур адо карданд, ба дараҷаи тамошои аъмолу афъоли Сонеъи Ҳаким ва мушоҳидаи он муомила намуданд ва ба сурати муомилаи ҳузури нахуст бо маърифати саршор аз ҳайрату шигифтзада аз таърифи Холиқи Зулҷалол бо нишон додани муъҷизоти санъаташ аз худ ба аҳли зишуур равия медиҳад, истиқбол намудан ва гӯфтанд: سُبْحَانَكَ مَاعَرَفْنَاكَ حَقَّ مَعْرِفَتِكَ бале “муъҷизоти мавҷуда дар ҳамаи махлуқотат, муаррифи зоти волои туанд”.

 

Сипас бо муҳаббату ишқ нисбат ба Парвардигори раҳмоне ки бо меваҳои зебои раҳматаш худро маҳбуб намуда истиқбол карданду гӯфтанд:  إِيَّاكَ نَعْبُدُ وَإِيَّاكَ نَسْتَعِينُ

Сипас бо ибрози шукру сипос ба пешвози Мунъими Ҳақиқӣ рафтанд, ки бо додани неъматҳои покаш лутфу марҳаматашро изҳор мекунад ва бо ҳузур дар остони Ӯ чунин ба ниёзаш пардохтанд:  وَبِحَمْدِكَسُبْحَانَكَ  “Чигуна метавонем аз уҳдаи шукрат бароем?! Ту сазовори чунон шукре ҳастӣ, ки ҳамаи эҳсонҳои парокандаат дар гетӣ бо забони ҳоли худ, шукру санои туро мегуянд, тамоми неъматҳои мавҷуда дар бозори олам ва парокандаи рӯйи замин бо эълони номаҳои худ тӯро меситоянд, ва меваҳои мунзами раҳмату меваҳои мавзуни неъматат бо гувоҳиву шаҳодат ба ҷуду карамат шукру сипоси туро дар назари махлуқот ба ҷо меоваранд”.

 

Сипас дар оинаҳои мавҷудоти мутағайири рӯйи коинот Ҷамолу Ҷалол ва Камолу Кибриёи Парвардигорро диданду баробари он бо гӯфтани اَللّٰهُاَكْبَر  бо аҷз омехта бо таъзим ба рукӯъ рафтанд ва бо муҳаббату фурӯтаниву фано шигифтзада, ва мутаҳайир сар ба саҷда ниҳоданд.

 

Сипас бо изҳори фақру ҳоҷоти худ бо дуову ниёз ба пешвози Ғании Мутлақе рафтанд, ки сарвати бе поёну раҳмати фарогирашро дар пеши чашми ҳамагон намоён мекунаду фарёди وَإِيَّاكَ نَسْتَعِينُ сар доданд.

 

Сипас бо дидани саҳнаҳои намоиши Сонеъи Зулҷалол ки латофату зарофат, зебоӣ ва фавқулода будани санъаташро дар маърази диди ҳамагон қарор дода аст, бо гуфтани “Чи зебо офарида шудааст” маротиби тақдиру таҳсини хешро иброз намуда ва бо мушоҳидаи ин ҳама зебоиҳо بَارَكَاللّٰهُ гӯфта, ва бо гӯфтани آمَنَّا шаҳодат доданду шигифтзада фарёд бароварданд: “Биёед бубинед” ва бонги حَىَّعَلَىالْفَلاَحِ сар доданд ва гуфтанд: “Бубинед ва гувоҳ бошед.”

 

Сипас бо қабули тавҳиду тасдиқи он Султони азалу абад, дар муқобили эълони салтанати Рубубият изҳори ваҳдонияти Султон дар тамоми коинот سَمِعْنَاوَاَطَعْنَا гуфтанду таслим шуданд ва итоат карданд.

 

Саранҷом бо убудият, ки баёнгари аҷз ҳамроҳ бо заъфу фақр ҳамроҳ бо ниёз аст ва бо намоз, ки хулосаи аз ҷамъи ибодатҳост, посухи худро ба изҳори улуҳияти он Раббу-л оламин эълон доштанд.

 

Бад-ин тариқ, бо анҷом додани чунин вазоифу ибодатҳои гуногун, фаризаи умр ва вазифаи ҳаёташонро дар ин масҷиди бузург номбурда ба дори дунё адо намуданд, то ин, ки сурати “Аҳсани тақвим”-ро ба худ гирифтанд, ва ба мақоми “Ашрафи махлуқот» ноил шуданд, зеро бо баракати нерӯи имону амну амонате ки дар сиришташон ба ваъдият гузошта шудааст, Халифаи амини рӯйи замин шуданд.

 

Пас аз ин ки аз майдони касби таҷрубаву майдони имтиҳон сарбаланд берун омаданд, Парвардигори Карим онҳоро ба подоши имонашон ба сӯйи саодати абадӣ даъват мекунад ва ба подоши Исломияташон ба Доруссалом фаро мехонад, ва онҳоро бо неъматҳое мавриди лутфу икром қарор медиҳад ва қарор дода аст, ки на чашме монанди онро дида аст, на гӯше васфи онро шунида, ва на ба қалби башар омадааст, шомили раҳмати Парвардигор шудаанд, ва ба ҷовидонагию абадияту бақо расиданд, чун он дилдодае, ки муштоқона ҷамоли абадиро тамошо мекунад, ва ошиқе, ки ҳамчун оинае онро инъикос медиҳад, ҳатман бояд пойдор бимонад ва ба абад биравад.

 

 Бале ин аст, фарҷому оқибати шогирдони Қуръон. Парвардигорро моро аз зумраи онон бигардон! Омин!

Аммо гурӯҳи ашрору фуҷҷор, вақте дар синни булуғ ба қасри ин олам по ниҳоданд, ҳама далоили ваҳдониятро бо куфр посух доданд, дар баробари тамоми неъматҳо ношукрӣ карданд ва ҳама мавҷудотро ба беарзишӣ мутаҳам кардаву бо куфру кофириашон таҳқир намуданд, ва ба хотири радду инкори таҷалиёти ҳама асмои Илоҳӣ дар замоне  кӯтоҳ ҷинояти басо бузурге муртакиб шуданд ва мустаҳиққи азоби абадӣ гардиданд. Бале, сармояи умру имконоту аъзо ва ҳиссиёти инсонӣ ба ин далел ба инсон дода шудааст, ки вазифаҳои мазкурро анҷом диҳад.

 

Пас эй нафси саргардон! Ва эй дусти фирефтаи хоҳишҳои нафсонӣ! Оё фикр, мекунед, вазифаи зиндагиатон фақат инаст, ки бо гироиш ба маданияту шеваи тарбиятии он тамоюлоти нафсонии худро бароварда созед, гуфтани он дур аз адаб аст, яъне вақти худро танҳо сарфи шаҳвату фарҷу шикам парастӣ кунед? Ё фикр мекунед, ки ин ҳама латоифи зарифу маънавиёт ва аъзову ҷиҳозоти ҳассосу ҷавориҳу таҷҳизоти пешрафта ва ҳавосу ҳиссиёти кунҷков фақат ба ин далел дар дастгоҳи вуҷудатон насб шуда ва танҳо ҳадаф инаст, ки дар ин ҳаёти фонӣ ҳавасҳои норавои нафси разилро бароварда созед? ҳаргиз ва абадан! Балки ҳадафи офариниш аз гунҷонидани ин абзору таҷҳизот дар ниҳоду фитрататон ба «ду асос» устувор аст:

 

Якум: Ҳисси дарку шуури шукргузориро дар баробари яко-яки неъматҳои мунъими ҳақиқие ки ба шумо медиҳад, шумо низ бояд онро эҳсос намуда ва ба шукру ибодаташ бипардозед.

 

Дувум: Заминаи маърифату шинохти як ба як ҳамаи анвоъи таҷаллиёти асмои қудсияи Илоҳиро ки дар ҳастӣ таҷаллӣ намуда аст, тавассути он таҷҳизот барои шумо фароҳам кунаду бифаҳмонад, ва бичашонад, шумо низ бо чашидани он кушиш ба шинохти он исмҳо кунеду имон биёред.

 

Аз ин рӯ бар мабнои ин ду асос, камолоти инсонӣ нашъу намо карда ва ба василаи он аст, ки инсон, инсони ҳақиқӣ мешавад.

 

Акнун мисоле меоварем то бидони ки имконоту ҳиссиёт ва аъзои дода шуда ба инсон ба хилофи ҳайвон, фақат барои ба даст овардани ҳаёти дунявӣ нест.

 

 Масалан, як зот ба яке аз хизматгоронаш бист сикка (тилло) дод, то аз навъи порчаи махсусе либосе барои худ бихарад, хизматгор рафту либосе аз ҷинси аъло барои худ хариду пӯшид ва боз ҳамин зот ба хизматгори дигараш ҳазор сикка дод, ва қоғази ёддоштеро низ дар кисааш гузошту ӯро барои тиҷорат фиристод.

 

 Акнун ҳар оқиле медонад, ки аз додани ин ҳама пул танҳо хариди либос нест, чун хизматгори якумӣ фақат бо бист сиккаи он аз беҳтарин навъи либос харида буд, акнун агар ин хизматгори дуввум бо беэътиноӣ ёддоштеро ки ба ӯ додашудааст нахонад ва бо тақлид аз хизматгори якум тамоми сармояашро ба дукондор бидиҳаду аз кӯҳнатарин ва  панҷоҳ мартаба арзонтар либос  нисбат ба дусти худ харид намояд, ин кори ӯ бениҳоят аҳмақист, аз ин ҷиҳат бояд ба шиддат танбеҳ шавад.

 

 Эй нафсам ва эй дустам! Ақлатонро ба саратон гиред ва сармояи умр ва истеъдоди ҳаётиатонро ҳамчун ҳайвон ва ҳатто баттар аз ҳайвон барои ин ҳаёти фонӣ ва лаззати моддӣ сарф накунед, дар ғайри ин сурат бо ин, ки сармояи фаротар аз ҳайвон доред ба мақоми поинтар аз пастарин ҳайвонот хоҳед расид.

 

 Эй нафси ғофилам! Агар мехоҳӣ гӯшае аз ҳадафҳо, ҳам аз моҳияти ҳаёт, ҳам аз сурати ҳаёт, ҳам аз сирри ҳақиқатҳои ҳаётат ва роҳи расидан ба камоли саъодати ҳаётро як дараҷаи онро бифаҳмӣ:

 

Бидон ки ҳадафҳои ҳаёти ту дар нӯҳ амр ба тартиби зер хулоса шудааст:

 

 Якум: Адои шукри куллӣ ва санҷидани неъматҳои захиршуда дар анборҳои раҳмати Илоҳӣ ба василаи тарозуҳои ҳаввоси мавҷуд дар вуҷудат.

 

 Дуввум: Кушодани ганҷҳои пинҳони асмои қудсии Илоҳӣ ба василаи калиди ҷиҳозоти ниҳода шуда дар фитратат ва шинохти Зоти ақдаси Парвардигор тавассути он исмҳо.

 

 Сеюм: Огоҳона, санъатҳои ғарибу ҷилваҳои латиферо ки асмои Илоҳӣ ба тӯ дода шуда, дар намоишгоҳи дунё ва дар назари махлуқот изҳор куниву дар зиндагиат ба намоиш гузорӣ.

 

 Чаҳорум: Эълони бандагиат дар даргоҳи Рубубияти Парвардигор бо забони ҳолу қол кирдору гуфтор.

 

 Панҷум: Бале, ҳамон гуна ки сарбоз дар муносибатҳои расмӣ медалҳоеро пӯшида, ки Подшоҳ ба ӯ додааст ва бо убур аз пеши чашми подшоҳ осори латиф ва таваҷҷуҳи ӯро нисбат ба худ нишон медиҳад ту низ бо таҳаммул ва ороста шудан ба латоифи инсонӣ, ки ҷилваҳои асмои Илоҳӣ ба тӯ додааст дар назари дидагони Шоҳиди Азалӣ ва ба унвони гувоҳӣ, Шоҳиди Азалӣ худро ба намоиш бигӯзорӣ.

 

 Шашум: Бо тафаккуру мушоҳидаи огоҳонаву басирона ба таҳиёти завилҳаёт ба холиқи якто, ки онро тазоҳуроти ҳаётия меноманд ва ҳам ба тасбиҳоти онҳо ба Сонеъи Воҳид, ки онро рамзҳои ҳаётия меноманд, ва ҳам ба арзи убудияти онҳо ба Воҳиб-ул ҳаёт, ки онро ғоятҳои ҳаётӣ меноманд, арзи убудияти завилҳаётро ба пешгоҳи Худованд тақдим карда ва шаҳодат бидиҳем.

 

 Ҳафтум: Маърифату шинохти сифоти мутлақ ва шууни муқаддаси Холиқи Зулҷалол бо тарозуи илм, қудрат ва иродае, ки ба миқдори ҷузъӣ ба ҳаётат дода шудааст, яъне истифода аз онҳо ба унвони намунаҳои хурду воҳиди қиёсӣ ҷиҳати шинохти сифоти мутлақи Холиқи Зулҷалол. Масалан: Ҳамон гуна, ки тӯ бо истифода аз қудрат, иродаву илми ҷузъият ин хонаро бо назму диққати комиле бино намудаӣ, бо дидани азамати сохтмони қасри олам ва низоми пешрафтаву мустаҳками он бо муқоисаи бузургии он ду, бояд бидонӣ, ки созандаи ин олам низ ба ҳамон андоза зоте бисер Қадир, Алим Ҳакиму Мудаббир мебошад.

 

Ҳаштум: Фаҳмидани суханони маънавии ҳар яке аз мавҷудоти олам, ки суханони махсус ба худ дар мавриди ваҳдонияти Холиқ ва рубубияти Сонеъаш изҳор медорад.

 

 Нӯҳум: Пай бурдан ба дараҷаҳои таҷалиёти қудрати Илоҳӣ ва ғинайи Раббонӣ, бо тарозуи аҷз, заъф, фақр ва эҳтиёҷатро дарк кардан аст. Чӣ тавре, ки фаҳмидани лаззат, дараҷоту навъи ғизо ба миқдори гуруснагиву ба мизони ниёз бастагӣ дорад, ҳамон тартиб ту низ бояд бо аҷзу фақри бе поёнат ба дараҷоти қудрату сарвати бепоёни Илоҳӣ пай бубарӣ. Пас ин нӯҳ маврид ва монанди он хулосае аз ҳадафҳои ҳаётат мебошад.

 

Акнун ба моҳияти хаётат бингар, ки хулосаи он иборат аст аз:

 

Феҳристи шигифтиҳое, ки ба Асмои ҳуснои Илоҳӣ ихтисос дорад ва миқёси хурде барои шинохти шууну сифоти Илоҳист ва мизону тарозуе барои оламҳои дар коинот вуҷуд дорад ва листи мундариҷоти ин олами бузург ва харитаи ин коиноти паҳновару хулосаи ин китоби бузурги ҳастӣ, ва дастаи калиде барои кушодани ганҷҳои пинҳони қудрат, ва аҳсани тақвиме барои камолоте, ки дар мавҷудоти пароканда ва дар паҳнои замон овезон мебошад, пас моҳияти ҳаётат умурест аз ин қабил.

 

Аммо сурати ҳаётат  ва вазифаи он ба қарори зер аст:

 

Ҳаёт калимаест, навишта шуда ва каломест саршор аз ҳикмат, ки бо қалами қудрат навишта шудааст. Бинову шунаво ба асмои Илоҳӣ далолат дорад. Бале сурати зиндагиат умурест аз ин қабил.

 

Аммо рамзҳои ҳақиқати зиндагиат иборат аст аз:

 

Оинае барои таҷаллии Аҳадият ва ҷилваи Самадият, яъне ҳаёти ту ҳамчун оинаест дар ҳукми кунуние ки таҷаллиёти Зоти  Аҳади Самад ба сурати ҷомеъу фарогир бар он инъикос дорад.

 

Аммо камоли саодати ҳаёт иборат аст аз:

 

Эҳсос кардану дӯст доштани анворе, ки аз Шамси Азалӣ дар оинаи ҳаётат нақш бастааст ва ҳам ба унвони як бошуур, шавқу  алоқа нишон додан ба Ӯ ва аз худ бе худ шудан ба сабаби муҳаббат ба Ӯ ва саранҷом ҷойгузин кардани он анвори мутаҷаллӣ дар умқи қалбат.

 

 Ба хотири ин сиррест, ки шоъир дар маънои ҳадиси Қудсие, ки туро ба аъло-илийин уруҷ медиҳад, чунин гуфтааст:

 

مَنْ نَگُنْجَمْ دَرْ سَمٰوَاتُ وَزَمِينْ  *  اَزْ عَجَبْ گُنْجَمْ بِقَلْبِ مُؤْمِنِينْ

 

Ман нағунҷам дар самовоту замин

Аз аҷаб ғунҷам ба қалби мӯъминин

Пас эй нафсам! Ҳаётат мутаваҷҷеҳи чунин ҳадафҳои воло ва чунин ганҷҳои арзишмандест, оё ҳеҷ ақл ва инсофе раво медорад, ки онро дар роҳи хӯшгӯзарониҳои муваққатии нафсонӣ ва ҳеҷ андар ҳеҷ ва лазатҳои дунявии зудгузар сарф кунӣ ва ба ҳадар диҳӣ? Агар хоҳони табоҳии ҳаётат нестӣ ба савгандҳову ҷавобҳои он дар сураиШамс бияндеш ва ба он амал кун, ки ба ҳикоят ва мисоли зикршуда дар оғози ҳамин калом ишора дорад.

بسم الله الرحمن الرحيم

وَالشَّمْسِ وَضُحَاهَا (1) وَالْقَمَرِ إِذَا تَلَاهَا (2) وَالنَّهَارِ إِذَا جَلَّاهَا (3) وَاللَّيْلِ إِذَا يَغْشَاهَا (4) وَالسَّمَاءِ وَمَا بَنَاهَا (5) وَالْأَرْضِ وَمَا طَحَاهَا (6) وَنَفْسٍ وَمَا سَوَّاهَا (7) فَأَلْهَمَهَا فُجُورَهَا وَتَقْوَاهَا (8) قَدْ أَفْلَحَ مَنْ زَكَّاهَا (9) وَقَدْ خَابَ مَنْ دَسَّاهَا (10)

* * *

                                 

اَللّٰهُمَّ صَلِّ وَسَلِّمْعَلَىشَمْسِسَمَاءِالرِّسَالَةِوَقَمَرِبُرْجِالنُّبُوَّةِوَعَلَىآلِهِوَاَصْحَابِهِنُجُومِالْهِدَايَةِوَارْحَمْنَاوَارْحَمِالْمُؤْمِنِينَوَالْمُؤْمِنَاتِآمِينَآمِينَآمِينَ

* * *

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо